Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (174)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (7)

Муқаддима (7)

Роҳи ақл (ё истидлолу фалсафа) — 2

Қуръон дар бораи Худо ва моварои табиат чунин масоиле тарҳ мекунад:

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ

Чизе монанди ӯ (Худо) нест…” (Сураи Шӯро, ояти 11)

وَلِلّهِ الْمَثَلُ الأَعْلَىَ

Ва беҳтарин васф аз они Худост…” (Сураи Наҳл, ояти 60)

وَلِلّهِ الأَسْمَاء الْحُسْنَى

Ва номҳои некӯ ба Худо исхтисос дорад…” (Сураи Аъроф, ояти 180)

الْمَلِكُ الْقُدُّوسُ السَّلَامُ الْمُؤْمِنُ الْمُهَيْمِنُ الْعَزِيزُ الْجَبَّارُ الْمُتَكَبِّرُ

Ҳамон фармонравои поки саломатбахши мӯъмини нигаҳбони азизи ҷаббори мутакаббир…” (Сураи Ҳашр, ояти 23)

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ

Пас, ба ҳар сӯ рӯ кунед, он ҷо рӯй ба ӯ (Худо) аст…” (Сураи Бақара, ояти 115)

الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ

Ӯст ягонаи қаҳҳор.” (Сураи Раъд, ояти 16)

الْحَيُّ الْقَيُّومُ

Зинда ва барподоранда…” (Сураи Бақара, ояти 255)

اللَّهُ أَحَدٌ

“(Ӯст) Худои ягона.” (Сураи Ихлос, ояти 1)

اللَّهُ الصَّمَدُ

Худои самад.” (Сураи Ихлос, ояти 2)

لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ

Назода ва зода нашудааст.” (Сураи Ихлос, ояти 3)

وَلَمْ يَكُن لَّهُ كُفُوًا أَحَدٌ

Ва ҳеч кас ӯро ҳамто нест.” (Сураи Ихлос, ояти 4)

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ

“(Ӯст) аввалу охир…” (Сураи Ҳадид, ояти 3)

وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ

“(Ӯст) зоҳиру ботин…” (Сураи Ҳадид, ояти 3)

وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

Ва ӯ ба ҳар чизе доност.” (Сураи Ҳадид, ояти 3)

وَاللّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Ва Худованд бар ҳар чизе тавоност.” (Сураи Бақара, ояти 284)

مَا أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي أَنفُسِكُمْ إِلَّا فِي كِتَابٍ مِّن قَبْلِ أَن نَّبْرَأَهَا

Ҳеч мусибате на дар замин ва на дар нафсҳои шумо (ба шумо) нарасад, магар он ки пеш аз он ки онро падид оварем, дар китобест…” (Сураи Ҳадид, ояти 22)

وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ

Ва ҳеч чиз нест магар он ки ганҷинаҳои он назди мост ва мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем.” (Сураи Ҳиҷр, ояти 21)

يَمْحُو اللّهُ مَا يَشَاءُ وَيُثْبِتُ وَعِندَهُ أُمُّ الْكِتَابِ

Худо он чиро бихоҳад, маҳв ё исбот мекунад, ва асли китоб назди ӯст.” (Сураи Раъд, ояти 39)

وَعِندَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لاَ يَعْلَمُهَا إِلاَّ هُوَ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَمَا تَسْقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلاَّ يَعْلَمُهَا وَلاَ حَبَّةٍ فِي ظُلُمَاتِ الأَرْضِ وَلاَ رَطْبٍ وَلاَ يَابِسٍ إِلاَّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

Ва калидҳои ғайб танҳо назди ӯст, ҷуз ӯ касе онро намедонад, ва он чи дар хушкӣ ва дарёст медонад, ва ҳеч барге фурӯ намеафтад магар ин ки онро медонад, ва ҳеч донае дар торикиҳои замин ва ҳеч тару хушке нест магар ин ки дар китобе равшан сабт аст.” (Сураи Анъом, ояти 59)

فَالْمُقَسِّمَاتِ أَمْرًا

Ва тақсимкунандагони корҳо.” (Сураи Зориёт, ояти 4)

فَالْمُدَبِّرَاتِ أَمْرًا

Ва кори бандагонро тадбир мекунанд.” (Сураи Нозиъот, ояти 5)

قُلْ نَزَّلَهُ رُوحُ الْقُدُسِ

Бигӯ: онро руҳул-қудс фуруд оварда…” (Сураи Наҳл, ояти 102)

قُلِ الرُّوحُ مِنْ أَمْرِ رَبِّي

Бигӯ: руҳ аз (синхи) амри Парвардигори ман аст…” (Сураи Исро, ояти 85)

نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِينُ. عَلَى قَلْبِكَ

Руҳул-амин онро бар дилат нозил кард…” (Сураи Шуъаро, оятҳои 193-194)

وَهُوَ اللّهُ فِي السَّمَاوَاتِ وَفِي الأَرْضِ

Ва ӯ дар осмонҳо ва замин Худост…” (Сураи Анъом, ояти 3)

وَلَم يَكُن لَّهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ

Ва на дар мулк (ҷаҳондорӣ) шарике дорад…” (Сураи Исро, ояти 111)

وَلَمْ يَكُن لَّهُ وَلِيٌّ مِّنَ الذُّلَّ

Ва на хор буда, ки ниёз ба дӯсте дошта бошад…” (Сураи Исро, ояти 111) ва оятҳои дигар аз ин қабил.

Инҳо матолиб ва масоиле аст, ки аз роҳи мутолеа дар махлуқот ва осор қобили дарк нест. Ё бояд инҳоро ба сурати маҷҳулоти ҳалношуданӣ бипазирем ва фарз кунем Қуръон ҳам, ки инҳоро зикр карда ҳадафе надошта ва фақат хоста як силсила матолиби нафаҳмиданӣ барои гиҷ кардани башар бигӯяд ва мардум ҳам муваззафанд кӯр-кӯрона таъаббудан ва тақлидан бипазиранд он чунон ки масеҳиён таслисро пазируфтаанд, ва ё бояд бипазирем, ки илму фанне ҳаст, ки кораш расидагӣ ва дарк ва ҳалли ин масоил аст.

Қуръон ба таври қатъ инҳоро ба унвони як силсила дарсҳо илқо кардааст ва ҳадафи Қуръон пай бурдан ба умқи ин дарсҳост, аз ин рӯ аз як тараф ин гуна матолибро зикр карда ва аз тарафи дигар амр ба тадаббур дар оятҳои қуръонӣ фармудааст:

أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ أَمْ عَلَى قُلُوبٍ أَقْفَالُهَا

Оё ба оятҳои Қуръон намеандешанд, ё бар дилҳояшон қуфлҳое ниҳода шудааст?” (Сураи Муҳаммад (с), ояти 24)

كِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ إِلَيْكَ مُبَارَكٌ لِّيَدَّبَّرُوا آيَاتِهِ وَلِيَتَذَكَّرَ أُوْلُوا الْأَلْبَابِ

Ин китобе муборак аст, ки онро ба сӯи ту нозил кардаем, то дар бораи оятҳои он биандешанд ва хирадмандон панд гиранд.” (Сураи Сод, ояти 29)

Барои баъзе аз масоил дар худи Қуръон расман даст ба истидлоли таъаққулии маҳз зада шудааст, аз қабили:

لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا

Агар дар онҳо (замину осмон) ҷуз Худо худоёне дигар вуҷуд дошт, қатъан замину осмон табоҳ мешуд…” (Сураи Анбиё, ояти 22)

Калимоти имомони дин ва пешвоёни ислом пур аст аз ин навъ истидлолҳо. Дар ҷаҳони ислом як илоҳиёти бисёр ғанӣ ва пурмағз ба вуҷуд омад. Иллати аслии он, дарсҳое аст, ки Қуръон илқо кард ва амр ба тадаббур дар онҳо намуд. Ин дарсҳо ба василаи имомони атҳор махсусан шахси амирулмуъминин Алӣ (алайҳис-салом) дар хитобаҳо, маҷолиси дарс, дуоҳо, эҳтиҷоҷҳо тавзеҳ дода шудааст ва акнун ганҷинае беназир ва бисёр гаронбаҳо дар ихтиёри мост ҳарчанд худамон қадри онҳоро намедонем.

* * *

Бурҳонҳои фалсафӣ дар шаклҳои мухталиф

Аз назари фалсафа, аввал бояд исботи “воҷибулвуҷуд” бишавад, сипас ваҳдат ва басотат ва илм ва қудрат ва соири сифоташ исбот гардад. Мо феълан дар мақоми ишора ба бурҳонҳои исботи зоти воҷиб ҳастем, масъалаи сифот дар зимни худи мақола хоҳад омад.

Фалосифа бурҳонҳои зиёде барои исботи воҷиб иқома кардаанд. Баъзе аз он бурҳонҳо бар бутлони давру тасалсул мубтанӣ аст ва баъзе мубтанӣ нест. Агар бихоҳем бурҳонҳои фалосифаро дар ин мавзӯъ тақсимбандӣ кунем, аз назари куллӣ дорои се шакл ва се форм мебошанд, ки мо онҳоро бо номҳои “арастӣ”, “синавӣ” ва “садроӣ” мушаххас мекунем.

Бурҳони арастӣ ё арастуӣ ҳамон бурҳони маъруфи “муҳаррики аввал” аст. Арасту дар ин бурҳон аз виҷҳаи як олими табиӣ баҳс кардааст, на аз виҷҳаи як файласуфи илоҳӣ. Бурҳони “муҳаррики аввал” бар 5 асл мубтанӣ аст:

а) Ҳаракат ниёзманд ба муҳаррик аст;

б) Муҳаррик ва ҳаракат замонан тавъаманд, яъне инфикоки замонии онҳо маҳол аст;

в) Ҳар муҳаррик, ё мутаҳаррик аст ё собит;

г) Ҳар мавҷуди ҷисмонӣ мутағайир ва мутаҳаррик аст;

д) Тасалсули умури мутараттибаи ғайримутаноҳӣ маҳол аст.

Натиҷа: Силсилаи ҳаракот, мунтаҳӣ мешавад ба муҳаррике, ки мутаҳаррик нест.

Албатта мақсуд ин нест, ки ҳаракот дар замони гузашта мунтаҳӣ мешаванд ба муҳаррике, ки мутаҳаррик нест, балки мақсуд ин аст: ҳар ҳаракате дар замони ҳаракати худ муҳаррике ҳамроҳ дорад, ки он муҳаррик ё собит аст яъне мовароуттабиист ва ё мутағайир аст яъне табиист, вале дар ниҳояти амр тавъам аст ба муҳаррике мовароуттабиӣ дар замони ҳаракат.

Дар бархе муқаддимоти ин бурҳон хадшаҳое мумкин аст тасаввур шавад, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба назарияи физики ҷадид дар бораи қонуни ҷабр дар ҳаракат. Мо дар ҷилди севвуми “Усули фалсафа” андаке дар ин бора баҳс кардаем. Назар ба ин ки ин бурҳон ба фарзи тамомият, “воҷибулвуҷуд”-ро исбот намекунад, балки танҳо моварои табиатро исбот мекунад, аз тавзеҳи бештар дар бораи он худдорӣ мекунем. Ин бурҳон аз бурҳонҳое аст, ки бар имтиноъи тасалсули иллатҳо мубтанӣ аст.

Бурҳони синавӣ, бурҳони маъруфи Ибни Синост, ки худи Ибни Сино онро олитарин бурҳон мехонад ва мо баъдан онро тавзеҳ хоҳем дод.

Бурҳони садроӣ, бурҳони маъруфи Сиддиқин аст, ки мубтанӣ бар асолати вуҷуд ва ваҳдати ҳақиқати вуҷуд аст. Он бурҳон дар матн хоҳад омад ва мо низ тавзеҳ хоҳем дод. Ин бурҳон бар имтиноъи тасалсули иллатҳо мубтанӣ намебошад.

Дар мабоҳиси иллату маълул, бурҳонҳои зиёде бар имтиноъи давру тасалсули иллатҳо иқома кардаанд ва махсусан дар давраи исломӣ аз роҳҳои мухталиф бурҳонҳое бар ин матлаб иқома шудааст. Бурҳонҳои имтиноъи тасалсули иллатҳо қаҳран дар бурҳонҳои исботи воҷиб ба унвони “далели далел” ба кор бурда мешавад, яъне далеле, ки яке аз муқаддимоти далели дигарро исбот менамояд.

Яке аз бурҳонҳое, ки ҳам метавонад бурҳон бар имтиноъи тасалсул бошад, ҳам метавонад мустақиман бидуни он ки қаблан имтиноъи тасалсул собит шуда бошад вуҷуди воҷибро исбот кунад, бурҳоне аст, ки аз тариқи “вуҷуб” яъне аз тариқи қоидаи:

الشيء مالم يجب لم يوجد

(Шайъ то модоме воҷиб нагардад, вуҷуд пайдо намекунад) иқома шудааст. Хоҷа Насируддини Тӯcӣ дар “Таҷрид” ин роҳро барои имтиноъи тасалсули иллатҳо тай кардааст ва мо дар ҷилди дуввуми “Усули фалсафа” онро бо баёни хоссе ташреҳ (карда) ва тавзеҳ додаем, вале Садрулмутааллиҳин дар ҷилди севвуми “Асфор” ин роҳро мустақиман барои исботи воҷиб тай кардааст, бидуни ин ки ниёзе бошад, ки қаблан имтиноъи тасалсули иллатҳо исбот шуда бошад. Ҷумлае аз Форобӣ нақл мекунад ва муддаӣ мешавад, Форобӣ низ дар он ҷумлаи кӯтоҳ хостааст ҳамин роҳро ба ҳамин шакл тай кунад.

Хулосаи баён ин аст: агар фарз кунем силсилае аз иллатҳо ва маълулҳоро — хоҳ мутаноҳӣ ва хоҳ ғайримутаноҳӣ — ки дар миёни онҳо воҷибулвуҷуди биззот набошад, он силсила ба таври маҷмӯъ ва ҳеч як аз оҳоди он ҷудо-ҷудо “вуҷуб” пайдо нахоҳад кард, ва чун вуҷуб ва зарурат пайдо намекунад, вуҷуд пайдо нахоҳад кард, зеро ҳар маълуле он гоҳ вуҷуб ва сипас (ба ҳасби мартиба на замон) вуҷуд пайдо мекунад, ки имкони адам ба ҳеч ваҷҳ дар вай набошад ва ба истилоҳ, садди боби ҷамиъи аъдом аз вай шуда бошад. Агар фарз кунем вуҷуди он шайъ ҳазору як шарт дорад ва бо набудани ҳар як аз он шурут он шайъ мавҷуд намешавад, лозим аст тамоми он шароит било истисно мавҷуд бошад. Акнун ҳар як аз оҳоди силсила ва ё маҷмӯъи силсиларо агар дар назар бигирем, мебинем вуҷуби вуҷуд надорад, зеро бадеҳист, ки худи он воҳид ба далели он ки мумкини биззот аст, наметавонад эҷобкунандаи худ ва саддкунандаи бобҳои адам бар худ бошад. Иллаташ низ чунин аст, зеро дуруст аст, ки агар фарз кунем иллати он воҳид ё иллати маҷмӯъ (ки ҷамиъи оҳод аст) мавҷуд бошад, маълул вуҷуб ва вуҷуд пайдо мекунад, вале фарз ин аст, ки худи он иллат низ имкони адам дорад ва роҳи адам бар маълул аз тариқи адами он иллат боз аст, ҳамчунон ки роҳи адами он иллат аз тариқи адами иллаташ низ боз аст, ва ҳамчунин то бениҳоят. Яъне ҳар як аз маълулҳоро, ки дар назар бигирем, роҳи адам бар ӯ аз тариқи адами ҷамиъи иллатҳои қаблӣ боз аст. Яъне барои ин маълул имкони адам аз роҳи имкони адам бар ҷамиъи оҳоди муқаддам бар вай боз аст. Пас, тамоми силсила дар марҳилаи имкон аст, на дар марҳилаи вуҷуб, ва ҳол он ки то ба марҳилаи вуҷуб нарасад, вуҷуд пайдо намекунад. Танҳо бо вуҷуди воҷибулвуҷуд дар силсила аст, ки тамоми имконоти адам садд мешавад. Аммо чун низоми ҳастӣ мавҷуд аст, пас воҷиб аст, ва чун воҷиб аст, пас воҷибулвуҷуд дар раъси ин низом қарор гирифта ва аз зоти ӯст, ки вуҷуб ва вуҷуд бар ҳамаи мумкинот фоиз шудааст.

Ҳамон тавр, ки дар ҷилди дуввуми “Усули фалсафа” гуфтем, агар дар силсилае аз иллатҳо, ки фақат аз мумкинот ташкил шудааст, яке аз маълулотро (масалан А) дар назар бигирем ва бипурсем, чаро вуҷуд пайдо карда ва маъдум нест? Ҷавоб хоҳем шунид, чун иллаташ (масалан Б) мавҷуд будааст. Бадеҳист, ки бо фарзи вуҷуди Б, вуҷуди А зарурӣ ва ҳатмӣ аст. Ва агар бипурсем, чаро А маъдум нест ба ин ки Б низ маъдум бошад? Ҷавоб хоҳем шунид, зеро В, ки иллати Б аст мавҷуд будааст. Ва агар дар бораи В пурсиши худро такрор кунем, ҷавобе мушобеҳ хоҳем шунид.

Вале агар савдоро якҷо анҷом диҳем ва бигӯем, чаро А маъдум нест ба ин ки Б ва В ва ҳамаи иллатҳои қаблӣ то бениҳоят маъдум нест? Яъне, чаро ҷаҳон ҳеч дар ҳеч нест? Чӣ зарурате дар муқобили адами мутлақи ҷаҳон вуҷуд дорад, ин ҷост, ки агар силсиларо мунҳасиран аз мумкинот бидонем, ҷавобе нахоҳем шунид, яъне чизе дар кор нест, ки ба мӯҷиби он, роҳи адам бар ҷамиъи силсила баста шуда бошад ва имкони ҳеч дар ҳеч будани ҷаҳон вуҷуд надошта бошад.

Ба иборати дигар, он гоҳ, ки аввал фарз мекунем, ки фалон иллат мавҷуд аст ва ба мӯҷиби вуҷуди он иллат вуҷуди маълулашро зарурӣ мебинем, аз ин ҷиҳат аст, ки чашмбаста ва ғалат барои он иллат, вуҷуб ва вуҷуд қоил шудаем, аммо вақте, ки чашми худро боз мекунем ва мехоҳем бибинем худи он иллат ва иллати он иллат то ҳар ҷо, ки боло биравад, вуҷуби худро аз куҷо ва ба чӣ васила касб кардааст, мебинем ба ҷое намерасем, яъне асосан чунин вуҷубе ҳаргиз пайдо нахоҳад шуд ва имкони адам бар ҳамаи онҳо ҳамеша ҳаст. Пас, мебинем ҳар як аз воҳидҳои А ва Б ва В ва ғайраҳо, имкони адам аз роҳи адами ҷамиъи иллатҳои худ доранд ва ҳеч як аз онҳо бо фарзи холӣ будани силсила аз воҷиб, зарурати вуҷуд надорад, пас намебоист мавҷуд бошанд, ва чун мавҷуд ҳастанд, пас воҷибулвуҷуд мавҷуд аст.

Ин бурҳон, чунонки возеҳ аст, аз тариқи “вуҷуб ва зарурат”, ки яке аз аҳкоми вуҷуд бимо ҳува мавҷуд ва ба эътиборе аз аҳкоми иллияту маълулият аст оварда шудааст, яъне он чӣ дар моддаи ин бурҳон ахз шуда “вуҷуб ва зарурат” аст.

Бурҳони дигаре метавон иқома кард, ки дар он аз як маънӣ ва мафҳум ва ҳукми дигар аз аҳкоми вуҷуд, ки он низ марбут ба иллият аст истифода мешавад. Он маънӣ ва мафҳум, “тақаддум” аст. Ин бурҳонро Форобӣ барои имтиноъи тасалсули иллатҳо иқома кардааст ва қаҳран барои исботи воҷиб муфид аст.

Хулосаи бурҳон ин аст, ки: иллат тақаддуми вуҷудӣ дорад бар маълул (на тақаддуми замонӣ). Маълул бо ин ки ҳамзамон бо иллат аст ва аз ин назар тақаддуму таъаххуре дар кор нест, дар марҳила ва мартибаи баъд аз иллат қарор гирифта ва машрут ба вуҷуди иллат аст, бар хилофи иллат, ки машрут ба вуҷуди маълул нест. Яъне дар бораи маълул содиқ аст, ки: “то иллат вуҷуд пайдо накунад, ӯ вуҷуд пайдо намекунад”, аммо дар бораи иллат содиқ нест, ки: “то маълул вуҷуд пайдо накунад, ӯ вуҷуд пайдо намекунад”. Калимаи “то” муфиди ҳамон мафҳуми шартият ва машрутият аст.

Мисоле зикр мекунем: фарз мекунем гурӯҳе мехоҳанд дар як амре — масалан ҳамла ба душман — иқдом кунанд, аммо ҳеч як аз онҳо ҳозир нест пешқадам шавад ва ҳатто ҳозир нест ҳамқадам бошад. Ба суроғи ҳар кадом, ки меравем, мегӯяд “то” фалон шахс ҳамла накунад, ман ҳамла нахоҳам кард. Шахси дуввум низ ҳаминро нисбат ба шахси севвум мегӯяд ва шахси севвум нисбат ба шахси чаҳорум ва ҳамин тавр… Як нафар пайдо намешавад, ки било шарт ҳамла кунад. Оё мумкин аст дар чунин вазъе, ҳамла сурат гирад? Албатта на. Зеро ҳамлаҳо машрут аст ба ҳамлаи дигар, ҳамлаи ғайримашрут вуҷуд надорад ва ҳамлаҳои машрут, ки силсиларо ташкил медиҳанд, бидуни шарт вуҷуд пайдо намекунанд, натиҷа ин аст, ки ҳеч иқдоме сурат намегирад.

Агар силсилае ғайримутаноҳӣ аз иллатҳо ва маълулҳо фарз кунем, чун ҳама мумкинулвуҷуд мебошанд, вуҷуди ҳар кадом машрут ба вуҷуди дигаре аст, ки он дигаре низ ба навбаи худ машрут ба дигаре аст. Тамоми онҳо ба забони ҳол мегӯянд, “то” он яке дигар вуҷуд пайдо накунад, мо вуҷуд пайдо нахоҳем кард. Ва чун ин забони ҳол, забони ҳама аст било истисно, пас ҳама якҷо машрутҳое ҳастанд, ки шарташон вуҷуд надорад, пас ҳеч як вуҷуд пайдо нахоҳад кард.

Аз тарафи дигар, чун мебинем мавҷудоте дар олами ҳастӣ вуҷуд дорад, пас ночор воҷиби биззот ва иллати ғайримаълул ва шарти ғайримашруте дар низоми ҳастӣ ҳаст, ки инҳо вуҷуд пайдо кардаанд.

Бурҳони хосси Ибни Сино ва ҳамчунин бурҳони Садрулмутааллиҳинро зимни тавзеҳи матолиби матн, дар поварақӣ зикр хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: