Шарҳи Маснавӣ (257)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (1)

* * *

Хулосаи достон

Дар рӯзгорони пешин, халифае буд бисёр бахшанда ва додгар, бад-ин маъно, ки на танҳо бар қабила ва ашираи худ бахшишу ҷавонмардӣ мекард, балки ҳамаи ақвому қабоилро машмули дилҷӯӣ ва доди худ месохт.

Шабе бино бар хӯю одати занон, ки ба сабаби гирифтории худ ба корҳои хона ва тимори тифлон ва иштиғоли мардон, ба машоғили дигар танҳо шабҳангом фурсате ба даст меоранд, ки аз шӯйи худ шикояте кунанд, зане аъробӣ аз тангии маъошу тиҳидастӣ ва бенавоӣ гила оғозид ва фақру надории шӯйи худро бо забоне тунд бозгӯ кард, ва аз сари маломату накӯҳиш бад-ӯ гуфт: аз сифоти вежаи арабон ҷангу ғорат аст, вале ту, эй шӯйи бебаргу наво, чунон дар чанбари фақру фоқа асирӣ, ки риояти ин расму суннати дерини араб низ натавонӣ кардан. Дар натиҷа, молу мукнате надорӣ, то ҳар гоҳ меҳмоне назди мо ояд, ӯро пазироӣ кунем, ва ҳол он ки аз суннати куҳани аъробиён аст, ки меҳмонро бас азизу гиромӣ доранд, в-он гаҳе агар меҳмоне ҳам барои мо расад, ногузирем, ки шабона бар рахту ҷомеаи ӯ низ дасти яғмо ва дуздӣ гушоем, то бошад, ки бо баҳои он садди ҷуъе намоем.

Марди аъробӣ дар посухи зан, ба гузашти рӯзгор ва нопойдории аҳвол аз хушиву нохушӣ ва сахтиву шодхорӣ тамассук меҷӯяд ва мегӯяд: далели дигар, аҳволи ҷонварон аст, ки ғами рӯзӣ намехӯранд ва таъоме намеандӯзанд ва ҳаргиз гурусна намезиянд ва гӯӣ аз сабаб гусехта ва дар мусаббиб овехтаанд, ва ин ҳолате аст, ки онро таваккул гӯянд.

Зани аъробӣ вақте ҷавоби шӯйи худро мешунавад, ахгари эътирозаш пурлаҳибтар мегардад ва иддаои мардро дар қаноат рад мекунад ва ӯро сахт мавриди накӯҳиш қарор медиҳад.

Марди аъробӣ аз фазилати фақр сухан мегӯяд ва онро бар тавонгарӣ тарҷеҳ медиҳад. Ин гуфтугӯҳо идома меёбанд. То он ки мард занро таҳдид мекунад, ки агар даст аз ин гуна суханони дурушту ноҳамвор нашӯяд, оқибати кор ҷудоӣ ва тарки хонумон хоҳад буд.

Зан, ки мардро тунду оташин мебинад, аз дари нармиву мудоро дармеояд ва силоҳи бурандаи отифаро ба кор мегирад ва селоби ашк аз чашм фурӯ меборад. Ва ин, ҳамон силоҳест, ки маъмулан занон бад-он тавассул меҷӯянд ва мардро мағлуби хости худ мекунанд ва ба муроди хеш мерасанд.

Марди аъробӣ дар баробари гиряву лобаи зан таслим мешавад ва аз гуфтаҳои худ пушаймон мегардад ва ангушти надомат ба дандон мегазад ва аз зан тақозои афву гузашт мекунад ва мегӯяд, ки инак, аз мухолифат гузаштаам ва ҳар чи бигӯӣ, фармон мебарам.

Зан мардро ба сӯи халифа ва арзи ҳоҷат бар вай роҳнамоӣ мекунад. Мард мегӯяд, бебаҳонаву узре наметавон ба боргоҳи халифа роҳ ёфт. Зан мегӯяд, ки тӯҳфаи биёбониён оби борон аст ва дар назди мо, биёбониён, чизе хуштару гаронбаҳотар аз об нест, аз он оби борон кӯзае баргир ва назди халифа шитоб. Дар ҳоле, ки он ду намедонистанд, ки рӯди азиму хурӯшони Диҷла аз миёни Бағдод мегузарад ва об дар он диёр фаровон аст.

Саранҷом, марду зани араб бар он шуданд, ки зарфи обро дар намаде печанд, то об гарм нашавад, чунонки одати деҳнишинону биёбониён ҳамин аст.

Мард зарфро ба дӯш мекашад ва роҳҳои пурпечу хами биёбонҳоро дарменавардад ва зан низ даст ба дуо мегушояд, то шӯяш он зарфро бегазанду зиёне ба саройи халифа расонад, мабод, ки аҳволашон парешон гардад.

Аъробӣ ба саройи хилофат мерасад ва нақибону ҳоҷибон пеши ӯ мераванд ва аз симои ранҷуру хастаи ӯ ниёзаш дармеёбанд. Аъробӣ зарфи обро ба нақибон супурд. Онҳо бо хушрӯӣ ин тӯҳфаро пазируфтанд ва назди халифа бурданд. Ӯ бар аҳволи он араби биёбонӣ воқиф шуд ва фармуд, то кӯзаашро аз зару сим пур кунанд ва аз фақру ниёз раҳоиаш диҳанд ва он гоҳ фармон дод, то он мардро ба василаи киштӣ аз тариқи рӯди Диҷла ба ватанаш бозгардонанд. Он марди биёбонӣ вақте азамати рӯди Диҷларо дид, бар караму эҳсони халифа бештар воқиф шуд, ки бо вуҷуди ин ҳама оби софу гуворо, оби нософу олудаи биёбонро аз ӯ бо рӯе гушода пазируфтааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.679-680)

* * *

Манбаи ин ҳикоят ривоятест, ки Шайхи Аттор дар “Мусибатнома” овардааст. Ва низ Муҳаммади Авфӣ дар “Ҷавомеул-ҳикоёт” (боби аввал аз қисми дуввум) ин ҳикоятро ба тарзе шабеҳ ба гуфтаи Аттор, овардааст:

“Овардаанд, ки дар он вақт, ки амирулмӯъминин Маъмун (р) рояти хилофат насб кард ва осори карами ӯ ба ақтоъу арбоъи олам бирасид, дар аҳди ӯ аъробие буд, ки маскани ӯ дар шӯристоне бесубот буд ва дар он қабила чашмае буд ва ҳар об, ки аз машки саҳоб бад-он расидӣ, ба сабаби шӯрии хоки он замин шӯр шудӣ. Аз иттифоқи аҷиб, қаҳтӣ падид омад ва ҳиддате рӯй намуд ва имсоки борон иттифоқ афтод ва аҳли қабила парешон шуданд. Ба зарурат, он аъробӣ аз маскани худ ғурбат ихтиёр кард ва бар сабили интиҷоъ рӯй ба ҳазрати амирулмӯъминин ниҳод. Дар роҳ, ки меомад, чун аз ҳадди замини худ бурун омад ва ба мавзеъе бирасид, оби ширин дар ғадире ҷамъ омада буд ва ба сабаби мурури замон софӣ гашта ва зуҳуввати онро аҷзоъи хок тамомат карда. Аъробӣ қадре аз об бичашид ва таъаҷҷуб кард ва бечора намедонист, ки дар ҷаҳон оби хуш бошад ва ҳаргиз нахӯрда буд:

Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,

Минқор дар оби шӯр дорад ҳама сол.

Бо худ гуфт: валлоҳ, мо ҳозо илло фил-ҷанна. Ба Худо, ки ин биҳиштест, ки офаридгори олам ба ҷиҳати он ки маро аз ранҷу балият халос диҳад, аз биҳишт ин об фурӯ фиристодааст. Савоб (дуруст) он бошад, ки қадре аз ин бардорам ва ба наздики халифа барам. Пас, қадре баргирифт ва рӯй ба роҳ овард ва чун ба наздики Кӯфа расид, рикоби давлати амирулмуъминин ба сабили шикор бар лаби Фурот омада буд ва дар он навоҳӣ тавф мекард. Ногоҳ аъробӣ бирасид. Амирулмуъминин фармуд, то ӯро ба хидмат оварданд. Пурсид, ки: эй аъробӣ! Чӣ тӯҳфа овардаӣ? Гуфт: моул-ҷанна ё амирулмуъминин! Ҳазрати туро оби биҳишт овардаам, обе зулолу софи хушгувор. Маъмун бо камоли фиросат сурати ӯ бишнохт, фармуд, ки: биёр! Машк дар пеши амирулмуминин бурд. Фармуд, ки машки ӯро дар матҳар тиҳӣ карданд ва аз роҳи лутф қадре чашид. Гуфт: рост гуфтӣ, эй аъробӣ! Ҳоҷат чист? Гуфт: қаҳту тангӣ маро аз маскани худ овора кард ва ҳеч мақсаде ҷуз даргоҳи амирулмуъминин надонистам. Амирулмуъминин фармуд, ки: ҳоҷати ту раво кунам ба шарти он ки ҳам аз ин ҷо бозгардӣ ва ба маскани худ равӣ. Аъробӣ гуфт: қабул кардам. Амирулмуъминин фармуд, то машки вайро пури зар карданд ва муваккал бар вай гумошт, то ҳам аз он ҷо ба тарафи бодия равон кард. Хавоссу муқаррабон суол карданд, ки: ё амирулмуъминин! Ҳикмат дар бозгардонидан чӣ буд? Гуфт: зеро ки агар гоме чанд бештар рафтӣ ва оби Фурот бидидӣ, аз тӯҳфаи худ шарм доштӣ ва ман шарм дорам, ки касе ба хидмати ман тӯҳфае ба умед оварад ва шармзада ва хаҷил бозгардад. Зиҳӣ ҳаёву карам, ки ҷаҳоне карам дар зери рикоби ин ҳаё меравад! (Маъохизи қисас ва тамсилоти Маснавӣ, с.25-27)

* * *

Мавлоно ин ҳикоятро ба таври пароканда ва дар лобалои мавзӯоти мухталиф овардааст, ба тавре, ки хонанда сарриштаи ҳикоятро мукаррар аз даст медиҳад. Мавлоно мавзӯоти бас муҳим ва фаровонеро дар қолаби ин ҳикоят оварда, ки аз он ҷумла аст:

— баёни сареҳ ва нақди бепардаи ҷангҳо ва ситезаҳои мазҳабӣ, он ҳам дар қуруни вусто, ки ҷаҳон аз ноираи ихтилофоту низоъҳои мазҳабӣ дар коми оташ буд;

— нақди муддаиёни маснаднишин, ки дар аҳди Мавлоно андакшумор набуданд;

— ироаи назаре мутафовит дар бораи зану мард. Ба назари Мавлоно, меъёри инсоният ва сафои руҳ, итоат аз зан аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: