Перейти к содержимому

Шеъре аз Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар васфи ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)

Ба муносибати милоди босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)

Дар маънии ин ки Сайидатун-нисо Фотиматуз-заҳро усваи комилаест барои нисои ислом

* * *

Марям аз як нисбати Исо азиз,

Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз.

Нури чашми Раҳматан лил-ъоламин,

Он имоми аввалину охирин.

Он ки ҷон дар пайкари гетӣ дамид,

Рӯзгори тозаойин офарид.

Бонуи он тоҷдори “Ҳал ато”,

Муртазо, мушкилгушо, шери Худо.

Подшоҳу кулбае айвони ӯ,

Як ҳусому як зиреҳ сомони ӯ.

Модари он маркази паргори ишқ,

Модари он корвонсолори ишқ.

Он яке шамъи шабистони Ҳарам,

Ҳофизи ҷамъияти Хайрул-умам.

То нишинад оташи пайкору кин,

Пушти по зад бар сари тоҷу нигин.

В-он дигар мавлои аброри ҷаҳон,

Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон.

Дар навои зиндагӣ сӯз аз Ҳусайн,

Аҳли ҳақ ҳуррият омӯз аз Ҳусайн.

Сирати фарзандҳо аз уммаҳот,

Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот.

Мазраъи таслимро ҳосил Батул,

Модаронро усваи комил Батул.

Баҳри мӯҳтоҷе дилаш он гуна сӯхт,

Бо яҳудӣ чодари худро фурӯхт.

Нуреву ҳам оташе фармонбараш,

Гум ризояш дар ризои шавҳараш.

Он адабпарвардаи сабру ризо,

Осиёгардону лаб Қуръонсаро.

Гиряҳои ӯ зи болин бениёз,

Гавҳар афшондӣ ба домони намоз.

Ашки ӯ барчид Ҷибрил аз замин,

Ҳамчу шабнам рехт бар Арши барин.

Риштаи ойини Ҳақ занҷири мост,

Поси фармони ҷаноби Мустафост.

Варна гирди турбаташ гардидаме,

Саҷдаҳо бар хоки ӯ пошидаме.

 

Иқболи Лоҳурӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: