Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (32)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши ҳафтум: муҷозотҳои ухравӣ (1)

Ҷазои амал

Яке аз масоиле, ки дар баҳси адли илоҳӣ бояд матраҳ гардад, масъалаи муҷозоти аъмол дар охират аст. Маъод ва расидагӣ ба аъмоли неку зишт ва подошу кайфар додан ба некӯкорон ва бадкорон, худ аз мазоҳири адли илоҳӣ аст. Маъмулан яке аз далоиле, ки барои исботи маъод иқома мешавад ин аст, ки чун Худо одилу ҳаким аст, аъмоли башарро бемуҳосиба ва подошу кайфар намегузорад.

Амири мӯъминон Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд:

ولئن أمهل الله الظالم فلن يفوت أخذه وهو له بالمرصاد على مجاز طريقه وبموضع الشّجى من مساغ ريقه

Мумкин аст Худо ситамгарро мӯҳлат диҳад, вале ҳаргиз ӯро бекайфар раҳо намекунад, Худо бар сари роҳи ситамгар камин карда ва ҳамчун устухоне, ки дар гулӯ гир кунад, роҳро бар ӯ мебандад.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 96)

Баҳси мо дар ин бахш, дар бораи исботи маъод аз тариқи одил будани Худо нест. Баръакс, баҳсе, ки акнун матраҳ аст, дар бораи эроду ишколе аст, ки аз назари адли илоҳӣ бар кайфияти муҷозотҳо ва кайфарҳои ухравӣ ворид мегардад. Гуфта мешавад, муҷозотҳои ухравӣ ба шакле, ки нақл мешавад, мухолифи адли илоҳӣ аст. Зеро дар муҷозотҳои ухравӣ таносуб миёни ҷурм ва ҷарима вуҷуд надорад ва муҷозотҳо ба наҳви ғайриодилонае иҷро мешавад.

Дар ин ишкол, масъалаи ҷазо, ки далеле бар адли илоҳӣ гирифта мешавад, ба унвони ишколе бар адолат, ва нақзе бар ҳикмат муаррифӣ шудааст. Асле, ки поя ва мабнои эрод аст ин аст, ки дар вазъи қонунҳои ҷазоӣ бояд байни ҷурм ва ҷарима таносуб риоят шавад, масалан агар касе бар сари раҳгузаре, ки аз хиёбон мегузарад зубола бирезад, адолат эҷоб мекунад, ки барои ӯ кайфаре дар назар гирифта шавад ва шакке нест, ки кайфари инчунин ҷурме наметавонад хеле сангин аз қабили эъдом ё ҳабси абад буда бошад. Бино бар асли таносуб миёни ҷурм ва муҷозот, барои чунин ҷурме ҳаддиаксар як ҳафта зиндон кофӣ аст, ва агар ин муҷримро ба хотири ин ҷурми кучак муҳокимаи саҳроӣ ва тирборон кунанд, бар хилофи адолат хоҳад буд. Кайфар додан бар ҷурмҳо лозимаи адл аст, вале агар таносуб байн ҷурм ва кайфар риоят нагардад, худи кайфар додан навъе беадолатӣ хоҳад буд.

Гуноҳоне аз қабили ғайбат, дурӯғ, зино, қатли нафс ҷурм ҳастанд ва кайфар металабанд, вале оё кайфарҳое, ки дар охират барои онҳо таъйин шудааст берун аз андоза нест? Қуръон кайфари қатли нафсро ҷовидон мондан дар ҷаҳаннам муайян фармудааст. Дар бораи ғайбат ривоят шудааст, ки хуриши сагҳои ҷаҳаннам аст. Ва ба ҳамин тариқ, барои соири гуноҳон уқубатҳо ва муҷозотҳои сахт ва ғайриқобили таҳаммуле зикр шудааст; уқубатҳое, ки аз лиҳози кайфият фавқулъода шадид аст ва аз лиҳози муддат бисёр тӯлонӣ. Эрод ин аст, ки ин бетаносубӣ чӣ гуна бо адли илоҳӣ созгор аст?

Барои посухи ин эрод лозим аст баҳсе дар бораи анвоъи муҷозотҳо анҷом диҳем ва навъи кайфарҳои ухравиро бишносем. Ин, мусталзими он аст, ки қаблан баҳсе дар бораи низоми ҷаҳони охират — мутобиқи он чи аз нассҳои мӯътабари исломӣ истифода мешавад ва бурҳонҳои ақлӣ моро роҳнамоӣ менамояд — дар бораи тафовути низоми он ҷаҳон ва низоми ин ҷаҳон ба амал оварем.

* * *

Тафовутҳои ду ҷаҳон

Оё бар ҷаҳони охират ҳамин қонунҳои табиӣ ва усулу номусҳое, ки бар ҷаҳони дунё ҳукумат мекунад, ҳукмфармост? Оё байни зиндагии ин ҷаҳон ва он ҷаҳон, тафовут ё тафовутҳое вуҷуд надорад? Оё нашъаи охират айни нашъаи дунёст танҳо фарқе, ки дорад ин аст, ки замонан баъд аз ин нашъа аст? Мусалламан байни ду ҷаҳон тафовутҳое аст; агар мушобиҳатҳое вуҷуд дорад, вуҷуди тафовут ҳам ҳатмӣ аст.

Ду нашъа ва ду олам аст ва ду навъ зиндагӣ аст бо қонунҳои мутафовит. Аҷала накунед, намехоҳам бигӯям адли илоҳӣ ҷузъи қонунҳои дунёст ва ҷузъи қонунҳои охират нест, пас дар он ҷо зулм равост. Хайр! Матлаби дигаре мехоҳам бигӯям, андаке ҳавсала дошта бошед.

Барои нишон додани тафовутҳое, ки байни ин ду навъ зиндагӣ вуҷуд дорад, мисоле дар даст нест, зеро ҳар мисоле, ки биёварем, аз дунё хоҳад буд ва тобеъи қонунҳои дунёст. Вале аз барои тақриб метавон — бо каме мусомиҳа — дунё ва охиратро ба олами раҳим (баччадон) ва дунё ташбеҳ намуд. Қаблан ҳам барои манзуре дигар аз ин мисол истифода кардаем.

Тифл дар раҳим навъе зиндагӣ дорад ва пас аз таваллуд, аз навъе дигар аз зиндагӣ бархӯрдор мегардад. Як ҷанбаи муштараки ин ду зиндагӣ ин аст, ки дар ҳар ду, тағзия ҳаст, аммо наҳваи тағзияи ҷанин бо тағзияи кӯдак пас аз таваллуд фарқ дорад. Тифл дар раҳими модар ҳамчун як гиёҳ зиндагӣ мекунад, аз хуни модар аз роҳи банди ноф монанди решаи гиёҳ ғизои худро мегирад, на бо рияҳо танаффус анҷом медиҳад ва на меъдааш фаъолияте дорад. Вале ба маҳзи ин ки ба ин ҷаҳон по мениҳад, низоми зиндагияш барҳам мехӯрад, нашъаи дигаре пайдо мекунад ва низоми дигар бар ҳаёташ ҳоким мегардад ва ҷаҳонаш иваз мешавад. Дар ин ҷо як лаҳза ҳам наметавонад мисли собиқ зиндагӣ кунад. Дар ин ҷо бояд танаффус кунад ва аз роҳи даҳон ғизо бихӯрад. Агар қабл аз таваллуд ҳаво вориди рияаш ва ғизо вориди меъдааш мешуд, мемурд. Ҳоло баръакс, агар лаҳзае чанд ҳаво вориди рияаш нашавад ва соате чанд ғизо вориди меъдааш нагардад, мемирад.

Баъд аз таваллуд агар касе бихоҳад ҳамон вазъи собиқро барои тифл идома диҳад, масалан ӯро дар маҳфазае қарор диҳад ва аз ҳамон роҳи банди нофи хун ба ӯ тазриқ кунад ва дар иваз, маҷрои даҳону бинии ӯро масдуд намояд, мумкин нест; зеро низоми зиндагии тифл иваз шудааст ва бояд аз низоми навин истифода кунад.

Ҷаҳони охират низ нисбат ба дунё чунин аст. Вазъи зиндагӣ дар охират, бо вазъи он дар дунё мутафовит аст. Дар ҳар ду то ҳаёт ҳаст, вале на як ҷур. Зиндагӣ дар он ҷо қонунҳо ва низомҳое дорад ғайр аз он чи ки дар ин ҷо ҳаст. Ба иборати дигар, дунё ва охират ду навъ ҷаҳон ва ду нашъаанд. Барои ба даст овардани тафовутҳои ин ду ҷаҳон, бояд ба тавсифҳое, ки аз ноҳияи мутуни динӣ дар ин бора расидааст, муроҷеа кунем.

Акнун, чанд тафовутро зайлан баён мекунем:

1) Суботу тағйир. Дар ин ҷаҳон, ҳаракату тағйир ҳаст. Кӯдак ҷавон мегардад, комил мешавад, ба пирӣ мерасад ва сипас мемирад. Дар ин ҷаҳон, навҳо кӯҳна мешавад ва кӯҳнаҳо аз байн меравад. Вале дар ҷаҳони охират пирӣ ва кӯҳнагӣ вуҷуд надорад, марге ҳам дар кор нест. Он ҷо ҷаҳони бақост ва ин ҷо ҷаҳони фано, он ҷо хонаи суботу қарор аст ва ин ҷо хонаи заволу фано.

2) Зиндагии холису нохолис. Дуввумин тафовут ин аст, ки дар ин ҷаҳон, мавту ҳаёт, маргу зиндагӣ бо ҳам омехтааст, вале он ҷаҳон саропо зиндагӣ аст. Дар ин ҷо ҷамодоте ва ҳайвоноте вуҷуд доранд ва ҳар кадом ба дигаре табдил мегарданд. Ҷисме, ки акнун бадани мост ва ҳаёт дорад, замоне мурда ва ҷамод будааст ва бори дигар низ ҳаёт аз он ҷудо мегардад ва ба ҳолати ҷамодӣ бармегардад. Зиндагиву марг дар дунё махлут ба ҳаманд. Аммо дар охират чунин нест. Он ҷо якпорча ҳаёт аст. Замини охират, ҷавоҳиру сангрезаҳои он, дарахту меваи он, ҳамагӣ ҳаёт доранд, оташи онҷо ҳам даррок ва фаъол аст.

Қуръони Карим мефармояд:

وَإِنَّ الدَّارَ الْآخِرَةَ لَهِيَ الْحَيَوَانُ

Ҳамоно мунҳасиран хонаи охират хонаест, ки зинда аст.” (Сураи Анкабут, ояти 64)

Охират як мавҷуди зинда ва як ҳайвону ҷондор аст.

Узвҳо ва андомҳо дар ин ҷаҳон, шуъуру дарк надоранд, вале дар он ҷаҳон пӯсти бадану нохун ҳам фаҳм дорад ва ҳатто сухан мегӯяд. Дар қиёмат бар даҳонҳо мӯҳр зада мешавад ва ҳар узве худаш корҳоеро, ки анҷом додааст бозгӯ мекунад.

Аз забон пурсиш намешавад, то бо дурӯғгӯӣ пардапӯшӣ кунад. Ҳар узве дар он ҷо нотиқ мегардад, худаш корҳои худро шарҳ медиҳад. Қуръони Карим мефармояд:

الْيَوْمَ نَخْتِمُ عَلَى أَفْوَاهِهِمْ وَتُكَلِّمُنَا أَيْدِيهِمْ وَتَشْهَدُ أَرْجُلُهُمْ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мезанем ва дастҳояшон бо мо сухан мегӯянд ва поҳояшон гувоҳӣ медиҳанд, ки чӣ анҷом додаанд.” (Сураи Ёсин, ояти 65)

Дар ҷои дигар, муколима ва мушоҷираи инсонҳоро бо аъзову ҷавориҳи худашон зикр мекунад:

وَقَالُوا لِجُلُودِهِمْ لِمَ شَهِدتُّمْ عَلَيْنَا قَالُوا أَنطَقَنَا اللَّهُ الَّذِي أَنطَقَ كُلَّ شَيْءٍ

Пас аз баёни ин матлаб, ки дар қиёмат гӯшу чашми муҷримон ва дигар андомҳояшон алайҳи онҳо гувоҳӣ медиҳанд, мушоҷираеро, ки байни онон дармегирад чунин шарҳ медиҳад:

Ва ба пӯстҳои баданашон мегӯянд: чаро ба зарари мо шаҳодат додед? Посух медиҳанд: Худо моро нотиқ сохт; Худое, ки ҳар чизро ба сухан овардааст…” (Сураи Фуссилат, ояти 21)

Оре, зиндагӣ дар ҷаҳони охират холис аст, омехта ба мавт нест, аз унсури кӯҳнагӣ ва фарсудагӣ ва маргу фано дар он ҷо хабару асаре нест; бар он ҷаҳон, ҷовидонагӣ ҳукмфармост.

3) Кишту дарав. Севвумин тафовути дунё ва охират ин аст, ки ин ҷо хонаи кишт кардан ва тухм пошидан аст ва он ҷо хонаи баҳрабардорӣ ва дарав кардан. Дар охират амал нест, муқаддима нест, ҳар чӣ ҳаст маҳсулу натиҷа аст, монанди рӯзе аст, ки натиҷаи имтиҳоноти донишомӯзон эълом мегардад. Агар донишомӯзе дар вақти имтиҳон эълом кунад, ки ба ман мӯҳлати дарс хондан бидиҳед ва ё дар вақти эъломи натиҷа тақозо кунад, ки акнун аз ман бипурсед то ҷавоб диҳам, посухе, ки дарёфт медорад ин аст, ки вақти имтиҳон гузашта ва акнун вақти нумра (баҳо) додан аст. Анбиё, ки фарёд мекунанд: эй мардум ба амали солеҳ бипардозед ва захирае барои хонаи вопасини хеш таҳия кунед, барои ин аст, ки замони амал маҳдуд аст.

Амири мӯъминон Алӣ (а) мефармояд:

وان اليوم عمل ولا حساب وغدا حساب ولا عمل

Имрӯз кор асту муҳосиба нест, ва фардо муҳосиба асту кор нест.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 42)

Дар ҷои дигар мефармояд:

عباد الله! الآن فاعملوا والالسن مطلقة والابدان صحيحة والاعضاء لدنة والمنقلب فسيح

Эй бандагони Худо! Ҳамакнун, ки забонҳо озод ва баданҳо солим аст ва аъзоъ фармон мебарад ва майдони фаъолият боз аст, бикӯшед.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 187)

Яъне бадан василаи фаъолияту кори туст, пеш аз он ки аз ту гирифта шавад ва муталошӣ гардад, бо он кор кун; коре, ки ба ҳоли ту судманд бошад.

Он замон, ки мӯҳлат сипарӣ мегардад ва ба фармони Худои тавоно руҳ аз бадан оҳанги ҷудоӣ соз мекунад, дар он мавқеъ ҳар чӣ фарёд кунӣ, ки маро баргардонед, то кори неке анҷом диҳам, посухе, ки мешунавӣ ин аст, ки: “мумкин нест!”

Агар иттисоли меваи норасидаи ҷудошуда аз дарахт, ба дарахт, ва аз сар гирифтани вазъи собиқ ва ширин шудани он, мумкин бошад, муроҷеа ба дунё мумкин аст, вале қонуни офариниш ҷуз ин аст.

Чӣ зебост ҷумлае, ки Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ин бора фармудааст:

الدنيا مزرعة الآخرة

Дунё киштгоҳи охират аст.”

Дар ин ҳадис, маҷмӯи давраи вуҷуди инсон ба давраи сол ташбеҳ шуда ва ҳар як аз дунё ва охират ба яке аз ду фасли сол ташбеҳ шудааст, дунё фасли кишт кардан, ва охират фасли маҳсул бардоштан аст.

4) Сарнавишт ихтисосӣ ва муштарак. Чаҳорумин тафовуте, ки байни низоми дунё ва низоми охират суроғ дорем ин аст, ки сарнавиштҳо дар дунё то ҳадде муштарак аст, вале дар охират ҳар кас сарнавишти ҷудогона дорад. Манзур ин аст, ки зиндагии дунё иҷтимоӣ аст ва дар зиндагии иҷтимоӣ ҳамбастагӣ ва ваҳдат ҳукмфармост, корҳои хуби некӯкорон дар саодати дигарон муассир аст ва корҳои бади бадкорон низ дар ҷомеа асар мегузорад, ва ба ҳамин далел аст, ки масъулиятҳои муштарак низ вуҷуд дорад. Афроди як ҷомеа монанди аъзо ва ҷавореҳи бадан, каму беш ҷаври якдигарро бояд бикашанд, ихтилоли яке аз онҳо мӯҷиби заволи саломат аз узвҳои дигар мегардад. Масалан агар кабид хуб кор накунад, зарари он ба узвҳои дигар ҳам мерасад.

Ба воситаи сарнавишти муштарак доштани афроди иҷтимоъ аст, ки агар як нафар бихоҳад гуноҳе муртакиб шавад, бар дигарон лозим аст монеъи ӯ гарданд. Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) таъсири гуноҳи фардро бар ҷомеа зимни масале баён кардаанд, ки гурӯҳе савори киштӣ буданд ва киштӣ дар дарё ҳаракат мекард. Яке аз мусофирон, дар ҷое, ки нишаста буд, машғули сӯрох кардани киштӣ шуд, дигарон ба узри ин ки ҷойгоҳи шахси худашро сӯрох мекунад, мутаъарризи ӯ нашуданд ва киштӣ ғарқ шуд. Вале агар дасташро гирифта ва монеъи кораш мешуданд, ҳам худ ҷон ба саломат мебурданд ва ҳам ӯро наҷот медоданд.

Дар дунё хушку тар бо ҳам месӯзанд ва ё бо ҳам аз сӯхтан масун мемонанд. Дар ҷомеа, ки гурӯҳе зиндагии муштарак доранд ва дар он, ҳам бадкор ҳаст ва ҳам некӯкор, гоҳе бадкорон аз самараи кори некӯкорон мунтафеъ мегарданд ва гоҳе мардуми бегуноҳ аз садамаи гуноҳкорон осеб мебинанд.

Вале ҷаҳони дигар чунин нест, дар он ҷо маҳол аст, ки касе дар амали дигаре саҳим гардад, на касе аз самараи кори неке, ки худаш дар он саҳме надоштааст баҳраманд мешавад, ва на касе аз кайфари гуноҳони дигарон муаззаб мегардад. Охират хонаи ҷудоӣ ва “фасл” аст, байни хубу бад ҷудоӣ меандозад, нопоконро аз покон мунфасил мекунад; гуноҳкоронро бонг мезананд, ки:

وَامْتَازُوا الْيَوْمَ أَيُّهَا الْمُجْرِمُونَ

Аз мардуми пок ҷудо шавед, эй нопокон!” (Сураи Ёсин, ояти 59)

Дар он ҷо падар аз писар, ва писар аз падар ҷудо мегардад, ҳар кас ҷазои амали худашро дарёфт мекунад:

وَلاَ تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَى

Ҳеҷ кас бори дигарӣ ва гуноҳи дигариро ба дӯш намегирад.” (Сураи Анъом, ояти 164)

Ин тафовут аз ин ҷо пайдо шуда, ки охират, ҷаҳони феълияти маҳз аст ва дунё ҷаҳони ҳаракат, яъне ҷаҳони омехтагии истеъдод бо феълият. Феълиятҳои маҳз аз якдигар таъсир намепазиранд ва бо якдигар таркиб намешаванд, вале феълиятҳои омехта таъсирпазиранд ва қобили таркиб шудан ҳастанд. Аз ин рӯ дар дунё “ҷомеа” ба вуҷуд меояд, ки навъе таркибу ваҳдати инсонҳост, ва дар охират “ҷомеа” мафҳум надорад. Дар дунё таъсиру таъассури тадриҷӣ ва феълу инфиъол ҳаст, вале дар охират нест. Дар дунё агар касе бо некӯкорон биншинад, аз муҷолисат бо онон некӣ мепазирад, ва агар бо бадон биншинад, гумроҳ мегардад. Мавлави мегӯяд:

Меравад аз синаҳо дар синаҳо,

Аз раҳи пинҳон салоҳу кинаҳо.

Фирдавсӣ мегӯяд:

Ба анбарфурӯшон агар бигзарӣ,

Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ.

В-агар бигзарӣ сӯи ангиштгар,

Аз-ӯ ҷуз сиёҳӣ наёбӣ асар.

Вале дар ҷаҳони дигар агар инсон то абад бо некӯкорон биншинад, дараҷааш боло намеравад, ва агар ҳам бо бадкорон биншинад, таназзул намекунад. Он ҷо муҷолисату ҳамнишинӣ муассир нест ва ҳеч чиз дар ҳеч чиз асар намегузорад. Дар он ҷо салоҳу кинаҳо аз синаҳо ба синаҳо роҳ намеёбад. Дар он ҷо на аз муҷолисат бо анбарфурӯш бӯи хуш оид мешавад ва на аз ҳамнишинии ангиштгар (зуғолфурӯш) ғубори сиёҳӣ ориз мегардад. Дар он ҷо мубодила вуҷуд надорад; на мубодилаи табиӣ ва на мубодилаи қарордодӣ. Мубодила ва доду ситадҳо ихтисос ба ин ҷаҳон дорад.

Албатта манзур аз ин ки зиндагии ҷаҳони дигар иҷтимоӣ нест ин нест, ки дар он ҷо ҳар касе мунфарид ва танҳост ва касе ғайр аз худро намебинад ва бо ғайри худ сару кор надорад. Манзур ин аст, ки ҳамбастгиҳо ва таъсиру таъассурҳо ва таъовуну тазоддҳо ва бидеҳу бистонҳои руҳӣ ва ахлоқӣ ва маънавӣ, ки дар ин ҷаҳон ҳаст ва дар натиҷа ҷомеа — яъне таркиби ҳақиқӣ аз афрод — таҳаққуқ меёбад ва сарнавиштҳо ба ҳам гиреҳ мехӯрад, дар он ҷаҳон вуҷуд надорад, ва илло дар ҳар як аз биҳишту ҷаҳаннам иҷтимоъ ва гирди ҳам зистан ҳаст, бо ин тафовут, ки дар иҷтимои некӯкорон унсу улфату сафову самимият барқарор аст ва ба таъбири Қуръони Карим, бародарвор бар сандалиҳои рӯ ба рӯи ҳам менишинанд. (Сураи Ҳиҷр, ояти 47) Аммо дар иҷтимои бадкорон танаффуру безорӣ аз якдигар ва носазогӯӣ ҳукмфармост. (Сураи Сод, ояти 64)

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: