Шарҳи Маснавӣ (260)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (4)

* * *

Мағрур шудани муридони мӯҳтоҷ ба муддаиёни музаввир ва эшонро шайх ва мӯҳташам ва восил пиндоштан ва нақлро аз нақд фарқ нодонистан ва барбастаро аз барруста (1)

* * *

Баҳри ин гуфтанд доноён ба фан:

“Меҳмони мӯҳсинон бояд шудан”.

Доноён ва биноён барои ҳамин аст, ки гуфтаанд: бояд меҳмони некӯкорон шуд, на меҳмони мо бенавоён.

Ту муриду меҳмони он касе,

К-ӯ рубояд ҳосилатро аз хасе.

Эй толиб! Ту муриду меҳмони касе шудаӣ, ки ӯ аз фурӯмоягӣ ҳосили дину умратро табоҳ мекунад.

Хасе (хасӣ): фурмоягӣ.

Нукта: Дар ин ҷо Мавлоно ба толибони ҳақиқат ҳушдор медиҳад, ки бар хони тиҳӣ аз ризқи маънавии маснаднишинони муддаӣ наншинанд, то матоъи гаронқадри дину имонашон ба дасти онон ба яғмо наравад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.687)

Нест чира, чун туро чира кунад?

Нур надҳад, мар туро тира кунад.

Ӯ худаш шахсан аз лиҳози нафс, чираву тавоно нест, пас чӣ гуна метавонад туро чира кунад. Ин шахс на танҳо чашмҳои туро нуронӣ нахоҳад кард, балки дидагонатро низ тираву тор менамояд.

Чун варо нуре набуд андар қирон,

Нур кай ёбанд аз вай дигарон?

Чун он муддаии иршод худаш нуре надорад, пас чӣ гуна дигарон аз ӯ нур хоҳанд гирифт?! Ӯ, ки нуре бо ӯ қарину пайваста нест, чӣ сон дигарон аз ӯ равшанӣ гиранд?!

Нукта: Қирон дар луғат ба маънои бастану пайвастани ду чиз ба якдигар аст, ва дар истилоҳи нуҷумӣ, ду ситораеро гӯянд, ки дар як бурҷ ба як дараҷа расанд, аз ин рӯ он дуро “муқтарин” гӯянд. (Фарҳанги истилоҳоти нуҷумӣ, с.580)

Ҳамчу аъмаш, к-ӯ кунад доруи чашм,

Чӣ кашад дар чашмҳо, илло ки пашм?

Он ки беҳуда даъвои иршоди халоиқ дорад, монанди он касе аст, ки худаш аз заъфи биноӣ ранҷ мебарад, вале мекӯшад чашми бемори дигарро илоҷ кунад. Мусалламан ин шахс чашми беморро ранҷуртар месозад. Зеро ба ҷои дармон, пашм ва ё ҳар чизи кӯркунандаи дигар ба чашми ӯ мекашад, монанди муршидони дурӯғине, ки ба ҷои иршоди солик чашми ботинии ӯро кӯр мекунанд.

Аъмаш: касе, ки чашмаш бемор аст ва пайваста аз он об мерезад.

Нукта: Дар бархе нусхаҳо “яшм” (санги пудршудаи яшм) омада, ки ғалат аст, чунонки устод Никелсун низ онро ғалат медонад. (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.333)

Ҳоли мо ин аст дар фақру ъано,

Ҳеч меҳмоне мабо мағрури мо.

Идомаи ҳикоят: зан ба шавҳараш гуфт: ин аст ҳоли мо, ки дар фақру ранҷ ба сар мебарем, Худо кунад меҳмоне гӯли моро нахӯрад ва ба хонаи мо наёяд.

Ъано: ранҷу сахтӣ. Мабо: мухаффафи мабод.

Қаҳти даҳ сол ар надидӣ дар сувар,

Чашмҳо бигшову андар мо нигар.

Агар нишонаҳои қаҳтии даҳсоларо дар рухсорҳо надидаӣ, чашм бигушо ва дида боз кун ва ба рухсори мо нигоҳ кун.

Зоҳири мо чун даруни муддаӣ,

Дар дилаш зулмат, забонаш шаъшаъӣ.

Зоҳири мо ҳамонанди сирату қалби муддаиён аст, яъне монанди қалби муддаии жожхо торик аст, вале забонаш нуронӣ ва мушаъшаъ аст. Яъне калимоту алфози пурравнақ бар забон меоварад, аммо диле сиёҳ дорад.

Қаҳти даҳ сол: киноя аз хушксолӣ ва қаҳти мутаволӣ. Шаъшаъӣ: тобнок.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: