Шарҳи Маснавӣ (259)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (3)

* * *

Қиссаи аъробии дарвеш ва моҷарои зани ӯ бо ӯ ба сабаби қиллату дарвешӣ (2)

* * *

Нанги дарвешон зи дарвешийи мо,

Рӯзу шаб аз рӯзиандешийи мо.

Он зани араби биёбонӣ ба шаҳвари худ гуфт: дарвешон аз фақри мо нанг доранд, бас ки мо дар рӯзу шаб ба фикри ризқу рӯзӣ ҳастем. Зеро ин кор бо машраби дарвешон мунофот дорад.

Хешу бегона шуда аз мо рамон,

Бар мисоли Сомирӣ аз мардумон.

Хешованду бегона аз мо мераманд ва мегурезанд, монанди рамидани Сомирӣ аз мардум.

Нукта: Лафзи Сомирӣ дар сураи Тоҳо се бор зикр шуда. Мутобиқи нақли Қуръони Карим, достони вай бад-ин қарор аст: вақте ки Мӯсо (а) барои гирифтани алвоҳи Таврот ба муддати чиҳил рӯз ба кӯҳи Тур рафт, шахсе мавсум ба Сомирӣ аз ин ғайбат баҳра бурд ва муҷассамае заррин аз гов сохт ва лӯлаҳое даруни он корсозӣ кард, ки ҳар гоҳ дар он медамид, бонги гов ба садо дармеомад. Ба ҳар ҳол, ҳазрати Мӯсо (а) аз миқот бозгашт ва Сомириро маҳкум ба кайфари “ло мисос” кард, ки гӯё ҷузом будааст ва ҷузомиён аз мардум мераманд, зеро медонанд, ки ин беморӣ назди онон манфур аст. (Аъломи Қуръон, с.338-3342)

Гар бихоҳам аз касе як мушт наск,

Мар маро гӯяд: хамуш кун маргу ҷаск.

Фаразан, агар аз касе як мушт адас бихоҳам, бе тардид ба ман мегӯяд: хомӯшу сокит бош, бимиру дам мазан!

Наск: адас. Ҷаск: балову ранҷ.

Мар арабро фахр ғазв асту ато,

Дар араб ту, ҳамчу андар хат хато.

Тозиён ба ҷангидану бахшидан мубоҳот мекунанд, вале ту дар миёни тозиён аз ин ойину равиш мунҳариф шудаӣ ва дигар дар шумори онон маҳсуб намешавӣ.

Чӣ ғазо? Мо бе ғазо худ куштаем,

Мо ба шамшери адам саргаштаем.

Мо чӣ гуна метавонем ба ҷангу ғорат равем, зеро ки бидуни ин низ мо нобуд шудаем, зеро ба теғи фақру фоқа сар ба бод додаем.

Чӣ ато? Мо бар гадоӣ метанем,

Мар магасро дар ҳаво раг мезанем.

Мо, ки ба гадоӣ зиндагӣ мекунем, чӣ атое метавонем бикунем? Воқеан монанди анкабут дар ҳаво раги магасро мезанем. Яъне барои ба даст овардани як чизи хору бемиқдор, талош меварзем.

Нукта: “Магасро раг задан” киноя аз ҷустуҷӯи бисёр барои ба даст овардани қуте лоямут аст, монанди анкабут, ки хуни магасро мемакад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.684)

Гар касе меҳмон расад, гар ман манам,

Шаб бихусбад, далқаш аз тан барканам.

Фаразан, агар касе ба унвони меҳмон бар мо ворид шавад, бо ин ҳоли фақру фоқае, ки ман дорам, ночор шабона бармехезам ва ҷомаи жандаи ӯро низ мавриди дастбурд қарор медиҳам.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: