Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Интерпол ба сиёсӣ будани иттиҳомҳои ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ мутақоъид шудааст”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар гуфтугӯ бо пойгоҳи EADaily, бо ишора ба ҳазфи номаш аз феҳристи Пулиси байналмилал (Интерпол), тасреҳ кард: “Интерпол ба сиёсӣ будани иттиҳомҳои ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ, мутақоъид шуда. Акнун, мо барои ҳазфи номи ҳамаи аъзоёни ҲНИТ аз феҳристи Интерпол, аз созукорҳои қонунӣ истифода хоҳем кард.” Вай дар робита бо мавзеи ҳукумат дар баробари ин рухдод гуфт: “Ҳамон тавр ки интизораш мерафт, онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё иттилое надоранд, агарчи дар номаи расмии Интерпол омадааст, ки дар канори тамоми намояндагиҳои ин ниҳод дар саросари ҷаҳон, дафтари Интерпол дар шаҳри Душанбе низ аз ин тасмим огоҳонида шудааст. Дар ин нома ҳамчунин тасреҳ шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дигар ҳеч ҳаққе дар дархости муҷаддад барои ворид кардани номи ман дар феҳристи Интерпол надорад.”

Машрӯҳи мусоҳибаи пойгоҳи EADaily бо Муҳидин Кабирӣ ба шарҳи зерин аст:

— Назари шумо дар бораи тасмими Пулиси байналмилал (Интерпол) чист ва чӣ гуна онро қабул кардед ва гомҳои баъдии шумо чӣ гуна хоҳанд буд? Оё дар мавриди вокуниши расмии ҳукумати Тоҷикистон чизе медонед?

— Пинҳон намекунам, дар ҲНИТ тасмими Пулиси байналмилал (Интерпол)-ро бо шодӣ истиқбол карданд. Барои мо, ин тасмим аз аҳаммияти ҳуқуқӣ ва равонии бузурге бархӯрдор аст. Тасмимҳои Интерпол ба ин маънист, ки муҳимтарин ниҳоди пулисии байналмилалӣ, иттиҳомҳои мақомоти Тоҷикистон алайҳи ман ва ҳамҳизбиҳоямро қабул надорад. Ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Тоҷикистон узви ин ниҳод мебошад ва раиси феълии Интерпол намояндаи Чин ва муовинаш намояндаи Русия аст, тасмими ин ниҳоди байналмилалӣ, барои мо аҳаммияти бештаре пайдо мекунад. Интерпол яке аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аст, ки давлатҳои худкома ҳамеша онро ба якҷонибагарӣ муттаҳам мекунанд. Ин созмон низ як ниҳоди бюрократии пулисӣ аст, мунтаҳо дар як сатҳи васеътар.

Интерпол пас аз тасмимгирӣ дар мавриди парвандаи ман, билофосила яке дигар аз аъзои ҳизби мо, номи Қамаруддин Афзалиро низ аз феҳристи худ бардошт. Ва ин бад-он маънист, ки Интерпол ба сиёсӣ будани иттиҳомҳои ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ мутақоъид шуда. Акнун, мо барои ҳазфи номи ҳамаи аъзоёни ҲНИТ аз феҳристи Интерпол, аз созукорҳои қонунӣ бояд дуруст истифода кунем. Албатта, ин кор ба вақт ва талошҳои зиёде ниёз дорад, вале мо барои дастёбӣ ба ин ҳадаф, пайваста талош хоҳем кард.

Аммо дар робита бо вокуниши ҳукумати Тоҷикистон, ҳамон тавр ки интизораш мерафт, онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё иттилое надоранд, агарчи дар номаи расмии Интерпол омадааст, ки дар канори тамоми намояндагиҳои ин ниҳод дар саросари ҷаҳон, дафтари Интерпол дар шаҳри Душанбе низ аз ин тасмим огоҳонида шудааст. Дар ин нома ҳамчунин тасреҳ шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дигар ҳеч ҳаққе дар дархости муҷаддад барои ворид кардани номи ман дар феҳристи Интерпол надорад.

Имрӯз, мақомоти Тоҷикистон танҳо худро фиреб медиҳанд вақте мегӯянд, аз тасмими Интерпол огоҳ нестанд. Албатта, метавон онҳоро дарк кард. Аммо суолбарангезтар аз мавзеъи мақомот, ин мавзеъи “расонаҳои мустақилл”-и Тоҷикистон аст, ки “мутаваҷҷеҳи” ин тасмим нашудаанд, бар хилофи Reuters, New York Times, Le Lanceur ва даҳҳо расонаи арабӣ, туркӣ ва форсӣ. Дар ҳоле, ки вақте номи ман дар феҳристи Интерпол қарор гирифта буд, ин расонаҳо ба сурати хеле густарда онро пӯшиш дода буданд.

— Шумо Тоҷикистонро дар таърихи 1 марти соли 2015 тарк кардед. Ва билофосила фаъолияти ҲНИТ дар ҳудуди кишвар мамнӯъ эълон гардид. Оё халаъе, ки пас аз қатъи фаъолияти ҳизби шумо дар Тоҷикистон эҷод шуд, пур шудааст? Оё пешбинии коршиносон, ки пешбинӣ мекарданд, бештари аъзои ҲНИТ ё рӯй ба фаъолияти зеризаминӣ хоҳанд овард ва ё роҳии ҷанг дар Сурия ва Афғонистон хоҳанд шуд, ба воқеият пайваст?

— Ин пешбиниҳо то ҳадде дуруст аз об даромаданд. Мутаассифона, родиколизе (ифротӣ) шудани ҷомеа, ба хусус ҷавонон, ба ҳамон суръати пешин идома дорад. Бале, пас аз шикасти ДОЪИШ, ин тасаввур эҷод шуда, ки аз маҳбубияти созмонҳои шабеҳи ДОЪИШ, дар миёни ҷавонон коста шуда. Дар ҳоле, ки чунин нест. Балки дар воқеъ, як раванди родиколеза ва ифротӣ шудан ба сурат пинҳон ҷараён пайдо карда, ки метавонад шакли муназзаме ба худ бигирад ва ҳар лаҳза имкон дорад эъломи мавҷудият бикунад.

Аммо дар робита бо ҳизби мо, хушбахтона пешбиниҳои коршиносон ба воқеият напайваст. Зеро, алорағми вуҷуди мушкилоти фаровон, мо тавонистем хатти мӯътадили ҲНИТ-ро ҳифз ва нигаҳ дорем, ва ҳам худи ҳизбро ҳам нигаҳ дорем. Агар мо дар мавриди тоҷиконе, ки ба саффи ДОЪИШ пайвастаанд, дуруст таҷзия ва таҳлил намоем, хоҳем дид, ки теъдоди аъзои “Фронти халқӣ” — ки як созмони тарафдори ҳукумат ба шумор меравад – ва ё кормандони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, ки ба саффи ДОЪИШ пайвастанд, ба маротиб бештар аз аъзои собиқи ҳизби мо, ки ба ин созмони теруристӣ мулҳақ шуданд мебошад. Кофист фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимовро ёдовар шавем. Мошини таблиғотии Тоҷикистон ҳамаи талоши худро мекунад, то як робитаи идеулужик байни ҲНИТ ва ДОЪИШ “пайдо” ва “собит” намояд, ва таваҷҷӯҳаш низ дар ин замина рӯи номи ҳизби мост, ки дар он “ислом” вуҷуд дорад. Ва тасмими Интерпол худ далели он аст, ки мо ҳеч иртиботе бо ДОЪИШ надоштаем.

— Вазъият дар Афғонистон то чӣ ҳадд суботи Тоҷикистонро таҳдид мекунад? Оё хатари интиқоли амалиёти низомӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?

— Возеҳ аст, ки пас аз шикасти ДОЪИШ, ҷангҷӯёни доъишӣ, ки аз минтақаи мо ҳастанд, дар Афғонистон тамаркуз хоҳанд намуд. Чаро ки онҳо дигар ҷое барои рафтан надоранд. Ва ин хатари бштаре ба Афғонистон дорад, то Тоҷикистон. Дар минтақаи мо, як дарки муштарак аз ин таҳид вуҷуд дорад, ва бинобар ин, як омодагӣ низ барои муқобила бо он вуҷуд дорад. Албатта, дар мавриди хатари ин омил, қадре иғроқу муболиға мешавад ва барои тақвияти мавзеъи худ дар минтақа, аз ин вазъият истифода мекунанд. Бесуботӣ дар Афғонистон фақат замоне метавонад як таҳдиди воқеӣ барои Тоҷикистон гардад, ки омилҳои бесуботкунанда дар дохили кишвар ташдид ёбанд. Ва ин комилан имконпазир аст, зеро ки вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ рӯз аз рӯз дар ҳоли вахимтар шудан аст, саркӯби дигарандешон идома дорад, фасодҳои идорӣ ва хешовандсолорӣ дигар ҳамаи сохторҳо ва ниҳодҳои давлатиро фаро гирифта. Ҳукумат ҳеч чизеро нагузошт магар ин ки мамнӯъ кард, ва танҳо бо эъмоли мамнӯият мехоҳад мушкилотро ҳал кунад. Ин ҳукумат танҳо машғули баргузории ҷашну консертҳост, аммо амният ва иқтисоди кишвар ҳанӯз ба баракати ҳузури низомии Русия ва сармоягузориҳои Чин нигаҳ дошта мешавад.

— Порлумони Тоҷикистон дар ҳоли баррасии масъалаи хариду фурӯши замин аст. Шумо намояндаи порлумон дар чанд давра будед, лутфан ин иқдоми ҳукуматро тавзеҳ бидиҳед. Чӣ касе ба ин ниёз дорад, ва оё дар Тоҷикистон латифундистҳо пайдо хоҳанд шуд? (Латифундист ба касе, ки соҳиби заминҳои васеъ бошад гуфта мешуд, ки дар даврони бардадорӣ ва феодалӣ роиҷ буд.)

— Асосу мабнои зуҳури латифундистҳо – заминдорони бузург – ҳанӯз дар соли 2013 поярезӣ шуда буд, замоне ки порлумон бо пешниҳоди ҳукумат, ислоҳотеро дар қонун “дар бораи раҳн (ипотека)” ба тасвиб расонд. Он замон ба бонкҳо ва соири муассисоти молӣ ва эътиборӣ иҷоза дода шуд, то гувоҳӣ (сертификат) дар бораи истифода аз заминро ба унвони гарав бигиранд, ва замоне ки тоҷир ё касе, ки аз бонк пул гирифтааст натавонад қарзро сари вақт супорад, ҳаққи моликияти гувоҳинома ба қарздиҳанда мегузарад. Дар ин сурат, молики аввалӣ агар бихоҳад метавонад ба унвони аҷир (муздур) дар замини худ кор бикунад. Замин, мисли ҳар моли ғайриманқули дигар, дар бозор мавриди хариду фурӯш қарор намегирад, ва инҷо шаъйи мавриди муомила, ҳаққи моликият ва ҳаққи истифода аст. Дар ҳамон соли 2013, чанд намояндаи порлумон аз ҷумла банда, бо ин гуна кулоҳбардориҳо мухолифат кардем. Бар асоси Қонуни асосӣ, замин дар Тоҷикистон моликияти давлатӣ ба шумор омада ва мутаъаллиқ ба мардум аст. Ҳар шаҳрванд, ба унвони ҷузъе аз миллат, ҳаққи моликият ба заминро дорад. Агар ҳукумат мехоҳад ҳаққи моликияти хусусӣ ба заминро ҷорӣ созад, пас бояд як ҳамапурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ (Конституция) баргузор намояд ва як созу кори одилонаеро барои тақсими замин миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳ андозад. Банда, шахсан ҳеч эътирозе ба моликияти хусусӣ ба замин надорам, зеро доду ситадҳои фосиди заминро маҳдуд месозад, аммо фикри феълии мақомот мумкин аст мунҷар ба як инфиҷори иҷтимоӣ гардад. Зеро бо таваҷҷӯҳ ба таъаллуқи таърихии тоҷикон ба замин ва маҳдуд будани манобеи заминӣ, замин барои тоҷикҳо маъное фаротар аз худи заминро дорад. Аз ин рӯ, як ислоҳоти ҷидии заминӣ бо истифода аз таҷрибаҳои мусбати кишварҳои дигар зарурат дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: