Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (258)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (2)

* * *

Як халифа буд дар айёми пеш,

Карда Ҳотамро ғуломи ҷуди хеш.

Дар замонҳои пешин, халифае буд, ки дар саховату бахшиш ҳатто Ҳотами Тоиро ғуломи худ карда буд.

Нукта: Ҳотами Тоӣ, саворкор ва шоир ва саховатманди маъруфи даврони ҷоҳилият, ки дар бахшандагӣ ва гушодадастӣ зарбулмасал шудааст. Аслан аз аҳолии Наҷд буд ва ба Шом рафт ва бо духтари Ҳиҷри Ғассонӣ издивоҷ кард. (Аъломи Заркалӣ, ҷ.2, с.151)

Рояти икрому дод афрошта,

Фақру ҳоҷат аз ҷаҳон бардошта.

Он халифа парчами бахшишу адлро барафрошта буд ва фақру эҳтиёҷро аз миён бурда буд, зеро ҳамеша дар ҳоли дастгирӣ аз ниёзмандон буд.

Баҳру кон аз бахшишаш соф омада,

Доди ӯ аз Қоф то Қоф омада.

Аз караму саховати ӯ дарёву маъдани гавҳар тиҳӣ шуда ва адолату додгарии ӯ саросари ҷаҳонро фаро гирифта буд.

Нукта: Қоф, он гуна ки бархе аз гузаштагон гуфтаанд, кӯҳест, ки аз ғояти бузургӣ гирди олам баромада ва муҳити олам аст. (Гулшани роз, с.130) Акбарободӣ гӯяд: “Аз бахшишаш соф омадан, яъне тиҳӣ гаштан.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.164)

Дар ҷаҳони хок абру об буд,

Мазҳари бахшоиши Ваҳҳоб буд.

Он халифа барои ин ҷаҳони хокӣ монанди абру об буд, ки ҳамаро баҳраманд месохт ва мазҳари бахшандагии ҳазрати Парвардигори ваҳҳоб буд.

Ваҳҳоб: бисёр бахшанда.

Аз атояш баҳру кон дар зилзила,

Сӯйи ҷудаш қофила бар қофила.

Аз караму атои ӯ дарёву маъдан аз шарм бар худ меларзиданд ва корвон дар корвон ба самти бахшандагӣ ва саховати ӯ раҳ месупурданд.

Қиблаи ҳоҷат дару дарвозааш,

Рафта дар олам ба ҷуд овозааш.

Дару дарвозаи он халифа қиблаи ҳоҷати ниёзмандон буд ва шӯҳрати бахшандагии ӯ ба ҳама ҷо расида буд.

Ҳам аҷам, ҳам рум, ҳам турку араб,

Монда аз ҷуду сахояш дар аҷаб.

Ҳамаи ақвом аз румиву турку тозиву аҷам аз саховату бузургвории ӯ дар шигифт шуда буданд.

Сахо: бахшандагӣ ва ҷавонмардӣ.

Оби ҳайвон буду дарёи карам,

Зинда гашта ҳам араб з-ӯ, ҳам аҷам.

Он халифа оби ҳаёту дарёи карам буд, ки ҳам тозӣ ва ҳам аҷам аз саховату ӯ ҳаёту зиндагонӣ ёфта буданд.

* * *

Қиссаи аъробии дарвеш ва моҷарои зани ӯ бо ӯ ба сабаби қиллату дарвешӣ (1)

* * *

Як шаб аъробизане мар шӯйро

Гуфту аз ҳад бурд гуфтугӯйро,

Шабе як зани араби биёбонишин бо шавҳараш ба гуфтугӯ пардохт ва дар ин бора зиёдаравӣ кард ва аз ҳадд гузашт.

Нукта: Аъробӣ: як тан араби биёбонӣ. Аъроб касоне ҳастанд аз қавми араб, ки дар биёбон зиндагӣ мекунанд. Муфради он, аъробӣ аст бар қиёси исмҳои ҷинс, ки муфради он бо “ӣ” дар охири калима ташхис мешавад, мисли рум ва румӣ, курд ва курдӣ, занҷ ва занҷӣ. Аъроб исми ҷинс аст ва ҷамъи араб нест. Араб, ба шарҳнишинони ин қавм ихтисос дорад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.962)

К-ин ҳама фақру ҷафо мо мекашем,

Ҷумла олам дар хушӣ, мо нох(в)ашем.

(Он зан ба шӯйи худ гуфт,) ки ин ҳама фақру ситамро мо мекашем, аммо тамоми мардуми дунё дар хушианд, фақат мо ҳастем, ки ҳоли хуш надорем.

Нонамон на, нонхуришмон дарду рашк,

Кӯзамон на, обамон аз дида ашк.

Нон надорем ва ба ҷои нон, нонхуришамон дарду рашку ғибта бар амволи дигарон аст, ҳатто кӯзаи об ҳам надорем ва обамон чашмамон аст.

Нонхуриш: хуриши нон, ҳар чиз, ки бо нон мехӯранд. Рашк: ҳасад.

Ҷомаи мо рӯз тоби офтоб,

Шаб ниҳолину лиҳоф аз моҳтоб.

Ҳангоми рӯз либоси мо партаву гармои хуршед аст, ва шаб зерандозу лиҳофе ҷуз маҳтоб надорем.

Тоб: фурӯғ ва равшанӣ. Ниҳолин: зерандози чоргӯша.

Қурси маҳро қурси нон пиндошта,

Даст сӯйи осмон бардошта.

Он зани араби саҳронишин аз фарти ниёзу шиддати гуруснагӣ, ба шавҳараш мегӯяд: чунон ба гуруснагӣ гирифтор шудаем, ки қурси моҳро гирдаи нон мепиндорем ва даст ба сӯи осмон дароз мекунем, ки он қурси моҳро ба ҷои қурси нон бигирем.

Нукта: Инсон аз шиддати гуруснагӣ ҳар чизро, ки мушобеҳи нону ғизо бошад, ҳамон чиз мепиндорад, монанди ташнае, ки дар биёбони хушк саробро об мепиндорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.685)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: