Фалсафа ва равиши реализм (175)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (8)

Матни мақола

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад. Албатта ин ҳамон назария аст, ки дар фасли гузашта гуфтем, ки:

“Баҳсу кунҷковӣ дар исботу нафйи вай, ҷузъи фитриёти инсон, балки ҳар мавҷуди зишуъур, ки ба қонуни иллату маълул имон дошта ва ҷаҳонро дар ҳоли иҷтимоъ бибинад, мебошад.” Ва низ гуфтем, ки:

“Бисёре аз моддигароён натавонистаанд ё нахостаанд маънои ин назарияро чунонки шояду бояд бифаҳманд.” (1)

Фосила ва шикофе, ки дар фаҳми ин назария миёни мусбитин (исботкунандагон) ва нофин (нафйкунандаҳо) мавҷуд аст, дар ҳеч матлаби назарии дигар ёфт намешавад.

Ва шигифтовартар ин ки: ихтилофи назар дар тафсири ин масъала, дар заминае аст, ки барои ҳамеша ва пеши ҳама равшан аст (иллати пайдоиши ҷаҳони ҳастӣ).

Тафсири соддаи ин масъала ин аст, ки: ин ҷаҳони ҳастӣ бо фарзи ин ки “ҳар ҷузъи маълул аз он, иллате дар миёни аҷзои дигар дорад”, оё аз ҳайси маҷмӯъ, ҳоли як маълули ҷузъро дошта ва иллати берун аз худ мехоҳад ё на?

Пай бурдан ба рози ин баҳс барои касе, ки дар кунҷковӣ дар мабоҳиси вуҷуд (мақолаи ҳафтум) борик мешавад, осонтар аст; зеро ин мутафаккири кунҷков хоҳад дид, ки воқеияти ҳар як аз аҷзоъи ҷаҳон пойбанди як ҳастӣ аст, ки аз худаш намебошад, ҳастӣ ва воқеият ҳаргиз беистиқлолу побарҷоӣ имконпазир нест, он гоҳ табъан ин пурсиш пеш меояд, ки:

Оё воқеияти собит ва побарҷое, ки ҳамаи воқеиятҳои гузарони ҷаҳон бо вай устувор ва қоим бошанд, дар миён нест? (2)

* * *

Таълиқот:

(1) Бузургон гуфтаанд: “Хуб суол кардан, ниме аз дарки ҳақиқат аст”. Барои дарки ҳар ҳақиқате, шарти аввал ин аст, ки сурати масъала ба наҳви саҳеҳе дар андешаи ҷӯянадаи ҳақиқат тарҳ шавад; пас аз он ки ба сурати саҳеҳе дар андешааш тарҳ шуд, имкони таҳқиқу ковишу истидлол барояш пайдо мешавад. Аммо то вақте, ки ба сурати ғалате матраҳ аст, имкони дарку таҳқиқу истидлол нест ҳамчунон ки барои нишона задан, шарти аввал нишонагирии саҳеҳ аст. Як нафар тирзан агар ба ҷои ҳадаф нуқтаи дигареро ғайр аз ҳадафи аслӣ нишонагирӣ кунад, ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд ҳарчанд тирзани моҳире бошад ва амали хешро садҳо бор такрор кунад.

Дар масъалаи Худошиносӣ, аз аввал бояд мутаваҷҷеҳи кайфияти тарҳи масъала бошем, ин аст, ки корро осон мекунад. Аз аввал бояд бидонем, ки баҳс дар бораи Худо, аз навъи баҳс дар бораи як “падида” ва як ҷузъ аз аҷзоъи олам ва ё як “омил” аз авомили муассир дар олам нест, балки аз навъи баҳс дар бораи кулли олам аст, ва ба ҳамин далел, дар қаламрави фалсафа аст, на дар қаламрави улум. Он гоҳ, ки дар бораи Худо баҳс мекунем, дар ҳақиқат дар бораи руҳи ҷаҳон ва ҳақиқати ҷаҳон ва решаву асос ва мабдаъу маншаъи ҷаҳон баҳс мекунем. Дар бораи мавҷуде дар замон ё макон баҳс намекунем, дар бораи падидорандаи замону макон баҳс мекунем. Дар бораи омиле аз авомил баҳс намекунем, балки дар бораи омили омилҳо ва решаи фоъилҳо яъне он чизе, ки ҳар омиле ва ҳар фоъиле, омил будан ва фоъил будани худро аз ӯ касб кардааст, баҳс мекунем. Мо сафҳае аз ҷаҳонро ба ҳиссу аён мушоҳида мекунем, ки сафҳае мумтадди замону макон аст, мехоҳем бибинем, оё барои ҷаҳон сафҳаи дигаре ғайр аз сафҳаи замону макон вуҷуд дорад ё надорад?

Баҳс дар бораи Худо аз ин ҷиҳат, назири баҳс дар бораи худи “замон” ва дар бораи “модда”-и аслӣ (ба истилоҳи фалосифа, ҳаюлои уло) аст. Як вақт ҳаст тасаввури мо дар бораи замон, назири тасаввури мо дар бораи яке аз “падида”-ҳои замонӣ ва яке аз аносур ё мураккаботи ҷаҳон аст ва ончунон аз ӯ ҷустуҷӯ мекунем, ки аз як унсури замонӣ ва моддӣ. Бадеҳист, ки агар то абад ин гуна дар ҷустуҷӯи замон бошем, ҳаргиз онро нахоҳем ёфт, ҳаргиз замонро ба сурати як падида ва ба сурати як амри маконӣ ва замонӣ дар радифи соири падидаҳо нахоҳем ёфт, ҳамчунон ки агар бихоҳем моддаи аслии ҷаҳон (ҳаюлои уло)ро — ки ба ҳасби фарз, қувваи маҳз аст ва дар зоти худ ҳеч сурату феълияте надорад ва феълияташ айни истеъдод аст — дарёбем ва онро ба сурати як унсури моддӣ ҷустуҷӯ кунем, ҳаргиз ӯро нахоҳем ёфт.

Замон вуҷуд дорад, аммо на ба сурати як падида аз падидаҳои ҷаҳон, балки ба сурати як буъд аз абъоди мавҷудоти моддӣ, ки дар ҳама чиз ҳаст ва ҳеч мавҷуди моддӣ аз ӯ холӣ нест. Моддаи уло низ ба ақидаи гурӯҳе аз фалосифа вуҷуд дорад, вале на ба сурати як падидаи мушаххас ва қобили ламсу ишора, балки ба сурати як ҳақиқате, ки чеҳраи худро дар зери пардаи ҳамаи феълиятҳо пинҳон намудааст, ҳамроҳи ҳар феълияте ҳаст, аммо худ ҳеч феълияте аз феълиятҳо нест, феълияташ айни феълияти истеъдод ва қувва аст.

Иллати шакки бисёре аз донишмандон дар вуҷуди Худо ин нест, ки далелҳои вуҷуди Худо онҳоро қонеъ накардааст, балки иллати он ин аст, ки тасаввури масъала аз аввал ба сурати ғалате дар азҳони онҳо расм шудааст. Он чӣ онҳо онро ба номи “Худо” тасаввур мекунанд, на танҳо далеле бар вуҷуди ӯ наметавон иқома кард, балки қатъан чунон чизе вуҷуд надорад, вагарна вуҷуди Худованд он қадр равшан аст, ки қобили ташкик намебошад:

أَفِي اللّهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ

Магар дар бораи Худо, падидоварандаи осмонҳо ва замин, тардиде ҳаст?..” (Сураи Иброҳим, ояти 10)

Албатта иллати шак дар Худо ва гароиш ба моддигарӣ мунҳасир ба иллати мазбур нест, иллатҳои дигари равонӣ ва иҷтимоӣ ва таърихӣ дар гароишҳои ба моддигарӣ дар тӯли таърих дахолат доштааст, ки акнун ҷои баҳс дар онҳо нест.

* * *

(2) Вақте, ки ба низоми иллату маълул эътироф дорем ва ҳар иллатеро ба навбаи худ маълули иллати дигар медонем, тамоми ҳастиҳое, ки аз ин маълулҳо суроғ дорем, ҳастиҳое ҳастанд муттакӣ ба ғайр. Он гоҳ ин пурсиш барои зеҳни мо матраҳ мешавад, ки оё ҷаҳон (маҷмӯи ҳастиҳое, ки ҳама маълул ва муттакӣ ба ғайри худ мебошанд) ба як ё чанд ҳастӣ, ки қоим ба зот ва муттакӣ ба худ ва собит ва побарҷо бошад, муттакӣ аст ё хайр? Ба иборати дигар, ин чизҳо, ки мо ҳиссан ва амалан бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастем, ба ҳукми вобастагии онҳо ба ғайри худашон ва ба ҳукми ин ки дар маърази тағйиру таҳаввул ва ҳудусу завол мебошанд ва ба ҳукми маҳдудияти вуҷудашон ва ин ки дар чаҳорчӯби як таъайюни бахусус қарор доранд, нишонаҳои қатъӣ аз имкон доранд ва ҳама мумкинулвуҷуд мебошанд ва ҳастии онҳо аз ноҳияи ғайр аст, на аз ноҳияи зот; оё ин мумкинот муттакӣ ва мунтаҳӣ ба мавҷуде, ки он мавҷуд воҷиби биззот бошад, мебошанд ё хайр? Ду нукта лозим аст, ки дар оғози масъала тарҳ ва ёдоварӣ шавад:

1) Феълан дар бораи моҳият ё ваҳдати воҷиб баҳсе надорем, баҳси мо фақат дар бораи ин аст, ки оё ҳамаи имконҳо аз вуҷуби зотӣ сарчашма мегирад ё хайр? Аммо ин ки он вуҷуби зотӣ моддӣ аст ё ғайримоддӣ, оё воҳид аст ё касир, дар мабоҳиси баъдӣ ва бо далелҳои дигаре дар бораи онҳо баҳс хоҳад шуд.

2) Ин ки мегӯем: “ҳамаи мумкинот мунтаҳӣ ба воҷибулвуҷуд мешаванд”, на ба ин маънист, ки ҷаҳон аз лиҳози абъоди маконӣ мутаноҳӣ аст ва воҷибулвуҷуд дар моварои макон аст ва охирин ҳадди макон, марзи вуҷуди воҷибулвуҷуд аст, ва на ба ин маънӣ, ки замон мутаноҳӣ аст ва агар ба ақиб баргардем ва дафтари замонро варақ бизанем, ба аввалин барги ин дафтар мерасем ва моқабли аввалин барг, Худованди воҷибулвуҷуд қарор гирифтааст.

Инҳо як силсила тасаввуроти оммиёна аст дар бораи Худованд, ва ҳаминҳо сабаб мешавад масъала ба сурати ғалате барои мо тарҳ шавад ва барои ҳамеша гумроҳ ва дар иштибоҳ бимонем. Мутаассифона вақте, ки ба фалсафаҳои урупоӣ нигоҳ мекунем, ғолибан (чӣ илоҳӣ ва чӣ моддӣ) тасаввурашон дар бораи Худо, аз ин қабил будааст. Худоро ё дар осмонҳо ва болотар аз онҳо ҷустуҷӯ мекунанд ва ё дар лаҳзаи оғози олам.

Хонандаи мӯҳтарам аз ҳамакнун бояд бидонад, ки Худои ҳақиқӣ, Худое, ки паёмбарони воқеӣ ӯро муаррифӣ кардаанд, Худое, ки ҳикмати илоҳии исломӣ онро мешиносад, на дар осмон аст ва на дар замин, ва на дар мофавқи осмонҳо ва на дар зулмот ва на дар оғози олам, (балки) дар ҳамаи замонҳо ва ҳамаи маконҳост ва ба ҳама чиз муҳит аст:

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ

Пас, ба ҳар сӯ рӯ кунед, онҷо рӯй ба Худост…” (Сураи Бақара, ояти 115)

وَهُوَ اللّهُ فِي السَّمَاوَاتِ وَفِي الأَرْضِ

Ва ӯст Худо дар осмонҳо ва замин…” (Сураи Анъом, ояти 3)

وَهُوَ مَعَكُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ

Ва ҳар куҷо бошед, ӯ (Худо) бо шумост…” (Сураи Ҳадид, ояти 4)

وَاعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ يَحُولُ بَيْنَ الْمَرْءِ وَقَلْبِهِ

Ва бидонед, ки Худо миёни одамӣ ва дилаш ҳоил мегардад…” (Сураи Анфол, ояти 24)

Баски ҳаст аз ҳама сӯ в-аз ҳама рӯ роҳ ба ту,

Ба ту баргардад агар роҳраве баргардад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: