Сӯфӣ Муборакқадами Вахонӣ

Муборакқадам ибни Абдуллоҳ маъруф ба Сӯфӣ Муборакқадами Вахонӣ, ориф, файласуф, шоир, мунаҷҷим, наққош ва мусиқидон, дар соли 1843 дар деҳаи Ямги Ишқошим зода шуда, соли 1903 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Мероси адабии Муборакқадам 15 асарро дарбар мегирад, ки аз 3 девон, як маснавӣ, як асари насрӣ ва 10 достон иборат аст.

Дар бораи андешаҳои ирфонӣ ва фалсафии ин донишманд, ду пажӯҳишгари тоҷик — яке Ҳақназар Собир дар ду мақолаи ҷудо бо унвонҳои “Андешаҳои ирфонии Мубораки Вахонӣ” ва “Мақоми инсон дар биниши фалсафии Мубораки Вахонӣ”, ва дигаре Гулҳасан Мирҳасан (ба русӣ таҳти унвони “Философский анализ мировоззрения Муборака Вахани”) – таҳқиқоти қобили таваҷҷӯҳе анҷом додаанд.

Дар ин навиштор, шоиста дидам бо такя ба ду мақолаи Ҳақназар Собир, шаммае аз андешаҳои ирфонӣ ва фалсафии ин орифи тоҷик ироа бидиҳам.

* * *

Андешаҳои ирфонии Сӯфӣ Муборакқадам

Ҳақназар Собир бар ин бовар аст, ки Суфӣ Муборакқадам ҳамонанди соири урафо ва сӯфия вуҷуди ҳақиқиро мунҳасир ба зоти Худованд ва махлуқотро партаве аз зоти ӯ медонистааст:

Офтобе дон ҳақиқат, ваҳдат аст анвори зот…

Ӯ менависад, Муборак бо пайравӣ аз назарияи ваҳдати вуҷуди суфиёна таъкид мекунад, ки Худованд дар тамоми зарроти ҳастӣ таҷаллӣ намудааст:

Заррае набвад, ки з-ӯ монад тиҳӣ,

Дар ҳама пайдост султони ҷаҳон.

Ва ориф даъват мекунад, ки кас набояд шефта ва волаи зоҳири ҳастӣ гардад, балки бикӯшад, ки аз он далиле бигирад бар зоти аслии ҳастӣ-Худованд:

Азизо, матлаб ин ҷо нест ҷуз зот,

Талабгори Худо будан ба кор аст.

* * *

Ба ақидаи Сӯфӣ Муборакқадам, “фано филлоҳ”, яъне маҳв шудан дар зоти Ҳақ, охирин марҳалаи сафари руҳонӣ ва сайри такомулии солик аст:

Дарё бувад он қатра, ки дар баҳр фано шуд.

Ё ки:

Гавҳари мақсуд дар баҳри фано полидан аст,

Ғутаҳо бояд задан дар кулзуми баҳри фано.

Сӯфӣ Муборакқадам на танҳо ба лиҳози назарӣ дар бораи ваҳдати вуҷуд ва ё фано филлоҳ сухан карда, балки амалан худ онро таҷриба кардааст:

Тоири қудсам ба руҳу ломакон парвоз кард,

Чун зи гирдоби дуи печида бигзаштем мо.

Чун садаф дар зери баҳри ло гаштем таҳнишин,

Қатрасон чун бар садаф дар баҳр пайвастем мо.

Ва ё:

Нест андар синаам гарди тахайюр, ё ғубор,

Рақс-рақсон ин маъонӣ мо ба майдон гуфтаем.

* * *

Ҳақназар Собир менависад, аз зиндагиномаи Сӯфӣ Муборакқадам маълум аст, ки ӯ қисмати бештари зиндагияшро дар хилват ва гӯшанишинӣ сипарӣ намудааст:

Барканор аз халқ бигрифтам зи кунҷу зи чилла,

Ёфтам матлаб зи хоки куи султон.

Ё: ки:

Шукр Эзидро, ки андар махзани ахлас тамом,

Рӯзу шаб дар кулбаи ғамхона биншастем мо.

Аз мултамаси ҳар ду ҷаҳон бас бувад инам,

Сад шукр, ки дилдодаи султони ҷаҳонам.

* * *

Дар эҷодиёти ирфонии Муборак, мавзӯи ишқ мақоми вижае дорад. Ӯ пайваста таъкид мекунад, ки маҳз аз баракату давлати ишқ ба мартабаи олӣ дар силсиламароҳили маънавӣ расидан мумкин аст:

Агар дорӣ бинои васли матлаб,

Муҳаббатро магар кардӣ муқарраб?

Ва Муборак меболад, ки масти шароби ишқи илоҳист ва он ҳама заҳмоташ дар роҳи васл ба маҳбуб, яъне Худо ба ҳадар нарафтаву ниёишу зикру дуоҳояш мустаҷоби даргоҳи ҳазрати аҳадият гардидаанд:

Мо масти лояқилем дар хонақоҳи таъзим,

Ки бар ҳадаф расида оҳи кашидаи мо.

* * *

Он бода бихӯр, ки нашъа зи ӯ маърифат аст,

Не з-он маи саргарон, ки гӯянд шароб.

* * *

Тибқи навиштаи Ҳақназар Собир, Сӯфӣ Муборакқадам мӯътақид ба ваҳдати адён ва ҳамзистии осоиштаи онҳо (плюрализм) будааст:

Чу кас аз миллату дини Паямбар аст,

Ҳама паямбар зи як гавҳар аст.

Яке дон Худову паямбар якест,

Калому китобаш саросар якест.

Ту ба фармони Ҳақ кор кун,

Кият гуфт, ки рав миллат озор кун.

Ту худ дар наоӣ бар амру умур,

Чаро дигареро созӣ беҳузур.

Сӯфӣ Муборакқадам тайи мароҳили тариқатро ҳамроҳи раҳбари басиру доно ва бохабар аз нозукиҳои роҳ (пир, муршид) медонистааст:

Ба мактабхонаи ваҳдат ниёзам раҳбарӣ дорад…

* * *

Инсон дар биниши фалсафии Сӯфӣ Муборакқадам

Ба навиштаи Ҳақназар Собир, дар биниши фалсафии Муборак инсон як падидаи пурарзишест, ки аз нерӯи илоҳӣ маншаъ мегирад ва ҷузъиёти хешро дар куллиёти илоҳӣ пурра месозад ва эъмори дунё ва охират низ ба ҳастӣ ва бузургии инсон вобастагӣ дорад:

Гашт аз сунъи пок чун мавҷуд,

Омад ӯ ҳамчу олам ба вуҷуд.

Чу ба шаклу шуҳуд Одам шуд,

Фазл пайдо зӣ ҳақ дар олам шуд.

Мубораки Вахонӣ аз ҷумлаи он нуктасанҷонест, ки мақому ҷойгоҳ ва мартабаи инсонро дар Қуръон хуб дарк ва баён кардааст:

Аҳсанулхолиқин Худои ҷаҳон,

Беҳтарин хилқаташ бувад инсон.

Ҷои дигар дар ҳамин маънӣ мегӯяд:

Дило гар нотиқи бар куи маъно,

Бар асроре, ки ӯ набвад ҳувайдо.

Ҳадиси мутлақ аст ин ҷо баёнат,

Зи қавли Мустафо андар ту пайдо.

Ба тойди ҳуруфи “Ман ъараф“ хон,

Чу хоҳӣ орифи нафси ба маъно.

Бируни қоматат набвад баёне,

Малакро саҷда шуд таълим инҷо.

Чу Мансур қадри хеш дорӣ,

Ба худ дар таҳният дорӣ табарро.

Чу ту зебонигори сарвқад нест,

Агар ҷуӣ ба олам нест пайдо.

Муборак бо такя ба ҳадиси қудсии “Лавлока ламо халақтул афлок”, инсонро сабаб, самар ва хатму ниҳояти офариниш меҳисобад:

Бо чунин раҳмату карам яздон,

Хатми олам намуд дар инсон.

Боз:

Аршу курсиву фаршу лавҳу қалам,

Хатм омад ба ҷумлагӣ дар одам.

* * *

Тибқи навиштаи Ҳақназар Собир, Муборак ба пайравӣ аз Муҳйиддин ва Румӣ ва соири урафо, одамро устурлоб, ё ойинае медонад, ки дар он сурати олам инъикос ёфтааст:

Бузург аст оламу кучак ҷаҳон аст,

Ба олам ҳар чӣ андар… (дар нусхаи асл норавшан аст)

Зӣ ҳар чӣ хилқат андар олам он аст,

Ба ҳам пайваста андар Одам он аст.

Бузург ин оламу кучак ҷаҳонест,

Чӣ суде кас, ки қадри худ надонист.

Ҷаҳоне дар бузургӣ бо чунонаш,

Ҳамегунҷад ҳақ андар миёнаш.

Ҷои дигар мефармояд:

Ҳар чӣ дар олам аст, дар одам,

Кард маъбуди пок дар як дам.

Боз:

Ҳар чӣ дар олам офарид Аллоҳ,

Андар олам якояк аст паноҳ.

Он ҷаҳон андар ин ҷаҳон гунҷад,

Ин нишон сунъи мустаъон санҷад.

Дар назари Муборак, олам бо ин бузургияш дар пеши азамати инсон ҳеч аст ва инсоне, ки аз шараф ва мартабаи инсонӣ ғофил аст, ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки худро инсон бишмарад:

Ҳамчу одам бузург олам нест,

Фаҳми худ кас накард, одам нест.

Ба афсӯс таъкид мекунад, ки ҷумлае аз инсонҳо асл ва манзалату ҳадафи офарида шудан ва макони аслии худро ба буттаи фаромушӣ супурдаанд. Ин гуна ашхос ба қавли ӯ фақат ба ном одаманд:

Бар асли худ инсон сафари васл надорӣ,

Одамсифатӣ рафт зӣ мо гову харонем.

* * *

Яке аз паҳлӯҳои дигари фалсафаи одамияти Муборак – ба навиштаи Ҳақнаҳзар Собир — ин муносибати инсон ба инсон аст. Ин муносибат бояд дар бар асоси ахлоқи ҳамида қарор гирифта бошад. Шикастани дили инсони дигар ва мардумозорӣ шоистаи мартабаи баланде, ки инсон дорад, нест. Инсон нафақат набояд инсони дигареро озор диҳад, балки дар бархурд бо ӯ низ ба кибру ғурур роҳ надиҳад:

Захм андар дили касон ҳаргиз,

Мазан аз наштари ситезу ҷафо.

Бош хокӣ Муборак ҳамчун хок,

Кӣ шавӣ дар тариқи аҳли вафо.

Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои ихтилоф ва сар задани ҷангу ҷидолҳо миёни башар ин таассуби мазҳабиву динӣ будаву ҳаст. Бештари бадбахтиҳои ба сари инсон дар тӯли таърих омада, маҳсули таассуб мебошанд. Ашхоси мутаасиб дар миёни пайравони тамоми мазоҳибу адён, аз ҷумла ислом ҳамеша вуҷуд доштан ва мутаассифона ҳоло ҳам арзи ҳастӣ мекунанд. Вале, агар бо диққату мушикофона ба сарчашмаҳои ноби исломӣ назар кунем, дар меёбем, ки ислом аз нигоҳи зоту ҷавҳар ба ҳар гуна таассуб бегона аст…

Аҳли тасаввуф, ки бо таҳаммулпазирии худ машҳуранд, маҳз аз ҳамин таълимоти исломӣ пайравӣ мекунанд… Яке аз бузургиҳои Муборак ин аст, ки ӯ дар пайравӣ аз суннати таҳамулпазирии исломӣ ва бузургони тасаввуф мӯътақид аст, ки ҳамаи динҳо сарфи назар аз гунонгун будани расму маносик ва шеваҳои ибодату дигар воситаҳои баёни имондорӣ аз нигоҳи ҷавҳар ва ҳадаф яканд. Ҳамаи паёмбарон бо ҳар забон дар ҳар замон як ҳақиқати воҳидро тарғиб мекарданд. Нур яъне ҳақиқати илоҳӣ ҳар замоне дар симои паёмбарон зуҳур мекард.

Гарат миллату дини Паёмбар аст,

Ҳаме шаш паёмбар зи як гавҳар аст.

Худо гар яке асту дорӣ қабул,

Фиристод дар ҳар ҳамоне расул.

Яке дон Худову Паёмбар якест.

Калому китобаш саросар якест.

Дуӣ нест, гар шубҳа набвад миён,

Адоват баранд ғайриҳақ миллатон.

* * *

Ин буд шаммае аз андешаҳои ирфонӣ ва фалсафии Сӯфӣ Муборак ба навиштаи Ҳақназар Собир. Азизони алоқаманд метавонад ҷиҳати иттилои бештар, ба сафҳаи вежаи Сӯфӣ дар Фейсбук ва низ сафҳаи Собирнома муроҷеа кунанд.

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Машоҳир

Метки: ,

1 reply

  1. Доир ба Мубораки Вахони ва афкори ифронии ў боз нигаред китоби Abdulmamad Iloliev «The Ismaili-Sufi Sage of Pamir: Mubarak-i Wakhani and the esoteric tradition of Pamiri Muslim» (New York: 2008).

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: