“Ман бо боварии комил мегӯям, ки қотили шавҳари ман ҳукумати Раҳмонов аст”

Ба баҳонаи севвумин солгарди шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов

Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари марҳум Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо таъкид бар ин ки “қатли шавҳари ман аниқ аз тарафи Тоҷикистон фармоиш шудааст ва танҳо онҳо бо Умаралӣ душманӣ доштанд” тасреҳ кард: “Ман бо боварии комил мегӯям, ки қотили шавҳари ман ҳукумати Раҳмонов аст ва ман ҳаргиз онҳоро намебахшам.”

Се сол пеш дар ҳамин рӯз, яъне 5 марти 2015, дар шаҳри Истонбули Туркия Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, сиёсатмадори тоҷик ва поягузори “Гурӯҳи 24”, ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, бо зарби чанд гулӯла ба шаҳодат расид. Додгоҳи ҷиноии Туркия пас аз таҳқиқ, Сулаймон Қаюмов, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми ширкат дар ин ҷиноят, ба ҳабси абад маҳкум кард, ва бо ҳамин, парвандаи терури шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ баста эълон шуд.

Мутаассифона, додгоҳи ҷиноии Туркия дар бораи ҷузъиёти ин парванда ва ин ки ҷинояти мазкур оё кори худи Сулаймон Қаюмов ба танҳоӣ буда ва ё кори гурӯҳӣ будааст, ва агар гурӯҳӣ буда, соири афроди ширкаткунанда дар ин ҷиноят куҷо шуданд, ва низ оё Сулаймон Қаюмов бо супориши ҷиҳате хосс — ба хотири дидгоҳҳо ва мавозеъи сиёсии Ҳоҷӣ Умаралӣ — даст ба ин ҷиноят задааст, ва агар чунин буда, ҷиҳоти супоришкунанда чӣ афроде ва ё чӣ давлате будааст, додгоҳ дар ин маворид, чизе эълон накард.

Аммо оё метавон гуфт, парвандаи ҷинояте ба ин бузургӣ, бо маҳкум шудани танҳо як нафар яъне Сулаймон Қаюмов, дигар баста шуда ва ин ҷиноят ба фаромӯшӣ супурда хоҳад шуд? Ба назар чунин намерасад. Қатъан бо гузашти рӯзгор ва ба тадриҷ, парда аз рӯи абъоди тозае аз ин ҷиноят бардошта хоҳад шуд ва ҳамаи афрод ва ҷиҳоте, ки дар ин ҷиноят даст доштаанд посухгӯи амали нобахшудании худ хоҳанд буд.

Ба муносибати солгарди шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, аз ҳамсари гиромии ӯ, бону Қумриниссо Ҳафизова, ки дар ҳоли ҳозир ҳамроҳ бо фарзандонаш дар берун аз Тоҷикистон ва дар ҳиҷрат ба сар мебарад, дархост кардем, агар иттилооти ҷадиде дар бораи қатли шавҳараш ва ин ки оё ба ҷуз он чи додгоҳи Туркия эълом карда чизе дастгираш шуда ё на, бароямон бигӯяд.

Ӯ бо баёни ин ки муддати се сол аст, ки мунтазир аст, то бидонад қотили шавҳараш кист, гуфт: “Мақомоти Туркия аниқ кардааст, ки ин бедин (Сулаймон Қаюмов) дар қатли шавҳари ман бо чаҳор нафари дигар, ки онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистонанд, даст дорад. Ростӣ ман бо мақомоти Туркия айни ҳол ҳеч тамосе надорам ва намедонам, ки ҷараёни ин қазия чӣ тавр мегузарад. Аммо як чизро гуфта метавонам, ки қатли шавҳари ман аниқ аз тарафи Тоҷикистон фармоиш шудааст, чунки танҳо онҳо бо Умар душманӣ доштанд. Ман бо боварии комил мегӯям, ки қотили шавҳари ман ҳукумати Раҳмонов аст ва ман ҳаргиз онҳоро намебахшам. Ҳар касе, ки дар ин ҷиноят даст дошта бошад, дар ин дунё ҳам набошад, пеши Худо албатта ҷавоби он куштори бераҳмонаро хоҳад дод.”

Қумринисо Ҳафизова, дар замони зинда будани Ҳоҷӣ Умаралӣ вақте боздошт ва зиндонӣ гардид, чандин бор тайи номаҳои саркушода ба созмонҳои байналмилалӣ, хостори кӯмаки онҳо дар озодии шавҳараш шуда буд. Ӯ дар ин бора гуфт: “Замоне, ки Умар зинда буд, чандин борҳо дастгиру зиндонӣ гашт ва ман ҷое намонда буд, ки нанавишта бошам, аммо мутаассифона ҷони шавҳарамро харида натавонистам. Касе ба кӯмаки вай ва ба давлати бехатар бурдани ӯ кӯмак накард ва ҷавоб ҳам надода буданд.”

Вай афзуд: “Баъди маргаш бошад, ман дар ҳолате қарор доштам ногуфтанӣ. Муддати ду сол доруи асаб тановул мекардам. Ҳамеша худамро гунаҳгор мекардам, ки натавонистам пеши тиреро, ки ба Умар хӯрд бигирам, ё чаро мо аз хона берун омадему Умарро куштанд? Ҳатто ҳолатҳое буд, ки мехостам худамро бикушам, танҳо фарзандонам, ки баъди марги падарашон касе суроғашонро намегирад, пеши роҳамро мегирифтанд. То ҳол ман он саҳнаро фаромӯш намекунам ва ғами Умарро ман ба хок мебарам.”

Аммо бо ин ҳама, бону Қумриннисо Ҳафизова таъкид мекунад, ки роҳи шавҳарашро идома хоҳад дод. Ӯ бо баёни ин ки “ман мухолифи ҳукумат будам ва мемонам” хотирнишон кард: “Баъди марги шавҳарам, чӣ тавре ба шумо маълум аст, модарам аз ғаму дарди ман тоб наоварду ҷонро ба ҷонофарин супурду рафт ва каме ман дар ҳолати ғаму андӯҳ қарор доштам. Вақтҳои охир парешон гаштани мухолифин ҳам бароям мушкил хаст, зеро ҳадаф як асту ба ҷои бо ҳам омадану якҷо шудан, байни якдигар мубориза мебаранд. Аммо ман як чизро гуфтан мехоҳам, ман тарафдори Умар будам ва мемонам, дар ин роҳ. Ҳеч гоҳ суханони Умарро фаромӯш намекунам, ки мегуфт, агар ман зиндонӣ ё кушта шавам, ҳаргиз пеши душманони ман таслим нашав! Бинобар ин, ҳеч гоҳ пеши ин режим таслим шудан намехоҳам ва Худо хоҳад, дар ин роҳ, ки тамоми хушбахтиямро аз даст додам, устуворам.”

Реклама


Рубрики:Гуфтугӯ, Сиёсат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: