Оё мешавад гуфт, ки ақл барои инсон паёмбар аст?

Пурсиш: Ассалому алайкум. Як савол дорам. Оё мешавад гуфт, ки ақл барои инсон пайғомбар аст? Агар фурсат дошта бошед, дар ҳамин мавзӯъ ягон мақола менавистед.

Шаҳоб Ҳикмат

Посух: Ба номи Худованд. Ва алайкум салом.

Пеш аз посух ба ин пурсиши шумо, лозим аст аввал маънои худи ақл хуб тавзеҳ дода шавад. Агар мо бо маънои ақл ошно шавем, посухи ин пурсиш барои инсон равшан хоҳад шуд ва ниёзе ҳам нест далел оварда шавад. Саъй мекунам, ба забоне равон ва содда, матлабро баён бикунам.

Ақл, як қувва ва нерӯ дар инсон аст, ки ба воситаи он ба дарки ашё ноил мешавад. Инсон дорои чанд нерӯ барои дарки ашё аст, ки дар баъзе аз онҳо, дигар ҳайвонҳо бо ӯ шариканд, мисли қувваи биноӣ, ки ба воситаи он мебинад, ё қувваи бӯёӣ, ки ба василаи он мебӯяд, ё мисли қувваи чашоӣ, ки ба он мечашад ва ё шунавоӣ ва ғайра. Дар ин қувваҳо соири ҳайвонот бо инсон муштараканд, онҳо ҳам мебинанд, мешунаванд, мечашанд ва ғайра.

Аммо қувваи ақл, фақат махсуси инсонҳост. Ин танҳо инсон аст, ки ба ин қувва муҷаҳҳаз аст. Ҳоло, ин қувва чист ва кораш кадом аст?

Барои ин ки бидонем, ақл чист ва кораш кадом аст, мисол меоварам, зеро бо мисол, фаҳми матлаб осонтар аст. Шумо вақте ба як дар фишор оваред ва боз бишавад, мегӯед, сабаби боз шудани дар, ин “фишори дасти ман” аст, вагарна боз намешуд. Дар ин ҷо, дар зеҳни шумо (ва ҳар инсоне дигар) ду мафҳум пайдо мешавад: яке мафҳуми “сабаб” ва дигаре мафҳуми “мусаббаб” (ё маълул, яъне ҳамон чизе, ки ба дунболи сабаб падид меояд). Фишори даст “сабаб” аст, ва боз шудани дар, “мусаббаб”. Ин ду мафҳум, чизи малмусу маҳсус нестанд, яъне ҳисшаванда нестанд. Он чи маҳсусу малмус аст, яъне он чи мебинед, фақат “фишори даст” ва “боз шудани дар” аст. Аммо нерӯе, ки ин дуро (сабабу мусаббабро) дарк мекунад, ин ақли инсон аст. Аз ин рӯ, ин қонун, ки “ҳар маълуле иллат дорад” (яъне қонуни иллият), қонуне аст, ки ақли инсон онро дарк мекунад, на ин ки мо бо яке аз ҳоссаҳоямон онро эҳсос кунем яъне бинем ё шунавем ё чашем… Дар ҳаққонияти ин қонун ҳам, аҳаде аз инсонҳо шак надорад, ва ҷуз сафеҳ наметавонад онро инкор намояд, дар ҳоле, ки маҳсус нестанд.

Ва ё як мисоли дигар: вақте шумо (ё ҳар инсоне дигар) зарфи оберо рӯи як оташ гузоред ва он об ба дараҷаи 100 бирасад ва биҷӯшад, як натиҷаи куллӣ мегиред ва мегӯед: “Ҳар обе дар 100 дараҷа аз ҳарорат меҷӯшад”, ба сурати як қонун ва қоидаи куллӣ инро мегӯед. Ва агар касе аз шумо пурсад, ки магар ту ҳамаи обҳои рӯи оламро рӯи оташ гузоштаӣ, ки мегӯӣ, ҳамаи обҳо? Аз куҷо якчунин қазоват ва доварӣ мекунӣ? Дар посух, шумо (ё ҳар инсоне дигар) мегӯед, инро ақли ман мегӯяд. Яъне, ин ақли инсон аст, ки агар чизеро чанд бор озмоиш кунад ва натиҷаи озмоишҳояш воҳид ва якнавохт бошанд, таъмим медиҳад ва як қонуни куллӣ ба даст меоварад. Ва аҳаде аз инсонҳо низ дар ҳаққонияти ин қонун тардид надорад, магар ин ки сафеҳ бошад. Дар ҳоле, ки на дидааст ва на шунидааст ва на чашидааст.

Пас, дарки қонунҳое аз қабили “қонуни иллият” (дар мисоли боз шудани дар), ва ё “қонуни таъмим” (дар мисоли об), кори ақл аст. Асосан, ҷамиъи қонунҳои илмӣ – ки дар улум мехонем – дарки онҳо ба василаи ақл сурат мегирад.

Албатта, ақл кораш фақат ба дарки ин қабил қонунҳо маҳдуд нест. Балки инсон ба воситаи ақл метавонад зеборо аз зишт, писандидаро аз нописанд ва шоистаро ва ношоист ташхис бидиҳад, ва ба истилоҳ, “бояд”-ро аз “набояд” бишносад.

Дар истилоҳ, он ҷо, ки ақл воқеиятҳоро (мисли қонунҳое, ки зикраш гузашт) дарк мекунад, ба он “ақли назарӣ” мегӯянд. Ва он ҷо, ки “бояд”-ҳоро аз “набояд”-ҳо ташхис медиҳад, ба он “ақли амалӣ” мегӯянд.

* * *

Ҳоло, аз ин ҷо метавон як натиҷа ба даст овард. Ва он ин ки: ақли инсон “роҳнамои” ӯст ба сӯи шинохти ашё; ҳам шинохти воқеиятҳо (мисли қонунҳое, ки зикр шуданд), ва ҳам шинохти шоистаҳо ва ношистҳо (боядҳо ва набоядҳо).

Боз барои ҳар ду мисол меоварам.

1) Беҳтарин мисол барои аввалӣ, шинохти Худост. Инсон ба воситаи ақл, аз роҳи “қонуни иллият” ба шинохти Худо ноил мешавад. Яъне, инсон, ки пеши вай ин қонун (ҳар маълуле иллат дорад) побарҷост ва дар он кучактарин шакке надорад, вақте ба тамошои олам мепардозад, нохудогоҳ ақли ӯ ба ӯ мегӯяд: қатъан ин офаридаҳо офаридгоре доранд! Яъне иллат доранд, зеро ҳама маълуланд. Пас, ақл “роҳнамои” инсон ба сӯи Худост. (Албатта, ба иловаи фитрати инсон.)

Аз назари Қуръони Карим, асосан, паёмбарон наёмадаанд, то ба инсонҳо бигӯянд, ки ба ин далелу он далел Худое ҳаст. Балки Қуръон, бовар ба Худоро як асли мусаллам ва тардиднопазир мегирад. Паёмбарон омадаанд, то ба инсонҳо вуҷуди Худо ва ягонагии ӯро ёдовар ва мутазаккир шаванд ва ба онҳо бигӯянд, фаромӯш накунед, ки Худое ҳаст!

قَالَتْ رُسُلُهُمْ أَفِي اللّهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ

Паёмбаронашон ба онҳо гуфтанд: магар дар бораи Худо шакке ҳаст? Худое, ки осмонҳо ва заминро падид оварда?..” (Сураи Иброҳим, ояти 10)

وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ

Ва агар аз онҳо бипурсӣ (эй паёмбар!), ки чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст, қатъан хоҳанд гуфт: Худо!…” (Сураи Зумар, ояти 38)

2) Ва аммо беҳтарин мисол барои дуввумӣ (ақли амалӣ), ин, дарки ҳусн (хубӣ ва зебоӣ) ва қубҳ (бадӣ ва зиштӣ) аст. Ҳар инсоне, чӣ диндор ва Худопараст аст вай ва чӣ бедин ва Худонобовар, қабул дорад, ки адолат хуб ва писандида аст, ва зулм бад ва нописанд. Мо дар дунё касеро суроғ надорем, ки бигӯяд, адолат бад аст ва зулм хуб! Ҳатто як золим ва ситамгар дӯст надорад, мардум ӯро золим бихонанд. Чаро? Чун ҳусни адолат ва қубҳи зулмро ба ақлаш дарк мекунад, ақлаш роҳнамои вай ба сӯи дарки ин ҳақиқат аст.

Пас, натиҷа ин шуд, ки ақли инсон (назарӣ ва амалӣ), роҳнамои инсон ба сӯи шинохти ашё будааст. Роҳнамо яъне паёмбар. Ба ин маъно, метавон гуфт, ки ақл ҳам як нав паёмбари инсон аст. Паёмбар яъне касе, ки башарро ба сӯи он чи мояи саодат ва шақовати ӯст роҳнамоӣ мекунад.

Аммо ин ҷо як суоли бисёр муҳим аст. Ва он ин ки: агар ақли инсон қодир ба шинохти ашё ва дарки “бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳост, пас чаро Худованд барои роҳнамоии башар паёмбароне фиристода? Магар ақл қодир нест он чи мояи саодату шақовати инсон аст бишносад?

Посухи ин пурсишро дар зайл меоварам:

* * *

Ақли инсон, бо ин ки ҳам дар ҷанбаи назарӣ ва ҳам дар ҷанбаи амалӣ, қодир аст чизҳоеро дарк кунад, аммо қодир ба дарки ҳамаи ҳақоиқ ва воқеиятҳо ва ҳамаи “бояду набоядҳо” нест, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки зиндагии инсон фақат маҳдуд ба ин дунёи фонӣ нест, балки ҳаёти дигаре пас аз марг ӯро дар интизор аст.

Дар ҷанбаи назарӣ масалан, ӯ метавонад ба тамоми қонунҳои ҳоким дар олами модда огоҳӣ пайдо кунад ва хеле чизҳоро кашф намояд, вале қодир нест ба ҳақоиқи моварои табиат (ки муҳит бар олами табиат аст) огоҳӣ биёбад. Ниҳоят чизе, ки ақл дар ин ҷиҳат метавонад инсонро роҳнамоӣ кунад ин аст, ки оламҳое ҳастанд моварои олами табиат, аммо ҳақиқати он оламҳо ва ҷузъиёташон кадом аст ва ба чӣ сурат ҳастанд, ақл ҳаргиз қодир ба шинохти онҳо нест. Фариштаҳо, Арш, Курсӣ, Лавҳ ва аз ин қабил ҳақоиқ, ки воқеиятҳое ҳастанд, инҳоро ақл наметавонад дарк ва ба ҳақиқаташон огоҳӣ пайдо кунад.

Ва дар ҷанбаи амалӣ (бояду набоядҳо) низ, ақли инсон бо ин ки метавонад ба дарки порае аз “боядҳо” (мисли ҳусни адолат) ва ҳамчунин порае аз “набоядҳо” (мисли қубҳи зулм) ноил шавад, вале ҳаргиз қодир ба дарки ҳамаи “бояду набоядҳо” ва он чи мояи саодат ё шақовати инсон дар дунё ва охират мебошад, нест. Ба унвони мисол, оё инсон метавонад ба василаи ақлаш, фалсафаи ҳамаи “ҳарому ҳалолҳо”, ки паёмбарони илоҳӣ барояш баён кардаанд, дарк кунад? Масалан, оё мефаҳмад, ки чаро гӯсфандро бояд рӯ ба қибла ва ба “бисмиллоҳ” забҳ кунад, вагарна ҳаром аст? Аз назари ақли вай, чӣ фарқе ҳаст байни як гӯсфанд, ки рӯ ба қибла ва ба номи Худо забҳ шуда, ки ҳалол аст, ва байни гӯсфанде, ки бидуни риояти ин шароит забҳ шуда, ки ҳаром аст? Оё фарқе ҳаст аз назари ақл? На… Албатта, ҳамаи ҳарому ҳалолҳо ҳикмат ва фалсафа доранд, чизе бе ҷиҳат ҳаром дониста нашуда, вале ақли инсон қодир ба дарки онҳо нест.

Бинобар ин, агар Худованд паёмбарони худро барои ҳидояти башар намефиристод, башар ҳаргиз қодир ба дарки ин ҳақоиқ набуд. Ӯ намедонист чӣ гуна Худоро бандагӣ кунад ва чӣ гуна ба зоти ӯ тақарруб ва наздикӣ намояд, ки ҳадафи офариниши инсон ҷуз он намебошад. Ӯ дар ин ҷиҳат, сарсону саргардон буд.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованд паёмбароне барои ҳидояти инсонҳо ирсол карда, ки бояд тибқи роҳнамоии онҳо ва роҳнамоии шариати (қонуни) онҳо зиндагӣ кунад, ки саодати ӯ дар дунё ва охират дар гарави пайравӣ аз онҳост, ва шақоваташ дар дунё ва охират дар рӯй баргардон аз роҳнамоии онҳост.

Ба ҳамин миқдор иктифо мекунам, агар суоле бароятон пеш омад, боз дар хидматам.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: