Перейти к содержимому

Нома ба Зайд Саид

Ба номи Худованди бахшанда ва бениҳоят меҳрубон

Ҳамд ва ситоиш барои Худо — он Парвардигори ҷаҳониён, бахшандаи меҳрубон ва молики рӯзи ҷазо, фақат Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем, моро ба роҳи рост — роҳи касоне, ки бар онҳо инъом намудӣ ҳидоят фармо, ки он роҳ роҳи ғайрихашмшудагон ва гумроҳон аст. (Сураи Фотиҳа)

Дуруди Худо бар Муҳаммад (с), охирон фиристодаи Аллоҳ ба сӯи башарият ва ёрону асҳобаш.

Ин номаро ман, Далер Шарифов як ҷавони тоҷик менависам, на барои роҳбаре ё вазир ҳамин тавр тоҷир, соҳибкор, пулдор, сарватманд, зиндонии сиёсӣ ё падари нафаре, раис ва ё бародари касе.

Ин номаро менависам танҳо барои марди тоҷик. Дақиқтараш тоҷике, ки дар кунҷи зиндон аст.
Ман ин тоҷикро замоне шинохтам, ки ӯ алакай паси панҷараҳои зиндон қарор дошт. Ҳеч гуна иртибот, муомила ё сӯҳбате то паси панҷара рафтанаш бо ӯ надоштам.

Баъди боздошташ, ҳангомаҳо атрофи номи ӯ хеле зиёд шуд. Дар як мудати кӯтоҳ ВАО-и дохил ва хориҷӣ пайи ҳам дар бораи ӯ навиштанд. Сиёсатмадоре барояш ашк рехт, зиёие озодияшро тақозо кард, шоире барояш шеър навишт ва ҳамин тавр гурӯҳе ҳам ӯро ҷинояткор муарифӣ кард. Билохира “тақозои замон” тақдири фарзанди тоҷикро ҳал кард ва ӯро ба 29 соли зиндон маҳкум намуд.

Бо “тақозои замон” ман низ дар чанд баҳсҳои додгоҳӣ ширкат кардам.

Бе ягон муболиға метавонам бигӯям, ки ман устуворӣ, ҷавонмардӣ, адаб, ахлоқ ва намунаи як тоҷики муваффақро дидам. Воқеан ман дидам чӣ гуна марди тоҷик зери ҳамагуна фишорҳои равонӣ… дар камоли адаб, ахлоқ ва устуворӣ аз андеша, роҳ, зиндагӣ, мол, ҷон, фарзандон ва билохира номусаш дифоъ мекунад.

Он ҷо ман ба ҷаҳони воқеъии тоҷик рӯ ба рӯ шудам. Он ҷо дарк кардам тоҷик будан яне чӣ. Ман ва онҳое, ки он ҷо ҳузур доштанд шоҳид будем, ки аз тамоми он ҷо нишастаҳо ҳатто шоҳидону байёнотдиҳандаҳо (вазиру кабир) касе дар сатҳи ӯ ба зобони ширину гуворои тоҷикӣ ҳарф намезад. Ӯ дар лаҳзаҳое, ки тақдираш ба бадтарин шева ҳал мешуд, тоҷик, миллат ва ватан мегуфт, кӯшиш мекард, ки ӯро дуруст бифаҳманд ва бигзоранд ободкориҳо ва хидматаш баҳри кишварашро идома бидиҳад … вале нагузоштанд.

Ин мард Зайд Саид аст, ки акнун 60 сола шуд.

Салом акаи Зайд! Умедворам хубу сиҳҳату саломат бошед. Аз охирон маротибае, ки шуморо дидам, тақрибан 3 сол сипарӣ мешавад. Воқеан хеле мушкил аст таҳаммули як соатӣ зиндон. Он ҳам чи зиндонҳое…

Эй кош парандаҳои зебои дунё дар қафасҳо нигоҳ дошта намешуд,

эй кош қалбҳоро намешикастанд,

эй кош гулҳои зеборо намеканданд,

эй кош решаи рашку бухлу ҳасодат хушк мешуд,

эй кош адолат ҳамеша пойдору зулму истибдод фано мешуд,

эй кош золимон аз модар таваллуд намешуданд,

эй кош озодиҳоро тақсим карда мешуд,

эй кош мешуд хандаҳоро ба такрор дид,

эй кош инсонҳои руи замин инсон боқӣ мемонданд, кош фоҷеаҳо такрор намешуданд, кош таърих сабақи ҳамешагӣ мешуд… аммо афсӯс!

Ҳикмати Худованд чунин буда, ки ин ҳодисаҳо ҳамешагӣ ҳастанд. То ба онҳое имтиҳонҳоеро бояд гузашт. Ин ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки инсони воқеъӣ будан чи қадар мушкил аст…

Ака шояд борҳо атрофи ин ҳама ҳаводис фикр кардаед. Иллат, сабаб ва омилҳо ҷустаед. Гумонам борҳо ба худ суол кардаед, ки чаро Шуморо касе намешунавад? Чаро якбора ҳама кару куру гунг шудаанд?

Ростӣ ин андешаҳо дар зеҳни ман ҳам мегузарад. Ака ман намедонам шумо ба ин мувофиқ ҳастед ё на, ман дар ҳамаи ин ҳаводис як чизро мебинам ва онро омили ҳамаи мушкилиҳо медонам, ки ин тарс аст!

Тарс аст, ки пояҳои истиқлоли кишварҳоро заиф мекунад.

Тарс аст, ки дари хайр ва баркатро ба рӯи ҷӯяндагон мебандад.

Тарс аст, ки роҳи ҳидоятро аз инсонҳо дур мекунад.

Тарс аст, ки нафси башариро бо пазируфтани хорӣ водор мекунад.

Тарс аст, ки мардумонро ба кунҷи хона ва сокит будан мекашонад.

Тарс аст, ки бардоштани бори бардагиро бар гардани мардум осон мегардонад.

Тарс аст, ки нафси инсонро барои қабули таҳқир зери номи сабр ва қабули хорию бечорагиро зери номи зиракӣ ва оқилӣ омода месозад.

Тарс аст, ки ҷомаи бенангӣ бар тани инсон мепӯшонад.

Аммо соҳибони руҳҳои пок ва ҳиматҳои баланд мисли шумо, зиндон шуданро ва бар сари дор рафтанро ба қабули чунин бенангӣ тарҷеҳ медиҳанд. Дар воқеъ инсонҳои тарсу (фарқ намекунад, зиёӣ, олим, прафессор, низомӣ, сиёсатшинос…) сахтии зиллат ва хориҳоро осон қабул мекунанд ва зиндагии рӯбоҳонаи худро рифоҳ ва амният мешуморанд.

Ака, гузашта аз ин инсонҳои тарсу лаҳза ба лаҳза таъми маргро мечашанд…

Тарс аз рафтани курсӣ, мансаб, сарвату дороӣ мақом ва мартаба баъзе нафаронро дар даврони мо чунон ба пойин овардааст, ки онҳо натанҳо воқеъиятҳоро дидану шинохтан наметавонанд, балки ба ҳайвонҳое табдил шудаанд, ки ҳамаро мегазанд, мебалъанд ва фурӯ мебаранд.

Тарс ба як бемории рӯҳӣ табдил гаштааст, ки ҳеч кас дар мавқеъи худ будан намехоҳад.

Гоҳе фикр мекунам, ки калимаи тарс дар ҷаҳони мо тоҷикон як хонаи сарбаста ва деворҳои баланде гаштааст, ки моро ҳар лаҳза буғӣ мекунад.

Ин ҳамон тарсе аст, ки ба давлатдории миллии тоҷикон Сомониён нуқта гузошт.

Ин ҳамон тарсе аст, ки тули торих кохи тамадуну фарҳанги тоҷикиро ба хок яксон кард.

Ин ҳамон тарсе аст, ки Самарқанду Бухороро аз мо рабуд.

Ин ҳамон тарсе аст, ки гӯшу бинии Шеракро бурид, Темурмаликро зери найзаҳои муғул кушт, Синоро дар бадар кард, Фирдавсиро дар айни нубуғи эҷодӣ дар кунҷи хона ва пинҳонгоҳҳо то марг расонд, ин ҳамон тарсе аст, ки Абуҳанифаро ба зиндон кашид.

Ин ҳамон тарсе ҳаст, ки бар ҷигари Шириншоҳ ва пешонии Нусратулло тири маргро равон кард…

Ака, воқеан ман аз ин тарс билохира метарсам…

Шояд баъди хондани ин нома бисёриҳо фикр кунанд, ки чаро ин ҳама аз тарс гуфтам? Чаро дар рӯзи зодрӯзи шумо аз тарс ёдоварӣ кардам? Зеро шумо барои ман намунаи тоҷик ва гузаштагонам ҳастед, ки дар як шароити хос омадед ва дар баробари деворҳои тарс қарор гирифтед.

Шумо ба насли ман пайём додед, ки тоҷик набояд зери бори тарс биравад.

Шумо дар камоли адаб, ахлоқ ва фарҳанги ҷавонмардии тоҷик нишон додед, ки пулу сарват ва мансабу ҷойгоҳ ба ҳеч ваҷҳ наметавонад хушбахтии комилро барои ҳеч фарде аз афроди миллат таъмин кунад агар онҳо рӯҳи озод, зиндагии озод, андеша ва афкори озод, ахлоқи ҳамида ва донишу илм надошта бошанд ва бо ин вижагиҳо худро мусалаҳ нагардонанд.

Ака, медонам дар 60 солагӣ кунҷи зиндон будан хеле душвор ва даҳшатбор аст. Аммо ин ҳазор бор беҳтар аз озодиест, ки ҳарфи худатро надошта бошӣ, чоплусу хушомадгуй бошӣ, сархаму муҳтоҷ ба мансабаке бошӣ, дар кунҷи хона бо он ҳама кару фар ва шаҳомат шағолбарин биншинию сукутро ихтиёр кунӣ, билохира садҳо ҳазор бор беҳтар аз оне аст, ки ҳамтои худро парастиш кунӣ!

Аз Аллоҳи меҳрубон умед дорам, ки ҳар соати сахтию машаққати зиндонро кафораи гуноҳ, ҳар дақиқаашро аҷру подош ва хотимаашро ба хайру баракат бигардонад. Ин ки дустону душманонатон мегӯянд, шумо инсони хуб будед, ин худ нишонаи хайр барои ҳар инсоне ҳаст. Худованд шуморо ҳифз намояд ва озодиятонро ҳарчи зудтар фароҳам созад.
Бо умеди озодӣ. Шастсолагӣ муборак бод!

Далер Шарипов

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: