Фалсафа ва равиши реализм (176)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (9)

Тамсил

Матни мақола

Фарз кунед бо диле осуда ва ҳавоссе ҷамъ дар фазое ором нишаста ва ин ҷаҳони пурҷунбу ҷӯшро дар баробари худ гузошта ва ба тамошои ҳар пастиву баландӣ, дуру наздик, гӯшаву канор, беруну дарун, резу дурушти вай пардохта чашмчаронӣ мекунед; фазоест бекарон, каҳкашонҳои даҳшатангез, анбӯҳи манзумаҳо, хуршедҳои дурахшон, ситорагону ақмори фурӯзон.

Наздиктар биёем: замину уфуқҳои нилгуни вай, ҷангалҳои анбӯҳу дарёҳои хурӯшон, биёбонҳои паҳновар, ҷонварони зинда ва созмонҳои дарунии онҳо, равобити зиндагӣ ва афкору андешаҳои доманадори онҳо, аносуру таркибот, атомҳои мутароким ва молекулаҳои бешумор, фаъолиятҳои фардӣ ва дастаҷамъӣ ва такопӯи ҳайратангези таҳаввулӣ ва такомулии онҳо, ва билҷумла ин низоми бадеъро бо ҳамаи банду бораш, ки аз мушоҳидаи он пойи хирад дар гили ҳайрат фурӯ меравад тамошо мекунед ва ҳар чӣ меёбед ба дил месупоред.

Дар ин байн якбора ба худ омада ва мунтақил мешавед, ки ин ҳамаро, ки мебинед, доред дар ойина мебинед на ба наҳве, ки мепиндоштед мустақиман мебинед. (1)

Акнун дар асари ин пешомади мафруз, ҳоли шумо чӣ гуна хоҳад буд? Албатта ҳамаи онҳо, ки медидед ва ба дил месупурдед иваз хоҳад шуд, вале на ин ки ҳамаи маълумоту машҳудоти шумо ва ҳатто як воҳид аз онҳо табдил ба дурӯғ ё иштибоҳ шавад ё маъдум гардад. На, ҳаргиз! Балки бо ҳифзи ҳамаи завот (зотҳо) ва фаъолиятҳои машҳуди онҳо, интиқоли дуввуми мафруз танҳо истиқлоли вуҷудиро аз дасти машҳудоти нахустини шумо мегирад.

Ҳар як аз машҳудоти шумо пеш аз интиқоли номбурда истиқлоли вуҷудӣ дошт, ки дар сояи вай дар майдони амали худ ба фаъолият мепардохт, ва пас аз интиқоли номбурда ҳамаи истиқлолҳои пароканда дар як ҷо (ойина) анбошта шуда ва тамаркуз меёбад, бе он ки яке аз он истиқлолҳо гум шавад ё сари сӯзане аз фаъолияти машҳудаш кам шавад.

* * *

Таълиқот:

(1) Ҳадаф аз ин тамсил ду матлаб аст:

а) Гузашта аз ин ки зоти Ҳақро ба сурати падидае аз падидаҳои ҷаҳон ва ё ба сурати мавҷуде дар нуқтаи ниҳоии макон ва ё ба сурати мавҷуде, ки нақшаш ин буда, ки ҷаҳонро дар лаҳзае оғоз кардааст набояд тасаввур намуд, асосан вуҷуди ашё бо муқоиса ба вуҷуди Худованд вуҷуди ҳақиқӣ намебошанд, балки аз қабили “намуд” ва “зуҳур” аст, ки пеш аз он ки худро нишон бидиҳад, “ӯ”-ро нишон медиҳад. Аз назари ғайриасил будан, нисбати ашё ба зоти Ҳақ, назири нисбати “соя” ба “ҷисм” аст.

Маъмулан дар машраби фалсафии маъмулӣ ҳамон тавр, ки барои соири ашё “вуҷуд” исбот мекунем, барои ӯ низ вуҷуде исбот мекунем бо ин тафовут, ки вуҷуди ӯ қоим ба зот ва лоятаноҳӣ ва азалӣ ва абадӣ аст ва вуҷуди соири ашё қоим ба ӯ ва ношӣ аз ӯ ва маҳдуд ва ҳодис, аммо дар ҳақиқати вуҷуд, тафовуте миёни зоти воҷиб ва соири ашё нест.

Аммо дар машраби завқии аҳли ирфон ва машраби ҳикмати мутаолияи садроӣ, ки бо бурҳони қавим таъйид шудааст, вуҷуди ашё нисбат ба адам вуҷуд аст, вале нисбат ба зоти Борӣ ловуҷуд аст, нисбат ба зоти Борӣ аз қабили соя ва соҳиби соя ва ё акс ва соҳиби акс аст. Мавлавӣ масали хубе меоварад, мегӯяд:

Мурғ бар боло парону сояаш,

Медавад бар хоку паррон, мурғваш.

Аблаҳе сайёди он соя шавад,

Медавад чандон ки бемоя шавад.

Бехабар, к-он акси он мурғи ҳавост,

Бехабар, ки асли он соя куҷост?

Тир андозад ба сӯи соя ӯ,

Таркашаш холӣ шавад дар ҷустуҷӯ.

Афлотун тамсили олӣ ва маъруфе дар муқоисаи моддиёти табиӣ ва афроди ҷузъӣ бо ҳақоиқи куллӣ ва мисолҳои малакутӣ (мусули афлотунӣ), ки худ қоил аст меоварад.

Мегӯяд: фарз кунед гурӯҳе аз афродро, ки онҳоро аз аввали умр дар даруни ғоре асир карда ва ба занҷир кашидаанд ва рӯи онҳо ба тарафи деворе дар даруни ғор аст. Пушти сари онҳо деворе аст ва пушти девор оташе равшан кардаанд ва партави он оташ ба девори рӯ ба рӯи он афрод афтодааст. Он гоҳ касоне аз пушти он девор убур мекунанд, дар ҳоле, ки чизҳое бо худ доранд ва сояи онҳо дар девори рӯ ба рӯ меафтад ва он асирон — ки аз аввали умр дар ҳамин вазъ будаанд ва танҳо рӯ ба рӯи худро мебинанд ва аз вуҷуди инсонҳое, ки дар пушти сари онҳо роҳ мераванд ва соя эҷод мекунанд ба куллӣ бехабаранд — он сояҳоро мебинанд, ва қатъан ва қаҳран он асирон, он сояҳоро ҳақиқат мепиндоранд, балки шак намекунанд дар ҳақиқат будани онҳо. Аммо агар аз ҳамин асирҳо занҷир баргиранд ва онҳоро раҳо кунанд, то оташ ва беруни ғорро бибинанд ва бо қонуни соя ва соҳиби соя ошно шаванд, мефаҳманд, ки ҳақиқат чизи дигаре аст, он чӣ онҳо медидаанд, сояи ҳақиқат буда, на худи ҳақиқат.

Агар бихоҳем тамсиле бо абзорҳои тамаддуни имрӯз зикр кунем, ки равшантар бошад, бояд инсонҳоеро фарз кунем, ки аз аввали умр дар маҳалле онҳоро бузург кардаанд, ки дар он ҷо на инсон медидаанд, на ҳайвон, на кӯҳ, на саҳро, на дарё, на хуршед ва на ситора. Ҳамаи лавозими зиндагии онҳоро ба василаи як дастгоҳи худкор ба онҳо мерасонидаанд. Аммо ҳамеша филмҳое аз ҷангалҳо ва ҳайвонот ва саҳроҳо ва кӯҳҳо ва шаҳрҳо ва мардуме, ки дар он шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, ба онҳо ироа медодаанд ва онҳо он филмҳоро медидаанд бидуни он ки бифаҳманд он чӣ мебинанд филм аст. Пас аз чанде, онҳоро озод кунанд ва воқеияти он чӣ дар филм медидаанд, ба онҳо ироа диҳанд.

Дар ин ҷо ақоиди онҳо нисбат ба он чӣ қаблан медидаанд, чӣ сурате пайдо мекунад? Оё ҳеч тағйире намекунад ва ҳеч таҳаввули фикрӣ дар онҳо пайдо намешавад? Ё баръакс, тамоми афкору андешаҳояшон ботил мегардад ва мефаҳманд, ки ҳар чӣ дидаанд, дурӯғи маҳз будааст? Монанди касе, ки афсонае бишнавад ва хаёл кунад таърих аст ва воқеият дорад ва баъд бифаҳмад саросар афсона ва пучу дурӯғ будааст. Ё шиққи севвуме дар кор аст? Ва он ин ки: он чӣ медидаанд “намоиш”-и ҳақиқат будааст, пас дурӯғу пуч набудааст, аммо худи ҳақиқат ҳам набудааст. Пас, дар ҳақиқат он чӣ медидаанд, дуруст медидаанд ва аммо он чӣ мепиндоштаанд дуруст намепиндоштаанд. Барои онҳо тағйири назар пайдо мешавад, аммо на ба ин шакл, ки мефаҳманд он чӣ қаблан медидаанд воқеият надошта ва аз қабили хобу хаёл будааст, балки онҳо худ мефаҳманд он чӣ дидаанд воқеият дошта ва дар берун аз вуҷуди онҳо будааст ва он чӣ медидаанд дуруст медидаанд ва чашми онҳо ҳаргиз хато накардааст, балки тасаввури онҳо яъне таъаққул ва истинбот ва қазовати онҳо дар бораи навъи воқеияти он чӣ медидаанд иваз мешавад. Аз ин пас тасаввур ва таъаққул ва истинботи онҳо дар бораи он чӣ қаблан медидаанд ин аст, ки он чӣ медидаанд “намоиш” ва “намуд” ва “зуҳур”-и чизи дигаре будааст. Аз ин пас асолат ва истиқлоле, ки то он вақт ба онҳо медоданд, аз онҳо гирифта ба ғайр медиҳанд.

Қуръони Карим калимаи аҷибе дар бораи Худованд ба кор мебарад, ки беш аз се ҳарф нест, аммо умқи аҷиб дорад.

Қуръон Худовандро “ҳақ” ва мосиворо нисбат ба ӯ “ботил” медонад. Калимаи “ҳақ” дар Қуръон мавориди истеъмоли зиёде дорад ва ба ҳар чизе, ки баҳрае аз ҳақиқат дорад, итлоқ мешавад. Аммо дар баъзе аз оёти каримаи Қуръон, “ҳақ” мунҳасиран ба Худованд итлоқ шудааст, яъне ҳақ будан (ҳаққи воқеӣ ва ҳаққи мин ҷамиъил-ҷиҳот) дар инҳисори Худованд қарор дода шудааст. (Руҷӯъ шавад ба: сураи Юнус, оятҳои 30 ва 32, сураи Каҳф, ояти 44 ва махсусан сураи Ҳаҷ, оятҳои 6 ва 62, сураи Нур, ояти 25 ва сураи Луқмон, ояти 30.)

Қуръон махлуқотро ба номи “оёт” мехонад. Дар ин таъбир нуктае ҳаст, ва он ин ки: агар касе махлуқотро он чунон ки ҳаст идрок кунад, Худовандро он чунон дар онҳо идрок мекунад, ки дар ойина ашёро мебинад, яъне ҳақиқати онҳо айни зуҳуру таҷаллии зоти Ҳақ аст. Роғиб дар “Ал-муфрадот” мегӯяд:

والآية هى العلامة الظاهرة وحقيقته لكل شىء ظاهر هو ملازم لشىء لا يظهر ظهورَه. فمتى أدرك مدرك الظاهر منهما علم أنه أدرك الآخر الذي لم يدركه بذاته

Оят” нишонаи пайдост ва ҳақиқаташ барои ҳар чизи намоёне аст, ки ҳамроҳи чизи дигар аст, ки он андоза зуҳур надорад, ва ҳар гоҳ идроккунандае он чизи намоёнро идрок кунад, дониста мешавад, ки худ ба худ он чизи дигарро низ идрок кардааст….” (1/40, Ашшомила)

Фарқ аст миёни далолате, ки як маснуи маъмулӣ бар сонеъи (созандаи) худ мекунад мисли як сохтмоне, ки бар созанда далолат мекунад, ва миёни далолате, ки масалан аксу сурат бар соҳиби акс менамояд. Дар мавриди аввал, далолаткунанда сабаби интиқоли фикр аз маснуъ ба сонеъ мешавад; яъне навъе тафаккуру истидлол зеҳнро аз мавҷуде ба мавҷуди дигар мунтақил менамояд. Вале дар мавриди дуввум, зеҳн мустақиман аз далел ба мадлул убур мекунад ва аҳёнан худи далел мағфулун анҳу воқеъ мешавад. Аз ин ҷиҳат шабеҳи ойина аст, ки суратро нишон медиҳад ва ҳеч гуна тафаккуру истидлоле висотат надорад, монанди лафзу иборат аст дар далолат бар маънӣ, ки он чунон фонӣ дар маънӣ мегардад, ки гӯянда ва шунаванда яксара таваҷҷӯҳаш аз лафз салб ва мутаваҷҷеҳи маънӣ мегардад, гӯӣ гӯянда маъниро бидуни висотати лафз ба шунаванда илқо мекунад ва шунаванда бидуни лафз онро талаққӣ менамояд.

الكل عبارة وانت المعنى

يا من هو للقلوب مغناطيس

Аҳли завқу ирфони исломӣ ба истиноди ҳамин маъонӣ, дар баёноти худ ҷаҳонро ба манзилаи “ойинаи зоти Ҳақ” хондаанд ва робитаи далолати ҷаҳонро бар зоти Ҳақ бартар ва болотар аз робитаи далолати маснуъи маъмулӣ бар сонеъи маъмулӣ донистаанд. Ҷомӣ мегӯяд:

Ҷаҳон миръоти ҳусни шоҳиди мост,

Фашоҳид ваҷҳаҳу фи кулли миръот.

Албатта аз назари оммаи мардум, ҳатто аҳли фикру фалсафаи маъмулӣ, далолати ҷаҳон бар зоти Ҳақ, аз навъи далолати маснуъҳои маъмулӣ бар сонеъи онҳост; яъне ин даста фақат дар ин ҳудуд иртиботро идрок мекунанд. Аммо аз назари аҳли ирфон ва ҳамчунин файласуфоне, ки ҳикмати мутаолияро шинохтаанд ва махсусан масоили “вуҷуд”-ро он чунон ки бояд идрок кардаанд, далолати махлуқот болотар аз ин аст. Тибқи ин машраби фалсафӣ, махлуқот айни зуҳур ва намоиши зоти Худованданд, на чизҳое, ки зоҳиркунандаи Худованданд, яъне зуҳур ва намоиш ва ойина будан, айни зоти онҳост.

Ҳар гоҳ чунин тавфиқе даст диҳад ва инсон махлуқотро он чунон ки ҳастанд идрок кунад, дар он вақт идрок мекунад, ки “ҳаққи мутлақ” ва ҳаққи воқеӣ мунҳасиран зоти поки аҳадият аст:

سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ

Ба зудӣ нишшонаҳои худро дар уфуқҳои гуногун ва дар дилҳояшон бад-эшон хоҳем нумуд, то барояшон равшан гардад, ки Ӯ ҳақ аст…” (Сураи Фуссилат, ояти 53)

Алӣ (а) ба ҳамин далолат ишора мекунад он ҷо, ки мефармояд:

ما رأيت شيئاً الاّ ورأيت الله قبله وبعده ومعه

Ҳаргиз чизеро надидам, магар он ки Худовандро қабл аз он ва баъд аз он ва ҳамроҳи он чиз дидам.”

Ибни Фориз мегӯяд:

جلّت في تجلّيها الوجود لناظري

ففي كل مرئ أراها برؤيته

б) Аммо ҳадафи дуввум аз тамсиле, ки дар матн омада ин аст, ки бидонем, оё эътиқод ба вуҷуди Худованд дар муҳосиботи илмии мо дар мавриди шинохти иллатҳои табиӣ, ки таҳти мутолеаи улум аст, тағйире медиҳад ё на? Ва билъакс оё шинохти иллатҳои табиӣ ва моддии ашё дар ин муҳосибаи фалсафӣ, ки моро ба сӯи Худованд раҳбарӣ мекунад, таъсире дорад ё надорад? Тавзеҳи матлаб ин аст, ки: кори улум — чунонки медонем — шинохтани осор ва таркибот ва иллатҳои пайдоиши ашё аст. Илм кӯшиш дорад, ки ба иллатҳо ва осори як падидаи хосс – масалан, борон ё бемории саратон — пай бибарад, иллати мустақими боронро ба даст меоварад ва баъд иллати он иллат, ва иллати иллати севвумро, ва ҳамин тавр… Акнун бибинем, оё эътиқод ба вуҷуди Худованд дар ин муҳосибаҳои илмӣ таъсире дорад ё надорад? Яъне оё лозимаи эътиқод ба Худованд ин аст, ки масалан барои борон як иллати моддии табиӣ қоил нашавем? Ё агар фаразан қоил шудем, барои иллати борон як иллати табиӣ қоил нашавем? Агар барои ӯ низ иллати табиӣ қоил шудем, бояд билохира дар як нуқта иллатҳои табииро мутаваққиф кунем ва Худовандро дар раъси омилҳо қарор диҳем? Ва агар силсилаи омилҳои моддӣ ва табииро дар ҷое мутаваққиф накунем, Худоро инкор кардаем? Пас, улум дар як ҳадди муайяне ҳақ доранд омилҳои табииро ба мо муаррифӣ кунанд ва аммо агар бихоҳанд ҳар омили табииро мустанад ба як омили табиии дигар муаррифӣ кунанд, бар зидди фалсафа ва илми илоҳӣ қиём кардаанд?! Ё чунин нест? Эътиқод ба Худованд кучактарин тағйире дар муҳосиботи илмӣ аз назари имон ва эътиқод ба иллатҳои табиӣ намедиҳад?

Посух манфӣ аст. Чунон ки қаблан гуфта шуд, асари эътиқод ба вуҷуди Худованд фақат ин аст, ки асолат ва истиқлол ва қоими биззот буданро аз ҷаҳон мегирад. Маълум мешавад, қудрате вуҷуд дорад, ки қайюми ҷаҳон аст ва ҷаҳон бо тамоми тӯлу арзу умқш, ва бо тамоми абъоди замонӣ ва макониаш, ва бо саросари иллатҳо ва асбоби табиияш, ба як нисбат ношӣ аз зоти ӯст. Қарор додани зоти воҷибулвуҷуд дар радифи яке аз иллатҳо ва авомили ҷаҳон, ва ӯро ба сурати як “омил” даровардан, баробар аст бо қарор додани ӯ дар зимни маҷмӯаи ҷаҳон ва махлуқоти худи ӯ. Яъне ӯ дигар Худо нест, балки махлуқе аз махлуқоти Худост.

Мӯҷиби таассуф аст, ки посухи Урупои қуруни вусто ва ҳатто Урупои қуруни ҷадид ба пурсиши боло мусбат будааст. Дар илоҳиёти масеҳӣ, Худованд дар радифи иллатҳои табиӣ қарор мегирифтааст ва ба ҳамин ҷиҳат эътиқод ба Худо ва муҳосиботи илмӣ бо якдигар носозгор меафтодаанд ва табъан муваффақиятҳои улум, мусовӣ бо шикасти илоҳиёти масеҳӣ будааст.

Ҳамчунон ки дар оғози мақола, он ҷо, ки эродҳо ва ишколҳоро мутаъарриз шудем, нақл кардем, Фломориун (Flammarion) дар муқаддимаи “Худо дар табиат” аз Огуст Кант, файласуфи шаҳири фаронсавӣ чунин нақл мекунад:

Илм, падари табиати коинотро аз шуғли худ мунфасил ва ӯро ба маҳалли инзиво савқ дод ва дар ҳолате, ки аз хадамоти муваққати вай изҳори қадрдонӣ кард, ӯро то сарҳадди азамат ва қудраташ ҳидоят намуд.”

Давраҳои сегонаи маъруфи Огуст Кант, ки адвори тафаккурро ба се давра: асотирӣ, фалсафӣ, илмӣ тақсим кардааст ва мавриди қабули оммаи урупоиён қарор гирифтааст ва табъан муқаллидини шарқии онҳо низ онро ба самъи қабул талаққӣ кардаанд, мабнӣ бар ҳамин тарзи тафаккур аст. Огуст Кант агар бо ҳикмат ва маърифати исломӣ ошно мебуд, медонист пеш аз он ки тарзи тафаккури илмӣ дар Урупо ба вуҷуд ояд, дар миёни мусалмонон он тарзи тафаккур вуҷуд доштааст, ба илова тарзи тафаккури чаҳоруме дар ҳикмат ва маърифати исломӣ мавҷуд аст, ки дунёи Урупо ҳанӯз ҳам ба он восил нашудааст.

“Падари табиат”, ки Огуст Кант ба он ишора мекунад, ҳамон падари осмонии илоҳиёти масеҳӣ аст, ва он гуна тарзи тафаккур, ки ӯро муваққатан ҷонишини иллатҳои табиӣ бинамоянад, шоистаи ҳамон падари осмонӣ аст, на зоти Худованд, ки муҳит бар ҳамаи ашё аст ва ҳама чиз ба як нисбат ба ӯ таъаллуқ дорад.

Ин ҷиҳат, ки эътиқод ба Худованд таъсире дар муҳосиботи улум надорад, мунҳасир ба тарзи тафаккуре, ки аз ҳикмати мутаолия дарёфт менамоем намебошад, ҳикмати расмӣ ва маърифати маъмулии фалсафии исломӣ низ ҳамин гуна моро таълим медиҳад. Дар ҷаҳони ислом фақат баъзе аз мутакаллимон буданд, ки чунон тарзи тафаккуре доштанд. Мо дар ҷилди севвуми “Усули фалсафа” интиқоди олӣ ва латифи Садрулмутааллиҳинро бар Имом Фахруддини Розӣ дар ҳамин замина аз ҷилд чаҳоруми “Асфор” нақл кардем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: