Перейти к содержимому

Пули бобаракат

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом)

Пули бобаракат

Алӣ ибни Абӯтолиб аз тарафи Пайғамбари Акрам (с) маъмур шуд ба бозор биравад ва пероҳане барои Пайғамбар бихарад. Рафт ва пероҳане ба дувоздаҳ дирҳам харид ва овард. Расули Акрам пурсид:

— Инро ба чӣ маблағ харидӣ?

— Ба дувоздаҳ дирҳам.

— Инро чандон дӯст надорам, пероҳане арзонтар аз ин мехоҳам, оё фурӯшанда ҳозир аст пасбигирад?

— Намедонам, эй Расули Худо!

— Бирав бибин ҳозир мешавад пасбигирад?

Алӣ пероҳанро бо худ бардошт ва ба бозор баргашт. Ба фурӯшанда гуфт:

— Пайғамбари Худо пероҳани арзонтар аз ин мехоҳад, оё ҳозирӣ пули моро бидиҳӣ ва ин пероҳанро пасбигирӣ?

Фурӯшанда қабул кард ва Алӣ пулро гирифт ва назди Пайғамбар овард. Он гоҳ Расули Акрам (с) ва Алӣ бо ҳам ба тарафи бозор роҳ афтоданд. Дар байни роҳ, чашми Пайғамбар ба канизаке афтод, ки гиря мекард. Пайғамбар (с) наздик рафт ва аз канизак пурсид:

— Чаро гиря мекунӣ?

— Аҳли хона ба ман чаҳор дирҳам доданд ва маро барои харид ба бозор фиристоданд. Намедонам чӣ тавр шуд, ки пулҳо гум шуд. Акнун ҷуръат намекунам ба хона баргардам.

Расули Акрам (с) чаҳор дирҳам аз он дувоздаҳ дирҳамро ба канизак дод ва фармуд:

— Ҳарчи мехостӣ бихарӣ, бихар ва ба хона баргард.

Ва худаш ба тарафи бозор рафт ва ҷомае ба чаҳор дирҳам харид ва пӯшид.

Дар ҳангоми баргашт, бараҳнаеро дид, ҷомаро аз тан канд ва ба ӯ дод. Дуввум мартиба ба бозор рафт ва ҷомае дигар ба чаҳор дирҳам харид ва пӯшид ва ба тарафи хона роҳ афтод.

Дар байни роҳ боз ҳамон канизакро дид, ки ҳайрону нигарону андӯҳнок нишастааст, фармуд:

— Чаро ба хона нарафтӣ?

— Эй Расули Худо! Хеле дер шуда, метарсам маро бизананд, ки чаро ин қадр дер кардӣ.

— Биё бо ҳам биравем, хонаатонро ба ман нишон бидеҳ, ман висотат мекунам, ки музоҳими ту нашаванд.

Расули Акрам (с) ба иттифоқи канизак роҳ афтод. Ҳамин ки ба пушти дари хона расиданд, канизак гуфт:

— Ҳамин хона аст.

Расули Акрам (с) аз пушти дар бо овози баланд гуфт:

— Эй аҳли хона! Ассалому алайкум.

Ҷавобе шунида нашуд. Бори дуввум салом кард, ҷавобе наомад. Севвумин бор салом кард, ҷавоб доданд:

— Ассалому алайка эй Расули Худо ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

— Чаро аввал ҷавоб надодед? Оё овози маро намешунидед?

— Ҳамон аввал шунидем ва ташхис додем, ки шумоед.

— Пас иллати таъхир чӣ буд?

— Эй Расули Худо! Хушамон меомад саломи шуморо мукаррар бишнавем, саломи шумо барои хонаи мо файзу баракату саломат аст.

— Ин канизаки шумо дер карда, ман инҷо омадам аз шумо хоҳиш кунам ӯро муохиза накунед.

— Эй Расули Худо! Ба хотири мақдами гиромии шумо, ин каниз аз ҳамин соат озод аст.

Паёмбар гуфт: “Худоро шукр! Чӣ дувоздаҳ дирҳами пурбаракате буд, ду бараҳнаро пӯшонид ва як бардаро озод кард.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)

* * *

Гаронии арзоқ

Нархи гандуму нон рӯз ба рӯз дар Мадина боло мерафт. Нигаронӣ ва ваҳшат бар ҳамаи мардум муставлӣ шуда буд. Он кас, ки озуқаи солро таҳия накарда буд, дар талош буд, ки таҳия кунад, ва он кас, ки таҳия карда буд, мувозиб буд онро ҳифз кунад. Дар ин миён, мардуме ҳам буданд, ки ба воситаи тангдастӣ маҷбур буданд рӯз ба рӯз озуқаи худро аз бозор бихаранд.

Имом Содиқ алайҳис-салом аз Муътаб, вакили харҷи хонаи худ пурсид:

— Мо имсол дар хона гандум дорем?

— Бале эй фарзанди Расули Худо! Ба қадре, ки чандин моҳро кифоят кунад гандум захира дорем.

— Онҳоро ба бозор бибар ва дар ихтиёри мардум бигузор ва бифурӯш.

— Эй фарзанди Расули Худо! Гандум дар Мадина ноёб аст, агар инҳоро бифурӯшем, дигар харидани гандум барои мо муяссар нахоҳад шуд.

— Ҳамин аст, ки гуфтам, ҳамаро дар ихтиёри мардум бигузор ва бифурӯш.

Муътаб дастури Имомро итоат кард, гандумҳоро фурӯхт ва натиҷаро гузориш дод.

Имом ба ӯ дастур дод:

— Баъд аз ин, нони хонаи маро рӯз ба рӯз аз бозор бихар. Нони хонаи ман набояд бо ноне, ки дар ҳоли ҳозир тӯдаи мардум масраф мекунанд тафовут дошта бошад. Нони хонаи ман бояд баъд аз ин ниме гандум бошад ва ниме ҷав. Ман биҳамдиллоҳ тавоноӣ дорам, ки то охири сол хонаи худро бо нони гандум ба беҳтарин ваҷҳе идора кунам, вале ин корро намекунам, то дар пешгоҳи илоҳӣ масъалаи “андозагирии маъишат”-ро риоят карда бошам.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)

* * *

Як андарз

Марде бо исрори бисёр аз Расули Акрам (с) як ҷумла ба унвони андарз хост. Расули Акрам (с) ба ӯ фармуд:

— Агар бигӯям, ба кор мебандӣ?

— Бале, эй Расули Худо!

— Агар бигӯям, ба кор мебандӣ?

— Бале, эй Расули Худо!

Боз такрор фармуданд:

— Агар бигӯям, ба кор мебандӣ?

— Бале, эй Расули Худо!

Расули Акрам (с) баъд аз он ки се бор аз ӯ қавл гирифт ва ӯро мутаваҷҷеҳи аҳаммияти матлабе, ки мехоҳад бигӯяд кард, ба ӯ фармуд:

إِذَا هَمَمْتَ بِأَمْرٍ فَتَدَبَّرْ عَاقِبَتَهُ، وَإِنْ كَانَ رُشْدًا فَأَمْضِهِ، وَإِنْ كَانَ غَيًّا فَانْتَهِ عَنْهُ

Ҳар гоҳ тасмим ба коре гирифтӣ, аввал дар натиҷа ва оқибати он кор фикр кун ва биандеш. Агар дидӣ, натиҷа ва оқибаташ саҳеҳ аст, онро дунбол кун, ва агар оқибаташ гумроҳӣ ва табоҳӣ аст, аз тасмими худ сарфи назар кун.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: