Фалсафа ва равиши реализм (177)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (10)

Татбиқ ва тавзеҳ

Матни мақола:

Акнун бояд дид, кадом баёни мантиқӣ ё бурҳони итминонбахше аст, ки ба субут расонад, ки: “Истиқлоли ҳастии аҷзоъи ҷаҳон, ки дар баробари дидагони мо ҳастанд, ҳоли муҳтаваёти ойина (тамсили собиқ)-ро надоранд”? Ва бо пуштгармии кадом далел метавон ин эҳтимолро нафй кард ва гуфт: “Истиқлоли ҳастиҳое, ки дар ҷаҳон машҳуд ҳастанд (на асли ҳастиҳо) аз они чизи дигаре, ки мо намебинем нест, балки ҳар воҳиди мавҷуд як истиқлоли ҷудогона дорад”? Дар ҳоле, ки ин гуна иштибоҳот ҳатто дар зиндагии рӯзона бисёр домангир мешавад. Магар мо афроди башар набудем, ки ҳазорҳо сол бо ин гумон ба сар мебурдем, ки дар замини орому беҳаракат орамида ва хазида лона дорем ва гунбадҳои нилгуни афлок бо қиндилҳои фурӯзони худ ба даври сари мо гардиш мекунанд?!

Чӣ гуна якбора ба худ омада ва фаҳмидем, ки бар хилофи интизор ҳатто як лаҳза низ ором надошта ва дар ҳар шабонарӯз ҳазорҳо фарсанг (дар нуқоти истивоии замин муъодили чиҳил ҳазор километр тақрибан) роҳпаймоӣ мекунем? Ва ба ин низ қаноат накарда ва бо ҳаракати интиқолӣ дар ҳар сол садҳо милюн километр масофат такопӯ менамоем.

Ва дар айни ҳол, он чӣ акнун аз ҷаҳони берун аз худ мебинем, ҳамон аст, ки ҳазор сол пеш (замоне, ки бо гумони сукуни замин ба сар мебурдем) медидем ва камтарин тағйире дар қиёфа ва ҷилваи ҳиссии олами маҳсус пайдо нашудааст. Ҳамон замине аст, ки ҳисс ҳаракати ӯро намефаҳмид ва боз ҳам намефаҳмад, ҳамон (афлоке) аст, ки мепиндоштем ва боз ҳам мепиндорем, ки мечархад, ва ҳамон ситорагонанд, ки тулӯъу ғуруб доштанд ва акнун низ доранд.

Албатта ба зеҳни ҳар шунавандае хутур хоҳад кард, ки ин ду маврид фарқ доранд, зеро иштибоҳи сукуни замин аз роҳи истидлоли риёзӣ, ки ба ҳисс мунтаҳӣ аст муртафаъ шуда, вале иштибоҳи нафйи сонеъ ин наҳв нест.

Вале бояд мутазаккир шуд, ки: тамсил ва муқоисаи номбурда марбут ба таҳаққуқ ё эҳтимоли иштибоҳе аст, ки далеле бар нафйи ӯ надорем, на ба ин ки ҳар ду иштибоҳи ақлӣ ҳастанд ё ҳиссӣ ё мухталиф. Инсон дар баробари эҳтимоле, ки далел бар нафйи он надорад, набояд бо нафй ё истибъод ба ситезаи ҷоҳилона бипардозад.

Пас дар заминаи оғозу анҷоми баёни гузашта ин пурсиш комилан дуруст ва мантиқӣ аст, ки:

“Оё воқеияти ин ҷаҳони гузарон ва ҳар як аз аҷзои вай (бо ин ки асли воқеият ҳаргиз нобуд намешавад) аз они худи ӯст ё воқеият ҳама аз они як воқеияти дигари побарҷо ва (дорои) истиқлол буда ва ҳама аз он сарчашма мегиранд?”

Илоҳиюн ба ин пурсиш посухи мусбат дода ва чунин сарчашмаи ҳастиро аз барои ҷаҳон исбот мекунанд ва чунон ки ҳар мутатаббеъе медонад баёнот ва далелҳои бешуморе дар ин мақом зикр кардаанд. Вале мо назар ба заминае, ки бо суханони гузаштаи мо омода шуда ба ду баёни зерин иктифо менамоем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: