Адли илоҳӣ (37)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши ҳаштум: шафоат (3)

Шафоати мағфират

Дуввумин навъи шафоат, висотат дар мағфирату афву бахшидани гуноҳон аст. Ин маъно аз шафоат аст, ки омоҷи ишколҳо ва эродҳои мунтақидон ва мункирон қарор гирифтааст, вале бо тавзеҳе, ки ба хости Худо дар ин китоб дар бораи он дода мешавад, равшан мегардад, ки на танҳо эроде бар он ворид нест, балки аз маорифи олӣ ва гаронқадри ислом аст ва мабнои хоссе дорад, ки умқи маорифи исломиро мерасонад.

* * *

Ҷозибаи раҳмат

Муқаддимтан бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунем, ки барои найл ба саодат, илова бар ҷараёни аъмол ва гомҳое, ки худи инсон бармедорад, як ҷараёни дигаре низ ҳамеша дар ҷаҳон аст, ва он ҷараёни раҳмати собиқаи Парвардигор аст. Дар мутуни динӣ омадааст:

يا من سبقت رحمته غضبه

Эй касе, ки раҳмати ӯ бар ғазабаш тақаддум дорад!

Ҳофиз дар ғазали маъруфи худ мегӯяд:

Мазраъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,

Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.

Гуфтам: эй бахт, бихуспидиву хуршед дамид,

Гуфт: бо ин ҳама аз “собиқа” навмед машав.

Мақсуди Ҳофиз аз “собиқа”, сабқати раҳмати Парвардигор аст. Мумкин ҳам ҳаст, ки мақсуди ӯ чизи дигар бошад, ки дар ояти каримаи:

إِنَّ الَّذِينَ سَبَقَتْ لَهُم مِّنَّا الْحُسْنَى أُوْلَئِكَ عَنْهَا مُبْعَدُونَ

— бад-он ишора шудааст.

Ба ҳар ҳол, ин воқеияте аст, ки дар низоми ҳастӣ асолат аз они раҳмату саодату растгорӣ аст ва куфрҳову фисқҳову шурур оризӣ ва ғайриасил мебошанд ва ҳамвора он чи ки оризӣ аст ба сабаби ҷозибаи раҳмат то ҳадде, ки мумкин аст бартараф мегардад. Вуҷуди имдодҳои ғайбӣ ва таъйидоти раҳмонӣ яке аз шавоҳиди ғалабаи раҳмат бар ғазаб аст. Мағфирати Парвардигор ва зоил сохтани аворизи гуноҳ яке дигар аз шавоҳиди тасаллути раъфату меҳрубонии ӯ бар ғазаб ва қаҳр мебошад.

* * *

Асли татҳир (поксозӣ)

Дар низоми ҳастӣ яке аз ҷилваҳои раҳмати илоҳӣ, намуди татҳир аст. Дастгоҳи офариниш дорои хоссияти шустушӯ ва татҳир аст. Ин ки дарёҳо ва гиёҳон гози карбуники ҳаворо мегиранд ва фазоро тасфия мекунанд, яке аз мазоҳири татҳир аст. Агар ҳавое, ки ба василаи танаффуси мавҷудоти зинда ва эҳтироқи маводди сӯхтӣ олуда шудааст, ба василаи полоишгоҳи гиёҳу дарё пок намешуд, фазои замин дар муддати кӯтоҳе салоҳияти зистанро аз даст медод; зеро танаффус дар он ғайримумкин мегашт. Таҷзияи лошаҳои ҳайвоноте, ки мемиранд, ва ҳамчунин таҷзияи завоиде, ки аз мавҷудоти зинда дафъ мегардад, як намунаи дигар аз полоиш ва татҳири офариниш аст.

Ҳамин гуна, ки дар моддиёт ва қонунҳои олами табиат мазоҳире аз татҳиру тасфия вуҷуд дорад, дар маънавиёт ҳам масодиқе аз барои татҳиру шустушӯ ёфт мешавад. Мағфират ва маҳви аворизи суи гуноҳ, аз ин қабил аст. “Мағфират” иборат аст аз шустушӯ додани дилҳо ва равонҳо — то ҳадде, ки қобили шустушӯ бошанд — аз авориз ва осори гуноҳон.

Албатта баъзе аз дилҳо қобилияти худро аз барои покиза шудан ончунон аз даст медиҳанд, ки дигар бо ҳеч обе татҳир намепазиранд. Онҳо гӯӣ табдил ба айни наҷосат шудаанд. Куфру ширк нисбат ба Худо вақте, ки дар дил истиқрор пайдо кунад, дилро аз қобилияти татҳир хориҷ месозад. Истиқрори куфр дар дил, дар лисони Қуръони Карим “мӯҳр зада шудани дил” ва “табъу хатми илоҳӣ” номида шудааст.

* * *

Асли саломат

Аз шавоҳиди ғалабаи раҳмат бар ғазаб дар низоми ҳастӣ ин аст, ки ҳамвора дар ҷаҳон асолат аз они саломату сиҳҳат аст ва маразҳо ва бемориҳо истисноӣ ва иттифоқианд. Дар сохтмони ҳар мавҷуди зинда қудрате нуҳуфтааст, ки ба нафъи саломат ва тандурустии ӯ фаъолият мекунад ва аз ҳастии ӯ ҳимоят менамояд. Вуҷуди ёхтаҳои сафед (лейкоциты) дар хун бо қудрати дифоии аҷибе, ки доранд шоҳиди ин муддаост. Хоссияти ҷубронкунандагӣ ва тармимкунандагӣ дар бадани мавҷудоти зинда, шоҳиди дигар аст. Шикастагии устухон, порагии захм, камбуди маводди ғизоӣ, ба василаи фаъолияти дарунии мавҷуди зинда ҷуброн мегардад.

Аз лиҳози фитрати динӣ, ҳар навзоде бо фитрати пок ба дунё меояд:

كل مولود يولد على الفطرة حتى يكون أبواه يهوّادنه أو ينصّرانه

Ҳар навзоде ба фитрати пок зоида мешавад, лекин падару модар мумкин аст ӯро яҳудӣ ё насронӣ кунанд.”

Дар сиришти ҳар мавҷуде, ки аз масири аслии худ мунҳариф гардидааст, кашише вуҷуд дорад, ки ӯро ба сӯи ҳолати аввалия бозмегардонад. Ба истилоҳи фалосифа, дар ҳар табиат, ки гирифтори қаср гардад, майле барои раҷъат ба ҳолати табиӣ падид меояд. Яъне ҳамеша дар ҷаҳон нерӯи гурез аз инҳироф ва таваҷҷӯҳ ба саломату сиҳҳат ҳукмфармост.

Инҳо шавоҳиде аз чирагии раҳмат бар ғазаб аст. Вуҷуди мағфират низ аз ҳамин асл ношӣ мешавад.

* * *

Раҳмати омм

Асли мағфират як падидаи истисноӣ нест, як формули куллӣ аст, ки аз ғалабаи раҳмат дар низоми ҳастӣ натиҷа шудааст. Аз ин ҷо дониста мешавад, ки мағфирати илоҳӣ омм аст ва ҳамаи мавҷудотро — дар ҳудуди имкон ва қобилияти онҳо — фаро мегирад. Ин асл дар расидан ба саодат ва наҷот аз азоб, барои ҳамаи растгорон муассир аст. Ба ҳамин хотир, Қуръони Карим мефармояд:

مَّن يُصْرَفْ عَنْهُ يَوْمَئِذٍ فَقَدْ رَحِمَهُ

Ҳар кас, ки дар он рӯз аз азоби Худо наҷот ёбад, машмули раҳмати Худо қарор гирифтааст…” (Сураи Анъом, ояти 16)

Яъне агар раҳмат набошад, азоб аз аҳаде бардошта намешавад.

Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар хутбае, ки дар авохири умри шарифашон барои мусалмонон эрод фармуданд, ин нуктаро гӯшзад фармуданд, ки барои наҷот ва растгорӣ, ду омил ва ду рукни асосӣ вуҷуд дорад: амал ва раҳмат. Қисмате аз он хутба ин аст:

ايها الناس انه ليس بين الله وبين أحد نسب ولا أمر يؤتيه به خيرا أو يصرف عنه شرّا الاّ العمل، الا لا يدّعينّ مدّع ولا يتمنّينّ متمنّ. والذي بعثني بالحق لا ينجي الاّ عمل مع رحمة، ولو عصيت لهويت. اللهم هل بلغت

Эй мардум! Байни Худо ва ҳеч кас робитаи хешовандӣ нест ва ҳеч робитаи дигаре ҳам, ки мӯҷиби ҷалби манфиат ё дафъи зарар шавад вуҷуд надорад, ҷуз амал. Бингаред! Ҳеч кас иддаои газоф накунад, ҳеч кас орзуи хом дар дил напарварад. Қасам ба Худое, ки маро ба ростӣ барангехт, чизе ҷуз амал ҳамроҳ бо раҳмати Худо сабаби растгорӣ намегардад. Ман худам ҳам агар гуноҳ мекардам, суқут карда будам.”

Он гоҳ фармуд: “Худоё таблиғ кардам?”

Рамзи мағфиратхоҳии Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва соири анбиё ва авлиё низ дар ҳамон умумият ва шумули асли мағфират аст, ва дар ҳақиқат метавон гуфт, ки ҳар кас муқаррабтар аст, аз ин асл бештар истифода мекунад, ва ба таври куллӣ ҳар кас қурбаш (наздикиаш ба Худо) бештар аст, аз асмои ҳуснои илоҳӣ ва сифоти камоли ӯ бештар аз дигарон равшанӣ мегирад.

Расули Акрам мефармояд:

انه ليغان على قلبي وانّي لاستغفر الله كل يوم سبعين مرة

Осоре аз кудурат бар қалбам зоҳир мешавад ва ман дар ҳар рӯз ҳафтод бор аз Худо мағфират металабам.”

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

1 reply

  1. Нигоҳи калби пешин ,дорам

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: