Боздошти раҳбари “Гурӯҳи 24” дар Туркия

Дақоиқе пеш сойти “Ахбор” навишт, Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия чанд лаҳза пеш дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шудаанд.

Сӯҳроб Зафар, роҳбари 40-солаи “Гурӯҳи 24” ва Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия, рӯзи 19 март дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шудаанд.

Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии “Гурӯҳи 24” дар сӯҳбат бо сойти “Ахбор” боздошти ду роҳбари ин гурӯҳ дар Туркияро таъйид кард ва гуфт: “Боздошти онҳо аз ҷониби кормандони пулиси Туркия сурат гирифт. Бе ягон шубҳа гуфта метавонем, ки бо талошҳо ва дархостҳои ҷониби ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ҳам Сӯҳроб Зафар ва ҳам Насим Шарипов бо адвокат таъмин карда мешаванд. Мо боварӣ дорем, ки мақомоти Туркия онҳоро озод мекунанд, чунки парвандаашон ангезаҳои ошкори сиёсӣ дорад.”

Бар пояи ин гузориш, Сӯҳроб Зафар яке аз нахустин нафаронест, ки баъди ташкили “Гурӯҳи 24” аз ҷониби Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ба ин гурӯҳ пайваст ва аз аъзои фаъолаш ба шумор мерафт. Баъди шаҳодати Қувватов дар натиҷаи як сӯиқасд дар моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбул “Гурӯҳи 24”-ро чанд моҳ Шарофиддин Гадоев роҳбарӣ кард ва аз моҳи августи соли 2015 ба раёсати ин гурӯҳ Сӯҳроб Зафар нишаст.

Сӯҳроб Зафар 24 ноябри соли 1978 ба дунё омада, ҷияни генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев мебошад. Боздошти ӯву ҳамсафаш Насим Шарипов дар Туркия дар ҳоле сурат гирифт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта рӯйхати 1372 нафар “шахсони алоқаманд ба теруризм”-ро нашр кард. Тибқи навиштаи сойти “Ахбор”, дар ин рӯйхат, ки дар баробари ҷангиёни тоҷики ДОИШ даҳҳо нафар аз фаъолони оппозитсияи тоҷик дар хориҷро низ дар бар мегирад, исми Сӯҳроб Зафар таҳти рақами 1245 зикр шудааст. Аммо исми Насим Шарипов дар ин рӯйхат набуд.

Сӯҳроб Зафар соли 2014 низ дар Туркия бо дархости мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳи асосгузори “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов боздошт шуда буд. Вале он дафъа мақомоти Туркия парвандаҳои аъзои боздоштшудаи “Гурӯҳи 24”-ро сиёсӣ хонда, онҳоро ба Тоҷикистон насупурданд. Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии “Гурӯҳи 24” дар ин робита ба сойти “Ахбор” гуфт: “Пас суоле бармехезад, ки вақте мақомоти Туркия алакай як дафъа парвандаи инҳоро сиёсӣ унвон карданд, чаро ҳоло онҳоро дубора дастгир карданд?

Ба гуфтаи Нуриддин Ризоӣ, Сӯҳроб Зафар баъди раҳоияш аз боздошти аввал бо кумаки идораи паноҳандагони СММ дар Туркия ҳаққи паноҳандагӣ гирифта буд ва будубошаш дар он кишвар қонунӣ буд.

Интерпол – пулиси байналмилалӣ ахиран исми чанде аз роҳбарони ҲНИТ – як гуруҳи дигари мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро аз рӯйхати афроди таҳти таъқиб берун кард. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон ба дунбол рӯйхати 1372 нафар «шахсони алоқаманд ба терроризм”-ро нашр кард, ки афроди беруншуда аз рӯйхати Интерпол ва аъзои фаъоли ҲНИТ, “Гурӯҳи 24” ва дигар созмонҳои оппозитсияи тоҷик дар хориҷро низ дар бар мегирад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: