Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (179)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (12)

Баёни аввал (бурҳони сиддиқин) – 2

Ҳукамои исломӣ кӯшидаанд ба истидлоли ақлие роҳ ёбанд, ки дар он истидлол, махлуқот воситаи исбот набошанд. Бӯалӣ Сино бурҳони маъруфи худро — ки аз роҳи тақсими мавҷуд ба воҷиб ва мумкин, ва ниёзмандии мумкин дар вуҷуд ба мураҷҷеҳ, ва имтиноъи давру тасалсули иллатҳо ворид шудааст — “бурҳони сиддиқин” мехонад ва мӯътақид аст ин бурҳон бар соири бурҳонҳо шарофат дорад, зеро ашё ва махлуқот восита барои исботи Ҳақ қарор нагирифтааст.

Дар бурҳони Бӯалӣ ашё воситаи исботи зоти воҷиб қарор нагирифтаанд, он чунон ки мутакаллимон ва арастуиён ашёро — аз ин ҷиҳат, ки ҳодис ё мутаҳарриканд — восита қарор додаанд. Он чи дар бурҳони Бӯалӣ вуҷудаш мусаллам ва қатъӣ гирифта шудааст, мутлақи мавҷуд аст, ки нуқтаи муқобили он, инкори ҳастӣ ба таври мутлақ аст. Пас аз он ки дар асли вуҷуди мавҷудот тардид накардем, як тақсими ақлӣ ба кор мебарем, ки мавҷуд ё воҷиб аст ва ё мумкин, шиққи севвум маҳол аст, сипас ниёзмандии мумкинро ба мураҷҷеҳ, ки бадеҳии аввалӣ аст, мавриди истинод қарор медиҳем, он гоҳ бо имтиноъи давру тасалсул, ки мубарҳан аст, натиҷаи ниҳоиро мегирем. Чунонки пайдост, дар ин бурҳон махлуқот ва мавҷудоти ҷаҳон воситаи исбот қарор нагирифтааст, як муҳосибаи сирфан ақлонӣ моро ба натиҷа расонидааст.

Бӯалӣ дар намати 4-уми “Ишорот”, пас аз баёни ин бурҳон бар вуҷуди Худованд ва бурҳонҳои дигаре, ки аз ин бурҳон натиҷа мешавад бар ваҳдоният ва сифоти Худованд, чунин ба худ меболад:

تأمّل كيف لم يحتج بياننا لثبوت الأول ووحدانيّته وبراءته من السمات إلى تأمّل لغير نفس الوجود، ولم يحتج إلى اعتبار من خلقه وفعله، وإن كان ذلك دليلاً عليه، لكن هذا الباب أوسع وأشرف، أي إذا اعتبرنا حال الوجود يشهد به الوجود من حيث هو وجود، وهو يشهد بعد ذلك على سائر ما بعده في الواجب، وإلى مثل هذا أشير في الكتاب الإلهي » سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ » أقول: إن هذا حكم لقوم. ثم يقول: » أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ » أقول: إنّ هذا حكم للصدّيقين الذين يستشهدون به لا عليه

Диққат кун ва бибин, ки чӣ гуна баёни мо дар исботи вуҷуди зоти Ҳақ ва ягонагиаш ва мубарро буданаш аз нақсҳо, ниёзманд ба чизе ҷуз таъаммул дар ҳақиқати вуҷуд нест. Ҳеч лузуме надорад махлуқот ва афъоли зоти Бориро восита қарор диҳем, ҳарчанд он роҳ низ дуруст аст ва махлуқот далел бар вуҷуди Худованд мебошанд, аммо ин роҳ, ки мо рафтем, мутмаинтар ва олитар аст. Мо чун вуҷудро аз он ҷиҳат, ки вуҷуд аст, мавриди назар қарор додем, худи вуҷуд аз он ҷиҳат, ки вуҷуд аст, гувоҳи зоти Ҳақ қарор гирифт ва зоти Ҳақ гувоҳи соири ашё воқеъ шуд. Ва ба мисли он чи гуфтем, дар китоби Худо ишора шудааст он ҷо, ки мефармояд: “Оятҳо ва нишонаҳои худро дар ҷаҳон ва инсон ба зудӣ ироа хоҳем дод, то барояшон равшан гардад, ки танҳо Ӯ ҳақ аст.” (Сураи Фуссилат, ояти 53). Албатта ин гуна ҳукм ва истидлол, махсуси як даста ва як табақа аст. Сипас китоби Худо чунин мефармояд: “Оё парвардигори ту, ки бар ҳар чиз гувоҳ аст, худаш бас нест.” (Сураи Фуссилат, ояти 53) Ин гуна ҳукм ва истидлол аз они сиддиқин аст, ки ба Худо истидлол мекунанд, на бар Худо.”

Бӯалӣ ба ин тарзи баён ва истидлол, ки пеш аз ӯ дар миёни ҳукамо собиқа надоштааст, сахт ба худ меболад ва ифтихор мекунад. Ва инсоф, ки бадеъ ва ибтикорӣ аст.

Лекин Садрулмутааллиҳин (Мулло Садро) ин бурҳонро камоли матлуб наёфтааст, зеро ҳарчанд дар ин бурҳон махлуқоту осор восита қарор нагирифтаанд, вале аз ҷиҳате монанди бурҳони мутакаллимон (бурҳон аз тариқи ҳудус) ва бурҳони табииюн (бурҳон аз тариқи ҳаракат) аст, зеро дар воқеъ дар ин бурҳон “имкон”, ки аз хоссияти моҳиятҳост, восита воқеъ шудааст. Аз ин рӯ, дар китобҳояш бурҳони Бӯалиро дар радифи соири бурҳонҳо қарор медиҳад.

Мулло Садро дар хотимаи китоби “Машоъир” пас аз ишора ба бурҳоне, ки худ онро “бурҳони сиддиқин” меномад, мегӯяд:

وغير هؤلاء (الصديقين) يتوسلون في السلوك إلى معرفته تعالى وصفاته بواسطة أمر آخر غيره كجمهور الفلاسفة بالإمكان والطبيعيين بالحركة للجسم والمتكلمين بالحدوث للخلق أو غير ذلك

Дигарон (ғайри сиддиқин) дар роҳи маърифати Худо ва сифоти Худованд, ба воситае тавассул меҷӯянд. Ҷумҳури фалосифа ба имкон, табииюн ба ҳаракат, мутакаллимин ба ҳудус ё ғайри он…

Садро он ҷо, ки мегӯяд: “ҷумҳури фалосифа ба имкон” назараш ба Бӯалӣ ва пайравони ӯст. Дар “Асфор” низ ба ҳамин матлаб ишора мекунад ва зимнан мегӯяд:

Он бурҳон наздиктарин бурҳонҳо ба бурҳони сиддиқин аст, аммо худи он нест.

Акнун бибинем, худи Садрулмутааллиҳин бурҳони сиддиқинро чӣ гуна тақрир мекунад? Барои дарк ва фаҳми ин бурҳон, бояд усулеро, ки баъзе аз онҳо бадеҳӣ ё қариб ба бадеҳист ва баъзе аз онҳо дар мақолоти пешин исбот шудааст, дар назар бигирем:

а) Асолати вуҷуд: он чи таҳаққуқ дорад, ҳақиқати вуҷуд аст, моҳиятҳо мавҷуди билараз (ва маҷозӣ) мебошанд;

б) Ваҳдати вуҷуд: ба ин маънӣ, ки ҳақиқати вуҷуд қобили касрати табоюнӣ нест, ва ихтилоферо, ки мепазирад, ташкикӣ ва маротибӣ аст; ё марбут аст ба шиддату заъф ва камолу нақси вуҷуд ва ё марбут аст ба имтидодот ва иттисолот, ки навъе ташобуки вуҷуду адам аст. Ва ба ҳар ҳол, касрате, ки дар вуҷуд мутасаввар аст, касрате аст, ки тавъам бо ваҳдат аст, ва аз назаре айни ваҳдат аст (ваҳдат дар айни касрат ва касрат дар айни ваҳдат).

в) Ҳақиқати вуҷуд адамро намепазирад: ҳаргиз мавҷуд аз ин ҷиҳат, ки мавҷуд аст, маъдум намешавад ва маъдум аз ин ҷиҳат, ки маъдум аст, мавҷуд намешавад. Ҳақиқати маъдум шудани мавҷудот иборат аст аз маҳдудияти вуҷудоти хосса, на ин ки вуҷуд пазирандаи адам гардад. Ба иборати дигар: адам нисбӣ аст.

Ин се асл дар мақолаи ҳафтум баён шудааст.

г) Ҳақиқати вуҷуд, бимо ҳува ҳува, қатъи назар аз ҳар ҳайсу ҷиҳате, ки ба он замима гардад, мусовӣ аст бо камол, итлоқ, ғино, шиддат, феълият, азамат, ҷалол, лоҳаддӣ ва нурият. Аммо нақс, тақайюд, фақр, заъф, имкон, кучакӣ, маҳдудият ва таъайюн, ҳама аъдом ва нестиҳо мебошанд, ва як мавҷуд аз он ҷиҳат муттасиф ба ин сифот мегардад, ки вуҷуди маҳдуд ва тавъам бо нестӣ аст. Пас инҳо ҳама аз адам ношӣ мешавад. Ҳақиқати вуҷуд нуқтаи муқобили адам аст, ва он чи аз шуъуни адам аст, аз ҳақиқати вуҷуд берун аст, яъне аз ҳақиқати вуҷуд мунтафӣ аст ва аз он салб мешавад.

д) Роҳ ёфтани адам ва шуъуни он, аз нақсу заъфу маҳдудияту ғайра, ҳама ношӣ аз маълулият аст, яъне агар вуҷуде маълул шуд ва дар мартибаи мутааххир аз иллати хеш қарор гирифт, табъан дорои мартибае аз нақсу заъфу маҳдудият аст, зеро маълул айни рабт ва таъаллуқ ва изофа ба иллат аст ва наметавонад дар мартибаи иллат бошад, маълулият айни таъаххур аз иллат ва айни нақсу заъфу маҳдудият аст.

Акнун мегӯем, ҳақиқати ҳастӣ мавҷуд аст, ба маънии ин ки айни мавҷудият аст ва адам бар он маҳол аст. Ва аз тарафе, ҳақиқати ҳастӣ дар зоти худ яъне дар мавҷудият ва дар воқеият доштани худ, машрут ба ҳеч шарте ва муқайяд ба ҳеч қайде нест, ҳастӣ чун ки ҳастӣ аст, мавҷуд аст, на ба милоки дигар ва маноти дигар, ва ҳам на ба фарзи вуҷуди шайъи дигар, яъне ҳастӣ дар зоти худ машрут ба шарте нест. Ва аз тарафи дигар, камолу азамату шиддату истиғнову ҷалолу бузургиву феълияту лоҳаддӣ, ки нуқтаи муқобили нақсу кучакиву имкону маҳдудияту ниёз мебошанд, аз вуҷуд ва ҳастӣ бармехезанд, яъне ҷуз вуҷуд, ҳақиқате надоранд. Пас, ҳастӣ дар зоти худ мусовӣ аст бо номашрут будан ба чизи дигар, яъне бо вуҷуби зотии азалӣ ва ҳам мусовӣ аст бо камолу азамату шиддату феълият.

Натиҷа мегирем, ки ҳақиқати ҳастӣ дар зоти худ, қатъи назар аз ҳар таъайюне, ки аз хориҷ ба он мулҳақ гардад, мусовӣ аст бо зоти лоязоли Ҳақ. Пас асолати вуҷуд ақли моро мустақиман ба зоти Ҳақ раҳбарӣ мекунад, на чизи дигар. Ғайри Ҳақро, ки албатта ҷуз афъолу осор ва зуҳуроту таҷаллиёти ӯ нахоҳад буд, бо далели дигар бояд пайдо кунем.

Аз тарафи дигар, бо дидаи ҳиссӣ ва илмӣ ба ҷаҳон менигарем, ҷаҳонро гузарон ва пазирандаи адам мебинем, яъне воқеиятҳоро маҳдуд ва машрут мебинем; бо вуҷудоте бархӯрд мекунем, ки як ҷо ҳастанд ва ҷои дигар нестанд, ва ё гоҳе ҳастанд ва гоҳе нестанд, бо нақсу хурдӣ ва имкону маҳдудият ва машрутияту вобастагӣ тавъаманд; ночор ҳамон тавр, ки дар матн омада ҳукм мекунем, ки: “Пас ҷаҳон айни ҳамон воқеияти нафйнопазир нест, балки ба воситаи он воқеият, воқеиятдор ва бидуни он, бевоқеият хоҳад буд”. Яъне ҳукм мекунем, ки ҷаҳон айни ҳақиқати ҳастӣ нест, ҷаҳон сояи ҳастӣ аст, ҷаҳони ҳастӣ тавъам бо нестӣ аст, пас ҷаҳон маълул ва асар аст, зуҳуру таҷаллӣ аст, шаъну исм аст.

Хулоса ин ки: ақли фалсафии муттакӣ ба вуҷудшиносӣ, аз он ҷиҳат, ки вуҷуд вуҷуд аст (ҳамон навъ шиносоӣ, ки танҳо дар салоҳияти фалсафа аст на улум) моро қабл аз ҳар чизе ба Худо раҳбарӣ мекунад, аввалин мавҷуде, ки ба (мо) мешиносонад, Худо аст, аммо мутолеоти ҳиссӣ ва илмӣ моро ба вуҷудоти маҳдуду муқайяду машруту мумкин, ки осору афъолу шуъун ва таҷаллиёти ӯст, раҳбарӣ мекунад, ва ба ин тартиб, ҳам “воҷиб”-ро кашф мекунем ва ҳам “мумкин”-ро.

Албатта дар илоҳиёт собит шудааст, ки роҳи кашфи мумкин мунҳасир ба ин нест, мумкинро метавон ба василаи воҷиб кашф кард, ҳамчунон ки роҳи кашфи воҷиб мунҳасир ба ин нест, метавон воҷибро аз тариқи мумкин кашф кард.

Мумкин аст таваҳҳум шавад, ки ин ки натиҷа гирифтем, ки “он чи мавҷуд аст, зоти воҷиб ва шуъуну зуҳуроту таҷаллиёит ӯст”, мусталзими ин аст, ки сухани урафоро бипазирем, ки асосан иллияту маълулияте дар кор нест, балки мумкину имконе дар кор нест; зеро фарз ин аст, ки ҷуз зоти Ҳақ ва шуъуну асмои Ҳақ чизе дар кор нест.

Вале ин таваҳҳум ботил аст. Ин таваҳҳум ношӣ аз адами дарки мафҳуми саҳеҳи иллияту маълулият аст, ношӣ аз ин аст, ки иллиятро як навъ зоиш барои иллат фарз кардаанд, ки аз худ чизеро берун мефиристад, ва ниёзи маълулро ба иллат аз навъи ниёзи фарзанд ба модар фарз кардаанд. Аммо таҳқиқоти амиқи Садрулмутааллиҳин дар ин замина, ки шоҳкори ин марди бузург аст ва мунҳасир ба шахси худи ӯст ва аз олитарин андешаҳои башарӣ аст, собит карда, ки маълул айни ниёз ва айни иртибот ва айни таъаллуқ ва вобастагӣ ба иллат аст, иллат муқаввими вуҷуди маълул аст ва бинобар ин маълулият мусовӣ аст бо зуҳуру ташаъуну ҷилва будан. Пас ҳеч мунофоте миёни ин ду назар нест. Дар мақолаи 8 ва мақолаи 9 низ дар ин бора баҳс шудааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

1 комментарий »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: