Шоҳ ва ҳаким

(Чаҳор ҳикояти ибратомӯз)

Шоҳ ва ҳаким

Носируддиншоҳ (яке аз шоҳони Қочор дар Эрон) дар сафари Хуросон, ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуд, тибқи маъмул тамоми табақот ба истиқбол ва диданаш мерафтанд ва мавқеи ҳаракат аз он шаҳр низ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, то ин ки вориди Сабзавор шуд.

Дар Сабзавор низ умуми табақот аз ӯ истиқбол ва дидан карданд. Танҳо касе, ки ба баҳонаи инзиво ва гӯшанишинӣ, аз истиқбол ва дидан худдорӣ кард, ҳаким ва файласуф ва орифи маъруф, Ҳоҷ Мулло Ҳодии Сабзаворӣ буд. Аз қазо танҳо шахсияте, ки шоҳ дар назар гирифта буд дар тӯли роҳи мусофирати Хуросон ӯро аз наздик бибинад, ҳамин мард буд, ки тадриҷан шӯҳрати умумӣ дар ҳамаи Эрон пайдо карда буд ва аз атрофи кишвар уламо ва донишҷӯён ба маҳзараш шитофта буданд ва донишгоҳи азиме дар Сабзавор ташкил ёфта буд.

Шоҳ, ки аз он ҳама истиқболҳо ва диданҳо ва курнишҳо ва тамаллуқҳо хаста шуда буд, тасмим гирифт худаш ба дидани ҳаким биравад. Ба шоҳ гуфтанд:

— Ҳаким шоҳу вазир намешиносад.

Шоҳ гуфт:

— Вале шоҳ ҳакимро мешиносад.

Ҷараёнро ба ҳаким иттилоъ доданд. Вақт таъйин шуд ва як рӯз дар ҳудуди зуҳр шоҳ фақат ба иттифоқи як нафар пешхидмат ба хонаи ҳаким рафт. Хонае буд соддаву муҳаққар бо асбобу лавозими бисёр содда. Шоҳ зимни сӯҳбатҳо гуфт:

— Ҳар неъмате шукре дорад. Шукри неъмати илм тадрису иршод аст, шукри неъмати молу сарват, кӯмак ва дастгирӣ аст, шукри неъмати салтанат ҳам албатта анҷоми ҳоҷатҳост, аз ин рӯ ман майл дорам шумо аз ман чизе бихоҳед, то тавфиқи анҷоми онро пайдо кунам.

— Ман ҳоҷате надорам, чизе ҳам намехоҳам.

— Шунидаам шумо як замини зироатӣ доред, иҷоза бидиҳед дастур диҳам он замин аз молиёт муъоф бошад.

— Дафтари молиёти давлат мазбут аст, ки аз ҳар шаҳре чӣ қадр вусул шавад. Асоси он бо тағйироти ҷузъӣ ба ҳам намехӯрад. Агар дар ин шаҳр аз ман молиёт нагиранд, ҳамон маблағро аз дигарон зиёдтар хоҳанд гирифт, то маҷмӯе, ки аз Сабзавор бояд вусул шавад, такмил гардад. Шоҳ розӣ нашавад, ки тахфиф додан ба ман ё муъоф шудани ман аз молиёт, сабаби фишор бар ятимон ва бевазанон гардад. Ба илова, давлат, ки вазифа дорад ҳофизи ҷону моли мардум бошад, ҳазина ҳам дорад ва бояд таъмин шавад. Мо бо ризо ва рағбат, худамон ин молиётро медиҳем.

Шоҳ гуфт:

— Майл дорам имрӯз дар хидмати шумо ғизо сарф кунам ва аз ҳамон ғизои ҳар рӯзи шумо бихӯрам, дастур бифармоед ноҳори шуморо биёваранд.

Ҳаким бидуни он ки аз ҷо ҳаракат кунад, фарёд кард:

— Ғизои маро биёваред!

Фавран оварданд, табақе чӯбин, ки бар рӯи он чанд қурс нон ва чанд қошуқ ва як зарф дӯғ ва миқдоре намак дида мешуд. Ҷилави шоҳ ва ҳаким гузоштанд. Ҳаким ба шоҳ гуфт:

— Бихӯр, ки нони ҳалол аст, зироати он дастранҷи худам аст.

Шоҳ як қошуқ хӯрд, аммо дид ба чунин ғизое одат надорад ва аз назари ӯ қобили хӯрдан нест. Аз ҳаким иҷоза хост, ки миқдоре аз он нонҳоро ба дастмол бибандад ва таяммунан ва табаррукан ҳамроҳи худ бибарад.

Пас аз чанд лаҳза, шоҳ бо як дунё буҳту ҳайрат хонаи ҳакимро тарк кард.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Райҳонатул-адаб”)

* * *

Искандар ва Дюжен

Ҳамин ки Искандар, подшоҳи Мақдунӣ, ба унвони фармондеҳ ва пешвои кулли Юнон дар лашкаркашӣ ба Эрон интихоб шуд, аз ҳамаи табақот барои табрик назди ӯ меомаданд. Аммо Дюжен (Diogenes= Диоген Синопский), ҳакими маъруфи юнонӣ, ки дар Куринтус (Коринф) ба сар мебурд, камтарин таваҷҷӯҳе ба ӯ накард. Искандар шахсан ба дидори ӯ рафт.

Дюжен, ки аз ҳукамои калбии Юнон буд (шиори ин даста, қаноат, истиғно, озодманишӣ ва қатъи тамаъ буд) дар баробари офтоб дароз кашида буд. Чун ҳисс кард, ки ҷамъи фаровоне ба тарафи ӯ меоянд, каме бархост ва чашмони худро ба Искандар, ки бо ҷалолу шукӯҳ пеш меомад хира кард, аммо ҳеч фарқе миёни Искандар ва як марди оддӣ, ки ба суроғи ӯ меомад нагузошт ва шиори истиғно ва беэътиноиро ҳифз кард.

Искандар ба ӯ салом кард, сипас гуфт:

— Агар аз ман тақозое дорӣ, бигӯ.

Дюжен гуфт:

— Як тақозо бештар надорам. Ман аз офтоб истифода мекардам, ту акнун ҷилави офтобро гирифтӣ, каме он тарафтар биист!

Ин сухан дар назари ҳамроҳони Искандар хеле ҳақиру аблаҳона омад. Бо худ гуфтанд, аҷаб марди аблаҳе аст, ки аз чунин фурсате истифода намекунад! Аммо Искандар, ки худро дар баробари маноъати табъ ва истиғнои нафси Дюжен ҳақир дид, сахт дар андеша фурӯ рафт. Пас аз он ки ба роҳ афтод, ба ҳамроҳони худ, ки файласуфро ришханд мекарданд гуфт:

— Ба ростӣ агар Искандар набудам, дилам мехост Дюжен бошам.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз китоби “Таърихи илм” таълифи Ҷорҷ Сортун, с.525)

* * *

Гиреҳгушоӣ

Сафвон дар маҳзари Имом Содиқ нишаста буд. Ногаҳон марде аз аҳли Макка вориди маҷлис шуд ва гирифторие, ки барояш пеш омада буд шарҳ дод. Маълум шуд мавзӯи кирояе дар кор аст ва кор ба ишколу бунбаст кашидааст. Имом ба Сафвон дастур дод:

— Фавран ҳаракат кун ва бародари имонии худатро дар кораш мадад кун.

Сафвон ҳаракат кард ва рафт ва пас аз тавфиқ дар ислоҳи кор ва ҳалли ишкол муроҷиат кард. Имом суол кард:

— Чӣ тавр шуд?

— Худованд ислоҳ кард.

— Бидон, ки ҳамин кори ба зоҳир кучак, ки ҳоҷате аз касе баровардӣ ва вақти каме аз ту гирифт, аз ҳафт шавт тавоф даври Каъба маҳбубтар ва фозилтар аст.

Баъд Имом Содиқ ба гуфтаи худ чунин идома дод:

Марде гирифторӣ дошт ва омад ҳузури Имом Ҳасан ва аз он ҳазрат истимдод кард. Имом Ҳасан билофосила кафшҳоро пӯшида ва роҳ афтод. Дар байни роҳ, ба Ҳусайн ибни Алӣ расиданд, дар ҳоле, ки машғули намоз буд. Имом Ҳасан ба он мард гуфт:

— Ту чӣ тавр аз Ҳусайн ғафлат кардӣ ва пеши ӯ нарафтӣ?

Гуфт:

— Ман аввал хостам пеши ӯ биравам ва аз ӯ дар корам кӯмак бихоҳам, вале чун гуфтанд, эшон эътикоф кардаанд ва маъзуранд, хидматашон нарафтам.

Имом Ҳасан фармуд:

— Аммо агар тавфиқи баровардани ҳоҷати ту барояш даст дода буд, аз як моҳ эътикоф барояш беҳтар буд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Кофӣ”)

* * *

Кадом як обидтаранд?

Яке аз асҳоби Имом Содиқ — ки тибқи маъмул ҳамеша дар маҳзари дарси он ҳазрат ширкат мекард ва дар маҷолиси руфақо ҳозир мешуд ва бо онҳо рафту омад мекард — муддате буд, ки дида намешуд. Як рӯз Имом Содиқ аз асҳоб ва дӯстонаш пурсид:

— Ростӣ, фалонӣ куҷост, ки муддатест дида намешавад?

— Эй фарзанди Расули Худо! Ахиран хеле тангдаст ва фақир шуда.

— Пас чӣ мекунад?

— Ҳеч, дар хона нишаста ва яксара ба ибодат пардохтааст.

— Пас зиндагиаш аз куҷо идора мешавад?

— Яке аз дӯстонаш ӯҳдадори махориҷи зиндагии ӯ шуда.

— Ба Худо қасам, ин дӯсташ ба дараҷоте аз ӯ обидтар аст.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: