Адли илоҳӣ (33)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши ҳафтум: муҷозотҳои ухравӣ (2)

Иртиботи ду ҷаҳон

Аз матолиби гузашта, тафовутҳое, ки байни низоми ин ҷаҳон ва низоми он ҷаҳон аст ба даст омад, акнун бибинем иртиботи ин ду ҷаҳон дар чист? Шак нест, ки байни дунё ва охират, иртибот низ барқарор аст; иртиботе бисёр шадид.

Иртиботи дунё ва охират дар ин ҳадд аст, ки монанди ду бахш аз як умр, ва ду фасл аз як соланд. Дар як фасл бояд кошт ва дар фасли дигар бояд дарав кард, балки асосан яке кишт аст ва дигаре маҳсул, яке ҳаста аст ва дигаре меваи он. Биҳишту ҷаҳаннами охират дар ин ҷо падид меоянд. Дар ҳадис аст:

ان الجنة قيعان وان غراسها سبحان الله والحمد لله ولا اله الا الله والله أكبر ولا حول ولا قوة الا بالله

Биҳишт феълан саҳрои холӣ аст бе кишту зироат. Ҳамоно азкори “Субҳоналлоҳ” ва “Алҳамду лиллоҳ” ва “Ло илоҳа иллаллоҳ” ва “Аллоҳу Акбар” ва “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ” дарахтҳое ҳастанд, ки дар ин ҷо гуфта, ва дар он ҷо кошта мешаванд.” (Ба нақл аз Тафсири Алмизон, ҷ.13, с.23)

Дар ҳадиси дигар аст, ки Расули Акрам (с) фармуд:

Дар шаби Меъроҷ вориди биҳишт шудам, фариштагоне дидам, ки банноӣ мекунанд, хиште аз тилло ва хиште аз нуқра, ва гоҳе ҳам аз кор кардан даст мекашанд. Ба эшон гуфтам: чаро гоҳе кор мекунед ва гоҳе аз кор даст мекашед? Посух доданд: то масолеҳи банноӣ бирасад. Пурсидам: масолеҳе, ки мехоҳед чист? Гуфтанд: зикри мӯъмин, ки дар дунё мегӯяд: “Субҳоналлоҳ ва алҳамду лиллоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳ Акбар. Ҳар вақт бигӯяд, мо месозем ва ҳар вақт худдорӣ кунад, мо низ худдорӣ мекунем.” (Васоил, ҷ.2, с.1208)

Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд:

Ҳар кас, ки бигӯяд: Субҳоналлоҳ, Худо барои ӯ дарахте дар биҳишт менишонад, ва ҳар кас бигӯяд: Алҳамду лиллоҳ, Худо барои ӯ дарахте дар биҳишт менишонад, ва ҳар кас бигӯяд: Ло илоҳа иллаллоҳ, Худо барои ӯ дарахте дар биҳишт менишонад, ва ҳар кас бигӯяд: Аллоҳ акбар, Худо барои ӯ дарахте дар биҳишт менишонад. Марде аз Қурайш гуфт: пас, дарахтони мо дар биҳишт бисёр аст. Ҳазрат фармуданд: бале, вале мувозиб бошед, ки оташе нафиристед, ки онҳоро бисӯзонад, ва ин ба далели гуфтори Худой азза ва ҷалла аст, ки: “Эй касоне, ки имон овардаед” Худо ва фиристодаи ӯро фармон баред ва амалҳои хешро ботил накунед.” (Ҳамон манбаъ, ҷ.2, с.1206)

Яъне ҳамчунон ки бо корҳои неки ин ҷаҳонатон, дарахтони биҳиштро ба вуҷуд меоваред, бо аъмоли бади хештан низ оташи ҷаҳаннамро шӯълавар месозед ва мумкин аст ин оташ он чиро, ки ҳасаноти шумо эҷод кардаанд, нобуд созанд.

Дар ҳадиси дигар фармуд:

إن الحسد ليأكل الايمان كما تأكل النار الحطب

Ҳасад варзидан имони одамиро мехӯрад ончунон, ки оташ ҳезумро мебалъад ва хокистар мекунад.” (Усул, ҷ.2, с.231)

Маълум мешавад ҷаҳаннам низ монанди биҳишт саҳрои холӣ аст; оташҳо ва азобҳо таҷассуми ҳамон гуноҳоне аст, ки ба дасти башар равшан ва фиристода мешавад; мору каждуму оби ҷӯшону хӯроки заққуми дӯзах, аз нопокиҳо ва палидиҳо халқ мешавад, ҳамон тавре, ки ҳуру қусуру наъими ҷовидони биҳишт аз тақво ва корҳои нек офарида мешавад. Худо дар мавридии дӯзахиён мефармояд:

أُوْلَئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مِّن رِّجْزٍ أَلِيمٌ

Онон шиканҷае дардовар аз нопокии дардовари хеш доранд.” (Сураи Сабаъ, ояти 5)

* * *

Се навъ кайфар

Ду баҳси гузашта, ки “тафовутҳои ду ҷаҳон” ва “иртиботи ду ҷаҳон”-ро матраҳ кардем, муқаддимае буд барои баҳси ҳозир, ки мехоҳем анвоъи муҷозотҳоро баррасӣ намоем. Дар ин баҳс мехоҳем собит кунем, ки навъи муҷозот дар охират, бо навъи муҷозот дар дунё мутафовит аст, ва посухи ишколи бетаносубии ҷурму муҷозот, бастагӣ ба фаҳми ин тафовут дорад.

Муҷозот бар се гуна аст:

1) Муҷозоти қарордодӣ (танбеҳу ибрат);

2) Муҷозоте, ки бо гуноҳ робитаи таквинӣ ва табиӣ дорад (мукофоти дунявӣ);

3) Муҷозоте, ки таҷассуми худи ҷурм аст ва чизе ҷудо аз он нест (азоби ухравӣ).

* * *

1) Танбеҳу ибрат

Навъи аввали муҷозот ҳамон кайфарҳо ва муқаррароти ҷазоӣ аст, ки дар ҷомеаҳои башарӣ ба василаи қонунгузорони илоҳӣ ё ғайриилоҳӣ вазъ гардидааст. Фоидаи ин гуна муҷозотҳо ду чиз аст: яке ҷилавгирӣ аз такрори ҷурм ба василаи худи муҷрим ё дигарон аз тариқи руъбе, ки кайфар додан эҷод мекунад. Ва ба ҳамин ҷиҳат метавон ин навъ аз муҷозотро “танбеҳ” номид. Фоидаи дигар, ташаффӣ ва тасаллии хотири ситамдида аст, ва ин дар мавориде аст, ки аз навъи ҷиноят ва таҷовуз ба дигарон бошад.

Ҳисси интиқомҷӯӣ ва ташаффиталабӣ дар башар бисёр қавӣ аст ва дар давраҳои ибтидоӣ ва ҷомеаҳои бадавӣ зоҳиран қавитар будааст. Агар ҷонеро аз тариқи қонун муҷозот намекарданд, табоҳӣ ва фасоди бисёре дар ҷомеа падид меомад. Ин ҳис ҳамакнун ҳам дар башар ҳаст, ниҳоят ин ки дар ҷомеаҳои мутамаддин андаке заифтар ё “пинҳонтар” аст. Инсони ситамдида дучори уқдаи руҳӣ мегардад, агар уқдаи ӯ холӣ нагардад, мумкин аст — ба таври огоҳона ё ноогоҳона — рӯзе муртакиби ҷиноят гардад. Вале вақте, ки ситамгарро дар баробари ӯ муҷозот кунанд, уқдааш бозмегардад ва равонаш аз кина ва нороҳатӣ пок мешавад.

Қонунҳои ҷазоӣ барои тарбияти муҷримин ва барои барқарории назм дар ҷомеаҳо, зарурӣ ва лозим аст. Ҳеҷ чизи дигаре наметавонад ҷонишини он гардад. Ин ки бархе мегӯянд, ба ҷои муҷозот бояд муҷримро тарбият кард ва ба ҷои зиндон бояд доруттаъдиб эҷод кард, як муғолата аст. Тарбият ва эҷоди доруттаъдиб бешубҳа лозим ва зарурӣ аст ва мусалламан тарбияти саҳеҳ аз мизони ҷароим мекоҳад; ҳамчунон ки нобасомонии иҷтимоӣ яке аз иллатҳои вуқӯи ҷароим аст ва барқарории низомоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва фарҳангии саҳеҳ низ ба навбаи худ аз ҷароим мекоҳад. Вале ҳеч як аз инҳо ҷои дигареро намегирад. На тарбият ва на низомоти одилона ҷонишини кайфар ва муҷозот мегардад, ва на кайфар ва муҷозот ҷонишини тарбияти саҳеҳ ва низоми иҷтимоии солим мешавад.

Ҳар андоза тарбият дуруст, ва низоми иҷтимоӣ одилона ва солим бошад, боз афроде тоғӣ ва саркаш пайдо мешаванд, ки танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз онҳо, муҷозотҳо ва кайфарҳост, ки аҳёнан бояд сахт ва шадид бошад.

Аз тариқи тақвияти имон ва эҷоди тарбияти саҳеҳ ва ислоҳи ҷомеа ва аз байн бурдани иллатҳои вуқӯи ҷурм метавон аз теъдоди ҷурмҳо ва ҷиноятҳо то ҳудуди зиёде кост ва бояд ҳам аз ин роҳҳо истифода кард, вале наметавон инкор кард, ки муҷозот ҳам дар ҷои худ лозим аст ва ҳеч як аз умури дигар асари онро надорад. Башар ҳанӯз муваффақ нашудааст ва шояд ҳам ҳеч вақт муваффақ нашавад, ки аз тариқи андарзгӯӣ ва иршод ва соири васоили омӯзишӣ ва парваришӣ битавонад ҳамаи мардумро тарбият кунад, ва умеде ҳам нест, ки тамаддун ва зиндагии моддии кунунӣ битавонад вазъеро ба вуҷуд оварад, ки ҳаргиз ҷурме воқеъ нашавад. Тамаддуни имрӯз на танҳо ҷурмҳоро кам накардааст, балки ба маротиб онҳоро бештар ва бузургтар кардааст.

Дуздиҳое, ки дар қадим ба шакли офтобадуздӣ ва ҷайббуррӣ анҷом мегирифт, имрӯз ба ҳазор рангу шакли маръӣ ва номаръӣ, зери парда ва рӯи парда анҷом мегирад. Рӯи пардааш ҳам кам нест, мебинем як киштӣ ва ё чанд киштиро аз дарё медузданд.

Ба далоиле, ки зикр шуд, бояд пазируфт, ки вазъи муҷозотҳо ва кайфарҳои қарордодӣ барои иҷтимооти башарӣ лозим ва муфид аст, вале чунонки қаблан гуфта шуд, лозим аст вазъкунандагони муқаррароти ҷазоӣ, таносуби ҷурму муҷозотро риоят кунанд.

Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки ин гуна муҷозотҳо дар ҷаҳони охират маъқул нест; зеро дар он ҷо на ҷилавгирӣ аз такрори ҷурм матраҳ аст на ташаффӣ. На охират ҷои амал аст, то уқубат кардани инсон ба ин манзур бошад, ки дубора муртакиби кирдори зишт нашавад, ва на Худо — алаёзу биллоҳ — ҳисси интиқомҷӯӣ ва ташаффиталабӣ дорад, ки бихоҳад барои холӣ кардани уқдаи дили худ интиқом бигирад, ва на дар он ҷо масъалаи ташаффии қалби мазлумин матраҳ аст, хусусан агар он мазлум аз авлиёи Худо ва мазоҳири раҳмати восеъаи илоҳӣ бошад; бадеҳӣ аст, ки барои ғайри авлиё низ дар ҷаҳони вонафсоҳ андаке хайру раҳмату мағфират бар як дунё интиқом аз душман тарҷеҳ дорад.

Ба илова, ҳамаи азобҳо, ки марбут ба ҳуқуқи мардум нест, то гуфта шавад адли илоҳӣ эҷоб мекунад, ки ризои дили мазлумин аз роҳи интиқом аз золим таҳсил шавад. Қисмати муҳимме аз азобҳо марбут аст ба ширк, риё, тарки ибодати Худо ва амсоли инҳо, ки “ҳаққуллоҳ” аст на “ҳаққуннос”. Ва дар ин гуна маворид ҳеч як аз ду асар ва хоссияте, ки барои муҷозотҳои дунявӣ ҳаст, вуҷуд надорад.

* * *

2) Мукофоти дунявӣ

Дуввумин навъ аз анвоъи муҷозот, кайфарҳое аст, ки робитаи иллӣ ва маълулӣ бо ҷурм доранд, яъне маълули ҷурм ва натиҷаи табиии он аст. Ин кайфарҳоро “мукофоти амал” ё “асари вазъии гуноҳ” меноманд. Бисёре аз гуноҳон асароти вазъии ногуворе дар ҳамин ҷаҳон барои иртикобкунанда ба вуҷуд меоварад. Масалан, шаробхорӣ илова бар ин ки зиёнҳои иҷтимоӣ ба бор меоварад, садамаҳое бар равону ҷисми шаробхор ворид месозад. Шаробхорӣ мӯҷиби ихтилоли аъсоб ва нороҳатиҳои кабидӣ мегардад. Фаҳшо мумкин аст сӯзок ва сифлис тавлид кунад.

Инҳо асари зотии гуноҳ аст ва кайфари қонунӣ нест, то гуфта шавад, ки бояд таносуби ҷурму муҷозот дар он риоят гардад. Агар касе самме кушандаро бинӯшад ва ба андарзи насиҳатгӯ эътино накунад, хоҳад мурд. Мурдан, натиҷаи табиӣ ва асари вазъии нӯшидани самм аст. Чунин одами хирасаре қатъан мемирад, вале ғалат аст, ки касе бигӯяд, ин бечора фақат панҷ дақиқа муртакиби ҷурм шуда, чаро ба кайфари марг мубтало шуд ва ҳастии худро аз даст дод? Агар ба касе бигӯянд, худро аз қуллаи кӯҳ парт накун, вагарна нобуд мегардӣ, ҳақ надорад эътироз кунад ва бигӯяд, чӣ таносубе ҳаст миёни хирасарии ман ва ин ҷазои шоққ?! Ин ҷо ҳисоби иллату маълул аст. Суқут аз кӯҳ ё нӯшидани заҳр, иллат аст ва нобудӣ маълули он аст. Асари он иллатҳо ин аст ва ҷуз ин натавонад буд.

Масъалаи таносуби ҷурму кайфар, марбут ба кайфарҳои қарордодӣ аст, ки робитаи онҳо бо ҷурм, робитаи қарордодӣ аст, на воқеӣ ва зотӣ. Аммо мукофотҳои табиӣ, натиҷа ва лозимаи амаланд ва ҳамон тавре, ки дар бахши дуввуми ин китоб баён кардем, ҳар чизе дар низоми иллату маълули ҷаҳон, мавқеияти хоссе дорад ва ҳаргиз мумкин нест, ки иллати воқеӣ маълули воқеиро ба дунболи худ наёварад.

Дар баҳси тафовутҳои дунё ва охират гуфтем, ки дунё мавсими кишт аст ва охират фасли дарав. Вале гоҳе бархе аз аъмол дар ҳамин дунё натоиҷи худро нишон медиҳад ва ба истилоҳ, киштаҳо дарав мегардад. Албатта ин дарёфти самараи амал ва дарав кардани киште, навъе аз ҷазои илоҳӣ аст, вале ҷазои комил нест, муҳосибаи дақиқ ва муҷозоти комил дар охират анҷом мегирад. Дунё хонаи амал аст ва аҳёнан ҷазо ҳам дар он дида мешавад, вале охират сад дар сад хонаи ҷазо ва ҳисоб аст, дар он ҷо маҷоле барои амал нест.

Корҳое, ки марбут ба махлуқи Худост, хоҳ некӣ ва хидмат ба халқ бошад ё бадӣ ва садама ба мардум, ғолибан дар ҳамин дунё подошу кайфаре дорад бе он ки чизе аз ҷазои ухравии онҳо коста гардад.

Бадӣ кардан бо волидайн, дар ҳамин ҷаҳон кайфар дорад махсусан агар он бадӣ — алаёзу биллоҳ — куштани волидайн бошад. Ҳатто агар падару модари инсон фосиқ ва ё кофир ҳам бошанд, боз ҳам бадӣ нисбат ба онҳо беаксуламал намемонад.

Мунтасири Аббосӣ падараш Мутаввакилро кушт ва пас аз муддати кӯтоҳе худаш низ кушта шуд; дар ҳоле, ки Мутаввакил марди бисёр хабис ва нопоке буд. Мутаввакил дар маҳофили унсу саргармияш Амири мӯъминон Алӣ (а)-ро ба масхара мегирифт, далқакҳояш худро ба қиёфаи он ҳазрат месохтанд ва тақлид дармеоварданд ва масхарагӣ мекарданд ва дар ашъори хеш ба ӯ иҳонат мекарданд. Гӯянд, Мунтасир аз ӯ шунид, ки ҳазрати Фотима саломуллоҳи алайҳоро дашном медиҳад. Аз бузурге пурсид, ки муҷозоташ чист? Вай посух дод, қатлаш воҷиб аст, вале бидон, ки ҳар кас падарашро бикушад, умраш кӯтоҳ хоҳад шуд. Мунтасир гуфт, ман боке надорам, ки дар итоати Худо умри ман кӯтоҳ гардад. Падарашро кушт ва пас аз вай ҳафт моҳ бештар зинда намонд. (Сафина, 10/296)

Алӣ (а) дар мавриди аксуламали эҳсон ва хидмат ба халқ дар ҳамин ҷаҳон, мефармояд:

 لاَ يُزَهِّدَنَّكَ فِي الْمَعْرُوفِ مَنْ لاَ يَشْكُرُهُ لَكَ، فَقَدْ يَشْكُرُكَ عَلَيْهِ مَنْ لاَ يَسْتَمْتِعُ بِشَيْء مِنْهُ، وَقَدْ تُدْرِكُ مِنْ شُكْرِ الشَّاكِرِ أَكْثَرَ مِمَّا أَضَاعَ الْكَافِرُ، وَاللهُ يُحِبُّ الْـمُحْسِنِينَ

Ин ки гоҳе ба касе некӣ мекунӣ ва ӯ қадршиносӣ намекунад (ва ё носипосӣ мекунад), туро ба кори нек берағбат накунад, ки аҳёнан ту подоши хешро беш аз он чи бихоҳӣ аз ӯ бигирӣ, аз дасти касе мегирӣ, ки ҳеч ба ӯ некӣ накардаӣ. Ба ҳар ҳол ҷаҳон подоши туро пасмедиҳад, ҳарчанд аз ноҳияе, ки ту ҳаргиз гумон намебарӣ.” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 195)

Мавлавӣ дар мавриди амалу аксуламал мегӯяд:

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Бозояд сӯи мо аз кӯҳ садо.

Дигаре дар муҷозотҳо ва мукофотҳои дунё мегӯяд:

Ба чашми хеш дидам дар гузаргоҳ,

Ки зад бар ҷони мӯре мурғаке роҳ.

Ҳанӯз аз сайд минқораш напардохт,

Ки мурғи дигар омад кори ӯ сохт.

Чу бад кардӣ, машав эмин зи офот,

Ки воҷиб шуд табиатро мукофот.

Албатта набояд чунин биандешем, ки ҳар гоҳ садама ва мусибате бар як фард ё як гурӯҳ ворид шуд, ҳатман мукофоти аъмоли онҳост, зеро масоиби ин ҷаҳон фалсафаҳои дигаре ҳам дорад. Он чи, ки мо мӯътақид ҳастем ин аст, ки дар ин ҷаҳон филҷумла мукофоти амал ҳам вуҷуд дорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: