Перейти к содержимому

Оё нишастани мард назди зану фарзандаш маҳбубтар аз эътикоф дар масҷид аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду рӯз пеш, яке аз корбарон дар шабакаи маҷозӣ, матлаберо ба ин мазмун бароям матраҳ кард, ки ҷое хонда ё шунидааст, ки дар ривояте ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармудаанд, нишастани мард назди зану фарзандаш, маҳбубтар аз эътикоф дар масҷид аст. Ӯ хост, агар чунин ҳадисе ҳаст, манбаи онро барояш биёварам ва зимнан, назари худро низ дар ин замина изҳор бидорам.

Ва чун ин масъала, ба назарам, як масъалаи бисёр муҳим аст, зеро гоҳе аз ин қабил ҳадису ривоятҳо фаҳму бардоштҳои бисёр норавое сурат мегирад, лозим донистам дар ин навиштор андаке ба тафсил дар ин мавзӯъ баҳс ба амал биёварам.

Ибтидо, ҳадиси мавриди назарро ҳамроҳ бо манбааш зикр мекунам, сипас роҷеъ ба маънои ин ҳадис, чанд нуктаро ёдовар мешавам.

* * *

1) Имом Абӯлайс Наср ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Иброҳим, маъруф ба Имом Абӯлайси Самарқандӣ, китобе дорад ба номи “Танбиҳул-ғофилин би аҳодиси сайидил-анбиёи вал-мурсалин”. Эшон — ки яке аз уламо ва фуқаҳои бузурги ҷаҳони ислом ба шумор меравад – дар ин китоб ҳадисҳои фаровоне аз ҷаноби Паёмбари Акрам (с) нақл кардааст, ки албатта дар миёни онҳо, ҳадисҳои заъифе ҳам ба чашм мехӯрад. Яке аз ҳадисҳо, ки дар ин китоб оварда ва “марфуъ” ҳам ҳаст, ҳадисе аст, ки дар он аз ҷумла омада:

 قَالَ: قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ الْجُلُوسُ مَعَ الْعِيَالِ أَحَبُّ إِلَيْكَ أَمِ الْجُلُوسُ فِي الْمَسْجِدِ؟ قَالَ: الْجُلُوسُ سَاعَةً عِنْدَ الْعِيَالِ أَحَبُّ إِليَّ مِنَ الِاعْتِكَافِ فِي مَسْجِدِي هَذَا

“(Анас ибни Молик (р) гӯяд:) Арз кардам: эй Расули Худо! Нишастан назди зану фарзанд бароят маҳбубтар аст ё нишастан дар масҷид? Фармуд: як соат нишастан назди зану фарзанд, бароям маҳбубтар аст аз эътикоф дар ин масҷиди худам (яъне масҷиди набавӣ)”.

(Танбиҳул-ғофилин би аҳодиси сайидил-анбиёи вал-мурсалин, 1/342 (Ашшомила) ва ҳамчунин дар китоби “Нузҳатул-маҷолис ва мунтахабун-нафоис, 1/104 (Ашшомила))

Бо ин ки ҳадиси мазкур иснодаш заъиф аст, аммо фарзро бар ин мегирем, ки ҳадисе саҳеҳ будааст. Яъне бо фарзи саҳеҳ донистани ин ҳадис, мехоҳам чанд нуктаро дар зайл ёдоварӣ намоям.

* * *

2) Дар забони мубораки ҳазрати Паёмбар (с) бисёр омадааст, ки як амалро аз амале дигар бартар донистаанд, яъне фармудаанд, фалон амал аз фалон амали дигар бартар аст ва ё дар пешгоҳи Худованд маҳбубтар аст ва ё дар назди худи он ҷаноб некӯтар аст ва ё савобу подоши бештаре дорад. Масалан, дар ҳадисе саҳеҳ хитоб ба ёрон мефармоянд:

ألا أخبركم بأفضل من درجة الصيام والصدقة والصلاة؟ قال: قلنا: بلى. قال: إصلاح ذات البين

Оё шуморо хабар диҳам аз амале, ки дараҷааш бартар аз дараҷаи рӯза ва садақа ва намоз аст? Арз карданд: бале. Фармуд: ислоҳи зотулбайн.” (Сунани Абӯдовуд ва Тирмизӣ)

Агар миёни ду нафар ва ё бештар, даъвое сурат бигирад ва миёнашон ҷудоӣ афтад, араб оштӣ ва ислоҳ байни онҳоро “ислоҳи зотулбайн” мегӯяд. Паёмбар дар ин ҳадис мефармоянд, ислоҳи байни мардум, савобаш бештар аз савоби намозу рӯзаву садақа аст.

Ва ё дар баъзе ривоёт, ҳазрати Хатмимартибат (с) тафаккур ва андешиданро бартар аз ибодати чанд сол шумурдаанд. Аз ин қабил ривоёт мо зиёд дорем.

Дидаем, ки аз ин қабил аҳодис баъзеҳо, ё амдан ва ё аз рӯи адами огоҳӣ, бардоштҳои нораво ва нодурусте ироа мекунанд. Фикр мекунанд — ва ё ба дигарон амдан чунин илқо мекунанд — ки ҳазрати Паёмбар (с) дар мақоми костан аз арзиши амалест, ки як амали дигарро аз он бартар мешумурад. Масалан, дар ҳамин ҳадиси саҳеҳе, ки овардем, фикр мекунанд, агар “ислоҳи зотулбайн” аз намозу рӯзаву садақа бартар аст, пас намозу рӯзаву садақа ҳеч арзише надоштааст! Ва ё он ҷо, ки ҳазрати Паёмбар (с) тафаккурро аз ибодат бартар донистаанд, инҳо фикр мекунанд, пас бояд фақат тафаккур кард ва ибодатро раҳо намуд!

Ёдам намеравад, чанд сол пеш вақте дар Тоҷикистон қонуни манъи навҷавонони зери 18 сол аз анҷоми маросими динӣ дар масоҷид тасвиб ва ба ин қонун эътироз шуд, баъзеҳо дар тавҷеҳи ин қонуни бемаънӣ, ба ривоятҳое мутавассил мешуданд, ки дар онҳо тафаккур аз ибодат бартар дониста шуда.

Ва ин дар ҳолест, ки дар ин қабил аҳодис, ҳазрати Паёмбар (с) ба ҳеч ваҷҳ дар мақоми костан аз арзишу шаъни амале, ки як амали дигарро аз он бартар донистаанд нестанд. Ҳаргиз!

Тавзеҳи матлаб ин ки: дар ин қабил аҳодис, яке аз ду чиз, мавриди назари ҳазрати Паёмбар (с) аст:

а) Ё ин аст, ки мо ду амали шаръӣ дорем, ки ҳар ду арзишманд ва дар пешгоҳи илоҳӣ қадр доранд, аммо арзиши яке аз дигаре болотар аст. На ин ки яке дорои арзиш аст, ки бояд анҷомаш дод, ва дигаре беарзиш, ки раҳояш кард. Ҳаргиз! Бояд ҳар дуро анҷом бидиҳӣ ва тарки ҳеч як аз онҳо ҷоиз нест. Вақте мефармоянд, тафаккур аз ибодат бартар аст, маънояш ин нест, ки тафаккур бикун ва ибодатро раҳо намо! Ҳар ду дорои арзиш аст, аммо яке аз арзиши бештаре бархӯрдор аст.

б) Ва ё ин аст, ки ҳадафи ҳазрати Паёмбар (с) аслан баёни боло будани арзиши яке бар дигаре нест, шояд дар воқеъ ҳар ду аз арзиши яксоне бархӯрдор бошанд ва ҳатто дар мавориде арзиши амале, ки як амали дигар аз он бартар дониста шуда, воқеан болотар бошад. Дар ин ҷо ҳадафи он ҳазрат (с), таваҷҷӯҳ додани мардум ба амале аст, ки ба далоиле, мардум онро кам мешуморанд ва нодида мегиранд. Як мисол бизанам, матлаб бароятон равшантар мешавад:

Яке аз асҳоби Расули Акрам (с) ба номи Усмон ибни Мазъун (р) чунон ғарқ дар ибодат шуда ва кораш ба ҷое расида буд, ки ҳамарӯз рӯза мегирифт ва ҳамашаб то субҳ ба намоз мепардохт ва омезиш ва наздикӣ бо ҳамсарашро куллан фаромӯш карда буд. Ҳамсари вай ҷараёнро ба иттилои ҳазрати Расули Акрам (с) расонд. Расули Акрам (с) дар ҳоле, ки осори хашму ғазаб аз чеҳрааш ҳувайдо буд, аз ҷо ҳаракат кард ва пеши Усмон ибни Мазъун рафт ва ба ӯ фармуд:

— Эй Усмон! Бидон, ки Худо маро барои раҳбоният нафиристодааст. Ман шахсан намоз мехонам ва рӯза мегирам ва бо ҳамсари худ низ омезиш мекунам. Ҳар кас мехоҳад аз дини ман пайравӣ кунад, бояд суннати маро бипазирад. Издивоҷ ва омезиши зану мард бо якдигар, ҷузъи суннатҳои ман аст.

Ва низ фармуданд:

يا عثمان! إن الله لم يبعثني بالرهبانية وإن خير الدين عند الله الحنيفية السمحة

Эй Усмон! Худованд маро барои раҳбоният нафиристода, некӯтарин дин дар пешгоҳи Худо дине фитрӣ ва осон ва богузашт аст.”

(Сияру аъломин-нубало, 1/158 Ашшомила))

Дар ин ҷо ҳазрати Паёмбар (с) намехоҳанд бигӯянд, ки намозу рӯза ва куллан ибодатро раҳо кун ва бичасп ба зан! Ва ё ҳатто намехоҳанд бигӯянд, омезиш бо зан арзишаш болотар аз арзиши намозу рӯза аст. Ҳаргиз! Балки мехоҳанд гӯшзад кунанд барои уммати исломӣ, ки раҳбоният ва буридан аз зану фарзанд, дар ислом нест.

* * *

Ҳол, ҳадисе, ки ҳазрати Паёмбар (с) дар он мефармоянд: “Як соат нишастан назди зану фарзанд, бароям маҳбубтар аст аз эътикоф дар ин масҷиди худам”, дақиқан ба ҳамин маъное аст, ки дар достони Усмон ибни Мазъун (р) омада. Яъне мехоҳанд бигӯянд, чунин нашавад, ки шумо эй уммат, куллан ба эътикоф машғул шуда ва зану баччаҳои худро фаромӯш кунед. Дар шариати мо, нишастани мард назди зану баччаҳояш ва бо онҳо буданаш ва бо онҳо хандиданаш ва бо онҳо гоҳе тафреҳ карданаш, худаш навъе ибодат аст. Вагарна, эътикоф дар масҷид, ба хусус масҷиди набавӣ, аз чунон аҷру подоше дар пешгоҳи Худованд бархӯрдор аст, ки дар дигар аъмол вуҷуд надорад. Аммо бо ин ҳама, бояд риояти эътидол шавад.

Ва ба иборати дақиқтар, ислом як дини фитрӣ аст, як дини ба истилоҳи Қуръон, васатӣ (миёнарав) аст, на ифрот дар он вуҷуд дорад ва на тафрит. Ифрот яъне зиёдаравӣ ва тафрит кӯтоҳӣ кардан. Шариати ислом ифроту зиёдаравӣ дар ҳар кореро ҳатто ифрот дар ибодатро намеписандад, дар ҳар кору амале бояд эътидол риоят шавад.

Ва дар айни ҳол, тафритро ҳам накӯҳиш мекунад. Тафрит дар амал мисли он ҷо, ки одам намозашро бетаваҷҷӯҳ ва бехушӯъу хузуъ адо кунад. Қуръони Карим барои намозгузороне, ки дар ҳангоми намоз бетаваҷҷӯҳанд ва парешон ҳастанд ва фикру хаёлашон дар ҷои дигар аст, “вайл” мехонад. “Вайл” бино бар назари баъзе аз муфассирон, маконе дар ҷаҳаннам. Мефармояд:

فَوَيْلٌ لِّلْمُصَلِّينَ. الَّذِينَ هُمْ عَن صَلَاتِهِمْ سَاهُونَ. الَّذِينَ هُمْ يُرَاؤُونَ

Вайл бар он намозгузороне, ки аз намозашон ғофиланд, онон, ки риё мекунанд.” (Сураи Моъун, оятҳои 4-6)

Тафрит мисли он ҷо, ки як рӯз намозашро мехонад, рӯзи дигар ба ҳар баҳонае онро адо намекунад, ё дар адои намозҳо дар вақтҳои худаш саҳлангорӣ мекунад. Ва ё мисли он ҷо, ки фақат дар моҳи мубораки Рамазон раги мусалмонияш баланд мешавад ва рӯза мегирад ва намози таровеҳ мехонад, аммо дар бақияи айёми сол на намоз мегузорад ва на ибодате дигар анҷом медиҳад. Тафрит мисли он ҷо, ки мусалмон аст ва намоз ҳам мехонад ва рӯза ҳам мегирад, вале боре дар ҳаёташ эътикоф намекунад.

Хулоса, на бояд ифрот кард ва зану баччаю куллан зиндагиро ба хотири ибодат раҳо намуд, ва на бояд тафрит кард ва дар анҷоми ибодот кӯтоҳӣ кард, бояд мӯътадил буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: