Фалсафа ва равиши реализм (178)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (11)

Баёни аввал (бурҳони сиддиқин) — 1

Матни мақола:

Воқеияти ҳастӣ, ки дар субути вай ҳеч шак надорем, ҳаргиз нафй намепазирад ва нобудӣ барнамедорад.

Ба иборати дигар:

Воқеияти ҳастӣ бе ҳеч қайду шарт воқеияти ҳастӣ аст ва бо ҳеч қайду шарте ловоқеият намешавад, ва чун ҷаҳони гузарон ва ҳар ҷузъе аз аҷзоъи ҷаҳон, нафйро мепазирад, пас айни ҳамон воқеияти нафйнопазир нест (1), балки бо он воқеият воқеиятдор ва бе он аз ҳастӣ баҳрае надошта ва манфӣ аст, албатта на ба ин маънӣ, ки воқеият бо ашё яке шавад ва ё дар онҳо нуфуз ё ҳулул кунад ва ё пораҳое аз воқеият ҷудо шуда ва ба ашё бипайвандад, балки монанди нур, ки аҷсоми торик бо вай равшан, ва бе вай торик мебошанд; ва дар айни ҳол ҳамин мисоли нур дар баёни мақсуд холӣ аз қусур нест.

Ва ба иборати дигар: ӯ худаш айни воқеият аст ва ҷаҳон ва аҷзоъи ҷаҳон, бо ӯ воқеиятдор ва бе ӯ ҳечу пуч мебошад.

Натиҷа

Ҷаҳон ва аҷзоъи ҷаҳон дар истиқлоли вуҷудии худ ва воқеиятдор будани худ, такя ба як воқеияте доранд, ки айни воқеият ва ба худии худ воқеият аст.

* * *

Таълиқот:

(1) Акнун мехоҳем бурҳони маъруф ба “бурҳони сиддиқин”-ро тибқи машраби фалсафии садроӣ тавзеҳ диҳем.

Ин бурҳон бо соири бурҳонҳо ин тафовутро дорад, ки дар ин бурҳон чизе барои исботи зоти Ҳақ восита қарор нагирифтааст. Тибқи қоида, дар ҳар бурҳоне бояд як чизе робит ва ҳадди васат барои исботи матлуб қарор гирад.

Мутакаллимон маъмулан аз тариқи “ҳудуси олам” истидлол мекунанд ва ҳудуси оламро восита барои исботи вуҷуди Худованд ба унвони “падидоваранда”-и ашё қарор медиҳанд. Арасту ва арастуийин аз тариқи ҳаракат ворид ва бо иттико ба ин ки ҳар ҳаракате мусталзими муҳаррик аст ва ҳамаи муҳаррикҳо бояд мунтаҳӣ шаванд ба муҳаррике, ки мутаҳаррик нест, ворид мешаванд ва вуҷуди Худовандро ба унвони “муҳаррики аввал” исбот мекунанд. Дар ҳамаи ин истидлолҳо, олам ва махлуқот восита қарор дода шуда ва аз шоҳид бар ғоиб, ва аз аён бар ниҳон истидлол шудааст.

Ин ҷо пурсише ба миён меояд, ва он ин ки: оё дар бурҳонҳо ва истидлолҳо лузуман бояд олам ва махлуқот восита қарор гиранд ва аз олам ба унвони зоҳир ва шоҳид ва аз Худованд ба унвони ботин ва ғоиб истидлол шавад? Ё лузуме надорад ва ин гуна истидлолҳо махсуси баъзе аз афроди одамиён аст, ки басирати ақлии комил надоранд ва дидаи ботинии қалбии онҳо ҳам боз нашудааст?

Ҳақиқат ин аст, ки дар маорифи исломӣ бобе ҳаст, ки мерасонад Худованд дар айни ин ки ботин аст зоҳир аст, ҳам ботин аст ва ҳам зоҳир. Дар сураи муборакаи Ҳадид мефармояд:

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ

Ӯ (Худо) ҳам аввал аст ва ҳам охир, ҳам зоҳир аст ва ҳам ботин…” (Сураи Ҳадид, ояти 3)

Дар сураи Нур мефармояд:

اللَّهُ نُورُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ

Яъне зуҳури ҳамаи ашё ба зоти ӯст. (Сураи Нур, ояти 35)

Дар сураи Оли Имрон мефармояд:

شَهِدَ اللّهُ أَنَّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ وَالْمَلاَئِكَةُ وَأُوْلُواْ الْعِلْمِ

Зоти Худо ва фариштагон ва донишмандон бар ваҳдонияти Худо гувоҳӣ медиҳанд…” (Сураи Оли Имрон, ояти 18)

Дар ин оят, се навъ гувоҳӣ (далолат) зикр шудааст, ва навъи аввал, ки ашраф ва олитар аст гувоҳӣ ва далолати зоти Ҳақ бар зоти худ ва бар ваҳдонияти худ аст. Баъдан баён хоҳем кард, ки далел бар зоти Ҳақ ва далел бар ваҳдонияти ӯ айни якдигаранд. Ва низ дар сураи Бақара мефармояд:

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ

Ба ҳар тараф рӯ кунед, он ҷо чеҳраи Худост…” (Сураи Бақара, ояти 115)

Алӣ (а) дар хутба 61 “Наҳҷул-балоға” мефармояд:

وَكُلُّ ظَاهِرٍ غَيْرَهُ غَيْرُ بَاطِنٌ وَكُلُّ بَاطِنٍ غَيْرَهُ غَيْرُ ظَاهِرٍ

Ҳар зоҳире ғайри Худо ботин нест, ва ҳар ботине ғайри ӯ зоҳир нест (балки ин Худост, ки дар айни ин ки зоҳир аст ботин аст, ва дар айни ин ки ботин аст зоҳир аст).”

Дар хутбаи 188 мефармояд:

لاَ يُجِنُّهُ اَلْبُطُونُ عَنِ اَلظُّهُورِ وَلاَ يَقْطَعُهُ اَلظُّهُورُ عَنِ اَلْبُطُونِ

Пинҳон будан ӯро аз ошкор будан монеъ нест, ва ошкор будан ӯро аз пинҳон будан ҷудо намесозад…

Дар хутбаи 156 мефармояд:

اَلظَّاهِرُ لاَ يُقَالُ مِمَّا وَ اَلْبَاطِنُ لاَ يُقَالُ فِيمَا

Ӯ намоён аст, аммо саҳеҳ нест гуфта шавад, аз чӣ намоён аст? Ва пинҳон аст, аммо саҳеҳ нест гуфта шавад, дар чӣ пинҳон аст?..

Дар ҳикмати мутаолия собит шудааст, ки ҷиҳати зуҳур ва ҷиҳати бутун дар зоти Ҳақ айни якдигар аст, яъне ӯ дорои ду ҳайсият ва ду ҷиҳат нест, ки яке аз онҳо зоҳир ва дигаре ботин бошад, ҳайсият воҳид аст, ки ҳам маншаи зуҳур ва ҳам маншаи бутун аст ва он ҳайсияти воҳид иборат аст аз камоли феълият ва шиддати вуҷуд. Ҳоҷӣ Сабзаворӣ дар “Манзума”-и маъруф худ мегӯяд:

يا من هو اختفى لفرط نوره

الظاهر الباطن في ظهوره

Ва ҳам ӯ (Ҳоҷӣ Сабзаворӣ) дар ашъори форсии худ мегӯяд:

Парда надорад ҷамол, ғайри сифоти ҷалол,

Нест бар он рух ниқоб, нест бар он мағз пӯст.

Бо ҳама пинҳонияш, ҳаст дар аъён аён,

Бо ҳама берангияш, дар ҳама з-ӯ рангу бӯст.

Дигаре мегӯяд:

جمالك في كل الحقائق سائر

وليس له الاّ جلالك ساتر

Дигаре мегӯяд:

Ҳиҷоби рӯи ту ҳам рӯи туст дар ҳама ҳол,

Ниҳон зи чашми ҷаҳонӣ зи бас ки пайдоӣ.

Урафои исломӣ фалосифаро, ки аз тариқи махлуқоту маснуъот бар зоти Борӣ истидлол мекунанд ва ҷаҳонро аён ва Худовандро ниҳон мепиндоранд, сахт таҳқир ва мавриди сарзаниш қарор медиҳанд. Муҳйиддини Арабӣ мегӯяд:

الله تعالى ظاهر ما غاب قطّ والعالم غائب ما ظهر قطّ

(“Худованди Мутаъол зоҳир аст ва ҳаргиз ғоиб набуда, ва олам ғоиб аст ва ҳаргиз хоҳир набуда”)

Мавлавӣ мегӯяд:

Офтоб омад далели офтоб,

Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.

Аз вай ар соя нишоне медиҳад,

Шамс ҳар дам нури ҷоне медиҳад.

Соя хоб орад туро ҳамчун самар,

Чун барояд шамс, иншаққал-қамар.

Орифи Шабистарӣ мегӯяд:

Зиҳӣ нодон, ки ӯ хуршеди тобон,

Ба нури шамъ ҷӯяд дар биёбон.

Агар хуршед бар як ҳол будӣ,

Шуъои ӯ ба як минвол будӣ.

Надонистӣ касе к-он партави ӯст,

Набудӣ ҳеч фарқ аз мағз то пӯст.

Ҷаҳон ҷумла фурӯғи нури Ҳақ дон,

Ҳақ андар вай зи пайдоист пинҳон.

Чӣ нури Ҳақ надорад нақлу таҳвил,

Наёяд андар ӯ тағйиру табдил.

Гӯянд, аз Ҷунайди Бағдодӣ пурсиданд:

ما الدليل على وجود الصانع

“Чӣ далеле бар вуҷуди Худо ҳаст?

Гуфт:

أغنى الصباح عن المصباح

Яъне “равшании субҳ моро аз чароғ бениёз кардааст.”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: