Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (180)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (13)

Баёни аввал (бурҳони сиддиқин) – 3

Ҳукамои Урупо аз қарни 11-уми милодӣ бурҳоне барои исботи Худованд зикр кардаанд, ки ба “бурҳони вуҷудӣ” маъруф аст. Мубтакири ин бурҳон Сент Онселм (Saint Anselme) аст, ки ӯро “Онселми муқаддас” меноманд ва аз авлиёи дини Масеҳ мешуморанд. Афроди зиёде аз қабили Декорт ва Лойбнитс ва Эспинузо бо тақрирҳои мухталиф онро таъйид кардаанд, вале Конт бар он интиқод карда ва онро норасо донистааст.

Мумкин аст касе таваҳҳум кунад, ки бурҳони вуҷудии Онселм айнан ҳамон бурҳони сиддиқини Садрулмутааллиҳин аст. Мо барои ин ки иҷмолан муқоисае миёни тарзи тафаккури фалсафии исломӣ ва тарзи тафаккури фалсафии масеҳӣ ба амал ояд, онро нақлу интиқод мекунем.

Фурӯғӣ дар ҷилди аввали “Сайри ҳикмат дар Урупо” чунин мегӯяд:

Аз ҳамаи бурҳонҳо, ки Онселм барои зоти Борӣ оварда он ки бештар мазкур мешавад ва мавзӯи мубоҳисоти бисёр воқеъ шуда он аст, ки маъруф аст ба бурҳони вуҷудӣ ё зотӣ, аз ин қарор: ҳама кас ҳатто шахси сафеҳ тасаввуре дорад аз зоте, ки аз он бузургтар зоте набошад, ва чунин зоте албатта вуҷуд дорад, зеро агар вуҷуд надошта бошад, бузургтарин зоте, ки вуҷуд дошта бошад, аз он бузургтар аст, ва ин хулф аст, пас яқинан зоте ҳаст, ки ҳам дар тасаввур ва ҳам дар ҳақиқат бузургтарин зот бошад, ва он Худост.”

Нуктаи асосӣ дар ин бурҳон — ҳамчунон ки Усволд Кулпе (Oswald Külpe = Освальд Кюльпе) дар “Муқаддимае бар фалсафа” мегӯяд — ин аст, ки шайъ (дар ин ҷо вуҷуди Худованд) аз тасаввур истинтоҷ мешавад.

Ин бурҳон аз назари шакли қиёсӣ, аз навъи “бурҳони хулф” аст, ки дар мантиқ маъруф аст.

Гузашта аз ин ки нуқтаи заъфи асосии ин бурҳон ҳамон аст, ки онро “нуктаи асосӣ” меноманд, мо ин бурҳонро аз назари интибоқ бо бурҳони хулф таҷзия ва таҳлил мекунем.

Бурҳони хулф истидлол бар муддаост аз роҳи ғайримустақим, яъне аз роҳи ибтоли нақизи муддао, ва чун иртифои нақизайн маҳол аст, пас худи муддао ҳақ аст. Бинобар ин, яке аз пояҳои бурҳони хулф, имтинои иртифои нақизайн аст.

Дар ин бурҳон, он чизе, ки муддао қарор мегирад, ба ду наҳв қобили тақрир аст: яке он ки муддао нафси тасаввури зоти бартар ва бузургтар бошад, пас сурати бурҳон чунин мешавад:

Мо зоти бузургтар ё вуҷуди комилро тасаввур мекунем. Ва бояд он чӣ мо тасаввур мекунем, вуҷуд дошта бошад. Зеро агар вуҷуд надошта бошад, мо зоти бузургтарро тасаввур накардаем.”

Агар бурҳонро инчунин тақрир кунем, мулозима ғалат аст, яъне лозимаи вуҷуд надоштани он зоти аъло ва акмал ин нест, ки мо ӯро тасаввур накарда бошем ва тасаввури мо аз зоти бузургтар тасаввури зоти бузургтар набошад. Пас, аз ин назар хулфе лозим намеояд. Зоти бузургтар чӣ вуҷуд дошта бошад ва чӣ вуҷуд надошта бошад, тасаввури мо аз зоти бузургтар, тасаввур аз зоти бузургтар аст. Пас, наметавон аз тасаввури зоти бузургтар, вуҷуди хориҷии зоти бузургтарро истинтоҷ кард. Пас “шайъ аз тасаввур истинтоҷ намешавад”.

Дигар он ки муддао воқеияти зоти бузургтар бошад. Пас, бояд чунин бигӯем, ки мо зоти бузургтарро дар хориҷ дар назар мегирем, он гоҳ мегӯем:

Ин зоти бузургтари хориҷӣ бояд вуҷуд ҳам дошта бошад, вагарна бузургтар нест, зеро зоти бузургтари мавҷуд аз ин бузургтари мафруз бузургтар хоҳад буд. Пас, зот бузургтари мафруз зоти бузургтар нахоҳад буд.”

Бадеҳист, ки дар ин тақрир, вуҷуд ба манзилаи як сифат ва оризи хориҷӣ бар зоти ашё фарз шудааст, яъне барои ашё қатъи назар аз вуҷуд, зот ва воқеияте фарз шудааст, он гоҳ гуфта шудааст, ки вуҷуд лозимаи зоти бузургтар аст; зеро агар зоти бузургтар вуҷуд надошта бошад, зоти бузургтар нахоҳад буд, зеро зоти бузургтари мавҷуд аз зоти бузургтари ғайрмавҷуд бузургтар хоҳад буд.

Тафкики зоти ашё аз вуҷуд дар зарфи хориҷ, ва таваҳҳуми ин ки вуҷуд барои ашё аз қабили оризу маъруз ва лозиму малзум аст, иштибоҳи маҳз аст. Ашё қатъи назар аз вуҷуд зоте надоранд. Ин ки зеҳн барои ашё зоту моҳият интизоъ мекунад ва вуҷудро ба он зот нисбат медиҳад ва ҳамл мекунад, эътиборе аз эътибороти зеҳн асту бас.

Бинобар ин, роҳи саҳеҳ фақат ин аст, ки бигӯем: бадеҳист, ки ҳақиқате моварои зеҳн мавҷуд аст, яъне бар хилофи назари суфастоиён, ҳама чиз хиёл андар хиёл нест, он гоҳ бигӯем: он чӣ ҳақиқатан мавҷуд аст ва воқеӣ аст ва асил аст, худи вуҷуд ва ҳастӣ аст, на чизҳои дигар, ки зеҳн онҳоро фарз мекунад ва ҳастиро ба онҳо нисбат медиҳад, балки воқеӣ будани ҳар чиз ба мизони баҳрае аст, ки аз ҳастӣ дорад, ва балки воқеӣ будани ҳар чиз айни баҳравар будани он аз ҳастӣ аст.

Он гоҳ бигӯем, ҳастӣ, ки худи ҳақиқат аст, айни бузургӣ, ҷалол, азамат, камол, вуҷуб, истиқлол аст, зеро ҳамаи инҳо умури воқеӣ ва ҳақиқӣ мебошанд, ва агар айни ҳастӣ набошанд ё аз синхи нестӣ мебошанд, пас воқеӣ нестанд ва ё аз синхи моҳиятҳо мебошанд, ки боз ҳам эътиборӣ ва ғайривоқеӣ хоҳанд буд. Пас, вақте, ки худи ҳастиро бо дидаи ақл дармеёбем, ба чизе ҷуз зоти воҷибулвуҷуд намерасем.

Аз тарафи дигар, ба ҳастиҳое бармехӯрем, ки он ҳастиҳо ба таври нисбӣ фоқиди бузургӣ, ҷалол, азамат, камол, сабот ва истиқлоланд. Пас, мефаҳмем инҳо ғайри он чизе мебошанд, ки ҳақиқати ҳастӣ эҷоб мекунад, инҳо ҳастии сирф наметавонанд бошанд, ҳастиҳое ҳастанд тавъам бо адам, маҳдудият, нақс. Адаму нақсу маҳдудият аз маълулият ношӣ мешавад, яъне таъаххур аз мартибаи зоти ҳастӣ.

Аз тарафи дигар, маълул чизе нест, ки аз иллат хориҷ шуда бошад ва монанди мавлуде аз модар зоида шуда бошад, то дуввумӣ барои ӯ маҳсуб гардад. Маълул айни иртибот ва ниёз ба иллат аст, айни таҷаллӣ ва зуҳури иллат аст, ӯ, буданаш ба иллати хеш аст, пас “сонӣ”-и иллат маҳсуб намешавад.

Натиҷа ин ки тибқи бурҳони фавқ он чӣ вуҷуд дорад, танҳо зоти лоязоли илоҳӣ аст бо афъолаш, ки таҷаллиёт ва зуҳурот ва шуъуноти ӯ мебошанд.

Маълум шуд дар бурҳони сиддиқини садроӣ масъалаи иттиҳоди вуҷуду моҳият дар хориҷ, ва ба истилоҳ “адами зиёдати вуҷуд бар моҳият дар зарфи хориҷ”, қатъӣ ва мусаллам гирифта шудааст, ва албатта қатъӣ ва мусаллам ҳам ҳаст ҳатто аз назари қоилин ба асолати моҳият — чунонки дар мақолаи 7 равшан шудааст — ва сипас бо иттико ба асли асил ва амиқ ва зеру рӯкуни фалсафа яъне “асолати вуҷуд” ва усули “ваҳдати ҳақиқати вуҷуд”, “вуҷуби зотии вуҷуд”, “мусовиқати вуҷуд бо феълияту итлоқу камол” бурҳон иқома шудааст. Аммо дар бурҳони вуҷудии Онселм яке аз аввалитарин ва бадеҳитарин масоили вуҷуд яъне “адами зиёдати вуҷуд бар моҳият дар зарфи хориҷ” мавриди ғафлат воқеъ шудааст.

Декорт ва Лойбнитс ва Эспинузо бурҳони Онселмро бо тағйироти мухтасаре, ки ҳар як дар он додаанд пазируфтаанд ва бар сухани ҳар як онҳо назири эроде, ки бар Онселм ворид кардем ворид аст. Конт ба ҳаққ баёни онҳоро ноқис донистааст. Мо барои парҳез аз итолаи бештар, аз зикр ва нақли онҳо худдорӣ мекунем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: