Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ; аз як зовияи дигар

Ба баҳонаи зодрӯзи поягузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз (15 март), зодрӯзи донишанд, сиёсатмадор ва поягузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Бе тардид, ӯ, дар шумори Аллома Аҳмади Дониш, Устод Садруддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Устод Бобоҷон Ғафуров ва дигарон, аз абармардони таърихи Тоҷикистони навин ба шумор меояд, ҳарчанд баъзеҳо имрӯз талош дар ба фаромӯшӣ супурдани ёду хотири ӯ ва аҳёнан сиёҳ ҷилва додани номи вай доранд.

Соли пеш, ба яке аз муносибатҳо, ёддоште дар бораи ин абармард навишта будам, ки имрӯз, ба баҳонаи зодрӯзи ӯ, ҳамонро бо андаке изофот, бознашр мекунам; чаро ки нуктае, ки дар он ёддошт рӯи он таъкид намуда будам, ҳанӯз тоза ва шоистаи тазаккур аст.

Марҳуми Устод, ҳанӯз дар ҷомеаи мо, ҳатто дар миёни фарҳехтаҳо ва соҳибназарон, ба таври бояд, шинохташуда нест. Бештари афроде, ки иддао доранд ӯро мешиносанд, танҳо бо Сайид Абдуллоҳи Нурии солҳои 1997 то 2006 ошноӣ доранд, ва ё ҳаддиақал бо Нурии солҳои 1992 то охирҳои умраш. Ва бисёр андак ва ангуштшуморанд афроде, ки бо Нурии солҳои 1973 то авоили фурӯпошии Шӯравӣ, ба сурати дақиқ ошно бошанд. Яъне Устод Нурии ин солҳо ношинохта монда, дар ҳоле ки ба назарам, шинохти шахсияти вай, бидуни дар назар гирифтани зиндагӣ ва фаъолиятҳои марҳум дар хилоли ин солҳо (яъне аз 1973 то замони фурӯпошии Шӯравӣ) имконпазир нест.

Ба сухани дигар, афроде, ки дар солҳои 1997 ба баъд, дар гирду атрофи ӯ ҷамъ шуда буданд ва муддаӣ ҳастанд ӯро шинохтаанд ва мешиносанд, бештарашон (албатта на ҳамаи онҳо) дар атрофи марде гирд омада буданд, ки ба унвони як сиёсатмадор ва касе, ки метавонад фардеро барои тасаддии мақоме дар як вазоратхона муаррифӣ кунад матраҳ буд, на фарде, ки солҳо аз умри худро дар роҳи мубориза сипарӣ карда ва сахтиҳо ва душвориҳоеро пушти сар кардааст. Ва ин афрод, ки атрофи ӯ гирд омада буданд, асосан мафоҳиме чун: мубориза, озодихоҳӣ, зиндон ва ғайра… барояшон мафоҳиме ғайримаънус буд. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки бо даргузашти марҳум, ин афрод ё куллан гуму гӯр шуданд ва ё аҳёнан дар баробари ҳизби таъсискардаи Устод қад алам карданд. Ва аммо афроде, ки аз аввал бо ӯ буданд ва ӯро хуб мешиносанд, дар ҳоли ҳозир ё дар зиндонанд ва баъзе ҳам дар муҳоҷират.

Ҷо дорад инҷо як гилае аз афроде бикунам, ки дар муаррифии Устоди солҳои 1973 то замони фурӯпошии Шӯравӣ кӯтоҳӣ карда ва мекунанд. Одамизод ғолибан пиндораш ин аст, ки он чи ӯ дар бораи мавзӯе медонад, ҳатман тасаввури дигарон ҳам дар бораи он мавзӯъ ҳамон гуна аст. Дар ҳоле ки чунин нест. Инон, шояд бо ҳамин пиндор, ба муаррифии чеҳраи Устод намепардохтанд, ва аз ин рӯ, кӯтоҳӣ карданд ва ҳанӯз кӯтоҳӣ мекунанд.

Ин азизон намедонанд, ки ҷомеа аз Устоди солҳои 1973 то фурӯпошии Шӯравӣ, кучактарин тасаввуре надорад. Китоби “Нур дар зиндон”-и Муҳаммадалӣ Аҷамӣ низ шабеҳи як румони хиёлӣ аст, то муаррифиномаи чеҳраи ҳақиқии Устод. Албатта китоби хубест, воқеиятҳоро дар қолаби як румон баён карда, вале ин кофӣ нест.

Гуфтам, афроде, ки Устоди солҳои 1973 то фурӯпошии Шӯравиро мешиносанд, бисёр андак ва ангуштшуморанд. Баъзе аз онҳоро ном мебарам (касонеро, ки ҳузури зеҳн дорам ва шояд баъзе аз онҳо аз қаламам биуфтанд, албатта касоне, ки зинда ҳастанд ном мебарам). Афроде мисли Домулло Сайидумар (ки дар зиндон аст), Домулло Қаландар Садруддин (падари Домулло Муҳаммадиқбол), Холиди Абдусалом, Махдуми Саттор (ки дар зиндон аст), Домулло Сайидиброҳими Гадо, Домулло Зубайдулло (ки эшон ҳам дар зиндонанд), Домулло Абдурраҳими Карим, Шамсуддини Саъид, Домулло Муҳамадсаъид Ризоӣ ва ғайра… Инҳо марҳуми Устодро беш аз дигарон мешиносанд ва аз аввал дар канори ӯ буданд. Гилаи ман аз ҳамин афрод аст, ки дар муаррифии Устоди он солҳо бисёр кӯтоҳӣ карда ва мекунанд.

Албатта, ҳанӯз ҳам дер нашудааст, бояд даст ба қалам шаванд, ва ё агар аҳли қалам нестанд, хотироти худро забт кунанд, то дигарон онро рӯи коғаз пиёда кунанд. Зеро, чунонки гуфтам, шинохти Устод Нурӣ, бидуни дар назар гирифтани зиндагӣ ва фаъолиятҳои ӯ дар он солҳо, аслан имконпазир нест.

* * *

Ин ёддоштро банда фақат ба ин хотир навиштам, ки барои ин азизон ҳамин нуктаро ёдоварӣ карда бошам, ки ба вазифаи худ амал кунанд. Агар имрӯз ҷомеа ва бахусус ҷавонон, аз марҳуми Устод ба таври бояд, шинохте надоранд, далелаш ҳамин аст. Ба назарам, Устоди солҳои 1997 ба баъд, дар муаррифии чеҳраи ӯ кофӣ нест. Ҷомеа бояд бо Устод Нурии замони мубориза ва фаъолиятҳо ва замони сахтиҳо ва душвориҳои ӯ дар роҳи озодихоҳӣ огоҳӣ пайдо кунад, он вақт аст, ки ӯро хоҳанд шинохт.

Ҳол, ба сурати хеле мухтасар (то ҷое, ки медонам ва аз афроди огоҳ шунидаам) мехоҳам аз Устоди он солҳо бинависам. Устоди он солҳо, яъне фарде, ки дар замоне, ки ҳатто ба хоби касе ҳам намеомад, ки бо як режими сар то ба по муҷаҳҳаз ва яке аз абарқудратҳои ҷаҳони он рӯз (яъне СССР) мубориза ва пайкор кунад ва сухан аз истиқлоли Тоҷикистон ба миён оварад, аммо ӯ ба ҳамроҳи чанд ҷавони ҳамандеш ва шогирдонаш ҷамъ мешавад ва тасмим мегирад ҳизберо таъсис кунад, ки яке аз аҳдофи ин ҳизб, мубориза бо он режими истибдодӣ аст.

Дар ибтидои кор, ӯ ва шогирдонаш, ба кори равшангарӣ мепардозанд, бо сабр, ҳавсала, барномарезӣ ва тарҳҳои кӯтоҳмуддат ва миёнмуддат ва дарозмуддат. Ин ки баъзеҳо мегӯянд, ҲНИТ дар воқеъ ҷузъе аз Наҳзати Исломии СССР аст, ин дуруст нест. Наҳзати Исломии СССР, ки дар Острохони Русия (дар охирҳои Шӯравӣ) таъсисаш эълон шуда буд, дар воқеъ бо ташаббус ва талоши ҷавонони озодихоҳи тоҷик таъсис шуда буд; тоҷикҳое, ки ҳудуди 15 сол таҷрибаи мубориза ва фаъолият доштанд. Дар воқеъ ин тоҷикҳо, яъне ҳамин Домулло Сайидумар ва Домулло Сайидиброҳим ва Муҳиддин Кабирӣ ва Шамсуддини Саъид буданд, ки дар таъсиси он саҳми бузурге доштанд. Ба ҳамин хотир аст, ки ба маҳзи фурӯпошии Шӯравӣ, ҲНИТ ба кори худ дар дохили Тоҷикистон идома дод.

Ҷомеаи Тоҷикистон, ки дар солҳои 1990 ва 1992 бо ҲНИТ тоза ва барои аввалин бор ошно шуданд (албатта, дар сатҳи давлатмардон ва сиёсатмадорон, на мардуми оддӣ), дар воқеъ бо ҳизбе ошно шуданд, ки ҳудуди 17 сол таҷрибаи мубориза ва фаъолият дар корномаи худ дошт, ва ба ҳадде аз пухтагӣ расида буд, ки метавонист ихтиёри ҳидояти кишварро аз назари сиёсӣ ба даст бигирад. Яъне, ҲНИТ дар солҳои 1991 ва 1992, як гурӯҳи тозатаъсис ва хом набуд, балки гурӯҳе буд комилан “расида”. Аз ин рӯ, ба маҳзи фурӯпошии Шӯравӣ, дар воқеъ ин ҲНИТ буд, ки тавонист ҳамаро басиҷ кунад ва ҳатто аҳзоби демукрот ва соири аҳзоби тозатаъсисро низ бо худ ҳамроҳ созад.

Ва ин нуктаро ҳам лозим аст ин ҷо ёдовар шавам, ки ҲНИТ ва аҳзоб ва гурӯҳҳои ҳамроҳи он, ҳаргиз хоҳони ҷанг набуданд. Ҷанг бар онҳо таҳмил шуд. Иншоаллоҳ дар як мақолае ҷудо хоҳам навишт, ки касоне, ки алайҳи ҲНИТ бархостанд ва ҷангро бар вай таҳмил карданд, дар воқеъ касоне буданд, ки намехостанд Тоҷикистон мустақил гардад, балки мехостанд Тоҷикистон дар ҳайъати СССР боқӣ бимонад. Инро таърих набояд фаромӯш кунад, ва албатта фаромӯш ҳам намекунад.

Ин ки гуфта мешавад, ҷанг аз берун таҳмил шуда, як ҳарфи дурӯғ ва таҳрифи таърих аст. Бале, аз берун, Русия ва баъзе аз кишварҳои ҳамсоя, мухолифони ҲНИТ ва куллан аҳзоби ҳамроҳи онро кӯмак карданд, то зимни кушту куштор, ҲНИТ-ро аз Тоҷикистон берун биронанд. Ин аст воқеият. Дар ин хусус мақолае ҷудо хоҳам навишт иншоаллоҳ!

* * *

Хуб, Устод Нурии солҳои 1973 то фурӯпошии СССР, дар воқеъ фардест, ки барои истиқлоли Тоҷикистон, барои озодии он аз СССР ва сарбаландӣ ва иззати кишвар, пой бар арсаи мубориза ва пайкор гузоштааст. Ӯ дар ин роҳ бисёр сахтиҳо ва душвориҳоеро аз сар гузоронида; аз таъқибҳо, зиндонҳо, тӯҳматҳо ва иттиҳомот гоҳе ба “ваҳҳобият” ва гоҳе ба “ватанфурӯшӣ” (ватан яъне СССР) ва ғайра, вале аз ҳамаи онҳо убур кард ва ба ҳадафаш расид, ки ҷуз истиқлоли Тоҷикистон ва озодии он набуд.

Аммо дар ин миён, иддае мавҷсаворӣ карданд ва тамоми он дастовардҳоро ба номи худ сабт намуданд ва имрӯза ба унвони “ноҷӣ”-и Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд; афроде, ки дар асл, яке аз мухолифони сарсахти истиқлоли Тоҷикистон буданд.

Ҳол, бо ин ҳисоб, оё метавон Устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба унвони фарде, ки барои истиқлоли кишвар ва озодии он, пайкор кардааст, ба фаромӯшӣ супурд ва аҳёнан сиёҳ нишон дод?!

Дар поёни ин ёддошт, боре дигар аз афроде, ки Устод Нурии солҳои мубориза ва пайкорро мешиносанд, хоҳиш мекунам ба вазифаи худ амал кунанд ва нагузоранд ин абармард ношинохта бимонад.

* * *

Зиндагинома

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 15 марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Сангвор ба дунё омадааст. Вай чаҳорумин фарзанди Нуриддин Саидов (1900—1982), раиси райпо (Тоҷикматлубот) ва ҷамоати деҳои Арғанкӯл буд. Соли 1953, пас аз он ки ноҳияи Сангвор барҳам зада ва мардумаш ба водии Вахш кӯчонда шуданд, хонаводаи Нурӣ дар совхози “Туркманистон” дар ноҳияи Вахш сокин шуданд.

Вай мактаби миёнаи маълумоти ҳамагониро соли 1964 дар ноҳияи Вахш хатм кардааст. Аз падараш ва бархе аз уламо, аз ҷумла муддаррисон ва донишмандони маъруф Сиёмиддин Наҷмиддинов ва Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон маъруф ба Ҳиндустонӣ, улуми исломиро, аз ҷумла «Сарфу наҳви арабӣ», «Маонӣ», «Мантиқ», «Фиқҳ», «Усули Фиқҳ», «Шарҳи ақида», «Таърихи Ислом», «Ҳадис» ва «Тафсири Қуръон» фаро гирифтааст.

Ҳамзамон дар муассисаи байниноҳиявии баҳисобгирии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа давраи муҳандисиро хатм карда сипас то миёнаҳои соли 1986 дар идораи мазкур инженер-геодезист будааст.

Устод Нурӣ фаъолияти кориро соли 1967 пас аз хатми курсҳои муҳандисии назди Бюрои байнихоҷагии баҳисобгирии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз карда, дар муассисаи мазкур ба ҳайси муҳандиси геодезӣ то соли 1986 фаъолият намудааст.

Моҳи июни соли 1986 мақомоти амниятӣ Нуриро бо иттиҳоми «паҳн кардани хабарҳои бардурӯғе, ки сохти ҷамъиятиву давлатии сотсиалистиро бадном мекунанд» ба ҳабс гирифта ва моҳи феврали соли 1987 бо ҳукми Додгоҳи вилояти Қӯрғонтеппа аз рӯи моддаи 203 Кодекси Ҷиноии ҶШС Тоҷикистон барои якуним сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Мӯҳлати ҷазоро дар маҳбасҳои Сибир ва Шарқи Дур сипарӣ намудааст.

Солҳои 1989-92 сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари Ислом» — органи Идораи расмии Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар айни замон роҳбари ғайрирасмии ҲНИТ буд.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон ҳиҷрат карда (1993), дар он ҷо Ҷунбиши наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис дод.

Бо мақсади ҳар чӣ зудтар расидан ба тавофуқи ниҳоӣ 7 бор дар хориҷ аз ҷумҳурӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дидор ва сӯҳбатҳо намуд. Мулоқоту сӯҳбатҳои мазкур дар муваффақона анҷом ёфтани раванди музокироти сулҳи миёни тоҷикон (апрели 1994 — июни 1997) нақши ҳалкунанда доштанд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, таҳким бахшидани ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст.

Нурӣ аз июли соли 1997 то 31 марти соли 2000 Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ буд. Аз сентябри соли 1999 то даргузашташ Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд.

Устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ 9 августи 2006 аз бемории саратон дар Душанбе даргузашт. Қабраш дар гӯристони Сари Осиё наздики Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ аст.

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муаллифи чандин асари илмӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву фалсафӣ, аз ҷумла «Дар он сӯи сиёсат» (2001), «Имрӯзу фардои Тоҷикистон» (2000), «Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом» (2001), «Оштинома» (2001), «Истиқлол чӣ мафҳум дорад?» (2001) мебошад.

Барои хидматҳои арзанда барои татбиқи нуктаҳои шартномаи истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, бо ордени «Исмоили Сомонӣ» (2000) сарфароз гардидааст. (Манбаъ: Донишномаи Википедиа)

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: