Шогирди баззоз

(Панҷ ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом)

Шогирди баззоз

Шогирди ҷавони баззоз (порчафурӯш) бехабар буд, ки чӣ доме дар роҳаш густарда шуда. Ӯ намедонист ин зани зебову муташаххис, ки ба баҳонаи хариди порча ба мағозаи онҳо рафту омад мекунад, ошиқи дилбохтаи ӯст ва дар қалбаш тӯфоне аз ишқу ҳавасу таманно барпост.

Як рӯз ҳамон зан ба дари мағоза омад ва дастур дод, миқдори зиёде ҷинси баззозӣ ҷудо карданд. Он гоҳ ба узри ин ки қодир ба ҳамли инҳо нестам, ба илова пул ҳамроҳ надорам, гуфт:

— Порчаҳоро бидиҳед ин ҷавон биёварад ва дар хона ба ман таҳвил диҳад ва пул бигирад.

Муқаддамоти кор қаблан аз тарафи зан фароҳам шуда буд. Хона аз ағёр холӣ буд. Ҷуз чанд канизи аҳли сир, касе дар хона набуд. Муҳаммад ибни Сирин — ки унфувони ҷавониро тай мекард ва аз зебоӣ бебаҳра набуд — порчаҳоро ба дӯш гирифт ва ҳамроҳи он зан омад. То ба даруни хона дохил шуд, дар аз пушт баста шуд. Ибни Сирин ба дохили утоқе муҷаллал роҳнамоӣ гашт. Ӯ мунтазир буд, ки хонум ҳар чӣ зудтар биёяд, ҷинсро таҳвил бигирад ва пулро бипардозад. Интизор ба тӯл анҷомид.

Пас аз муддате, парда боло рафт. Хонум дар ҳоле, ки худро ҳафт қалам ороиш карда буд, бо ҳазор ишва по ба даруни утоқ гузошт. Ибни Сирин дар як лаҳзаи кӯтоҳ фаҳмид, ки доме барояш густарда шудааст. Фикр кард, бо мавъиза ва насиҳат ё бо хоҳишу илтимос хонумро мунсариф кунад. Хонум ишқи сӯзони худро барои ӯ шарҳ дод, ба ӯ гуфт:

— Ман харидори аҷноси шумо набудам, харидори ту будам.

Ибни Сирин забон ба насиҳату мавъиза гушуд ва аз Худо ва қиёмат сухан гуфт, дар дили зан асар накард. Илтимосу хоҳиш кард, фоида набахшид. Зан гуфт:

— Чорае нест? Бояд коми маро бароварӣ.

Ва ҳамин ки дид Ибни Сирин дар ақидаи худ пофишорӣ мекунад, ӯро таҳдид кард, гуфт:

— Агар ба ишқи ман эҳтиром нагузорӣ ва маро комёб насозӣ, алъон фарёд мекашам ва мегӯям, ин ҷавон нисбат ба ман қасди су дорад. Он гоҳ маълум аст, ки чӣ бар сари ту хоҳад омад.

Мӯй бар бадани Ибни Сирин рост шуд. Аз тарафе, имону ақида ва тақво ба ӯ фармон медод, ки покдомании худро ҳифз кун. Аз тарафи дигар, сар боз задан аз таманнои он зан, ба қимати ҷону обрӯ ва ҳама чизаш тамом мешавад. Чорае ҷуз изҳори таслим надид. Аммо фикре мисли барқ аз хотираш гузашт. Фикр кард, як роҳ боқӣ аст; коре кунам, ки ишқи ин зан табдил ба нафрат шавад ва худаш аз ман даст бардорад. Агар бихоҳам домани тақворо аз олудагӣ ҳифз кунам, бояд як лаҳза олудагии зоҳирро таҳаммул кунам. Ба баҳонаи қазои ҳоҷат, аз утоқ берун рафт, бо вазъу либоси олуда баргашт ва ба тарафи зан омад. То чашми он зан ба ӯ афтод, рӯй дарҳам кашид ва фавран ӯро аз манзил хориҷ кард.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Ал-куно вал-алқоб”)

* * *

Авзоъи кавокиб

Абдулмалик ибни Аъюн, бародари Зурора ибни Аъюн, бо он ки аз ровиёни ҳадис буд, ба нуҷуми аҳкомӣ ва таъсири авзоъи кавокиб эътиқоди росих дошт. Китобҳои зиёде дар ин боб ҷамъ карда буд ва ба онҳо муроҷеа мекард. Ҳар тасмиме, ки мехост бигирад ва ҳар коре, ки мехост бикунад, аввал ба суроғи китобҳои нуҷумӣ мерафт ва ба муҳосиба мепардохт, то бибинад авзоъи кавокиб чӣ ҳукм мекунад.

Тадриҷан ин кор барояш одат шуда ва навъе васвос дар ӯ эҷод карда буд, ба тавре, ки дар ҳамаи корҳо ба нуҷум муроҷеа мекард. Ҳиссе кард, ки ин кор умури зиндагии ӯро фалаҷ кардааст ва рӯз ба рӯз бар васвосаш афзуда мешавад ва агар ин вазъ идома пайдо кунад ва ба саъду наҳси рӯзҳо ва соатҳо ва толеъи неку бад ва амсоли инҳо тартиби асар бидиҳад, назми зиндагиаш ба куллӣ ба ҳам мехӯрад.

Аз тарафе ҳам, дар худ тавоноии мухолифат ва беэътиноӣ намедид ва ҳамеша ба аҳволи мардуме, ки беэътино ба ин умур дунболи кори худ мераванд ва ба Худо таваккул мекунанд ва ҳеч дар бораи ин чизҳо фикр намекунанд, ғибта меварзид.

Ин мард рӯзе ҳоли худро бо Имом Содиқ дар миён гузошт. Арз кард:

— Ман ба ин илм мубтало шудаам ва дасту поям баста шуда ва наметавонам аз он даст бардорам.

Имом Содиқ бо таъаҷҷуб аз ӯ пурсид:

— Ту ба ин чизҳо мӯътақидӣ ва амал мекунӣ?

— Бале, эй фарзанди Расули Худо!

— Ман ба ту фармон медиҳам: бирав тамоми он китобҳоро оташ бизан!

Фармони Имом ба қалбаш нерӯ бахшид, рафт ва тамоми онҳоро оташ зад ва худро роҳат кард.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

* * *

Ситорашинос

Амири мӯъминон Алӣ алайҳис-салом ва сипоҳиёнаш, савор бар асбҳо, оҳанги ҳаракат ба сӯи Наҳравон доштанд. Ногаҳон яке аз сарони асҳоб расид ва мардеро ҳамроҳи худ овард ва гуфт:

— Эй Амири мӯъминон! Ин мард “ситорашинос” аст ва матлабе дорад, мехоҳад ба арзи шумо бирасонад.

Ситорашинос гуфт:

— Эй Амири мӯъминон! Дар ин соат ҳаракат накунед, андаке таъаммул кунед, бигузоред ақаллан ду се соат аз рӯз бигузарад, он гоҳ ҳаракат кунед.

— Чаро?

— Чун авзоъи кавокиб далолат мекунад, ки ҳар ки дар ин соат ҳаракат кунад, аз душман шикаст хоҳад хӯрд ва зиёни сахте бар ӯ ва ёронаш ворид хоҳад шуд, вале агар дар он соате, ки ман мегӯям ҳаракат кунед, зафар хоҳед ёфт ва ба мақсуд хоҳед расид.

— Ин аспи ман обистан аст, оё метавонӣ бигӯӣ куррааш нар аст ё мода?

— Агар биншинам ва ҳисоб кунам, метавонам.

— Дурӯғ мегӯӣ, наметавонӣ, Қуръон мегӯяд: “Ҳеч кас ҷуз Худо аз ниҳон огоҳ нест…” Муҳаммад, расули Худо, чунин иддаое, ки ту мекунӣ, накард. Оё ту иддао дорӣ, ки бар ҳамаи ҷараёнҳои олам огоҳӣ ва мефаҳмӣ дар чӣ соат хайр ва дар чӣ соат шарр мерасад! Пас агар касе ба ту бо ин илми комил ва иттилоъи ҷомеъ эътимод кунад, ба Худо ниёзе надорад.

Баъд ба мардум хитоб фармуд:

— Мабодо дунболи ин чизҳо биравед, инҳо мунҷар ба каҳонат ва иддаои ғайбгӯӣ мешавад. Коҳин ҳамрадифи соҳир аст ва соҳир ҳамрадифи кофир ва кофир дар оташ аст.

Он гоҳ рӯ ба осмон кард ва чанд ҷумла дуо мабнӣ бар таваккул ва эътимод ба Худои Мутаол хонд. Сипас рӯ кард ба ситорашинос ва фармуд:

— Мо амдан бар хилофи дастури ту амал мекунем ва бидуни диранг ҳамин алъон ҳаракат мекунем.

Фавран фармони ҳаракат дод ва ба тарафи душман пеш рафт. Дар камтар ҷиҳоде ба қадри он ҷиҳод, пирӯзӣ ва муваффақият насиби Алӣ алайҳис-салом шуда буд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Наҳҷул-балоға”, хутбаи 77)

* * *

Қуруқи ҳаммом

Роҳу равиши ҷабборонаи хулафои умавӣ ва баъд аз онҳо хулафои аббосӣ дар соири табақоти мардум асар карда буд. Мардум тадриҷан роҳу расме, ки ислом барои зиндагӣ ва муошират муайян карда буд аз ёд мебурданд, сирату рафтори содда ва бародаронаи Расули Акрам ва некони саҳоба аз хотирҳо маҳв мешуд. Мардум он чунон ба роҳу равиши ҷабборонаи хулафо хӯ гирифта буданд, ки кам-кам эҳсоси зиштӣ ҳам нисбат ба он намекарданд.

Имом Содиқ алайҳис-салом рӯзе хост ба ҳаммом биравад. Соҳиби ҳаммом тибқи одати маъмул, ки дар мавриди мӯҳтарамин ва шахсиятҳо роиҷ шуда буд, арз кард:

— Иҷоза бидеҳ ҳаммомро бароят қуруқ кунам. (Қуруқ кардан яъне монеъи вуруди дигарон шудан.)

Имом фармуд:

— На, лозим нест.

Пурсид:

— Чаро?

Фармуд:

المؤمن أخفّ مؤونة من ذلك

Мӯъмин сабукбортар аз ин ҳарфҳост.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)

* * *

Ифторӣ

Анас ибни Молик (р) солҳо дар хонаи Расули Худо (с) хидматкор буд ва то охирин рӯзи ҳаёти Расули Худо ин ифтихорро дошт. Ӯ беш аз ҳар каси дигар ба ахлоқу одоти шахсии Расули Акрам ошно буд. Огоҳ буд, ки Расули Акрам дар хӯроку пӯшок чӣ қадр содда ва бетакаллуф зиндагӣ мекунад. Дар рӯзҳое, ки рӯза мегирифт, ҳамаи ифторӣ ва саҳарии ӯ иборат буд аз миқдоре шир ё шарбат ва миқдоре тариди содда (тарид навъе шӯрбо). Гоҳе барои ифтор ва саҳар, ҷудогона ин ғизои содда таҳия мешуд ва гоҳе ба як навбат ғизо иктифо мекард ва бо ҳамон рӯза мегирифт.

Як шаб, тибқи маъмул, Анас ибни Молик миқдоре шир ё чизи дигар барои ифтории Расули Акрам омода кард. Аммо Расули Акрам он рӯз вақти ифтор наомад, посе аз шаб гузашт ва барнагашт. Анас мутмаин шуд, ки Расули Акрам хоҳиши баъзе аз асҳобро иҷобат карда ва ифториро дар хонаи онон хӯрдааст. Аз ин рӯ он чӣ таҳия дида буд худаш хӯрд.

Тӯле накашид Расули Акрам ба хона баргашт. Анас аз як нафар, ки ҳамроҳи ҳазрат буд пурсид:

— Эшон имшаб куҷо ифтор карданд?

Гуфт:

— Ҳанӯз ифтор накардаанд. Баъзе гирифториҳо пеш омад ва омаданашон дер шуд.

Анас аз кори худ як дунё пушаймону шармсор шуд, зеро шаб гузашта буд ва таҳияи чизе мумкин набуд. Мунтазир буд Расули Акрам аз ӯ ғизо бихоҳад ва ӯ аз кардаи худ маъзаратхоҳӣ кунад. Аммо аз он сӯ Расули Акрам аз қароину аҳвол фаҳмид чӣ шуда, номе аз ғизо набурд ва гурусна ба бистар рафт.

Анас гуфт: “Расули Худо (с) то зинда буд, мавзӯи он шабро бозгӯ накард ва ба рӯи ман наёвард.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Куҳлул-басар”)

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Достон ва ҳикоёт, Омӯзаҳои набавӣ, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: