Ҷувайбар ва Зулфо

— Чӣ қадр хуб буд зан мегирифтӣ ва хонавода ташкил медодӣ ва ба ин танҳоӣ хотима медодӣ, то ҳам ҳоҷати ту ба зан бароварда шавад ва ҳам он зан дар кори дунё ва охират кӯмаки ту бошад.

— Эй Расули Худо! На мол дорам ва на ҷамол, на ҳасаб дорам ва на насаб, чӣ касе ба ман зан медиҳад? Ва кадом зан рағбат мекунад, ки ҳамсари марде фақиру кӯтоҳқаду сиёҳпӯсту бадшакл монанди ман бишавад?!

— Эй Ҷувайбар! Худованд ба василаи ислом арзиши афрод ва ашхосро иваз кард. Бисёре аз ашхос дар давраи ҷоҳилият мӯҳтарам буданд ва ислом онҳоро поин овард. Бисёре аз ашхос дар ҷоҳилият хору бемиқдор буданд ва ислом қадру манзилати онҳоро боло бурд. Худованд ба василаи ислом такаббурҳои ҷоҳилият ва ифтихор ба ҳасабу насабро мансух кард. Акнун ҳамаи мардум аз сафеду сиёҳ, қурашию ғайриқурашӣ, арабиву аҷамӣ дар як дараҷаанд, ҳеч кас бар дигаре бартарӣ надорад магар ба василаи тақво ва тоат. Ман дар миёни мусалмонон фақат касеро аз ту болотар медонам, ки тақво ва амалаш аз ту беҳтар бошад. Акнун ба он чӣ дастур медиҳам амал кун.

Инҳо калимоте буд, ки дар яке аз рӯзҳо, ки Расули Акрам ба мулоқоти “Асҳоби Суффа” омада буд, миёни ӯ ва Ҷувайбар радду бадал шуд.

Ҷувайбар аз аҳли Ямома буд. Дар ҳамон ҷо буд, ки шӯҳрату овозаи ислом ва зуҳури Пайғамбари хотамро шунид. Ӯ ҳарчанд тангдасту сиёҳу кӯтоҳқад буд, аммо боҳушу ҳақталабу боирода буд. Баъд аз шунидани овозаи ислом, яксара ба Мадина омад, то аз наздик ҷараёнро бибинад.

Тӯле накашид, ки ислом овард ва дар силки мусалмонон даромад, аммо чун на пуле дошт ва на манзиле ва на ошное, муваққатан ба дастури Расули Акрам (с) дар масҷид ба сар мебурд.

Тадриҷан дар миёни касони дигаре, ки мусалмон мешуданд ва дар Мадина мемонданд, афроде дигар ҳам ёфт шуданд, ки онҳо низ монанди Ҷувайбар фақиру тангдаст буданд ва ба дастури Пайғамбар дар масҷид ба сар мебурданд. То он ки ба Пайғамбар ваҳй шуд, масҷид ҷои сукунат нест, инҳо бояд дар хориҷи масҷид манзил кунанд. Расули Худо (с) нуқтае дар хориҷ аз масҷид дар назар гирифт ва соябоне дар он ҷо сохт ва он иддаро ба зери он соябон мунтақил кард.

Он ҷоро “Суффа” меномиданд ва сокинони он ҷо, ки ҳам фақир буданду ҳам ғариб, “Асҳоби Суффа” хонда мешуданд. Расули Худо (с) ва асҳоб ба аҳволу зиндагии онҳо расидагӣ мекарданд.

Як рӯз Расули Худо (с) ба суроғи ин даста омада буд. Дар он миён чашмаш ба Ҷувайбар афтод, ба фикр рафт, ки Ҷувайбарро аз ин вазъ хориҷ кунад ва ба зиндагии ӯ сару сомоне бидиҳад. Аммо чизе, ки ҳаргиз ба хотири Ҷувайбар намегузашт — бо иттилое, ки аз вазъи худаш дошт — ин буд, ки рӯзе соҳиби зану хона ва сару сомон бишавад. Ин буд, ки то Расули Худо (с) ба ӯ пешниҳоди издивоҷ кард, бо таъаҷҷуб ҷавоб дод: магар мумкин аст касе ба заношӯӣ бо ман тан бидиҳад?! Вале Расули Худо (с) зуд ӯро аз иштибоҳи худаш хориҷ сохт ва тағйири вазъи иҷтимоиро — ки дар асари ислом пайдо шуда буд — ба ӯ гӯшзад фармуд.

Расули Худо (с) пас аз он ки Ҷувайбарро аз иштибоҳ берун овард ва ӯро ба зиндагӣ мутмаин ва умедвор сохт, дастур дод яксара ба хонаи Зиёд ибни Лубайди Ансорӣ биравад ва духтари ӯро яъне Зулфоро барои худ хостгорӣ кунад.

Зиёд ибни Лубайд аз сарватмандон ва мӯҳтарамони аҳли Мадина буд. Афроди қабилаи вай эҳтироми зиёде барояш қоил буданд. Ҳангоме, ки Ҷувайбар вориди хонаи Зиёд шуд, гурӯҳе аз бастагон ва афроди қабилаи Зиёд дар он ҷо ҷамъ буданд.

Ҷувайбар пас аз нишастан диранге кард ва сипас сарро баланд кард ва ба Зиёд гуфт:

— Ман аз тарафи Пайғамбар паёме барои ту дорам, маҳрамона бигӯям ё аланӣ?

— Паёми Пайғамбар барои ман ифтихор аст, албатта аланӣ бигӯ.

— Пайғамбар маро фиристода, ки духтарат Зулфоро барои худам хостгорӣ кунам.

— Пайғамбар худаш ин мавзӯъро ба ту фармуд?!

— Ман, ки аз пеши худ ҳарфе намезанам, ҳама маро мешиносанд, аҳли дурӯғ нестам.

— Аҷиб аст! Расми мо нест духтари худро ҷуз ба ҳамшаънҳои худ аз қабилаи худамон бидиҳем. Ту бирав, ман худам ба ҳузури Пайғамбар хоҳам омад ва дар ин мавзӯъ бо худи эшон музокира хоҳам кард.

Ҷувайбар аз ҷо ҳаракат кард ва аз хона берун рафт, аммо ҳамон тавр, ки мерафт, бо худаш мегуфт: “Ба Худо қасам, он чӣ Қуръон таълим додааст ва он чизе, ки нубуввати Муҳаммад (с) барои он аст, ғайри ин чизе аст, ки Зиёд мегӯяд.”

Ҳар кас, ки наздик буд, ин суханони Ҷувайбар, ки бо худ зери лаб замзама мекард, мешунид.

Зулфо, духтари зебои Зиёд, ки ба ҷамолу зебоӣ маъруф буд, суханони Ҷувайбарро шунид. Омад пеши падар, то аз моҷаро огоҳ шавад.

— Падарҷон! Ин мард, ки ҳамин алъон аз хона берун рафт, бо худаш чӣ замзама мекард ва мақсудаш чӣ буд?

— Ин мард ба хостгории ту омада буд ва иддао мекард Пайғамбар ӯро фиристодааст.

— Накунад воқеан Пайғамбар ӯро фиристода бошад ва рад кардани шумо ӯро, нофармонии амри Пайғамбар маҳсуб гардад?!

— Ба ақидаи ту, ман чӣ кунам?

— Ба ақидаи ман, зуд ӯро қабл аз он ки ба ҳузури Пайғамбар бирасад ба хона баргардонед, ва худатон биравед ба ҳузури Пайғамбар ва таҳқиқ кунед қазия чӣ будааст.

Зиёд Ҷувайбарро бо эҳтиром ба хона баргардонд ва худаш ба ҳузури Пайғамбар шитофт. Ҳамин ки он ҳазратро дид арз кард:

— Эй Расули Худо! Ҷувайбар ба хонаи мо омад ва ҳамчу пайғоме аз тарафи шумо овард, мехоҳам арз кунам расму одати ҷории мо ин аст, ки духтарони худро фақат ба ҳамшаънҳои худамон аз аҳли қабила, ки ҳама ансор ва ёрони шумо ҳастанд бидиҳем.

— Эй Зиёд! Ҷувайбар мӯъмин аст. Он шаъниятҳо, ки ту мегӯӣ, имрӯз дигар аз миён рафтааст. Марди мӯъмин, ҳамшаъни зани мӯъмина аст.

Зиёд ба хона баргашт ва яксара ба суроғи духтараш Зулфо рафт ва моҷароро нақл кард. Зулфо гуфт:

— Ба ақидаи ман, пешниҳоди Расули Худоро рад накунед. Матлаб марбут ба ман аст. Ҷувайбар ҳар чӣ ҳаст, ман бояд розӣ бошам. Чун Расули Худо ба ин амр розӣ аст, ман ҳам розӣ ҳастам.

Зиёд Зулфоро ба ақди Ҷувайбар даровард. Маҳри ӯро аз моли худаш таъйин кард. Ҷиҳози хубе барои арӯс таҳия дид. Аз Ҷувайбар пурсиданд:

— Оё хонае дар назар гирифтаӣ, ки арӯсро ба он хона бибарӣ?

— Ман чизе, ки фикр намекардам ин буд, ки рӯзе дорои зану зиндагӣ бишавам. Пайғамбар ногаҳон омад ва ба ман чунину чунон гуфт ва маро ба хонаи Зиёд фиристод.

Зиёд аз моли худ хона ва асоси комил фароҳам кард, ба илова ду ҷомаи муносиб барои домод омода кард. Арӯсро бо ороишу атру зевари комил ба он хона мунтақил карданд.

Шаб торик шуд. Ҷувайбар намедонист хонае, ки барои ӯ дар назар гирифта шуда куҷост. Ҷувайбар ба он хона ва ҳиҷла роҳнамоӣ шуд. Ҳамин ки чашмаш ба он хона ва он ҳама лавозим ва арӯси ончунон зебо афтод, гузашта ба ёдаш омад. Бо худ андешид, ки ман марде фақиру ғариб вориди ин шаҳр шудам, ҳеч чиз надоштам; на мол ва на ҷамол ва на насаб ва на ҳасаб. Худованд ба василаи ислом ин ҳама неъмат бароям фароҳам кард. Ин ислом аст, ки инчунин таҳаввуле дар мардум ба вуҷуд оварда, ки фикрашро ҳам намешавад кард. Ман чӣ қадр бояд Худоро шукр кунам.

Ҳамон вақт ҳолати ризоят ва шукргузорӣ ба даргоҳи Эзади Мутаол дар вай пайдо шуд, ба гӯшае аз утоқ рафт ва ба тиловати Қуръон ва ибодат пардохт. Як вақт ба худ омад, ки нидои азони субҳ ба гӯшаш расид. Он рӯзро шукрона нияти рӯза кард. Вақте, ки занон ба суроғи Зулфо рафтанд, вайро бикру дастнахӯрда ёфтанд. Маълум шуд Ҷувайбар аслан ба наздики Зулфо наомадааст. Қазияро аз Зиёд пинҳон нигоҳ доштанд.

Ду шабонарӯзи дигар ба ҳамин минвол гузашт. Ҷувайбар рӯзҳо рӯза мегирифт ва шабҳо ба ибодату тиловат мепардохт. Кам-кам ин фикр барои хонаводаи арӯс пайдо шуд, ки шояд Ҷувайбар нотавонии ҷинсӣ дорад ва эҳтиёҷ ба зан дар ӯ нест. Ночор матлабро бо худи Зиёд дар миён гузоштанд. Зиёд қазияро ба иттилоъи Пайғамбари Акрам (с) расонид. Пайғамбари Акрам Ҷувайбарро талабид ва ба ӯ фармуд:

— Магар дар ту майл ба зан вуҷуд надорад?

— Аз қазо ин майл дар ман шадид аст.

— Пас чаро то кунун назди арӯс нарафтаӣ?

— Эй Расули Худо! Вақте, ки вориди он хона шудам ва худро дар миёни он ҳама неъмат дидам, дар андеша фурӯ рафтам, ки Худованд ба ин бандаи ноқобил чӣ қадр иноят фармуда! Ҳолати шукру ибодат дар ман пайдо шуд. Лозим донистам қабл аз ҳар чизе Худои худро шукрона ибодат кунам. Аз имшаб назди ҳамсарам хоҳам рафт.

Расули Худо (с) айни ҷараёнро ба иттилоъи Зиёд ибни Лубайд расонид. Ҷувайбар ва Зулфо бо ҳам арӯсӣ карданд ва бо ҳам ба хушӣ ба сар мебурданд. Ҷиҳоде пеш омад. Ҷувайбар бо ҳамон нишоте, ки махсуси мардони боимон аст, зери парчами ислом дар он ҷиҳод ширкат кард ва шаҳид шуд. Баъд аз шаҳодати Ҷувайбар, ҳеч зане ба андозаи Зулфо хостгор надошт ва барои ҳеч зане ба андозаи Зулфо ҳозир набуданд пул харҷ кунанд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Кофӣ”)

Реклама


Рубрики:Бонувон, Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: