Адли илоҳӣ (35)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши ҳаштум: шафоат (1)

Эроду ишкол

Яке аз мабоҳисе, ки дар баҳси адли илоҳӣ бояд тарҳу баҳсу таҳқиқ шавад, мабҳаси “шафоат” аст… Он чи ба унвони эрод бар шафоат гуфта шуда ва ё метавон гуфт, аз ин қарор аст:

1) Лозимаи эътиқод ба шафоат ин аст, ки раҳмату шафқати шафеъ (шафоаткунанда) бештар ва васеътар аз раҳмати Худо дониста шавад; зеро мафруз ин аст, ки агар шафоат набошад, Худо гуноҳкорро азоб мекунад;

2) Эътиқод ба шафоат мӯҷиби таҷаррии (ҷуръат пайдо кардани) нуфуси моил ба гуноҳ, балки мӯҷиби ташвиқи онҳо ба иртикоб гуноҳ аст;

3) Қуръони Карим рӯзи растохезро чунин муаррифӣ мекунад: “Дар он рӯз ҳеч кас аз дигаре дифоъ намекунад ва шафоате ҳам дар кор нест.” (Сураи Бақара, ояти 48 ва 123);

4) Шафоат бо асле, ки Қуръони Карим таъсис фармуда ва саодати ҳар касеро вобаста ба амали худаш дониста ва фармуда:

وَأَن لَّيْسَ لِلْإِنسَانِ إِلَّا مَا سَعَى

Барои инсон ҷуз ҳосили талоши ӯ нест.” (Сураи Наҷм, ояти 39) – мунофот дорад;

5) Лозимаи саҳеҳ будани шафоат ин аст, ки мӯътақид шавем Худо таҳти таъсири шафеъ (шафоаткунанда) қарор мегирад ва хашмаш табдил ба раҳмат мегардад, дар ҳоле, ки Худо инфиъолпазир нест, тағйири ҳолат бар ӯ роҳ надорад ва ҳеч омиле наметавонад дар ӯ асар бигузорад; тағйирпазирӣ мухолиф бо вуҷуби зотии зоти илоҳӣ аст.

6) Шафоат як навъ истисно қоил шудан ва табъиз ва беадолатӣ аст, дар ҳоле, ки дар дастгоҳи Худо беадолатӣ вуҷуд надорад. Ба таъбире дигар: шафоат истисно дар қонуни Худост, ва ҳол он ки қонунҳои Худо куллӣ ва лоятағайяр ва истиснонопазир аст:

وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا

Дар суннати Худо ҳаргиз тағйире нахоҳӣ ёфт.” (Сураи Фатҳ, ояти 23)

Ин ишкол аст, ки баҳси шафоатро бо адли илоҳӣ муртабит месозад, ва аз ҳамин назар аст, ки масъалаи шафоат яке аз мабоҳиси китоби ҳозир қарор дода шуд.

Тавзеҳи ишкол ин аст, ки: мусалламан шафоат шомили ҳамаи муртакибини ҷурм намегардад, зеро дар ин сурат дигар на қонун маънӣ хоҳад дошт ва на шафоат. Табиати шафоат мулозим бо табъиз ва истисно аст, эрод ҳам аз ҳамин роҳ аст, ки чӣ гуна равост, ки муҷримин ба ду гурӯҳ тақсим гарданд? Як идда ба хотири ин ки портӣ (ошно) доранд, аз чанголи кайфар бигурезанд, ва иддае дигар ба ҷурми ин ки портӣ (ошно) надоранд, гирифтори кайфар гарданд? Мо дар миёни ҷомеаҳои башарӣ ҷомеаҳоеро, ки қонун дар он дастхуши портибозӣ (ошнобозӣ) аст, фосид ва фоқиди адолат мешумурем; чӣ гуна мумкин аст дар дастгоҳи илоҳӣ мӯътақид ба портибозӣ шавем?! Дар ҳар ҷомеае, ки шафоат ҳаст, адолат нест.

* * *

Заъфи қонун

Таъсири омилҳои сегона: “пул” ва “портӣ” ва “зӯр” дар як ҷомеа, нишонаи нотавонӣ ва заъфи қонун аст. Вақте қонун заъиф бошад, табъан наметавонад бар ақвиё ва зӯрмандон чира гардад, сатвати худро фақат ба зуъафо нишон медиҳад. Қонуни заъиф муҷримини заъифро ба тала меандозад ва ба пойи мизи муҷозот мекашонад, вале аз тала андохтани зӯрмандони муҷрим оҷиз мемонад.

Қуръон, муқаррароти илоҳиро қонунҳои нерӯманд ва қавӣ муаррифӣ мекунад ва таъсири “пул” ва “портӣ” ва “зӯр”-ро дар маҳкамаи адли илоҳӣ нафй менамояд. Дар Қуръон аз пул ба унвони “адл” (аз моддаи “удул” (рӯйгардонӣ), зеро вақте, ки ба унвони ришва дода шавад, сабаби удул ва инҳироф аз ҳақ ва ҳақиқат мегардад; ё аз “адл” ба маънии “иваз” ва “муъодил”), ва аз портӣ ба унвони “шафоат” ва аз зӯр ба унвони “нусрат” ёд шудааст. Дар сураи Бақара ояти 48 чунин мехонем:

وَاتَّقُواْ يَوْمًا لاَّ تَجْزِي نَفْسٌ عَن نَّفْسٍ شَيْئًا وَلاَ يُقْبَلُ مِنْهَا شَفَاعَةٌ وَلاَ يُؤْخَذُ مِنْهَا عَدْلٌ وَلاَ هُمْ يُنصَرُونَ

Парво дошта бошед аз рӯзе, ки ҳеч кас аз дигаре дифоъ намекунад ва шафоат ҳам пазируфта нест ва аз касе ҳам пуле ба унвони ивази ҷурм ва муодили он гирифта нахоҳад шуд ва нусрату ёрӣ кардан имкон надорад.

Яъне, низоми ҷаҳони охират ҳамчун низоми иҷтимоии башар нест, ки гоҳе инсон барои фирор аз қонун, ба портӣ ё пул мутавассил шавад ва гоҳе қавму ашираи худро ба кӯмак биталабад ва онон дар баробари муҷриёни қонун эъмоли қудрат кунанд.

Дар садри ислом, қонун дар иҷтимои мусалмонон қавӣ буд; гиребони наздикону хешони зимомдоронро низ мегирифт. Вақте, ки Алӣ (алайҳис-салом) мутталеъ шуд, ки духтараш аз байтулмоли муслимин гулӯбандеро ба унвони ория — албатта бо қайди замонат — гирифта ва дар рӯзи ид аз он истифода кардааст, ӯро сахт мавриди итоби хеш қарор дод ва бо лаҳне комилан ҷиддӣ фармуд:

Агар набуд, ки онро ба сурати орияи мазмуна, яъне бо қайди замонат гирифтаӣ, дастатро мебуридам, яъне дар бораи ту ҳадди сориқро иҷро мекардам.” (Биҳор, 9/503)

Ҳам эшон вақте, ки Ибни Аббос, писараму ва ёвари донояшон, муртакиби хилофе шуд, номае ба ӯ навиштанд ва ӯро мавриди сахттарин ҳамалоти хеш қарор доданд, ба вай навиштанд:

Агар аз хилофи хеш бознагардӣ, бо шамшерам туро адаб хоҳам намуд; ҳамон шамшере, ки аҳадеро бо он назадаам, магар ин ки вориди ҷаҳаннам шудааст.”

Яъне медонӣ, ки шамшери ман ҷуз бар дӯзахиён фуруд намеояд ва ин кори ту, туро дӯзахӣ ва мустаҳаққи шамшери ман сохтааст.

Сипас барои ин ки бифаҳмонад адолати ӯ дар бораи ҳеч кас истиснобардор нест мефармояд:

Ба Худо қасам, агар Ҳасану Ҳусайн ҳам муртакиби ин ҷурм мешуданд, бо онон ирфоқ намекардам.” (Наҳҷул-балоға, номаи 41)

Садри ислом аст ва муҷрии қонун ҳам Амири мӯъминон аст, таъаҷҷубе надорад. Агар мехоҳед бидонед дастгоҳе, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба ҷараён андохта буд, то куҷо ба ҳаракат омада буд ва чӣ ашхосеро зери маҳмизи адолат мекашид, ба достони зайл таваҷҷӯҳ кунед:

Амр ибни Ос аз тарафи Умар ибни Хаттоб ҳокими Миср буд. Рӯзе писари Амр ибни Ос ба чеҳраи яке аз мардумони оддӣ силӣ зад. Ситамдида ба назди Амр ибни Ос рафта шикоят кард, вале вай тартиби асар надод. Ин мард ҳаракат кард ба Мадина ва назди Умар ибни Хаттоб омад ва арзи ҳол дод. Умар ибни Хаттоб Амру писарашро эҳзор ва муҳокима намуд. Дар ин муҳокима як ҷумлаи таърихӣ аз Умар ибни Хаттоб нақл шудааст. Хитоб ба Амр ибни Ос ва писараш гуфт:

متى استعبدتم الناس وقد ولدتهم امهاتهم احرارا

Аз кай мардумро бардаи хеш гирифтаед, дар ҳоле, ки аз модарони хеш озод мутаваллид шудаанд.”

Сипас дастури қасос содир намуд.

Инҳо адолате буд, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба мусалмонон омӯхта буд ва мусалмонон ҳанӯз онро фаромӯш накарда буданд, ва ба иборате дигар, чархе буд, ки Расули Худо ба ҳаракат оварда буд ва то муддати зиёде каму беш ба ҳамон шакл ба ҳаракати худ идома медод.

* * *

Ақсоми шафоат

Ҳақиқат ин аст, ки шафоат ақсоме дорад, ки бархе аз онҳо нодуруст ва золимона аст ва дар дастгоҳи илоҳӣ вуҷуд надорад, вале бархе, саҳеҳ ва одилона аст ва вуҷуд дорад.

Шафоати ғалат барҳамзанандаи қонун ва зидди он аст, вале шафоати саҳеҳ ҳофиз ва таъйидкунандаи қонун аст. Шафоати ғалат он аст, ки касе бихоҳад аз роҳи портибозӣ (ошнобозӣ) ҷилави иҷрои қонунро бигирад. Бар ҳасби чунин тасаввуре аз шафоат, муҷрим бар хилофи хости қонунгузор ва бар хилофи ҳадафи қонунҳо иқдом мекунад ва аз роҳи тавассул ба портӣ, бар иродаи қонунгузор ва ҳадафи қонун чира мегардад. Ин гуна шафоат, дар дунё зулм аст ва дар охират ғайримумкин. Эродҳое, ки бар шафоат мешавад, бар ҳамин қисм аз шафоат ворид аст, ва ин ҳамон аст, ки Қуръони Карим онро нафй фармудааст.

Шафоат саҳеҳ, навъе дигар аз шафоат аст, ки дар он на истисно ва табъиз вуҷуд дорад ва на нақзи қонунҳо, ва на мусталзими ғалаба бар иродаи қонунгузор аст. Қуръон ин навъ шафоатро сареҳан таъйид кардааст. Шафоати саҳеҳ низ ақсоме дорад, ки ба зудӣ ба шарҳи он мепардозем.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: