Перейти к содержимому

Мо ва интихоботи риёсати ҷумҳурии Русия

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Русия, аз яке ду моҳ пеш, ҳамон тавр ки худи русҳо ба ду ҷабҳа ва ё чанд ҷабҳа тақсим шуда ва гурӯҳе аз як номзад ва гурӯҳе ҳам аз номзаде дигар ҳаводорӣ ва байни онҳо баҳсу ҷанҷолу кашмакаш сурат мегирифт, бештари тоҷикҳо низ, дуруст мисли худи русҳо (ва ё шаҳрвандони Русия) ва аҳёнан доғтар аз русҳо, ба ду ё чанд ҷабҳа тақсим шуда ва бо ҳам, ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, баҳсу кашмакаш мекарданд.

Албатта, асли ин ҷабҳагириҳо ва саффороиҳо ва баҳсу кашмакашҳо на ин ки айб бошад, балки сутуданӣ ҳам ҳаст, зеро мо, тоҷикҳо низ мисли соири инсонҳои рӯи замин, бетафовут нестем ва изҳори назар мекунем ва дар масоили сиёсӣ дорои як мавзеъи муайянем. Ин хуб аст.

Аммо сад афсӯс, ки дар масоили марбут ба худамон ва интихоботе, ки дар кишвари худамон баргузор мешавад (албатта агар битавон рӯи онҳо номи интихобот гузошт), ин шавқу шӯр, ин ҳамоса ва ин баҳсу кашмакаш, ки дар мавриди интихоботи Русия (ё интихоботи Омрико ё кишваре дигар) байни мо доир аст, аслан дида намешавад, вуҷуд надорад, маъдум аст!

Дар 20 соли ахир, ки кишвари мо шоҳиди чанд интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва чанд интихоботи порлумонӣ буд, оё боре ҳам шоҳиди шӯру шавқу ҳамосаи интихоботӣ будем? Оё боре ҳам дида шуд, ки масалан дар садо ва симо, ҳангоми муборизаҳои пеш аз интихоботӣ, номзадҳо рӯ дар рӯи ҳам қарор бигиранд ва бо ҳам баҳсу табодули назар бикунанд ва яке барномаҳои худро ироа кунад ва дигаре бар он эрод бигирад ва шаҳрвандон ҳам бо як биниш ва шинохти комил аз ҳар як аз номзад ва барномаҳои вай, пойи сандуқҳои раъй биёянд? Фикр мекунам, ҳатто дар хоби як тоҷик ин намеояд.

Асосан, тоҷик оё беш аз як “номзад” мешиносад? Дар муддати 25 сол, дар баробари дидагони тоҷик, фақат як чеҳра зоҳир мешавад.

Воқеан дардовар ва таассуфбор аст! Оё тоҷик одам нест?! Чаро тоҷик маҳрум аз ин аст, ки дар рақам задани сарнавишти кишвараш саҳмгузор бошад ва касеро барои мақоми риёсати ҷумҳурӣ интихоб кунад, ки дилаш мехоҳад, на ин ки бар ӯ таҳмил шавад?!

Иҷоза бидиҳед, инҷо аз як ҳақиқати бисёр талх парда бардорам. Медонед, чаро мо, тоҷикҳо дар мавриди интихоботи риёсати ҷумҳурии Русия (ва ё интихоботи ҳар кишваре дигар) худро вориди “маърака” мекунем ва яке аз мо тарафдори ин номзад (масалан Путин) ва яке дигар ҳаводори он номзад (масалан Собчак) гардида ва он гоҳ байни ҳам ба баҳсу табодули назар мепардозем ва аҳёнан бо ҳам кашмакаш мекунем? Дар ҳоле, ки медонем, мавзеъгириҳои мо кучактарин таъсире надорад, балки ин раъю назари мардуми ҳамон кишвар аст, ки таъсиргузор аст, мо комилан бегонаем.

Медонед, иллати ин “ҷабҳагириҳо”-и мо ва вориди “маърака”-и дигарон шуданамон чист? Талх аст, аммо мегӯям. Далелаш як амри комилан равонӣ аст.

Ва он ки: мо, ки инсони қарни 21 ҳастем, мебинем тамоми одамҳои рӯи замин (лоақал одамҳои бештари кишварҳои олам) раисиҷумҳури худро худашон интихоб мекунанд, инро ҳамарӯза дар телевизиюнҳо мебинем. Он вақт мехоҳем мо ҳам мисли онҳо бошем, мехоҳем мисли онҳо дар масоили сарнавиштсози кишвари худ (мисли интихобот) саҳмгузор бошем ва изҳори назар кунем. Ва лекин мебинем, чунин шароите дар кишвари мо фароҳам нест. Мебинем, аслан мо мухтор нестем, яъне чунин нест, ки ҳангоми интихобот, байни ду номзад ё бештар битавонем бо ихтиёри худ якеро, ки диламон мехоҳад интихоб кунем, дастамон комилан баста аст. Дар баробари худ, фақат як “номзад”-ро мебинем, ки чорае ҷуз аз “интихоби” ӯ нест.

Он гоҳ, ин ҳолат моро нороҳат мекунад, аз дарун азият мекашем, мехоҳем дод бизанем, ки: ман ҳам инсон ҳастам! Ман ҳам раъю назар дорам! Ман ҳам мехоҳам дар рақам задани сарнавишти кишвари худ саҳим бошам! Аммо, ба далоиле, наметавонем дили худро холӣ кунем: ё метарсем, ки агар эътирозе аз ман сар бизанад, равонаи зиндон бишавам, ва ҳатто агар дар берун аз ватанем, боз ҳам сукут мекунем, чаро ки метарсем агар ҳарфе аз ман содир шавад, ба падарам, модарам, хоҳарам, бародарам газанде хоҳад расид.

Ва чун инҳо дар дарунамон ҷамъ мешавад, ба тадриҷ ба як уқдаи равонӣ табдил мегардад.

Ҳол, интихобот дар дигар кишварҳо, ба хусус кишварҳои ба мо наздик мисли Қирғизистон ва ё Русия ва ҳатто интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико, беҳтарин фурсат аст, то ин уқдаҳоро ба навъе холӣ кунем. Касе, ки масалан ҳангоми интихобот дар як кишвар, алайҳи як давлатмадори худкома ва диктотур мавзеъ мегирад, ӯ дар воқеъ алайҳи худкомагӣ ва диктотурӣ дар кишвари худаш мавзеъ гирифтааст.

Албатта, ин падида, одатан барои худи инсон маълум нест. Яъне, чунин нест, ки вақте шумо худро вориди “маърака”-и бегонаҳо мекунед, воқеан огоҳ бошед, ки шумо дар ҳоли холӣ кардани уқдаҳои дарунии худатон ҳастед. Асосан, маншаби мушкилоти равонии инсон, барои худи ӯ маълум нест.

* * *

Дар поён, шоиста аст ин нукта ёдовар бишавад, ки: агар дар кишварҳои дигар интихобот озоду шаффоф аст ва мардум мӯҳтараманд ва бар раъю назари онҳо арҷ гузошта мешавад ва хулоса онҳо “одаманд”, ва мо ҳам ба онҳо ғибта мехӯрем, чунин нест, ки ин фазо барои онҳо як армуғони “осмонӣ” буда ва ба онҳо ҳадия шуда бошад. Асосан, якчунин фазо ҳадияшуданӣ ва доданӣ нест, балки “гирифтанӣ” аст. Яъне, онҳо ин фазоро худашон бо заҳмат ва талош ва аз худ гузаштагӣ ба чанг овардаанд. Имрӯз агар урупоиҳо дар як фазои комилан озод нафас мекашанд ва касеро раисиҷумҳури худ интихоб мекунанд, ки дилашон мехоҳад, рӯзгоре – масалан сад сол ва ё дивист сол пеш – аҷдодашон заҳмат кашидаанд ва талош ва мубориза кардаанд ва як ҷомеаи озод сохтаанд, ва фарзандонашон имрӯза аз он неъмат баҳра мегиранд.

Мо ҳам агар бихоҳем ҷомеае озод ва инчунинӣ дошта бошем, бояд заҳмат кашем, талош кунем, на ин ки мунтазири “моидаи осмонӣ” бошем. Инчунин фазо доданӣ нест, ба даст оварданӣ аст. Агар аҷдоди мо дар сад сол пеш мисли дигарон заҳмат мекашиданд, мо низ имрӯз ҳосили заҳматҳои онҳоро мечашидем, аммо онҳо танбалӣ карданд, тарсиданд, ҷуръат накарданд. Ҳоло агар мо ҳам имрӯз битарсем ва мунтазир нишинем ва ҳаракате накунем, мутмаин бошед, фарзандон ва наводаҳо ва натиҷаҳои мо низ, дуруст мисли худамон хоҳанд буд, яъне вақте дар як кишвари бегона шоҳиди шӯру шавқи интихоботӣ шаванд, худро вориди “маърака”-и онҳо намуда ва уқдаҳои худро холӣ хоҳанд намуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: