Шӯрои уламо ва набши қабр

Росташ, намедонам фалсафаи вуҷуди Маркази исломӣ дар Тоҷикистон чист? Оё баёни аҳкоми динӣ ва ҳалолу ҳароми мардуми мусалмон аст, ё интишори баёнияҳои сиёсӣ ба суди ҳокиму ҳукумат ва алайҳи мухолифони сиёсӣ? Кадом як?

Ин марказ, ки дар ҳар муносибати сиёсӣ пушти сари ҳам баёния ва изҳорот мунташир мекунад, лоақал як бор ҳам, ки шуда, ба вазифаи аслии худ — ки баёни ҳалолу ҳаром ва аҳкоми динӣ аст — амал мекунад ё на?

Ҳамин имрӯз, гузорише дар сойти Ахбор (Салимпур) хондам, ки воқеан такондиҳанда аст, ва аҷибаш он ки Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои Тоҷикистон то ҳанӯз дар ин мавзӯъ ҳеч мавзеъе барнагирифта ва ҳаддиақал як баёния ҳам мунташир накарда. Бар асоси гузориши сойти Ахбор, мақомоти шаҳри Душанбе дар ҳоли кӯчондани “қабристони воқеъ дар паҳлӯи бинои Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар маҳаллаи Авул” будаанд ва ба соҳибони қабрҳо “то поёни моҳи апрел фурсат додаанд, то мурдаҳои худро аз инҷо ба ягон оромгоҳи дигар бикӯчонанд.”

Бар пояи ин гузориш, “чанд рӯз боз дар ин қабристон кандани гӯрҳо идома дорад. Дар инҷо сокинони маҳаллаи Авул ва маҳаллаҳои 103 ва 104, мурдаҳои худро дафн мекарданд. Бисёрии гӯрҳо гӯрҳои нав аст ва мурдаҳоеро, ки баъди соли 2000 вафот кардаанд, инҷо гӯрондаанд.”

Ин иқдоми мақомоти шаҳри Душанбе, гузашта аз ин ки як амали ғайриинсонӣ аст, аз назари шаръӣ як амали сад дар сад ҳаром ва ғайришаръӣ мебошад. Воқеан, ҷои ҳайрату шигифтӣ аст, ки чаро Маркази исломии Тоҷикистон, ва шахси муфтӣ, ҷаноби Сайидмукаррам Абдулқодирзода, дар ин мавзӯъ ҳеч вокунише аз худ нишон надода ва намедиҳанд!

Шумо, ки дар ҳар муносибати сиёсӣ, раги мусалмонӣ ва ҳанафӣ буданатон баланд шуда ва бо интишори баёнияҳо, ҳушдор медиҳед, ки фаъолияти фалони ҳизби сиёсӣ ва ё фалон фард барои дину мазҳаби мардуми Тоҷикистон “хатар” дорад, чаро дар инҷо ва дар ин мавзӯи муҳим, сокиту хомӯшед?

Шояд бигӯед, ба ҳарфи шумо касе гӯш намедиҳад. Хеле хуб! Ҳатто дар ин сурат, оё вазифаи шаръии шумо ин набуд, ки лоақал як баёния содир намуда ва ҳаром будани ин амали шанеъро баён бикунед?! Бигузор гӯш накунанд, вале шумо, ки ба вазифаатон амал кардаед. Яъне, агар шумо гӯшзад мекардед, ки ин амал ҳаром аст, агар ба шумо гӯш фаро дода ва даст аз ин ҷиноят бармедоштанд, ки чӣ хуб буд, вагарна, гуноҳаш бар гардани онҳо буд, на ба ӯҳдаи шумо.

* * *

Ҳол, бо ин ки ҳамаи шумо, аъзои Шӯрои уламо, ҳаром будани набши қабр ва интиқоли он ба маконе дигарро медонед, аммо бо ин ҳама, лозим медонам бароятон ёдовар шавам.

Ибни Ҳумом, фақеҳи номвари ҳанафӣ, дар “Фатҳул-қадир” ва ҳамчунин Ибни Обидин, яке дигар аз фуқаҳои маъруфи ҳанафӣ дар “Ҳошия” овардаанд. (Лафз аз “Ҳошияи Ибни Обидин”):

ولا بأس بنقله قبل دفنه… وأما نقله بعد دفنه فلا مطلقا. قال في الفتح: واتفقت كلمة المشايخ في امرأة دفن ابنها وهي غائبة في غير بلدها فلم تصبر وأرادت نقله على أنه لا يسعها ذلك

Боке нест, ки майит қабл аз дафн ба ҷое дигар мунтақил шавад… Аммо нақли вай баъд аз дафн, мутлақан ҷоиз нест. (Ибни Ҳумом) дар “Фатҳул-қадир” гӯяд: “Тамоми машойих (фуқаҳои ҳанафӣ) дар мавриди зане, ки дар ҳоли ғиёби ӯ (набудани ӯ) писараш дафн шуд, аммо модар сабр накард ва хост ҷасади писарашро ба маконе дигар барои дафн мунтақил созад, (фуқаҳо) иттифоқи назар доранд, ки ин кор ҷоиз нест…” (Ҳошияи Ибни Обидин, 2/239, Ашшомила)

Дар “Бадоеъус-саноеъ” (аз манобеи мӯътабари фиқҳии ҳанафӣ) мегӯяд:

وَلَوْ وُضِعَ لِغَيْرِ الْقِبْلَةِ فَإِنْ كان قبل إهَالَةِ التُّرَابِ عليه وقد سَرَّحُوا اللَّبِنَ أَزَالُوا ذلك لِأَنَّهُ ليس بِنَبْشٍ وَإِنْ أُهِيلَ عليه التُّرَابُ تُرِكَ ذلك لِأَنَّ النَّبْشَ حَرَامٌ

Агар майит рӯ ба ғайри қибла гузошта шуда бошад, дар ин ҳолат, агар ҳанӯз хок бар он пошида нашуда ва хиштҳоро раҳо карда бошанд, метавонанд хиштҳоро бардоранд, зеро ин амал набш ба ҳисоб намеравад, аммо агар хок пошида шудааст, дигар раҳо мешавад (яъне бигузор ҳамон тавре ки хонбондаанд, бимонад); зеро набши қабр як амали ҳаром аст…” (Бадоеъус-саноеъ, 1/319, Ашшомила)

Умедворам, Маркази исломӣ роҷеъ ба ин иқдоми ғайришаръӣ мавзеъи худро иброз бидорад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Пароканда, Фиқҳи исломӣ, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: