Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (261)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (5)

* * *

Мағрур шудани муридони мӯҳтоҷ ба муддаиёни музаввир ва эшонро шайх ва мӯҳташам ва восил пиндоштан ва нақлро аз нақд фарқ нодонистан ва барбастаро аз барруста (2)

* * *

Аз Худо бӯйе на ӯро, на асар,

Даъвияш афзун зи Шису Булбашар.

Он муддаии дурӯғини иршод аз Худо рангу бӯе надорад, вале бо ин ҳол, дар иддао аз ҳазрати Шиси паёмбар ва Одамулбашар низ фаротар рафта ва худро болотар аз онҳо медонад.

Нукта: Шис фарзанди ҳазрати Одам (а) будааст. Шис дар луғати ибронӣ ба маънои “ҳибатуллоҳ” (бахшиши Худо) аст, зеро ки Ҳақ Таъоло улум ва атоёи илоҳиро дар дили ин паёмбар илқо кардааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.688)

Дев нанмуда варо ҳамнақши хеш,

Ӯ ҳамегӯяд: “Зи абдолем беш”.

Дар ҳоле, ки шайтон ӯро лоиқи ин надониста, ки худро ба ӯ нишон диҳад, яъне ҳатто шайтон низ нанг дорад аз ин ки ӯро ҳамрозу ҳамроҳи худ кунад, вале ӯ муддаӣ аст, ки мақомаш аз авлиёуллоҳ ва абдол низ болотар аст.

Ҳарфи дарвешон бидуздида басе,

То гумон ояд, ки ҳаст ӯ худ касе.

Ин муршиди дурӯғин суханон ва калимоти махсуси авлиёуллоҳ ва дарвешони ҳақиқиро, ки ба ростӣ мартибаи фақру ҳақиқатро дарёфтаанд, медуздад, то мардум гумон кунанд, ки ӯ ҳақиқатан мақоме дар ирфон дорад.

Нукта: Яъне ӯ кораш ин аст, ки фақат истилоҳоти дарвешон ва сӯфиёнро ҳифз кунад ва дар маҷолис онро ба забон ҷорӣ созад, то дигаронро мафтуну шефтаи худ созад. Ҳарфи дарвешонро медуздад, то соддадилонро ба доми худбиниҳои худ афканад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.689)

Хӯрда гирад дар сухан бар Боязид,

Нанг дорад аз даруни ӯ Язид.

Дар мақоми ҳарфу сухан ҳатто ба мақоми волои Боязид ҳам эрод ворид мекунад, дар ҳоле ки Язид ибни Муовия бо он ҳама пастии руҳаш, аз ботини тираву палиди ӯ нанг дорад ва аз ӯ безорӣ меҷӯяд.

Нукта: Боязиди Бастомӣ, аз бузургони сӯфияи садаи севвуми ҳиҷрӣ, ниёи ӯ габр буд ва сипас мусалмон шуд. Вай аз ақрони Аҳмади Хузравайҳ ва Абӯҳафс ва Яҳёи Маъоз аст ва Шафиқи Балхиро низ дидааст. (Нафаҳотул-унс, с.54) Вай бо забони хосси худ ақида ба ваҳдати вуҷудро баён медоштааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.689)

Бенаво аз нону хони осмон,

Пеши ӯ нандохт Ҳақ як устухон.

Он муддаии нодуруст, ки ин ҳама дам аз мақомоти ирфонӣ мезанад, ҳеч насибу ҳиссае аз маъонии ғайбӣ ва ҳақоиқи осмонӣ надорад, ба тавре, ки Ҳақ Таъоло ӯро ба андозаи саги даргоҳаш низ ба расмият нашнохта, ки пораустухоне ҷилаваш биандозад.

Ӯ нидо карда, ки хон бинҳодаам,

Ноиби Ҳаққам, халифазодаам.

Бо ин ҳол, он муршиди шайёд фарёд мезанад, ки ман суфрае аз маориф ва арзоқи маънавӣ густардаам, зеро манам ноиби Ҳақ ва манам фарзанди халифатуллоҳ, ки ҳазрати Одами абулбашар ва инсони комил бошад.

Ассало, содадилони печ-печ,

То хуред аз хони ҷудам сер ҳеч.

Эй соддадилони роҳ ба ҷое набурда! Биёед, то аз суфари ҷуду карами ман “ҳеч”-ро бихӯред!

Печ-печ: сахт печида, маҷозан гирифтор ва касе, ки роҳ ба ҷое набарад.

Нукта: Дар ин ҷо Мавлоно бар сабили танзу истеҳзо он муддаии фиребкорро фоқиди ҳар гуна ҳақоиқ ва камоли маънавӣ дониста ва ӯро пучу тухолӣ муаррифӣ мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.690)

“Сало” ба тозӣ оташ аст. Оташ афрӯхтан барои даъват ба меҳмонӣ ва эъломи ҳаводис ба кор мерафтааст. Араб бар сари пуштаҳо ва кӯҳҳои баланд оташ равшан мекард, то агар гурусна ва дурафтодае хоҳони таъом бошад. Ба далолати оташ, бар сари суфраи онҳо ҳозир шавад ва ғизо бихӯрад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: