Перейти к содержимому

Эълони таъсиси як ҷунбиши сиёсии дигар дар Тоҷикистон

11 нафар аз фаъолони тоҷик аз ҷумла Анвар Қувватов (бародари Умаралӣ Қувватов), Мавҷуда Соҳибназарова, Боир Саидов, Алишер Абдураҳмонов ва Шарофиддин Гадоев, бо интишори баёнияе, таъсиси ҷунбишеро бо унвони “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” эълом карданд.

Дар баёнияи ин ҷунбиши тозатаъсис, ки имрӯз (15.03.2018) аз шаҳри Омстердоми Ҳуланд мунташир шуда, омадааст, ин ин ҷунбиш “ҳадафҳоеро пешбинӣ намудааст, ки бар асоси он, бояд як давлати модерн, посухгӯ ва масъулиятпазир” дар Тоҷикистон бино ёбад.

Муҳимтарин аҳдофи ин ҷунбиш, чунонки дар баёнияи он омада иборатанд аз:

“- бунёди кишвари қудратманд ва озод бо иқтисоди тавоно, модерн, рақобатпазир, дорои хусусияти миллӣ ва дорои бахшҳои нави иқтисодиву истеҳсолӣ, саноат, кишоварзии пешрафта, таъмини амнияти шуғлӣ ва касбу кори муносиб барои шаҳрвандон ва эҷоди фурсатҳои шуғлии обрӯмандона;

— бунёди кишваре бо меъёрҳои модерни зиндагӣ, ҳифзи муҳити зист, зерсохтҳои пешрафта ва таъмини маишати мардум, эҷоди ҷомеаи озод ва муваффақ бо арзишҳое ҳамчун эҳтиром ба Ватан, муҳаббат, адолат, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамбастагии миллию маданӣ;

— авлавиятбахшӣ ба озодии сухан, озодии ақида бо такя бар арзишҳои суннатии хонаводагӣ, анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ва миллиятҳои Тоҷикистон, ғамхории давлат ва ҷамъият ба наслҳои оянда;

— пешбурди маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг;

— таъмини иртибот ва гуфтугӯи мустақиму доимӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, мониторинги чамъиятӣ ва назорати шаҳрвандии фаъол, ибтикороти шаҳрвандӣ ва дигар барномаҳои авлавиятдошта барои мардуми Тоҷикистон;

— ҷалби шаҳрвандон, ташкилот ва институтҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳамкории доимӣ, барои расидан ба пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷиикистон, мусоидат дар тавсеаи имконоти ҳокимияти мардумӣ дар татбиқи арзишҳои демократӣ ва умумибашарӣ, идеяҳои озодӣ ва баробарҳуқуқӣ, мушорикати воқеии шаҳрвандони фаъол ва масъулиятшинос дар тасвиби қарору қонунҳои муҳимми давлатӣ ва таъсиргузор дар ояндаи миллат;

— фароҳамсозии шароит барои рушди озод ва ҳамаҷонибаи инсон ва ҷомеа;

— иҷрои ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар масири рушди устувории кишвар, некӯаҳволии моддӣ ва маънавии мардум.

— мустаҳкам намудани равобит ва муносибот бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳое, ки аз лиҳози фарҳангӣ, торихӣ ва маънавӣ бо Тоҷикистон таносуб доранд (мисли ҳамаи кишварҳои ҳамҷивор алалхусус Ҷумҳури Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Русия, кишварҳои ИДМ) ва дигар кишварҳо.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: