Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (36)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши ҳаштум: шафоат (2)

Нақзи қонун

Навъи нодурусти шафоат, ки ба далоили ақлӣ ва нақлӣ мардуд шинохта шудааст, ин аст, ки гуноҳкор битавонад василае барангезад ва ба тавассути он аз нуфузи ҳукми илоҳӣ ҷилавгирӣ кунад, дуруст ҳамон тавре, ки дар портибозиҳои (ошнобозиҳои) иҷтимооти мунҳатти башарӣ таҳаққуқ дорад.

Бисёре аз авомми мардум шафоати анбиё ва авлиёро чунин мепиндоранд; мепиндоранд, ки Пайғамбари Акрам (с) ва авлиёуллоҳ бонуфузҳое ҳастанд, ки дар дастгоҳи Худо эъмоли нуфуз мекунанд, иродаи Худоро тағйир медиҳанд ва қонунро нақз мекунанд.

Аъроби замони ҷоҳилият низ дар бораи бутҳое, ки шарики Худованд қарор медоданд, ҳамин тасаввурро доштанд. Онон мегуфтанд, ки офариниш мунҳасиран дар дасти Худост ва касе бо ӯ дар ин кор шарик нест, вале дар идораи ҷаҳон бутҳо бо ӯ ширкат доранд. Ширки аъроби ҷоҳилият, ширк дар “холиқ” набуд, ширк дар “рабб” (парвардигор) буд.

Медонем, ки дар миёни афроди башар гоҳе касе муассисаеро ба вуҷуд меоварад, вале идораи онро ба дигаре вогузор менамояд, ё дар идораи он муассиса худаш бо дигарон ба таври муштарак даст ба кор мешавад. Ақидаи мушрикин дар бораи Худо ва ҷаҳон ва дар идораи ҷаҳон, ба ин шакл буд.

Қуръони Карим ба сахтӣ бо он мубориза кард ва мукаррар эълом намуд, ки барои Худо шарике нест на дар холиқият ва на дар рубубият. Ӯ ба танҳоӣ, ҳам падидоварандаи ҷаҳон аст ва ҳам тадбиркунандаи он, мулку подшоҳии ҷаҳон ихтисос ба ӯ дорад ва ӯ раббулоламин аст.

Мушрикин, ки мепиндоштанд рубубияти ҷаҳон байни Худо ва ғайри Худо тақсим шудааст, бар худ лозим намедонистанд, ки дар садади ҷалби ризо ва хушнудии Аллоҳ бошанд. Мегуфтанд, метавон бо қурбониҳо ва парастишҳое, ки дар баробари бутҳо анҷом медиҳем, ризояти раббҳои дигарро ба даст оварем ва назари мувофиқи онҳоро ҷалб кунем, ҳарчанд мухолифи ризои Аллоҳ бошад. Агар ризояти инҳоро касб кунем, онҳо худашон ба наҳве корро дар назди Аллоҳ ҳал мекунанд.

Агар дар миёни мусалмонон ҳам касе чунин мӯътақид шавад, ки дар канори дастгоҳи салтанати рубубӣ, салтанати дигар ҳам вуҷуд дорад ва дар муқобили он даст ба кор аст, чизе ҷуз ширк нахоҳад буд. Агар касе гумон кунад, ки таҳсили ризо ва хушнудии Худои Мутаъол роҳе дорад, ва таҳсили ризо ва хушнудии Паёмбар (с) роҳе дигар дорад ва ҳар як аз ин ду, ҷудогона мумкин аст саодати инсонро таъмин кунад, дучори залолати бузурге шудааст. Дар ин пиндори ғалат чунин гуфта мешавад, ки Худо бо чизҳое розӣ мешавад ва Паёмбар (с) бо чизҳои дигар. Худо бо анҷом додани воҷибот монанди намоз, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод, закот, ростӣ, дурустӣ, хидмат ба халқ, некӣ ба волидайн ва амсоли инҳо ва бо тарки гуноҳон аз қабили дурӯғ, зулм, ғайбат, шаробхорӣ ва зино розӣ мегардад, вале масалан Имом Ҳусайн (а) бо ин корҳо коре надорад, ризои ӯ дар ин аст, ки масалан барои фарзанди ҷавонаш Алиакбар (а) гиря ва ё лоақал табокӣ кунем. Ҳисоби Имом Ҳусайн аз ҳисоби Худо ҷудост. Ба дунболи ин тақсим, чунин натиҷа гирифта мешавад, ки таҳсили ризои Худо душвор аст, зеро бояд корҳои зиёдеро анҷом дод, то ӯ розӣ гардад, вале таҳсили хушнудии Имом Ҳусайн (а) саҳл аст, фақат гиря ва сина задан. Ва замоне, ки хушнудии Имом Ҳусайн (а) ҳосил гардад, ӯ дар дастгоҳи Худо нуфуз дорад, шафоат мекунад ва корҳоро дуруст мекунад, ҳисоби намозу рӯзаву ҳаҷҷу ҷиҳоду инфоқ дар роҳи Аллоҳ, ки анҷом надодаем, ҳама тасфия мешавад ва гуноҳон ҳар чи бошад, бо як фавт аз байн меравад.

Инчунин тасвире аз шафоат, на танҳо ботил ва нодуруст аст, балки ширк дар рубубият аст ва ба соҳати поки Имом Ҳусайн (а), ки бузургтарин ифтихораш “убудият” ва бандагии Худост низ иҳонат аст, ҳамчунон ки падари бузургвораш аз нисбатҳои ғолиён сахт хашмгин мешуд ва ба Худои Мутаъол аз гуфтаҳои онҳо паноҳ мебурд. Имом Ҳусайн (а) кушта нашуд барои ин ки — алаёзу биллоҳ — дастгоҳе дар муқобили дастгоҳи Худо ё шариати ҷаддаш Расули Худо (с) ба вуҷуд ояд, роҳи фироре аз қонуни Худо нишон диҳад. Шаҳодати ӯ барои ин набуда, ки барномаи амалии ислом ва қонуни Қуръонро заъиф созад. Баръакс, вай барои иқомаи намозу закоту соири муқаррароти ислом, аз зиндагӣ чашм пӯшида ба шаҳодат тан дод.

Худи ҳазрат дар фалсафаи қиёмаш мефармояд:

واني لم اخرج اشرا ولا بطرا ولا مفسدا ولا ظالما، وانما خرجت لطلب الاصلاح في أمة جدّي، اريد أن آمر بالمعروف وانهى عن المنكر

Ман аз рӯи ҳавасу ҷоҳталабӣ қиём накардаам, хуруҷу қиёми ман ба манзури ислоҳ дар уммати ҷаддам мебошад, мехоҳам, ки ба некӣ амр кунам ва аз бадӣ наҳй намоям.”

Ва мо низ дар зиёрати ӯ чунин хитоб мекунем:

أشهد أنك قد أقمت الصلوة وآتيت الزكوة وأمرت بالمعروف ونهيت عن المنكر وجاهدت في الله حقّ جهاده وعملت بكتابه واتّبعت سنن نبيّه

 * * *

Ҳифзи қонун

Акнун бибинем, шафоати саҳеҳ кадом аст? Шафоати саҳеҳ, ки таъйидкунандаи қонун ва ҳофизи низом аст ва оятҳо ва ривоятҳои зиёде аз тариқи шиъа ва суннӣ вуҷуди онро исбот мекунад, бар ду гуна аст:

1) Шафоати “раҳбарӣ” (ё шафоати “амал”);

2) Шафоати “мағфират” (ё шафоати “фазл”).

Навъи аввал, шафоате аст, ки шомили наҷот аз азоб ва найл ба ҳасанот ва ҳатто боло рафтани дараҷот мебошад. Ва навъи дуввум, шафоате аст, ки таъсири он дар аз байн бурдани азоб ва дар мағфирати гуноҳон аст ва ҳаддиаксар мумкин аст сабаби вусул ба ҳасанот ва савобҳо ҳам бишавад, вале болобарандаи дараҷаи шахс нахоҳад буд, ва ин ҳамон аст, ки дар бораи он Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармудааст:

ادّخرت شفاعتي لأهل الكبائر من أمّتي، وأما المحسنون فما عليهم من سبيل

Ман шафоатамро барои гуноҳкороне аз уммат, ки муртакиби гуноҳи кабира шудаанд захира кардаам, аммо некӯкорон мавриди муохиза қарор намегиранд.”

* * *

Шафоати раҳбарӣ

Барои тавзеҳи ин навъ аз шафоат, лозим аст матлаберо, ки дар бахши қабл таҳти унвони “азоби ухравӣ” мавриди диққат қарор додем ба ёд оварем. Дар он баҳс, гуфтем, ки аъмол ва кирдорҳое, ки инсон дар дунё муртакиб мегардад, дар ҷаҳони дигар таҷассум ва тамассул пайдо мекунанд ва ҳақиқати айнии онҳо ҷилвагар мешавад. Акнун меафзоем, ки дар охират на танҳо аъмол таҷассум пайдо мекунанд, балки “равобит” низ муҷассам мегардад. Равобити маънавие, ки дар ин ҷаҳон байни мардум барқарор аст, дар он ҷаҳон сурати айнӣ ва малакутӣ пайдо мекунанд.

Замоне, ки як инсон сабаби ҳидояти инсони дигар мешавад, робитаи раҳбарӣ ва пайравӣ дар миёни онон, дар растохез ба сурати айнӣ дармеояд ва “ҳодӣ” ба сурати пешво ва имом, ва “ҳидоятёфта” ба сурати пайрав ва маъмум зоҳир мегардад. Дар мавриди гумроҳ сохтан ва иғво ҳам ҳамин тавр аст. Қуръони Карим мефармояд:

يَوْمَ نَدْعُو كُلَّ أُنَاسٍ بِإِمَامِهِمْ

Рӯзе, ки ҳар мардумеро бо пешвои эшон мехонем…” (Сураи Исро, ояти 71)

Яъне ҳар касе бо пешвои худаш, яъне бо ҳамон кас, ки амалан улгуи ӯ ва илҳомбахши ӯ будааст, маҳшур мегардад.

Дар бораи таҷассуми пешвоии Фиръавн нисбат ба қавми худ дар охират, мефармояд:

يَقْدُمُ قَوْمَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَأَوْرَدَهُمُ النَّارَ

Фиръавн пешопеши пайравонаш ҳаракат мекунад, пас дар оташ воридашон месозад…” (Сураи Ҳуд, ояти 98)

Фиръавн, ки дар ин ҷаҳон гумроҳ ва пешвои гумроҳон буда ва гумроҳони дигари қавмаш гом ҷои гоми ӯ мегузоштанд, дар он ҷаҳон низ ба сурати пешвои онон муҷассам мешавад. Фиръавн шафеъ ва воситаи қавми худ мебошад, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират, шафеъе аст, ки дар дунё мӯҷиби гуноҳон ва залолатҳо будааст ва дар охират воситаи расонидан ба дӯзах ва оташ. Шафеъ ва восита будани ӯ дар бурдани қавм ба дӯзах дар ҷаҳони охират, ҳамоно таҷассуми восита будани ӯ дар ҷаҳони дунё дар гумроҳии қавмаш аст.

Нуктаи ҷолиб дар таъбири Қуръон ин аст, ки мефармояд, Фиръавн қавми худро дар он ҷаҳон вориди дӯзах месозад. Қуръон бо ин таъбири худ, таҷассуми таъсири Фиръавнро дар гумроҳии пайравонаш гӯшзад мекунад ва мегӯяд, ҳамон тавр, ки дар дунё Фиръавн онҳоро вориди гумроҳӣ кард, дар охират онҳоро вориди дӯзах мекунад. Балки ворид кардани онҳо ба дӯзах дар он ҷаҳон, айнан зуҳур ва таҷассуми ворид кардани онҳо дар гумроҳӣ дар ин ҷаҳон аст.

Албатта равшан аст, ки ҳамон тавре, ки дар ин ҷаҳон ҳар як аз раҳбарии ҳаққу ботил иншиъобот ва тақсимоте дорад, дар ҷаҳони дигар ҳам чунин хоҳад буд. Масалан, ҳамаи касоне, ки аз нури ҳидояти Расули Акрам (с) равшанӣ гирифтаанд ва аз шариати он вуҷуди муборак баҳраманд шудаанд, ба дунболи ӯ хоҳанд буд ва ӯ — ҷонҳои мо нисори қадамаш — парчамдори некӯкорон аст, ки дар қиёмат “парчами сипос” (ливоул-ҳамд)-ро дар даст дорад.

Дар ин маънои шафоат аст, ки Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шафеъи Амири мӯъминон (а) ва ҳазрати Заҳро (а) мебошад ва онҳо шафеъи Ҳасанайн (а) ва ҳар имоме шафеъи имоми дигар ва шафеъи шогирдон ва пайравони хеш аст. Силсиламаротиб маҳфуз аст, соири маъсумин ҳар чӣ доранд, ба тавассути Расули Акрам доранд.

Ва дар ҳамин ҳисоб аст, ки ҳатто уламо аз касоне, ки мавриди таълиму ҳидояти эшон қарор гирифтаанд, шафоат мекунанд. Як силсилаи муртабит ва пуриншиъобе ба вуҷуд меояд, ки гурӯҳҳои кучак ба бузургтар мепайванданд ва дар раъси силсила, ҳазрати Расули Акрам пешопеши ҳама мешитобад.

قسيم جسيم وسيم بسيم

شفيع مطاع نبيّ كريم

* * *

Равон аз пешу дилҳо ҷумла аз пай

Гирифта дасти ҷонҳо домани вай.

* * *

Аз шафеъ аст ин ҷаҳону он ҷаҳон,

Ин ҷаҳон зӣ дину он ҷо зӣ ҷинон.

Ин ҷаҳон гӯяд, ки ту раҳшон намо

В-он ҷаҳон гӯяд, ки ту маҳшон намо.

Пешааш андар зуҳуру дар кумун,

“Иҳдӣ қавмӣ иннаҳум ло яъламун”.

Бозгашта аз дами ӯ ҳар ду боб,

Дар ду олам даъвати ӯ мустаҷоб.

Баҳри ин хотам шудаст ӯ, ки ба ҷуд

Мисли ӯ на буду на хоҳанд буд…

Садҳазорон офарин бар ҷони ӯ,

Бар қудуму даври фарзандони ӯ.

Он халифазодагони муқбилаш

Зодаанд аз унсури ҷону дилаш.

Гар зи Бағдоду Ҳарӣ ё аз Райанд,

Бе мизоҷи обу гил насли вайанд.

Шохи гул ҳар ҷо, ки рӯяд, ҳам гул аст,

Хумми мул ҳар ҷо, ки ҷӯшад, ҳам мул аст.

Гар зи Мағриб барзанад хуршед сар,

Айни хуршед аст, на чизи дигар.

(Мавлавӣ)

Иллати ин ки дар ривоятҳо дорем, ки Имом Ҳусайн (а) аз халқи касире шафоат мекунад, ин аст, ки дар ин ҷаҳон мактаби Имом Ҳусайн (а) беш аз ҳар мактабе мӯҷиби эҳёи дин ва ҳидояти мардум шудааст.

Ҳамон тавр, ки қаблан гуфта шуд, шафоати Имом Ҳусайн (а) ба ин сурат нест, ки бар хилофи ризои Худо ва иродаи ӯ, чизеро аз Худо бихоҳад. Шафоати ӯ ду навъ аст: як навъи он ҳамин ҳидоятҳое аст, ки дар ин ҷаҳон эҷод кардааст ва дар ҷаҳони дигар муҷассам мешавад, ва навъи дуввуми онро ба зудӣ баён мекунем.

Имом Ҳусайн (а) шафеъи касоне аст, ки аз мактаби ӯ ҳидоят ёфтаанд, ӯ шафеъи касоне нест, ки мактабашро василаи гумроҳӣ сохтаанд.

Аз ин нукта набояд ғафлат варзид, ки ҳамон тавре, ки аз Қуръони Карим гурӯҳе ҳидоят ёфтаанд ва гурӯҳе гумроҳ шудаанд, аз мактаби Имом Ҳусайн (а) низ гурӯҳе ҳидоят шуда ва гурӯҳе гумроҳ гаштаанд, ва ин марбут ба худ мардум аст.

Худо дар бораи масалҳои Қуръон мефармояд:

يُضِلُّ بِهِ كَثِيرًا وَيَهْدِي بِهِ كَثِيرًا وَمَا يُضِلُّ بِهِ إِلاَّ الْفَاسِقِينَ

Ба сабаби Қуръон, гурӯҳеро гумроҳ месозад ва гурӯҳеро ҳидоят мекунад, ва ҷуз бадкоронро гумроҳ намесозад.” (Сураи Бақара, ояти 26)

Муллои Румӣ, тамсили олӣ ва зебое барои ин матлаб овардааст, мегӯяд:

Аз Худо мехоҳ то з-ин нуктаҳо

Дарналағзиву расӣ дар мунтаҳо.

З-он ки аз Қуръон басе гумраҳ шуданд,

З-он расан қавме даруни чаҳ шуданд.

Мар расанро нест ҷурме, эй ануд!

Чун туро савдои сарболо набуд.

Расан яъне ресмон, таноб. Бо таноб, ҳам мешавад аз чоҳ берун омад ва ҳам мешавад ба даруни чоҳ рафт, то кадомро интихоб кунем. Қуръон ва мактаби ҳусайнӣ ресмонҳое ҳастанд, ки қудрат доранд башарро аз чоҳи нигунбахтӣ ба авҷи саодат боло баранд. Яке, “ҳаблун миналлоҳ” (ресмоне аз Худо) ва дуввумӣ “ҳаблун минаннос” (ресмоне аз мардум) аст, вале агар касе аз ин ду ҳабли илоҳӣ суистифода намуд, ҷурм аз ресмон нест, иллат ин аст, ки ӯ дар сар савдои боло рафтан надоштааст, ва албатта чунин мардуме ба василаи Қуръон ва мактаби ҳусайнӣ ба қаъри дӯзах бурда мешаванд, ва ин ҳақиқат дар ҷаҳони дигар чунин муҷассам мегардад, ки ба фармони Қуръон ва имомон ба дӯзах афканда мешаванд. Ва ин аст маънии қасимулҷаннати ваннор будан.

Дар ривоят аз Расули Акрам (с) омадааст:

إن القرآن شافع مشفّع وماحل مصدّق

Қуръон шафеъе аст, ки шафоаташ пазируфта аст, ва сиъояткунандае аст, ки сиъояташ пазируфта мешавад.”

Ҳақиқатан таъбири аҷибе аст. Мефармояд:

Қуръони Карим, ҳам шафеъи мӯъминон ва некӯкорон аст ба биҳишти саодат, ва ҳам хасми кофирон ва муҷримон аст ба сӯи дӯзах. Воситае аст, ки ононро ба биҳишти барин ва инонро ба дӯзах мекашонад.

Ин навъ аз шафоатро шоиста аст “шафоати раҳбарӣ” биномем ва метавон онро “шафоати амал” ҳам номид; зеро омили асосие, ки дар ин ҷо мӯҷиби наҷот ё бадбахтӣ гардидааст, ҳамон амали некӯкору бадкор аст.

Равшан аст, ки ҳеч як аз ишколоти шафоат бар ин гуна аз шафоат, ки шарҳ дода шуд ворид нест ва махсусан шафоат ба ин маънӣ бо “адли илоҳӣ” ба ҳеч ваҷҳ мунофот надорад, балки таъйидкунандаи он аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: