Далели хушҳолии мардуми мо аз сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон чист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз (9 март), қарор аст раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, вориди Душанбе бишавад. Ҳудуди ду се ҳафта аст, ки ин сафар ба сархатти тамоми расонаҳои давлатӣ табдил шуда ва ба он аҳаммияти фаровоне медиҳанд ва ҳатто чанд нафар ҳунарманди Ӯзбекистон дирӯз ба Тоҷикистон омаданд ва қарор аст як консерти муштарак бо ҳамтоёни тоҷики худ дар ҳузури сарони ду кишвар баргузор намоянд. Бар пояи гузориши баъзе расонаҳо, “дар ҷараёни ин сафар, Тошканд ва Душанбе 27 созишномаи ҳамкориро ба имзо хоҳанд расонид”.

Дар даҳ-понздаҳ соли ахир, то ҷое, ки медонам, омодагӣ барои истиқбол аз ҳеч раисиҷумҳуре дар кишвари мо, ба андозаи тадорук ва омодагӣ барои пешвоз аз раисиҷумҳури Ӯзбекистон набуд; ҳам аз ноҳияи худи ҳукумат ва ҳам аз ноҳияи мардум.

Далели таваҷҷӯҳи ҳукумат ба ин сафар, ба назарам равшан аст. Давлатмардони тоҷик пас аз ҳудуди 20 сол ва баъди он ҳама таъкиди фаровони коршиносон бар аҳаммияти ҳусни ҳамҷиворӣ бо ин кишвари ҳамсоя, тоза ба ин нукта пай бурдаанд, ки намешавад бо вай аз дари “душманӣ” даромад, ки ҳам ба зарари ҳукумат аст ва ҳам ба зарару зиёни мардум. Чаро ки Ӯзбекистон барои мо, на танҳо як кишвари ҳамсоя аст, балки масоили фаровоне ин ду кишвар ва ду миллати тоҷику ӯзбекро ба ҳам мепайвандад, ва ба илова, роҳи заминӣ ба хориҷ аз барои мо, ҷуз аз дарвозаи Ӯзбекистон муяссар нест.

Ва аммо далели хушҳолии мардуми мо аз ин сафар — ки дар навиштори ҳозир, мехоҳам андаке ба тафсил дар ин бора баҳс ба амал оварам – илова бар ин ки рафту омад миёни шаҳрвандони ду кишвар осон хоҳад шуд ва ба лиҳози иқтисодӣ низ ба нафъи мардум аст ба хусус мардумони сокин дар шаҳрҳои марзӣ, аммо беш аз инҳо, далели хушҳолӣ ва сурури мардуми Тоҷикистон, ба назарам, ду чизи дигар ҳам ҳаст: яке, маҳбубият пайдо кардани Шавкат Мирзиёев дар назди мардуми мо, ва дигар, умед ба ислоҳу тағйир. Ҳоло, ин ду, ниёз ба каме тавзеҳ доранд:

* * *

1) Аз аввалин рӯзе, ки Шавкат Мирзиёев иқдом ба порае тағйироту ислоҳот дар Ӯзбекистон намуда ва даст ба поксозии ҳукумати худ аз вуҷуди аносур ва вузарои номатлуб, ки бар мардуми он кишвар ситам раво медоштанд зада ва фазои ин кишвари комилан баста (дар замони Каримов)-ро андаке боз намуда ва зиндонҳои Ӯзбекистонро аз вуҷуди шумори қобили таваҷҷӯҳе аз зиндониёни сиёсӣ (албатта на ҳамаи онҳо) ба хусус исломгароён, ки ададашон ба даҳҳо ҳазор нафар мерасид, холӣ кард, ва дар ҷаҳон низ ин иқдомҳо бозтоби густардае доштанд, Шавкат Мирзиёев на танҳо дар пеши шаҳрвандони худаш, балки дар назди мардуми мо яъне тоҷикистониҳо низ маҳбубияти камназире пайдо кард, ба вежа дар назди мухолифон.

Албатта, ҳанӯз комилан равшан нест, ки ҳадафи ниҳоии Шавкат Мирзиёев чист? Баъзеҳоро гумон бар ин аст, ки Мирзиёев дар ҳоли тасбиту таҳкими пояҳои қудрати худ аст, ва маълум нест вақте тасбит шуд, оё ба кори ислоҳу тағйир идома хоҳад дод ва ё на. Гузашти рӯзгор инро нишон медиҳад. Феълан наметавон бо қотеият дар ин замина изҳори назар кард.

Аммо бо ин ҳол, ҳамин иқдомоти аввалияи Мирзиёев кофӣ буд, то ба як “мунҷӣ” ва “қаҳрамон” на танҳо пеши шаҳрвандони худаш, ки дар назди аксар ба иттифоқи мардуми Тоҷикистон низ табдил ёбад.

Ва сабабаш ҳам ин аст, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тақрибан вазъи мушобеҳе доранд. Яъне, ранҷе, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар даврони Ислом Каримов мекашиданд, мардуми Тоҷикистон низ дар даҳ соли ахир ва то алъон мекашанд; чӣ дар ҷиҳати вуҷуди фасодҳои идорӣ ва ошнобозиҳо дар дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва чӣ дар ҷиҳати вуҷуди фишору таъқибҳои дигарандешон ва зиндониҳои сиёсӣ ва чӣ дар ноҳияи рафтору бархӯрдҳои хашин ва беҷои ниҳодҳои қудратӣ ба хусус ниҳоди амниятӣ бо шаҳрвандон ва ғайра… Яъне ҳамон чизҳое, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар даврони Каримов аз онҳо ранҷ мебурданд.

Ва ин, нишондиҳандаи он аст, ки мардуми мо дигар хаста шудаанд; хаста аз дахолатҳои беҷои ҳукумат дар умури шахсии онҳо, хаста аз танг шудани фазо ва арса барои фаъолиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодияшон, хаста аз бепарвоӣ ва бетаваҷҷӯҳии ҳоким ва ҳукумат ба вазъи иқтисодии вахими онҳо. Охир ин яъне чӣ, ки дар ҳоле ки шиками мардум гурусна аст ва ниме аз ҷавонони кишвар барои ёфтани қуте лоямут ба Русия муҳоҷират кардаанд, мақомоти шаҳри Душанбе барои шукӯҳмандонатар баргузор кардани Наврӯз, аз хориҷ масалан аз Урупо, “дарахт” ворид мекунанд, ки ба навиштаи бархе расонаҳо, қимати баъзе аз ин дарахтҳои воридотӣ то 5 ҳазор евро ҳам будааст!

Бинобар ин, агар Мирзиёев имрӯз пеши мардуми мо маҳбубият пайдо карда ва ба ӯ изҳори алоқа мекунанд, фақат ва фақат барои ин аст, ки бо забони безабонӣ мехоҳанд бигӯянд, дигар кофист, мо ҳам касе мисли Мирзиёевро мехоҳем, ки ба вазъу ҳоли хароби кишварамон бирасад ва ба он сару сомон бидиҳад!

Ин алоқа, ки мебинем, дигар далеле надорад. Вагарна, касе ошиқи чашму абрӯи Шавкат Мирзиёев, ки нест. Ин ибрози алоқа дар воқеъ зарбулмасали маъруферо мемонад, ки: “Ба дар мегӯям, девор бишнавад.” Ин зарбулмасал маъмулан дар ҷое ба кор бурда мешавад, ки касе мехоҳад чизеро ба касе бифаҳмонад, вале ба далоили гуногун аз ҷумла тарс ва ё рӯдарбоистӣ, наметавонад мустақиман ба худи он шахс бигӯяд, аз ин рӯ ба шахси дигаре, ки дар он ҷо ҳузур дорад, мавзӯъро мегӯяд, то он дигарӣ бишнавад.

* * *

2) Далели дигари хушҳолии мардум аз сафари Мирзиёев, ин умеди мардум ба ислоҳу тағйир дар кишвар аст. Мардум, ба хусус қишри таҳсилкарда ва фарҳехтаҳои ҷомеа, дар ин чанд соли ахир, аз ин ки худи ҳоким ва ҳукумат даст ба ислоҳоти решаӣ дар кишвар бизананд, тақрибан ноумед шудаанд. Ҷойгузинеро ҳам дар дохили кишвар барои ҳукумати феълӣ суроғ надоранд, ки ба он умед банданд. Бинобар ин, зоҳиран умедашон фақат ба ин аст, ки касе ва ё ҷиҳате, ҳоким ва ҳукумати кунунии моро водор ба иҷрои ислоҳот ва сару сомон додан ба вазъи вахими кишвар бикунад. Ва чӣ касе беҳтар аз Шавкат Мирзиёев!

Умедашон ин аст, ки то шояд Шавкат Мирзиёев, бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳ ва таъсиргузорияш, ҳамтои тоҷикашро водор ба иҷрои ислоҳот ва тағйироти лозим дар кишвари худ намояд ва ба ӯ бифаҳмонад, ки замона дигар шудааст ҷӯраҷон! Дигар худкомагӣ, зӯр, чаповул ва бархӯрди хашин бо мардум, ҷавоб намедиҳад. Илоҷи воқеа пеш вуқӯъ, дӯсти азиз! Дидӣ, ки Каримов мурд ва рафт. Касе аз ӯ ёде намекунад, ки ҳеч, балки мардум нафринаш мехонанд. Шумо ҳам, як бисмиллоҳ бигӯ ва камар ба ислоҳот бибанд ва ҳукумататро аз вуҷуди аносури ҳаромхор поксозӣ намо! Худатро ҳам ислоҳ кун! Магар ин кишвар дигар одам надорад, ки ҳамаҷоро писару духтару домодат тасоҳуб кардаанд?! Бигузор, мардум озод бошанд. Хулоса, коре накун, ки пас аз рафтанат ва мурданат, мардум ба ту нафрин бихонанд.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: