Перейти к содержимому

Парвини Эътисомӣ

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Парвини Эътисомӣ

Рахшанда Эътисомӣ мутахаллис ба Парвин (1907-1941), аз шоирони баноми эронӣ аст. Ӯ 16 марти соли 1907 дар Табрез ба дунё омадааст. Падараш, Юсуфи Эътисомӣ мулаққаб ба Эътисомулмулк, аз адибон, нависандагон ва мутарҷимони асри худ, ва модараш, ки Ахтар ном дошт, духтари Мирзо Абдулҳусайни Муқаддамуладола, аз шоирони охирҳои давраи Қоҷор буд.

Парвин дар кӯдакӣ ҳамроҳ бо падар ба Теҳрон омад ва дар ин шаҳр сокин шуд. Парвин зери назари падар ва дар муҳите илмӣ ва адабӣ тарбият шуд ва бо афкори нухбагони адаби асри худ ошно шуд. Муқаддамоти форсӣ ва арабиро назди падар омӯхт ва дар “Мадрасаи Уносия”-и Теҳрон ба таҳсил пардохт ва дар 18-солагӣ аз он мадраса фориғуттаҳсил шуд ва муддате низ дар ҳамонҷо тадрис кард. 10 сол пас аз ин таърих издивоҷ кард. Шавҳараш писарамуи падари ӯ ва афсари шаҳрбонӣ буд. Парвин пас аз ду моҳу ними иқомат дар хонаи ҳамсар, ба манзили падар бозгашт ва расман аз ӯ ҷудо шуд.

Ба гуфтаи Абулфатҳи Эътисомӣ, бародари Парвин, ки манбаи аслии иттилооти марбут ба зиндагии хусусии Парвин аст, “ин издивоҷ мутаносиб набуд” ва “ахлоқи низомӣ”-и ҳамсари Парвин “бо руҳи латиф ва озод”-и ӯ муғойират дошт. Илова бар ин, Парвин аз муҳити поки хонаи падарӣ, пас аз издивоҷ “ногаҳон ба хонае ворид шуд, ки як дам аз машрубу дуду тарёк холӣ набуд.” (Абулфатҳи Эътисомӣ, “Таърихчаи зиндагонии Парвини Эътисомӣ”, с.7)

Вай даъвати Ризошоҳ барои муаллимии маликаро напазируфт ва нишони дараҷаи севвуми илмии давлати вақти Паҳлавиро ба Ризошоҳ пасфиристод, чаро ки он нишонро тавҳин ба худ медонист.

Парвин дар остонаи 35-солагӣ бемор шуд ва 5 апрели соли 1941 даргузашт ва дар ҳарами ҳазрати Фотимаи Маъсума дар Қум дар мақбараи хонаводагӣ дар канори падар ба хок супурда шуд.

* * *

Шеъри Парвин

Шеъри Парвин таълимӣ ва ахлоқӣ аст, на ғиноӣ ва тағаззулӣ. Дар тақсимбандии шеър ба наву куҳан, Парвинро бояд дар радифи куҳансароён қарор дод, ҳарчанд дар баъзе аз ашъори ӯ, ба нудрат ибтикороте барои даст ёфтан ба қолабҳои тоза мушоҳида мешавад.

Маликушшуарои Баҳор сабки шеърии Парвинро сабки мустақил медонад мураккаб аз ду сабки хуросонӣ дар қасоид ва ироқӣ дар қатаъот ва мунозарот.

Вожагони шеъри Парвин фохиру фахим аст ва дар он аз луғот ва истилоҳоти арабии маҳҷур ва ё баъзе луғоти фарангӣ, ки бар асари таҳаввулоти иҷтимоии ношӣ аз тараққӣ ва таҷаддуд дар даврони ӯ маъмул будааст, хабаре нест. Парвин гоҳе аз авзон ва буҳури номатбӯъ истифода карда ва аз ҳайси тарзи баёни мафоҳиму маъонӣ, махсусан ба “мунозара” ва “суолу ҷавоб” таваҷҷӯҳ доштааст.

Дар девони ӯ беш аз ҳафтод намунаи мунозара омада, ки вайро аз ин ҳайс дар миёни ҳамаи шоирони форсизабон мумтоз сохтааст. Ин мунозарот на фақат миёни одамиёну ҷонварону гиёҳон, балки миёни анвоъи ашё аз қабили сӯзану нах низ иттифоқ меафтад.

Шеъри Парвин равон ва осонфаҳм аст ва ба қавли падараш Эътисомулмулк, барои мубаддал кардани он ба наср, ҷо ба ҷо кардани калимот кофӣ аст ва ниёзе ба афзудан ва костани чизе нест. Метавон гуфт, ки шеъри Парвин аз намунаҳои шеъри саҳли мумтанеъ аст.

Хусусияти дигари шеъри ӯ, якдастӣ ва якнавохтии ҳамаҷонибаӣ аст, ки дар кулли девони ӯ дида мешавад ва “эҳсосоти мутазодд ва аҳволу ҳаводисе, ки шоирро барангехта, ҳеч вақт тарзу сабки хосси ӯро аз ихтиёраш” берун наёвардааст. (Муҳаммадтақии Баҳор, “Баҳор ва адаби форсӣ”, ҷ.1, с.212)

Баъзе аз мунтақидон, шеъри ӯро шеъри “сиёсат ва ахлоқ” номида ва гуфтаанд, ки “салосати каломи шоирона ва салобати паёми сиёсӣ ва маҳобати халалнопазири ахлоқ” дар шеъри ӯ ҷамъ шудааст. (Ҳамиди Даббошӣ, “Шеър, сиёст ва ахлоқ: армуғони Парвини Эътисомӣ ба шеъри муосири форсӣ”, с.240-263)

Парвин дар шеъри “Соиқаи мо, ситами ағниёст” ба тақбеҳи зулм мепардозад, дар “Эй ранҷбар!” заҳматкашонро ба инқилоб дар баробари золимон фаро мехонад, дар “Тирабахт” фақрро ба тасвир мекашад ва дар “Шикояти пиразан” машрӯияти сиёсии давлатро мавриди шакку тардид қарор медиҳад.

Девони Парвин аз ҳайси васфи бевоситаи табиат заиф аст ва васфи табиат дар он ба сурате ғайримустақим ва дар лобалои ашъори дигар омадааст. Дар шеъри ӯ, ҳазлу таъбироти ракик дида намешавад, ҳарчанд, ки Парвин дар бархе аз ашъор, барои баёни мақсуди худ аз ришханд истифода кардааст.

* * *

Девони Парвин

Девони Парвин маҷмӯан муштамил бар 5606 байт дар қолаби 209 қасида, қитъа, ғазал ва маснавӣ ва 5 қитъаи кӯтоҳи ду се байтӣ ва 11 такбайтӣ аст ва дар он ҷуз панҷ шаш ғазал дида намешавад. Албатта чунонки дар Луғатномаи Деҳхудо омадааст, ин девон муштамил бар ҳамаи ашъори ӯ нест. Вай чанд сол пеш аз марги худ, як қисмат аз ашъорашро, ки матлуби табъаш набуда сӯзондааст.

* * *

Мизони гароиш ба шеъри Парвин

Парвин дар ду се даҳаи аввали пас аз даргузашташ, ба ҷиҳати адами гароишҳои морксистӣ (ки дар замони ӯ рӯшанфикрӣ дар Эрон мусовӣ бо морксистӣ будааст) ва беалоқагӣ ба қолабшикании шеъри куҳани форсӣ, чандон мавриди алоқа ва таваҷҷӯҳи рӯшанфикрон набуд. Вақте мақолоте ваҳномез дар бораи Парвин дар маҷаллаи “Рӯшанфикр” ба чоп расид, на худи он маҷалла ва на маҷаллоти дигар ҳозир ба чопи ҷавобияи Абулфатҳи Эътисомӣ, бародари Парвин, нашуданд ва Абулфатҳ ночор шуд, ки посухи худро дар ҷузвае мустақил чопу мунташир кунад. (Абулфатҳи Эътисомӣ, “Посух ба маҷаллаи Рӯшанфикр”, с.62-69)

Пас аз инқилоби исломӣ дар Эрон, шеъри Парвин беш аз гузашта маҳалли эътино воқеъ шуд. Имрӯза, шеъри Парвин дар китобҳои мақотеъи мухталифи таҳсилии Эрон ҷой гирифта, теъдоде аз абёти ӯ ба сурати масал даромада ва нависандагон, гӯяндагон ва хатибон дар баёни мақосиди худ аз ашъори ӯ истифода мекунанд. Ҳамчунин мадрасаҳо ва гузаргоҳҳое дар саросари Эрон ба номи ӯ номгузорӣ шуда.

Ба муносибати бузургдошти Парвини Эътисомӣ, 25-уми исфанд (16 март) дар тақвими расмии Эрон, Рӯзи бузургдошти Парвини Эътисомӣ номгузорӣ шудааст.

* * *

Ду намуна аз ашъори Парвин:

Рӯзе гузашт подшаҳе аз гузаргаҳе,

Фарёди шавқ бар сари ҳар кую бом хост.

Пурсид з-он миёна яке кӯдаки ятим,

К-ин тобнок чист, ки бар тоҷи подшост?

Он як ҷавоб дод, чӣ донем мо, ки чист,

Пайдост он қадар, ки матоъе гаронбаҳост.

Наздик рафт пирзане кӯжпушту гуфт:

Ин ашки дидаи ману хуни дили шумост.

Моро ба рахту чӯби шабонӣ фирефтааст,

Ин гург солҳост, ки бо галла ошност.

Он порсо, ки деҳ хараду мулк, раҳзан аст,

Он подшо, ки моли раъият хурад, гадост

Ба қатраи сиришки ятимон назора кун,

То бингарӣ, ки рушании гавҳар аз куҷост.

Парвин, ба каҷравон сухан аз ростӣ чӣ суд,

Ку ончунон касе, ки наранҷад зи ҳарфи рост?!

* * *

Бузурге дод як дирҳам гадоро,

Ки ҳангоми дуо ёд ор моро.

Яке хандиду гуфт: ин дирҳами хурд

Намеарзид ин байъу широро.

Равони покро олуда мапсанд,

Ҳиҷоби дил макун рӯю риёро.

Макун ҳаргиз ба тоат худнамоӣ,

Бирон з-ин хона нафси худнаморо.

Бизан дуздони роҳи ақлро роҳ,

Мутеъи хеш кун ҳирсу ҳаворо.

Чӣ додӣ ҷуз яке дирҳам, ки хоҳӣ

Биҳишту неъмати арзу саморо.

Машав гар раҳшиносӣ, пайрави оз,

Ки гумроҳист роҳ ин пешворо.

Нашояд хост аз дарвеш подош,

Набояд кишт эҳсону аторо.

Сафои боғи ҳастӣ неккорист,

Чӣ равнақ боғи берангу сафоро?!

Ба навмедӣ дари шафқат гушудан,

Бас аст умеди раҳмат порсоро.

Ту некӣ кун ба мискину тиҳидаст,

Ки некӣ худ сабаб гардад дуоро.

Аз он базмат чунин карданд равшан,

Ки бахшӣ нур базми безиёро.

Аз он бозутро доданд нерӯ,

Ки гирӣ дасти ҳар бедасту поро.

Аз он маънӣ пизишкат кард гардун,

Ки бишносӣ зи ҳам дарду даворо.

Машав худбин, ки некӣ бо фақирон,

Нахустин фарз будаст ағниёро.

Зи мӯҳтоҷон хабар гир, эй ки дорӣ

Чароғи давлату ганҷу ғиноро.

Ба вақти бибахшу инфоқ, Парвин

Набояд дошт дар дил ҷуз Худоро.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: