Стивен Ҳокинг даргузашт

Стивен Вилём Ҳокинг (Stephen Hawking), физикдон, назарияпардоз ва кайҳоншиноси маъруфи ангилисӣ, пас аз чиҳил сол фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотӣ, дар синни 76-солагӣ даргузашт.

Фарзандони Стивен Ҳокинг дар баёнияе, бо таъйиди ин хабар, эълом карданд падарашон дар 76-солагӣ, субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар манзили шахсиаш дар Кембриҷ даргузашт.

Дар баёнияи онҳо омадааст: “Падари дӯстдоштании мо имрӯз даргузашт. Мо ӯро барои ҳамеша аз даст додем.”

Ҳокинг дар соли 1942 дар Ангилис ба дунё омад. Вай физикдони назарӣ, кайҳоншинос, нависанда ва мудири таҳқиқоти Маркази кайҳоншиносии назарӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ буд. Ин физикдон ва кайҳоншиноси машҳури ҷаҳон дар соли 1963 ба бемории “склерози ҷонибии амиотрофӣ” (amyotrophic lateral sclerosis = боковой амиотрофический склероз) ё хобандом мубтало шуд ва тавоноии ҳаракат додани андомҳои худ ва ҳатто сухан гуфтанро аз даст дод.

Идомаи зиндагии вай аз дидгоҳи пизишкон як шигифтӣ ба ҳисоб меомад; зеро афроди мубтало ба ин бемории хосс, маъмулан пас аз муддати кӯтоҳе фавт мекунанд. Ин беморӣ рафта-рафта тамоми бадани ӯро дарбар гирифт. Бо ин ҳол, маълулияти шадиди вай монеъе барои талошу кӯшиш дар ростои фарогирӣ ва пешбурди илм набуд. Алорағми маълулияти шадид, вай муваффақ ба касби ҷоизаҳои илмии мухталифе шуд.

Муҳимтарин осори вай ду китоби “Торихчаи замон” (A Brief History of Time) ва “Тарҳи бузург” (The Grand Design) аст.

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: