Адли илоҳӣ (34)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши ҳафтум: муҷозотҳои ухравӣ (3)

3) Азоби ухравӣ

Муҷозотҳои ҷаҳони дигар, робитаи таквинии қавитаре бо гуноҳон доранд. Робитаи амалу ҷазо дар охират, на монанди навъи аввал, қарордодӣ аст ва на монанди навъи дуввум, аз навъи робитаи иллӣ ва маълулӣ аст, балки аз он ҳам як дараҷа болотар аст. Дар ин ҷо робитаи “айният” ва “иттиҳод” ҳукмфармост. Яъне он чи, ки дар охират ба унвони подош ё кайфар ба некӯкорон ва бадкорон дода мешавад, таҷассуми худи амали онҳост. Қуръони Карим мефармояд:

يَوْمَ تَجِدُ كُلُّ نَفْسٍ مَّا عَمِلَتْ مِنْ خَيْرٍ مُّحْضَرًا وَمَا عَمِلَتْ مِن سُوَءٍ تَوَدُّ لَوْ أَنَّ بَيْنَهَا وَبَيْنَهُ أَمَدًا بَعِيدًا

Рӯзе, ки ҳар кас он чи аз кори нек ё зишт анҷом додааст, ҳозир (ҳузурёфта) мебинад, орзу мекунад, ки кош байни ӯ ва байни кори зишташ масофати дарозе фосила мебуд!” (Сураи Оли Имрон, ояти 30)

Дар ҷои дигар мефармояд:

وَوَجَدُوا مَا عَمِلُوا حَاضِرًا وَلَا يَظْلِمُ رَبُّكَ أَحَدًا

Он чиро, ки анҷом додаанд, ҳозир меёбанд, ва Парвардигори ту ба аҳаде ситам намекунад.” (Сураи Каҳф, ояти 49)

Дар ҷои дигар мефармояд:

يَوْمَئِذٍ يَصْدُرُ النَّاسُ أَشْتَاتًا لِّيُرَوْا أَعْمَالَهُمْ. فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ. وَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ

Дар ин рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ берун меоянд, то дар намоишгоҳи аъмол, аъмоли онҳо ба онҳо нишон дода шавад. Пас ҳар кас ҳамвазни як зарра кори нек кунад, онро мебинад, ва ҳар кас ҳамвазни як зарра кори зишт кунад мебинад.” (Сураи Зилзол, оятҳои 6-8)

Дар ояте, ки ба қавли бархе аз муфассирон, охирин оятест аз Қуръон, ки нозил шудааст, мефармояд:

وَاتَّقُواْ يَوْمًا تُرْجَعُونَ فِيهِ إِلَى اللّهِ ثُمَّ تُوَفَّى كُلُّ نَفْسٍ مَّا كَسَبَتْ وَهُمْ لاَ يُظْلَمُونَ

Ва бипарҳезед аз он рӯз, ки ба сӯи Худо бозгашт дода мешавед, он гоҳ ба ҳар касе он чи ки фароҳам кардааст, ба тамому камол пардохт мегардад, ва ба онон ситам намешавад.” (Сураи Бақара, ояти 281)

Дар бораи моли ятим хӯрдан таъбири Қуръони Карим ин аст:

إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَى ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا

Онон, ки амволи ятимонро ба ситам мехӯранд, ҷуз ин нест, ки дар шиками хеш оташ фурӯ мебаранд ва ба зудӣ дар оташе афрӯхта меафтанд.” (Сураи Нисо, ояти 10)

Яъне моли ятим хӯрдан айнан оташ хӯрдан аст, аммо чун дар ин дунё ҳастанд, намефаҳманд, ба маҳзи ин ки ҳиҷоби бадан канор рафт ва аз ин ҷаҳон берун шуданд, оташ мегиранд ва месӯзанд.

Қуръони Карим бовардоронро чунин андарз медиҳад:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَلْتَنظُرْ نَفْسٌ مَّا قَدَّمَتْ لِغَدٍ وَاتَّقُوا اللَّهَ

Эй имондорон! Парвои Худоро дошта бошед, ва ҳар касе бояд бингарад, ки чӣ чизе барои фардои худ пеш фиристодааст, ва аз Худо парво кунед…” (Сураи Ҳашр, ояти 18)

Лаҳни қотеъ ва сареҳи аҷибе аст, ба сурати амр мефармояд: ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардои худ чӣ пеш фиристодааст. Сухан аз пеш фиристодан аст. Яъне шумо айнан ҳамон чизҳоеро, ки акнун мефиристед хоҳед дошт, аз ин рӯ дуруст бингаред, ки чӣ мефиристед.

Ҳамчун касе, ки вақте дар сафар аст ашёеро харидорӣ карда ва пеш аз худ ба ватани худ мефиристад, ӯ бояд диққат кунад, зеро вақте аз сафар баргашт ва ба ватани хеш расид, дар бастабандиҳое, ки фиристодааст, ҳамон чизҳоест, ки худаш таҳия кардааст. Мумкин нест, ки навъе коло пеш фиристад, ва ҳангоми бозгашт ба ватан, ба навъе дигар даст ёбад.

Дар ин ояти карима, ду бор калима “иттақуллоҳ” (аз Худо парво кунед!) омадааст ва байни онҳо фақат як ҷумлаи кӯтоҳ вуҷуд дорад:

وَلْتَنظُرْ نَفْسٌ مَّا قَدَّمَتْ لِغَدٍ

(“Ва ҳар касе бояд бингарад, ки чӣ чизе барои фардои худ пеш фиристодааст”). Шояд дар Қуръони Карим мушобеҳе надошта бошад, ки бо ин фосилаи кӯтоҳ ду бор амр ба тақво шуда бошад.

Боз ҳам Қуръони Карим мефармояд:

 إِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ. وَإِذَا النُّجُومُ انكَدَرَتْ. وَإِذَا الْجِبَالُ سُيِّرَتْ. وَإِذَا الْعِشَارُ عُطِّلَتْ. وَإِذَا الْوُحُوشُ حُشِرَتْ. وَإِذَا الْبِحَارُ سُجِّرَتْ. وَإِذَا النُّفُوسُ زُوِّجَتْ. وَإِذَا الْمَوْؤُودَةُ سُئِلَتْ. بِأَيِّ ذَنبٍ قُتِلَتْ. وَإِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ. وَإِذَا السَّمَاء كُشِطَتْ. وَإِذَا الْجَحِيمُ سُعِّرَتْ. وَإِذَا الْجَنَّةُ أُزْلِفَتْ. عَلِمَتْ نَفْسٌ مَّا أَحْضَرَتْ

Он замон, ки хуршед аз дурахшиш биуфтад; ситорагон бефурӯғ шаванд; кӯҳҳо сайр дода шаванд; шутурони обистан ба ҳоли худ раҳо гарданд; ҳайвоноти ваҳшӣ ҷамъ шаванд; дарёҳо муштаъил шаванд; ҷонҳо ҷуфт гарданд; дар бораи духтароне, ки зинда ба гӯр шудаанд пурсиш шавад, ки ба мӯҷиби чӣ гуноҳе кушта шуданд?; номаҳо гушуда шавад; осмон барканда шавад; дӯзах афрӯхта гардад ва биҳишт наздик оварда шавад — ҳар кас хоҳад донист чӣ омода ва ҳозир кардааст.” (Сураи Таквир, оятҳои 1-14)

Яъне он чи ба одамӣ дар он ҷаҳон мерасад — аъамм аз наъими биҳиштӣ ва азоби дӯзахӣ — ҳама, чизҳое аст, ки одамӣ худаш омода ва ҳозир сохтааст, магар ин ки дар ин дунё онҳоро намешиносад ва дар охират онҳоро хоҳад шинохт. Ва ба ин мазмун оятҳои бисёре аз Қуръони Карим аст, ки мефармояд рӯзи қиёмат Худо ба шумо хабар медиҳад, ки шумо чӣ мекардед. Яъне шумо акнун хабар надоред, ки чӣ кор мекунед, рӯзи растохез аз кори хеш бохабар мешавед ва кирдори худро хоҳед шинохт.

قُلْ إِنَّ الْمَوْتَ الَّذِي تَفِرُّونَ مِنْهُ فَإِنَّهُ مُلَاقِيكُمْ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَى عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Бигӯ: марге, ки аз он мегурезед, ба зудӣ бо шумо мулоқот хоҳад дошт; он гоҳ ба сӯи (Худои) донои пинҳону ошкор баргардонида мешавед, пас шуморо ба кирдорҳоятон огоҳ месозад.” (Сураи Ҷумъа, ояти 8)

Муҷозоти охират, таҷассум ёфтани амал аст. Наъиму азоби он ҷо ҳамин аъмоли неку бад аст, ки вақте парда канор равад, таҷассум ва тамассул пайдо мекунад. Тиловати Қуръон сурате зебо мешавад ва дар канори инсон қарор мегирад. Ғайбату ранҷонидани мардум ба сурати хӯриши сагони ҷаҳаннам дармеояд.

Ба иборати дигар, аъмоли мо сурате мулкӣ дорад, ки фонӣ ва муваққат аст, ва он ҳамон аст, ки дар ин ҷаҳон ба сурати сухан ё амале дигар зоҳир мешавад. Ва сурате ва виҷҳае малакутӣ дорад, ки пас аз судур аз мо, ҳаргиз фонӣ намешавад ва аз лавозим ва фарзандони ҷудоношудании мост. Аъмоли мо аз виҷҳаи малакутӣ ва чеҳраи ғайбӣ боқӣ аст ва рӯзе мо ба он аъмол хоҳем расид ва онҳоро бо ҳамон виҷҳа ва чеҳра мушоҳида хоҳем кард; агар зебо ва лаззатбахш аст, наъими мо хоҳад буд, ва агар зишту кареҳ аст, оташу ҷаҳими мо хоҳад буд…

Қуръони Карим дар бораи ғайбат мефармояд:

وَلَا يَغْتَب بَّعْضُكُم بَعْضًا أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَن يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ

Мӯъминон аз якдигар ғайбат накунанд, оё касе дӯст медорад, ки гӯшти бародари хешро дар вақте, ки мурда аст бихӯрад? На, аз ин кор танаффур доред…” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12)

Қайс ибни Осим, ки аз асҳоби Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст нақл карда, ки рӯзе бо гурӯҳе аз Банӣ Тамим хидмати Пайғамбари Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шарафёб шудам, гуфтам: Эй Расули Худо! Мо дар саҳро зиндагӣ мекунем ва аз ҳузури шумо камтар баҳраманд мегардем, моро мавъиза фармоед.

Расули Акрам насиҳатҳои судманде фармуд, ва аз он ҷумла чунин фармуд:

Барои ту ба ночор ҳамнишине хоҳад буд, ки ҳаргиз аз ту ҷудо намегардад; бо ту дафн мегардад дар ҳоле, ки ту мурдаӣ ва ӯ зинда аст. Ҳамнишини ту агар шариф бошад, туро гиромӣ хоҳад дошт, ва агар нобакор бошад, туро ба домони ҳаводис месупорад. Он гоҳ он ҳамнишин бо ту маҳшур мегардад ва дар растохез бо ту барангехта мешавад ва ту масъули он хоҳӣ буд. Пас диққат кун, ки ҳамнишине, ки интихоб мекунӣ, нек бошад, зеро агар ӯ нек бошад, мояи унси ту хоҳад буд ва дар ғайри ин сурат, мӯҷиби ваҳшати ту мегардад. Он ҳамнишин, кирдори туст.”

Қайс ибни Осим арз кард: дӯст медорам, ки андарзҳои шумо ба сурати ашъоре дароварда шавад, то онро ҳифз ва захира кунам ва мӯҷиби ифтихори мо бошад. Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дастур фармуд, касе ба дунболи Ҳассон ибни Собит биравад. Вале қабл аз ин ки Ҳассон биёяд, Қайс худаш, ки аз суханони Расули Акрам ба ҳаяҷон омада буд, насиҳатҳои Расули Худоро ба сурати шеър даровард ва ба ҳазрат арза дошт. Ашъор ин аст:

تَخَيَّرْ قَرِيناً مِنْ فِعَالِكَ إِنَّمَا

قَرِينُ الْفَتَى فِي الْقَبْرِ مَا كَانَ يَفْعَلُ‏

فَلَا بُدَّ لِلْإِنْسَانِ مِنْ أَنْ يُعِدَّهُ

لِيَوْمٍ يُنَادَى الْمَرْءُ فِيهِ فَيُقْبِلُ‏

فَإِنْ كُنْتَ مَشْغُولًا بِشَيْ‏ءٍ فَلَا تَكُنْ

بِغَيْرِ الَّذِي يَرْضَى بِهِ اللَّهُ تَشْغَلُ‏

فَمَا يَصْحَبُ الْإِنْسَانَ مِنْ بَعْدِ مَوْتِهِ

وَمِنْ قَبْلِهِ إِلَّا الَّذِي كَانَ يَعْمَلُ‏

أَلَا إِنَّمَا الْإِنْسَانُ ضَيْفٌ لِأَهْلِهِ

يُقِيمُ قَلِيلًا عِنْدَهُمْ ثُمَّ يَرْحَل

Аз кирдори хештан дӯсте барои худ баргузин, ки рафиқи одамӣ дар гӯр (барзах) ҳамон аъмоли ӯ мебошад.

Ба ночор бояд ҳамнишини худро барои рӯзи растохез интихоб кунӣ ва омода созӣ.

Пас агар ба чизе саргарм мешавӣ, муроқиб бош, ки ҷуз ба он чи Худо меписандад набошад.

Зеро одамӣ пас аз марг ҷуз бо кирдори хеш қарин намегардад.

Ҳамоно одамӣ дар хонаводаи худ меҳмоне беш нест, ки андаке дар миёни эшон диранг ва сипас кӯч мекунад.”

Дар ҳадис аст, ки:

انما هي أعمالكم ردّت اليكم

Ин азобҳо ҳамон аъмолу кирдорҳои шумост, ки ба сӯи шумо баргардонида шудааст.”

Офарин бар Саъдӣ, олӣ сурудааст:

Ҳар дам аз умр меравад нафасе,

Чун нигаҳ мекунам, намонда басе.

Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ,

Магар ин панҷрӯза дарёбӣ?

Хиҷил он кас, ки рафту кор насохт,

Кӯси реҳлат заданду бор насохт.

Хоби нӯшини бомдоди раҳил

Боздорад пиёдаро зи сабил.

Ҳар кӣ омад, иморате нав сохт,

Рафту манзил ба дигаре пардохт.

В-он дигар пухт ҳамчунон ҳавасе

В-ин иморат ба cap набурд касе.

Ёри нопойдор дӯст мадор,

Дӯстиро нашояд ин ғаддор.

Неку бад чун ҳаме бибояд мурд,

Хунук он кас, ки гӯи некӣ бурд.

Барги айше ба гӯри хеш фирист,

Кас наёрад зи пас, ту пеш фирист.

Умр барф асту офтоби тамуз,

Андаке монду хоҷа ғарра ҳанӯз.

Эй тиҳидаст рафта дар бозор,

Тарсамат, барнаёварӣ дастор.

Ҳар кӣ мазруъи худ ба худ бихвид,

Вақти хирман-ш хӯша бояд чид.

* * *

Кӯтоҳи сухан

Посухи ишколи “таносуби кайфар ва гуноҳ” ба ин сурат хулоса мешавад, ки риояти таносуб, баҳсе аст, ки дар мавриди кайфарҳои иҷтимоӣ ва қарордодӣ қобили тарҳ аст. Албатта дар ин гуна кайфарҳо, қонунгузор бояд мутаносиб будани кайфарро бо ҷурм дар назар бигирад. Аммо дар кайфарҳое, ки робитаи таквинӣ бо амал дорад, яъне маълули воқеӣ ва асари ҳақиқии кирдор аст, ё кайфаре, ки бо гуноҳ робитаи айният ва ваҳдат дорад, яъне дар ҳақиқат худи амал аст, дигар маҷоле аз барои баҳси таносуб доштан ва надоштан нест.

Бертронд Росел, ки мегӯяд, чӣ гуна мумкин аст Худое бошад ва моро дар баробари ҷурмҳои бисёр кучак, муҷозотҳои бисёр бузург бикунад, ин маъниро дарк намекарда, ки робитаи охират бо дунё, аз қабили равобити қарордодӣ ва иҷтимоӣ нест.

Амсоли Росел аз маориф ва ҳақоиқи исломӣ дуру бехабаранд, бо алифбои маорифи илоҳӣ ҳам ошноӣ надоранд. Ошноии амсоли Росел фақат бо дунёи масеҳӣ аст, аз ҳикмату фалсафа ва ирфони исломӣ ва аз маорифи баланди исломӣ камтарин огоҳӣ надоранд. Росел дар назари касе, ки андак ошноӣ бо маорифи исломӣ дорад, дар фалсафа — ба мафҳуми исломӣ ва шарқии он — як кӯдаки дабистонӣ ҳам ба шумор намеравад.

Ислом дар домани худ, мардони бузургеро тарбият кардааст, ки дар вақте, ки дар ҳамин ҷаҳон будаанд, бо ҷаҳони охират ошно шудаанд ва ҳақоиқеро, ки фавқи тасаввури Роселҳост ламс кардаанд.

Шогирдони мактаби Қуръон ин ҳақиқатро нек омӯхтаанд, ки ҷазои охират айни кирдори дунёст, чизе ҷудо аз амал нест. Мавлавӣ ашъоре дорад, ки ин ҳақиқатро баён мекунад ва аз назари мавъиза ва тазаккури худи мо низ нақли онҳо муносиб аст, мегӯяд:

Эй дарида пӯстини юсуфон,

Гург бархезӣ аз ин хоби гарон.

Гашта гургон як ба як хӯҳои ту,

Медаронанд аз ғазаб аъзои ту.

* * *

Эй дарида пӯстини Юсуфон,

Гар бидаррад гургат, он аз хеш дон.

З-он ки мебофӣ ҳамасола бипӯш,

З-он ки мекорӣ, ҳамасола бинӯш.

* * *

Гар зи хоре хастаӣ, худ киштаӣ,

В-ар ҳариру қаздарӣ, худ риштаӣ.

Чун зи дастат захм бар мазлум руст,

Он дарахте гашт, аз ӯ заққум руст.

* * *

Он суханҳои чу мору каждумат,

Мору каждум гашту мегирад думат.

* * *

Ҳашри пурҳирси хаси мурдорхор

Сурати хуке бувад рӯзи шумор.

Зониёнро ганди андоми ниҳон,

Хамрхоронро бувад ганди даҳон.

Ганди махфӣ, к-он ба дилҳо мерасид,

Гашт андар ҳашр маҳсусу падид.

Бешае омад вуҷуди одамӣ,

Барҳазар шав з-ин вуҷуд, ар з-он дамӣ.

Дар вуҷуди мо ҳазорон гургу хук

Солеҳу носолеҳу хубу хашук.

Ҳукм он хӯрост, к-ӯ ғолибтар аст,

Чунки зар беш аз мис омад, он зар аст.

Сирате, к-он бар вуҷудат ғолиб аст,

Ҳам бар он тасвир ҳашрат воҷиб аст.

Офарин бар Қуръон бо ин шогирдонаш! Агар Қуръон намебуд, Мавлавӣ ва Ҳофиз ва Саноӣ ва Аттор ва Саъдӣ ва амсоли онҳо ба вуҷуд намеомаданд. Истеъдоди эронӣ бо нури ислом шукуфт ва ин ифтихор Эронро бас ки тавонист маорифи исломро беҳтар аз ҳар қавми дигаре дарёфт кунад. Сухани худро ба андарзҳои зебои Саъдӣ дар ин замина поён медиҳем:

Хурмо натавон хӯрд аз ин хор, ки киштем,

Дебо натавон бофт аз ин пашм, ки риштем.

Бар лавҳи маъосӣ хати узре накашидем,

Паҳлӯи кабоир ҳасаноте нанавиштем…

Пириву ҷавонӣ пайи ҳам чун шабу рӯзанд,

Мо шаб шуду рӯз омаду бедор нагаштем…

Моро аҷаб ар пушту паноҳе бувад он рӯз,

К-имрӯз касеро на паноҳему на пуштем.

Гар хоҷа шафоат накунад рӯзи қиёмат,

Шояд, ки зи машшота наранҷем, ки зиштем.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: