Перейти к содержимому

Дардҳои имрӯзи мо, дардҳои дирӯзи мост

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ

Бо нигоҳе ба осори барҷоймонда аз Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ — ислоҳгар ва рӯшанфикри ҷаҳони ислом дар қарни 19-ум, ба хубӣ дармеёбем, ки дардҳое, ки Сайид Ҷамол барои ҷомеаи исломии он рӯз ташхис дода ва барои дармони онҳо мекӯшид, айни ҳамон дардҳо камокон ва бо гузашти беш аз 100 сол, ҳанӯз мутаассифона боқӣ ҳастанд.

Ва аммо дардҳое, ки Сайид Ҷамол дар ҷомеаи исломӣ ташхис дод, иборат буданд аз:

* истибдоди ҳукком;

* ҷаҳолат ва бехабарии тӯдаи мусалмон ва ақаб мондани онҳо аз корвони илму тамаддун;

* нуфузи ақоиди хурофӣ дар андешаи мусалмонон ва дур афтодани онҳо аз исломи нахустин;

* ҷудоӣ ва тафриқа миёни мусалмонон, ба унвонҳои мазҳабӣ ва ғайримазҳабӣ;

* нуфузи истеъмори ғарбӣ.

Сайид барои чораи ин дардҳо ва бадбахтиҳо, аз ҳамаи васоили мумкин: мусофиратҳо, тамосҳо, суханрониҳо, нашри китоб, маҷалла, ташкили ҳизб ва ҷамъият, ҳатто хидмат дар артиш баҳра ҷуст. Ӯ, ки ҳудуди 60 сол умр кардааст, издивоҷ накард ва ташкили оила надод, зеро бо вазъи ғайрисобите, ки дошт — гоҳе дар табъид ва гоҳе таҳти назар — наметавонист масъулияти ташкили хонаводаро бар ӯҳда гирад.

Ва аммо чораи дардҳоеро, ки ташхис дода буд, дар умури зайл медонист:

* * *

Мубориза бо худкомагии мустабиддон

Ин муборизаро чӣ касе бояд анҷом диҳад? Мардум. Мардумро чӣ гуна бояд вориди майдони мубориза кард? Оё аз ин роҳ, ки ба ҳуқуқи поймолшудаашон огоҳ гарданд? Бидуни шак, ин кор лозим аст, аммо кофӣ нест. Пас чӣ бояд кард? Кори асосӣ аз нигоҳи Сайид Ҷамол ин аст, ки мардум имон пайдо кунанд, ки муборизаи сиёсӣ як вазифаи шаръӣ ва динӣ аст. Танҳо дар ин сурат аст, ки то расидан ба ҳадаф, аз пой нахоҳанд нишаст. Мардум аз ин ҳақиқат дар ғафлатанд, ки аз назари ислом, сиёсат аз дин ва дин аз сиёсат ҷудо нест. Пас, ҳамбастагии дин ва сиёсатро бояд ба мардум тафҳим кард.

Эъломи ҳамбастагии дин ва сиёсат ва эъломи зарурати шаръии огоҳии сиёсӣ барои фарди мусалмон ва зарурати дахолати ӯ дар сарнавишти сиёсии кишвари худаш ва ҷомеаи исломӣ, яке аз тарҳҳои Сайид Ҷамол барои чораҷӯии дардҳои мавҷуд буд. Худи Сайид Ҷамол амалан бо мустабиддони замонаш даргирӣ дошт, ҳаводорони худро ба мубориза таҳрик мекард, то он ҷо, ки шӯриш алайҳи Носируддиншоҳ дар Эрон, ба таҳрики ӯ анҷом гирифта буд.

* * *

Муҷаҳҳаз шудан ба улум ва фунуни ҷадид

Зоҳиран Сайид Ҷамол дар ин замина ҳеч иқдоми амалӣ аз қабили таъсис ва ташкили мадраса ё анҷуманҳои илмӣ анҷом надода, ва кораш танҳо ҳамон буда, ки дар хитобаҳо ва навиштаҳои худ мардумро мехондаааст.

* * *

Бозгашт ба исломи нахустин ва дур рехтани хурофот

Бозгашт ба исломи нахустин ва дур рехтани хурофот аз назари Сайид Ҷамол, ба маънои бозгашт ба Қуръони Карим ва суннати мӯътабар аст. Сайид Ҷамол дар масъалаи бозгашт ба ислом, танҳо бозгашт ба Қуръонро матраҳ накардааст, зеро ӯ ба хубӣ медонист, ки худи Қуръон руҷӯъ ба суннатро лозим шумурда ва ба илова, ӯ ба хатарҳои басандагӣ ба Қуръони Карим минҳои суннат, ки дар ҳар асру замоне ба шакле баҳона барои масхи ислом шудааст, комилан пай бурда буд.

* * *

Имон ва эътимод ба мактаб

Сайид Ҷамол дар нашриёт ва хитобаҳои худ кӯшиш дошт, мусалмононро амиқан мӯъмин ва боварманд ба ин созад, ки ислом қодир аст ба унвони як мактаб ва як идеулужӣ мусалмононро наҷот ва раҳоӣ бахшад ва ба истибдоди дохилӣ ва истеъмори хориҷӣ поён диҳад ва билохира ба мусалмонон иззат ва саодат арзонӣ дорад.

Мусалмонон бояд мутмаин бошанд, ки барои таъмини саодати худ, ниёз ба мактаби дигар надоранд ва набояд ба ҷониби мактабе дигар даст дароз кунанд. Аз ин рӯ, Сайид дар осор ва навиштаҳои худ, ба зикри имтиёзҳои ислом мепардохт, аз қабили эътибор додан ба ақлу бурҳон ва истидлол, ва аз қабили ин ки таълимоти ислом бар асоси шарофати инсонӣ ва қобилияти ӯ барои расидан ба ҳар таъолӣ — ба истисноӣ набувват — аст, ва аз қабили ин ки ислом дини илм аст, дини амал ва сахткӯшӣ аст, дини ҷиҳод ва мубориза аст, дини ислоҳ ва мубориза бо фасод ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст, дини иззат ва адами қабули зиллат аст, дини масъулият аст.

* * *

Мубориза бо истеъмори хориҷӣ

Мубориза бо истеъмори хориҷӣ, чӣ истеъмори сиёсӣ, ки дар масоили дохилии кишварҳои исломӣ дахолат мекард ва чӣ истеъмори иқтисодӣ, ки мунҷар ба касби имтиёзоти золимона ва ғорат кардани манобеи молӣ ва иқтисодии ҷаҳони ислом мешуд ва чӣ истеъмори фарҳангӣ, ки ба навъе ба фарҳангзудоӣ мепардохт ва мусалмононро ба он чӣ худ дошта ва доранд, беэътиқод мекард ва он гоҳ фарҳанги ғарбиро ягона фарҳанги инсонӣ ва саодатбахш муаррифӣ мекард, то он ҷо, ки бархе рӯшанфикрони мусалмонро мӯътақид сохт, ки агар шарқе мутамаддин мехоҳанд, бояд аз фарқи сар то нохуни по фарангӣ шаванд, хатташон хатти фарангӣ, забонашон забони фарангӣ, тарзи либос пӯшиданашон ҳамон тарзи либос пӯшидани фарангӣ, одобашон, маросимашон, ташрифоташон, адабиёташон, ақоидашон, фалсафаашон, ҳунарашон, ахлоқашон… ҳама фарангӣ шавад.

* * *

Иттиҳоди мусалмонон

Зоҳиран, нидои иттиҳоди мусалмононро дар баробари ғарб, аввалин бор Сайид Ҷамол баланд кардааст. Манзур аз иттиҳоди мусалмонон аз назари Сайид, иттиҳоди мазҳабӣ — ки амре ғайриамалӣ аст — набуд. Балки манзур иттиҳоди ҷабҳаӣ ва сиёсӣ буд. Яъне ташкили саффи воҳид дар муқобили душмани ғоратгар. Сайид ба мусалмонон ҳушдор медод, ки руҳи салибӣ ҳамчунон дар ғарби масеҳӣ, ба хусус дар Ангилис, зинда ва шӯълавар аст. Ғарб алорағми ин ки бо моски озодманишӣ таъассубро накӯҳиш мекунад, худ дар доми таъассуб (хусусан таъассуби мазҳабӣ алайҳи мусалмонон) сахт гирифтор аст.

Сайид алорағми он чӣ фарангимаобон таъассубро накӯҳиш мекунанд, муддаӣ буд, ки таъассуб бад нест, балки таъассуб монанди ҳар чизи дигар ифроту тафриту эътидол дорад. Ифрот дар таъассуб, ки дар инсон ҳисси ҷонибдории бемантиқу кӯр эҷод мекунад бад аст, аммо таъассуб ба маънои ғайрати ҳимоят аз андешаҳои маъқул ва мантиқӣ, на танҳо бад нест, балки бисёр писандида ҳам ҳаст.

* * *

Дамидани руҳи мубориза ва ҷиҳод ба колбуди нимаҷони ҷомеаи исломӣ

Сайид Ҷамол, ки мехост масеҳвор бори дигар руҳи исломи ростинро ба пайкари муслимин бидамад ва ғайрати исломии ононро ба ҷӯш оварад, асли фаромӯшшудаи ҷиҳодро пеш кашид, ва фаромӯш шудани ин аслро омили бузурге барои суқут ва инҳитоти муслимин талаққӣ кард. Ӯ мегуфт, агар руҳи салибӣ ҳанӯз дар раги ғарбӣ ҳаст, чаро мусалмон руҳи муҷоҳидгари худро аз ёд бибаранд?!

Муаллифи китоби “Сайре дар андешаҳои сиёсии араб” менависад: “Сайид Ҷамол Ангилисро на танҳо қудрати истеъморӣ, балки душмани ашаддии мусалмонон медонист ва мӯътақид буд, ки ҳадафи Ангилис нобудии ислом аст, чунонки як бор навишт: Ангилис аз ин рӯ душмани мусалмонон аст, ки инон аз дини ислом пайравӣ мекунанд. Ангилис ҳамеша ба найрангҳои гуногун мекӯшад, то бахше аз сарзаминҳои исломиро бигирад ва ба қавме дигар бидиҳад…

* * *

Мубориза бо худбохтагӣ дар баробари ғарб

Мусалмонон дар қарни 19-ум, ё аз он чӣ дар ғарб мегузашт бехабар буданд, ва ё агар сафаре ба ғарб рафта буданд ва каму беш аз он чӣ дар ҷаҳони пешрафтаи ғарб мегузашт огоҳ мешуданд, сахт маръубу маҷзуб мешуданд ва аз ин ки шарқи исломӣ битавонад дар баробари ғарб ба наҳве, чӣ ба шакли рақобат ва чӣ ба шакли мубориза, қад алам кунад, маъюсу ноумед буданд.

* * *

Манобеи ин таҳқиқ:

* Дардҳои ҷомеаи исломӣ аз назари Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ, нашри Таҳур.

* Наҳзатҳои исломии сад соли ахир, Муртазо Мутаҳҳарӣ.

* Сайид Ҷамолуддин; ислоҳгар ва рӯшанфикри исломӣ.

* Уравтул-вусқо, нашрияи Сайид Ҷамол.

* Сайре дар андешаҳои сиёсии араб.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: