Перейти к содержимому

Аҳли китоб ба чӣ касоне гуфта мешавад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аҳли китоб дар истилоҳи қуръонӣ ба чӣ касоне гуфта мешавад? Оё танҳо махсуси яҳуду насорост, ё тоифаҳои дигареро ҳам шомил мешавад? Яҳуду насоро, ки дар Қуръон аз онҳо ба унвони аҳли китоб ёд шудааст, оё ғайр аз яҳуду насорои имрӯзанд, ё ҳар ду ҳукми воҳид доранд?

Инҳо пурсишҳое аст, ки дар ин навиштор, бо истинод ба манобеи исломӣ, ба посухи онҳо мепардозем.

1) Ҷумҳури фуқаҳо бар ин назаранд, ки аҳли китоб яҳуд ва насоро (масеҳиён) ба тамоми фирқаҳо ва мазоҳибашон аст. Аммо фуқаҳои ҳанафӣ маъное фаротар ба он додаанд. Дар “Албаҳрур-роиқ” гӯяд:

وفي التَّبْيِينِ ثُمَّ كُلُّ من يَعْتَقِدُ دِينًا سَمَاوِيًّا وَلَهُ كِتَابٌ مُنَزَّلٌ كَصُحُفِ إبْرَاهِيمَ وَشِيثٍ وَزَبُورِ دَاوُد فَهُوَ من أَهْلِ الْكِتَابِ

Дар Табйин” аст, ки: ҳар касе, ки мӯътақид ба дини осмонии дорои китобе фурӯфиристодашуда бошад, мисли Суҳуфи Иброҳим ва Шис ва Забури Довуд, ӯ аҳли китоб ба шумор меояд…” (3/111, Ашшомила)

Имом Абӯҳанифа (р) Собиаро низ аз аҳли китоб мешуморад. (Алмавсуъатул-фиқҳиятул-кувайтия, 7/140, Ашшомила) Имом Аҳмад (р) (дар як қавл) Собиаро гурӯҳе аз насоро дониста ва аммо Имом Шофеӣ (р) мӯътақид аст, онҳо чӣ дар усули дин бо яҳуду насоро мувофиқ бошанд ва ё мухолиф, ҳукмашон ҳукми бутпарастон аст. (Манбаи пешин)

Ва аммо дар мавриди зартуштиён, ҷумҳури фуқаҳо – ба истиснои баъзе аз онҳо мисли Ибни Ҳазм – бар ин назаранд, ки онҳо аз аҳли китоб ба шумор намераванд, аммо бо ин ҳама, бо эшон муомилаи аҳли китоб мешавад. (Манбаи пешин)

Ибни Ҳазм аммо мӯътақид аст, ки зартуштиён аҳли китобанд. Ӯ мегӯяд:

وَأَمَّا الْمَجُوسُ فَقَدْ ذَكَرْنَا فِي كِتَابِ الْجِهَادِ أَنَّهُمْ أَهْلُ كِتَابٍ فَحُكْمُهُمْ كَحُكْمِ أَهْلِ الْكِتَابِ

Ва аммо маҷус (зартушиён), мо дар китоби “Ҷиҳод” ёдовар шудем, ки онҳо аҳли китобанд, пас ҳукми онҳо, ҳукми аҳли китоб аст…” (Алмуҳалло, 7/456, Ашшомила)

* * *

2) Ҳукми аҳли китоби имрӯз, ҳамон ҳукми онҳо дар замони нузули Қуръони Карим аст ва ҳеч фарқе байни аҳли китоби замони ҳазрати Паёмбар (с) ва аҳли китоби замони баъд аз он вуҷуд надорад. Яъне чунин нест, ки гуфта шавад, манзур аз яҳуду насоро дар Қуръон — ки масалан хӯрдани забиҳаи онҳо ва низ издивоҷ бо занони онҳоро ҷоиз мешуморад – яҳуду насорои замони мо нест, чаро ки масеҳияти имрӯз қоил ба таслис аст. Ин дуруст нест. Зеро масеҳиёни замони ҳазрати Паёмбар (с) низ мӯътақид ба таслис буданд.

Дар “Албаҳрур-роиқ” дар ин мавзӯъ баҳси муфассале карда. Дар ин китоб, дар радди касоне, ки мӯътақид буданд насоро мушриканд, мегӯяд:

مُطْلَقَ لَفْظِ الْمُشْرِكِ إذَا ذُكِرَ في لِسَانِ أَهْلِ الشَّرْعِ لَا يَنْصَرِفُ إلَى أَهْلِ الْكِتَابِ… وفي مِعْرَاجِ الدِّرَايَةِ اخْتَلَفَ الْعُلَمَاءُ في أَنَّ لَفْظَ الْمُشْرِكِ يَتَنَاوَلُ أَهْلَ الْكِتَابِ وَالْأَصَحُّ أَنَّ اسْمَ الْمُشْرِكِ مُطْلَقًا لَا يَتَنَاوَلُهُ لِلْعَطْفِ في الْآيَةِ

Вожаи “мушрик” вақте ба сурати мутлақ дар забони аҳли шариат зикр гардад, шомили аҳли китоб намешавад… Ва дар “Меъроҷуд-дироя” гӯяд: уламо дар ин масъала, ки оё вожаи “мушрик” шомили аҳли китоб мешавад ё на, ихтилоф кардаанд, ва назари саҳеҳтар он аст, ки исми “мушрик” – вақте ба сурати мутлақ зикр гардад – аҳли китобро дарбар намегирад, ба далели он ки дар Қуръони Карим аҳли китоб қасими мушрикон қарор дода шуда (яъне дар арзи онҳо) ва миёни онҳо атф сурат гирифта…” (3/111, Ашшомила)

Назари аксар ба иттифоқи фуқаҳои ҳамаи мазоҳиб низ ҳамин аст. Яъне аксарият мӯътақиданд, ки насоро, бо ин ки мӯътақид ба таслисанд, вожаи “мушрик” ба онҳо итлоқ намешавад, ҳарчанд ба лиҳози маъно ин эътиқодашон ширк аст.

Ба сухани дигар: мафоҳиме мисли “мусалмон”, “кофир”, “мушрик”, мафоҳими шаръӣ ҳастанд, ки мисдоқи онҳоро худи шариат баён мекунад, на ҳар касе ба иҷтиҳод ва раъйи худаш. Ба унвони мисол, мо дар аҳодисе дорем, ки масалан ба ин мазмун мегӯяд, касе ки амдан намозашро қазо кунад, кофир шудааст. Оё бо истинод ба ин қабил ривоятҳо, метавон ҳар мусалмонеро, ки намозашро амдан тарк кунад, бигӯем: кофир шудааст?! Қатъан, на. Яъне ҳеч фақеҳе қоил ба ин нест. Зеро аз доираи ислом хориҷ кардани мусалмон, ба ҳамин соддагиҳо нест.

Ва боз ба баёне дақиқтар: байни маъноҳои истилоҳӣ (термин) дар ҳар фанн, бо маъноҳои луғавӣ фарқ ҳаст. Истилоҳоти шаръиро наметавон ба маъноҳои луғавӣ ҳамл кард. Пас, ҳамон тавре ки мо барои фаҳми ҳукм, ба фуқаҳо ниёз дорем, ҳамин тавр барои фаҳми маънои истилоҳоти шаръӣ ҳам, бояд ба фақеҳ муроҷеа кунем. Зеро онҳо мутахассиси ин фанн ҳастанд ва онҳо бояд истилоҳоти шаръиро маъно кунанд. Ин ки мусалмон ба чӣ касе гуфта мешавад, мушрик ба чӣ касе гуфта мешавад, кофир ба чӣ касе гуфта мешавад, инҳоро бояд аз фақеҳ пурсид.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: