Перейти к содержимому

Хареро аспи тозӣ гӯ! – нагӯям!

Исфандиёри Назар

Барои як Миллат, ки гузаштаи адабии беш аз 1150 сол ва таърихи чанд ҳазорсолаву тамаддуне аз чанд ҳазор сол қадимтарро дорад, мусибат аз ин бузургтар нахоҳад буд, ки барояш бо далелу асноди мувассақ биёварӣ, ки номи забонат чунин аст, бобо, на чунон!

Ин мусибат ба сари миллати қадимии тоҷик омадааст! Ин мусибатро агар ибтидо пантуркистон дар Бухоро – маркази аморат – замина гузоштанд ва баъдан ҳукумати Шӯравӣ онро ба маърази иҷро ниҳод, бадбахтона, бадбахтона, бадбахтона, баъди Истиқлол то ҳол тоҷикро маҷбур мекунанд, ки номи забони ту форсӣ нест, забони ту “тоҷикӣ” ном дорад!

Агар рӯзгоре дар Бухорову Самарқанд барои бо форсӣ гап задан Фитратҳо (бадбахтиро бубинед Фитрати тоҷик!) ба мардуми тоҷик ҷарима таъйин намуда буданд, акнун, дубора барои форсӣ номидани забонаш мавриди туҳмату иҳонату бадномкунӣ қарор мегирад ва “душман”-у “хоин”-у “фурӯхташуда” ном бурда мешавад.

Магар мусибат барои як миллат аз ин бузургтар мешавад?!

Шакке нест, акнун дастаи дигаре аз нависандаву шоиру ҳар касе, ки боре қаламро дидаву чор ҷумла навиштанро омӯхтааст, то касоне, ки як ҷумларо дуруст баён кардаву навишта наметавонанд, ба муқобили касоне, ки ба форсӣ ном доштани забон таъкиду пофишорӣ менамуданду менамоянд, басеч хоҳанд шуд.

Ин чи барномаест ва дар пушти он кӣ нишастааст, ки қотеъан дар Тоҷикистон мехоҳанд онро амалӣ намоянд ва нагузоранд, ки Тоҷик ба дабираи худ баргардад. Ҳоло ҳарфи бозгашт ба он дабира ба ҷои худ, гуфтани ин, ки номи забон форсист, расман маҳкум мешавад!

Ҳукумати феълӣ аз солҳо пеш расман хатти форсиро рад кард ва касонеро, ки тарафдори бозгашт ба он буданд, “фурӯхташуда” ва “хоҷаҳои хориҷияшон мефармоянд” эълон намуда буд.
Ин рӯзҳо, дар остонаи Наврӯз, ки боястӣ бо ҳар омаданаш Тоҷик бедортар бишавад ва худогоҳтар ва гузаштаи худро беҳтар бишносад, боз таъкид мекунанд, ки забони мо форсӣ ном надорад, “забони тоҷикӣ”-ст!

Бале, иштибоҳ нест, забони тоҷикӣ ФОРСӢ ном дорад! Аммо ана ҳамин “Форсӣ ном дорад”-ро ҳеч намехоҳанд гуфтан ва иҷоза ба гуфтанаш ҳам намедиҳанд.

Бо мутолиаи матбуоти пешин ва ончи дар муқобили дабираву кӯшишҳои бозгашт ба он сурат гирифтааст ва мавқеъи “олимон”-у мавқеъи Ҳукумати феълӣ, мегӯям:

Душмани забону фарҳангу таъриху дабираи мо на турку на русу на ким-кадом агилис аст. Душмани забону фарҳангу таъриху дабираи мо “олимон”-и мо ва сиёсатмаобони имрӯзии худи мо ҳастанд!

Ин душманӣ бо хеш дар авоили Инқилоб низ дида шуда буд ва акнун ҳам онро мушоҳида мекунем.

Албатта, барномаи табдили хат кори бевоситаи масков буд, ки ибтидо зери бори пантуркистон хатро лотинӣ ва баъдан ҳадафи онҳоро пай бурда хатро ба тамом русӣ кард!

Истилоҳи “забони тоҷикӣ” агар мустақиман сохтаи Ҳукумати Шӯравӣ нест, боз ҳам дар сохтани он Русияи тазорӣ даст дорад!

Ин истилоҳ замоне рӯйи кор омад, ки аллакай Самарқанду Хеваву чандин нуқоти бузурги Осиёи Миёна забт ва ҷузви мустамликаҳои Русияи подшоҳӣ гардида буд!

70 сол пушти сар шуд, ҳамасола Истиқлол ҷашн гирифта мешавад, ҳанӯз тоҷик намехоҳад аз қонунҳои рус барояш вазъкарда дар мавриди забону амсоли ин худро халосӣ бахшад. Якмаром ба Кремлин изҳори садоқат мекунад ва худро талқин ба таслим будан менамояд. Дар ҳоле, ки Узбекистон на дар замони Истиқлоли худ, балки аз ибтидо барои вусъати забони худ аз ҳеч кӯшише фурӯгузор нанамуд ва на танҳо тоҷиконро, ки аксарияти аҳолии он ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, балки русҳову дигар ақаллиятҳои қавмиро ҳам маҷбур кард, то забонашон узбекӣ бошад!

Тоҷикони Хуросон (Афғонистон), ки соҳибони асливу қадимии сарзаминанд, ин шабу рӯзҳо ба муқобили ҳукумате, ки мехоҳад забони онҳоро “дарӣ” ном барад мубориза мебаранд ва номи забонро “форсӣ” меноманду медонанд!

Аммо дар Тоҷикистон, олимону роҳбаронаш бо тамоми вуҷуди худ муқобили номи забони худ сари по бархостаанд ва акнун фармони мубориза ҳам алайҳи ҳар касе, ки забонро “форсӣ” меномад ба садо даромад!

Мусибат барои як миллат аз ин бузургтар нахоҳад буд!

Бо шунидани ин “фармон”-у хабарҳо ва қавли ину он ба ном “донишманд” ба хулосае омадам, ки ақаллан ин китобнависону таърихнависону ба истилоҳ “соҳибмиллатҳо” худ осори устод Айниро нахонда будаанд!

Агар ин тоифаи маъдуд ақаллан муҳимтарин асари устод Айнӣ – “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро мехонданд, ки нахондаанд, медонистанд, ки номи забони тоҷик форсист!

Агар таърихи таълифи ин китобро медонистанд ва фоҷиае, ки ба сари ин китоб Масков овард-ро медонистанд, ҳаргиз намегуфтанд, ки забони мо “забони тоҷикӣ” ном дорад ва муқобили ҳар касе, ки ҷуз инро мегӯяд “боҷуръатона” мубориза баред!

Ба маълумоти ин тоифаи маъдуд мерасонам. “Намунаи адабиёти тоҷик” бо супориши Ҳукумати вақти Тоҷикистон, барои исботи ҳувияти миллӣ, исботи адабиёти беш аз ҳазорсолаи он, исботи забони расои он мебоист зери номи “Намунаи адабиёти ҳазорсолаи тоҷик” нашр гардад. Китоб дар ҳаҷми 1000 саҳифа (албатта дастнависи муаллиф ва бо дабираи форсӣ) омода гардид, вале номи китобро дар чоп (албатта дар Масков) напазируфтанд. Чаро?

Магар мешавад, ки тоҷик китоби худро бо номи “Намунаи ҳазорсолаи адабиёт” ба чоп расонад вале “миллати кабири рус” осори адабияш аз қарни 15 оғоз шавад? Магар аз адабиёти бузурги рус қадимтар адабиёте бояд иблоғ шавад? Ҳаргиз!

Номи китоби устод Айнӣ шуд “Намунаи адабиёти тоҷик”. Чоп шуд ва бо сиёҳкунии пантуркистон, ки “аз амир ёд кардаасту ӯро бо шеъри Рӯдакӣ дубора ба Бухоро даъват намудааст”, китоб дар Масков сӯзонида шуд!

Эй бехабарон! Эй дар курсиҳо решадавондаҳо! Эй душманони хатту фарҳанги тоҷик! Ҳаёти устод Айнӣ барои иншои ин асар дар сари мӯ меларзид!!!

Аз дохили кобинаҳои барҳавою гарм, аз ишратгоҳҳо нишаставу ҳукми забону фарҳангро баровардан чи қадар осон аст, аммо дифоъ аз забону фарҳанг чи сарҳоеро, ки барбод надода ва акнун дар садади барбод додан аст!

Ҳукумати феълӣ устод Айниро “Қаҳрамони Тоҷикистон” унвон дод, агарчи бе додани ин унвон устод қаҳрамони ҷовидонёд ва ҳамешагии форсизабонон буду ҳасту хоҳад монд.

Суол ин аст, ки:

Чаро ба устод ин унвонро додед? На магар барои асарҳое чун “Намунаи адабиёти тоҷик”?!Агар посухатон мусбат аст ва агар як сабаби қаҳрамон будани устод Айнӣ ҳамин асар аст, пас, тақрибан дар тамоми саҳифаҳои он, бо сабти ҳар шоир аз устод Рӯдакӣ то худи устод Айнӣ ва насли баъди устод Айнӣ, забону осори ҳамагиро “форсӣ” навиштааст!

Устод Айнӣ барои интихоби забони меъёр ошкоро навишта, ки мо забони форсии содаи Кӯҳистонро забони меъёр интихоб кардем! Маҳз ибораи “форсии содаи Кӯҳистон” аслан кофист, ки дигар пушти ин баҳс нагардем ва бидонем, ки забони тоҷик форсӣ ном дорад, аммо яқинан мухолифини ин номро як далел қонеъ нахоҳад кард ва боястӣ далели замину осмонҳоро пеши чашмашон анбошт, то шояд қабули хотирашон уфтад.

Инак, баро ҳар фарде, ки мухолифи форсӣ ном доштани забони миллати тоҷик аст, Ҳамаи ҷумлаҳоеро аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ меоварам, ки дар онҳо забони маҳз тоҷиконро форсӣ номидааст. Зимнан, ҳамон ҷумлаҳоеро меоварам, ки марбути қаламу зеҳни худи Устод Айнӣ ҳастанд. Сухан аз шоироне дар ин китоб меравад, ки на дар хоки Эрону Хуросони (Афғонистон) имрӯза, балки маҳз дар хоки Мовароунназр (Осиёи Миёна) ба дунё омадаанд!

Ин гап барои муътаризон ва душманони вожаи “форсӣ” бениҳоят муҳим аст!

Устод Айнӣ асари худро бо овардани ному намунаи ашъори абарустод Рӯдакӣ оғоз намудааст:
“Гӯянд устод Рӯдакӣ «Калилаву Димна» («Анвори Суҳайлӣ»)-ро ба номи Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба форсӣ манзум кардааст. (саҳ. 15)

“Назар ба иттифоқи аҳли тазкира ва тароҷими аҳвол устод Рӯдакӣ аввалкасест, ки шеъри форсиро аз қасида, ғазал, қитъаву рубоӣ тадвин карда.

Ҳарчанд пеш аз Рӯдакӣ мисли Баҳроми Гӯр, Ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ ва Хоҷа Абулаббоси Марвазӣ шеъри форсӣ иншод карда бошанд ҳам, гуфтаи эшон ба дараҷаи девон нарасида, бинобар ҳамин сабаб номи Рӯдакӣ ба сардафтари намунаи адабиёти тоҷик гузашт. (саҳ.17)
Ба назм овардани китобе мисли «Калилаву Димна» дар аввали шуюъи шеъри форсӣ бар камоли қудраташ далолат мекунад.” (саҳ. 17)

Баъди устод Рӯдакӣ осори шоироне, ки бештар тавсифашон омадааст, менигарем. “Ҳиссае, ки мо аз сайри девон ва нақли ашъори Бадри Чочӣ гирифтем, ин аст, ки панҷсад сол пеш аз ин таърих дар Тошканд, ки синаи Туркистон аст, чунин шоири форсизабони мушкилписанд нашвунамо ёфтааст, вагарна ашъоре, ки фаҳмидани он ба шарҳ, ҳалли луғот ва донистани фанҳои бисёре мавқуф аст, муҳаққиқини удабои форсро хушкард нест.” (саҳ. 49)

“Ҳарчанд Амир Алишерро дар зайли шуарои форсу тоҷик навиштан мувофиқи ризои худаш нест, аз он ҷо ки дар форсӣ ҳам ба бисёртарини шуарои форс баробарӣ, балки фузунӣ мекард, дил нахост, ки ин маҷмӯа аз намунаи ашъори обдори ӯ бебаҳра монад.”(саҳ.65)
“Чунончи нахустин шоири форсизабони соҳибдевон аз Мовароуннаҳр сар задааст, инчунин аввалин муаллифи тазкиратушшуаро ҳам аз ин сарзамин баромадааст.”(саҳ.68)

“Муаллиф дар ин китоб (“Тазкираи Давлатшоҳӣ” дар назар аст – И.Н.) нуҳто аз шуарои мутақаддимини араб ва сесаду чилу як нафар аз шуарои форсизабони Эрону Тӯронро биззот ва чанд нафар уламову фузалои дигарро биттуфайл зикр намудаву намунаи асарҳошонро навиштааст.” (саҳ.68)

“Аз рӯи шунид Нодираро дар форсию туркӣ девоне мукаммал аст. Ҳайфо, ки бинобар матбӯъ набуданаш диданаш муяссар нашуд. Дар маҷмӯаи «Билим учоғи», ки дар Тошканд дар соли 1923, 15 май, шумораи 2-3 нашр шудааст, тарҷумаи ҳол ва ашъори туркияш нақл шуда бошад ҳам, ашъори форсияш зикр нашудааст. Танҳо аз «Таворихи хамсаи шарқӣ» суолу ҷавоби форсии зер ба номи ӯ аз рӯи гумон нақл карда шудааст.”(саҳ.116)
“Амир Умархон дар сиюпанҷсолагӣ вафот кард. Дар ин умри кӯтоҳ бо вуҷуди касрати ашғоли ҳукуматдорӣ дар олами адаб бисёр кор кард. Шеъри туркӣ, ки баъд аз амир Алишер дар Туркистон ривоҷе надошт, дар аҳди ин амир дувумбора курсибандӣ дид. Дар форсӣ низ қудратнамоӣ кард. Девони туркию форсияш мавҷуд аст.”(саҳ.122)

“Мумоилайҳ номи баъзе давову бемориҳоро АЗ ЗАБОНИ ЛОТИНӢ БА ФОРСӢ тарҷума кардааст. Бад-ин восита ба адабиёти тиббии тоҷикӣ хидматаш сабқат намудааст.”(саҳ.136) “Ҷавҳарӣ дар насри форсӣ низ муқтадир аст, лекин насрашро бағоят душворфаҳм менависад. Ба хоҳиши фақир барои тарҷумаи ҳоли худ чизе навишта фиристода буд, ки нисбат ба соири мансуроташ хеле сода аст. (саҳ.155)

Ба гуфтани шеър бештар моилам. ЧИ ФОРСИЮ ЧИ ТУРКӢ ва чи тозӣ, дар ҳар кадом аз ғазалиёту қасоид ва маснавиёту таъмия расоилу макотиб манзуман ва мансуран дафтарҳо ба тасвид расондаам,..” (аз номаи Зуфархон Ҷавҳарӣ ба устод Айнӣ) – (саҳ.156)

“Ҳашмат (бародари амир Абдулаҳад ва амаки Олимхон, ки 35 сол дар ҳабс буд ва баъд озод шудани аз зиндону бародару бародарзодааш ба хизмати Ҳукумати шӯравӣ даромадааст – И.Н.) дар ЗАБОНИ ФОРСИЮ ТУРКИЮ АРАБӢ шеър иншод ва наср иншо мекард.”(саҳ.167)
“Аммо номдортарин осори мансурааш «Наводирулвақоиъ» ном китоби мудавван аст, ки тахминан дорои 750 сафҳа аст. Мундариҷоти ин китоб воқиъаҳои мутафарриқа ва саргузаштҳои парешон ва баъзе масоили илмия буда, ЗАБОНАШ ФОРСИИ СОДА, тартибаш наздик ба румон аст, ки дар зимни саргузаштҳои хаёлӣ хеле ибратбахшост.(саҳ. 176)
“Зуфунунро дар туркии усмонӣ, арабӣ ва форсӣ шеър бисёр буд. Аз он ҷо ки дар шеър эҳтимом надошт ва ба касе ҳам намедод, осоре аз он боқӣ намонд.”(саҳ.185)
“Раҳимӣ ба фармудаи Муъминхоҷаи Шайхулислом дар пайравии Бедилу Навоӣ хеле ашъори форсию туркӣ эҷод кардааст.”(саҳ.188)

“Савдо услубҳои аҷиб ва дар форсӣ тасарруфоти ғариб дорад.”(саҳ.194)

“Қасидаи «Абӯбакри Сиддиқ» ва қасидаи «Бурда»-ро дар форсӣ, туркӣ ва арабӣ мухаммас намуда.”(саҳ.211)
“Садри Зиё хушнависи камҳамтост, ки настаълиқро бисёр зебо менигорад.” (Ин ҷумларо ба хотири он овардам, ки бипурсам: Агар номи забони мо “забони тоҷикӣ”-ст, пас оё “настаълиқи тоҷикӣ” низ мегуфтанд ва номи хатро чи мегуфтанд: “хатти тоҷикӣ”???!!!) – (саҳ.241)
“Исо дар Бухоро таваллуд ва камол ёфт. Дар улуми диния ба усулу фуруъ ба улуми риёзияву адабия ва форсию арабӣ аз ҷумлаи мутахассисони замони худ буд. Аҳмад-махдуми муҳандисро муосир, мусоҳиб ва муонис аст.”(саҳ.253-254)

“Аҷзӣ аз куҳнашоирони давраи интибоҳ аст, дар туркию форсӣ сухансароӣ мекунад. Дар туркӣ лаҳҷаи усмонӣ ва озарбойҷониро писандидаву дар форсӣ шеваи бедилиро пеша кардааст.”(саҳ.257)

“Фазлӣ тазкиратушшуарое ба зикри шуарои дарбори Умархон таълиф намудаву дар он китоб ашъори туркию форсии эшонро дарҷ кардааст.”(саҳ.261)

“Фоиз аз хурдсолӣ ба адабиёт машғулӣ мекард. Илова аз мутолиаву тафтиши осори адабияи форс ба мутолиаи осори адабияи туркии усмонӣ низ ҳарис буд. Мумоилайҳ ба аксари ҷавонбухороиён дӯсту ҳамфикр буд. Бинобар ин соли 1918 дар воқиаи Қолисуф аз бими дастгир шудан рӯй пинҳон кард.”(саҳ. 267)

“Фитрат НАСРИ ФОРСИРО ҳам бағоят салису сода менигорад. Осори мансураи Фитрат якум намунаҳои адабиёти ҷадида аст ДАР ЗАБОНИ ФОРСӢ БА ХОКИ МОВАРОУННАҲР.

Осори мансураи матбуъааш ДАР ЗАБОНИ ФОРСӢ: 1) «Мунозира», 2) «Сайёҳи ҳиндӣ», 3) «Раҳбари наҷот», 4) «Оила», 5) Тарҷумаи «Дорурроҳат» аст.

Мо дар қисми севуми ин маҷмӯа аз ҳар кадом асари форсии ин муҳаррири оташзабон намунаҳо оварда, маҳфили арбоби адабиёти навро гарм хоҳем кардан.”(саҳ.270)
“Содиқхоҷаи Гулшанӣ аз ҳисобу ҷуғрофиё хабардор буд. Мамлакати Бухороро сар то сар мусомаҳат карда, БА ЗАБОНИ ФОРСӢ ҷуғрофиёи муфассале навишта буд. Мусаввадаи ин китобро баъд аз вафоти Гулшанӣ аз ворисонаш Насруллоҳ қушбегӣ гирифт. Ҳамоно дар соли 1918 талаф шудааст, ки ҳоло дар миён нест.”(саҳ.274)

“Лоҳутӣ аввалин касест, ки дар форсӣ ашъори инқилобиро бисёр сурудааст.”(саҳ.277)
“Абӯтоҳирхоҷаи Наво дар баёни таъйини мазорот ва таърихи иморати шаҳри Самарқанду навоҳии он «Самария» ном китобе ба ЗАБОНИ ФОРСИИ СОДА таълиф карда, ин китоб дар соли 1904 м. – 1322 ҳ.қ. дар Петербурғ (Ленинғрод) ба саъю эҳтимоми профессур Никулой Василевский ба ҳарфу коғази хуб чоп шудааст. Аз нуқтаи назари таърих ва осори атиқа дувумбора табъаш лозим аст.”(саҳ.290-291)

“Қорӣ Раҳматуллоҳи Возиҳ дар адабиёти форсӣ аз ҷумлаи мутабаҳҳирини замони худ буд…
Тазкиранависони муосир таълифоташро ба қарори зайл шумурдаанд:

….

4) «Девони форсӣ, арабӣ ва туркӣ».

10) «Ароисулабкор ва наводирул-афкор» ба назму насри форсӣ ва арабӣ.

11) Тарҷумаи туркии рисолаи форсии ҳотамии Шайх Баҳойӣ дар аҳволи устурлоб.

12) Тарҷумаи форсии рисолаи «Буръуссоъа»-и Муҳаммад ибни Закариё дар тиб.…”(саҳ.301)

(Васлӣ) “Сарфу наҳви забони форсиро низ ба усули забони араб тартиб дода, дар авоили ҷорӣ шудани усули ҷадида дар Самарқанд дар баъзе рисолаҳои форсӣ барои мактабҳои нав тартиб додаву баъзе таълифоти илмию таърихии дигар низ дорад, мегӯянд.

Девони аввали Васлӣ, тақрибан чаҳор ҳазор байт, дар соли 1327 ҳиҷрӣ дар Самарқанд табъ ёфта буд. Имрӯзҳо дар садади тартиб додани девони дувум аст.” (саҳ. 303)

“Мирзоназриддини Ҳодӣ дар Самарқанд таваллуд ёфта, дар Бухорову Самарқанд касби камол намуда,.. дар форсӣ ва туркӣ сухансароӣ карда, лекин девони мураттабаш, ки ба хатти худ табйиз карда будааст, дар миён нест. Фарзанди рашидаш Муллофахриддини Роҷӣ мусаввадаҳои ашъорашро аз дасти мардум ҷамъ карда, девоне дорои тақрибан 3500 байт тартиб дода, дар соли 1331 ҳиҷрӣ дар Самарқанд чоп кардааст.

Мирзоҳодӣ «Анвори суҳайлӣ» («Калилаву Димна»)-ро тамоман ба форсӣ назм намуда, лекин нусхаи ин ҳам аз миён рафта.” (саҳ. 307)

“Ҳарчанд аз 1905 сар шуда дар ҷароиди хориҷа мақолоти форсӣ аз тарафи тоҷикон ба қалам омад, чунончи Мирхон Порсозода ба «Ҳаблулматин» менавишт ва аз тарафи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ва дигарон китобҳои мактабӣ таълиф шуд, аммо ранги адабиёти нав гирифтани забони тоҷикӣ дар наср аз Абдуррауфи Фитрат оғоз меёбад.”(саҳ.315)

Инҷо якбор устод Айнӣ истилоҳи тозасохти “забони тоҷикӣ”-ро ба кор мебарад ва ин ҷанбаи эҳтиёткории ӯро нишон медиҳад!

Аммо дар идома, дар мавриди осори Фитрат боз менависад:

“Асари шашуми форсии бародар Фитрат тарҷумаи «Мусулмонони дорурроҳат» ном румони таърихӣ ва ҳиссист, ки Исмоилбек Ғаспаронский муҳаррири рӯзномаи «Тарҷумон» дар Боғчарой ба забони туркӣ табъу нашр намуда буд.”(саҳ.321)

“Аз осори Сиддиқии Аҷзӣ «Айнуладаб» ашъори туркист, лекин дар охираш чанд порчаи форсӣ илова шудааст.”(саҳ.324)

“Асари муҳимме, ки дар соли 1912 ба забони форсӣ ба майдон қадам ниҳод, рӯзномаи «Бухорои шариф» буд. Ин рӯзнома дар зери дасти таҳрири Мирзоҷалол Юсуфзодаи Қафқозӣ аз 1912 ёздаҳи март то 1913 дувуми январ яксаду панҷоҳу се адад баромада, баста шуд. Афсӯс, ки нусхаҳои мудаввани ин рӯзнома дар дастам нест, то ки порчаҳои намуна нақл намоям. Танҳо шумораи дувуми ин ҷаридаро ба даст дорам, ки барои нишон додани забон ва тарзи баёни он аз сармақолааш сатре чанд эрод менамоям.

Ифтитоҳ
«Ба тавфиқи Худо аз имрӯз шурӯъ ба нашри мақсуд менамоем. Нашриёти мо иборат аз масоили мухталифа ба маълумоти мутафарриқа хоҳад буд, вале бояд ба тартиби вазъи таълим ибтидо намуд.

Аҳолии Бухорои шариф тоза-тоза ба воситаи васли роҳ ва касрати мутараддидин мехоҳанд аз авзоъи олам бохабар бошанд. Мо агар ибтидо ба фалсафаи ҷадида ва сиёсат намоем, ба ҷиҳати ағлаб мушкил мешавад. Агарчи мардумони қобил ва олиму доно бисёр дорем, илло ин ки асли рӯзнома бояд нафъаш ом ва фоидааш том бошад. Ашхоси уламо эҳтиёҷ ба таълими амсоли мо надоранд. Мо бояд муносиби ҳоли оммаи мардум сухан гӯем, салоҳи амри умумиро дар назар дошта бошем. Лиҳозо рӯзномаи мо аввалан ҳар ҷо мумкин бошад, ба забони порсии сода навишта мешавад, сониян мақолаҳое, ки (ғайр аз ахбори олам) мехоҳем дарҷ намоем, иборат аз муқаддамаи инсоният хоҳад буд, яъне таҳриси мардум ба илм ва ислоҳ намудани вазъи таълим…» Ҷалол (саҳ.325)

“Маҷаллаи «Ойина» аз соли 1913 моҳи овғуст то соли 1915 моҳи уктабр 68 адад баромадааст. Ин маҷмӯъа дар забони туркӣ ва форсӣ дар зери масъулият ва таҳрири Маҳмудхоҷа Беҳбудии Самарқандӣ дар Самарқанд табъ меёфт.”(саҳ.325)

Инак, устод Айнӣ аз асари худ «ТАҲЗИБУССИБЁН» ёд карда менависад:

“Барои мактаби қироати форсӣ. Тартибкунандаи ин рисола фақир аст. Табъи аввал 1910, Самарқанд, дувум 1917, низ Самарқанд.” (саҳ.330)

“Рӯзномаи «Қутулуш» аз тарафи маркази фирқаи иштирокиюни Бухоро пеш аз Инқилоби Бухоро дар Тошканд нашр шуда буд. «Қутулуш» аз 28 июни соли 1920 то 13 овғусти ҳамин сол 11 шумора бароварда, хидмати худро тамом кард, яъне ба Инқилоби Бухоро мушарраф шуд. «Қутулуш» ҳарчанд ба забони узбакӣ нашр мешуд, баъзан мақолаву шеърҳои форсии инқилобҷӯёна ҳам ба ӯ дарҷ меёфт.”(саҳ.339)

“Сазовор аст, ки таърих ба Лоҳутӣ хитоби «Адиби сурх»-ро бахш намояд, зеро мумоилайҳ аввалкасест, ки ба забони форсӣ шеърҳои ҳақиқатан инқилобӣ сурудааст ва дар адабиёти синфии форсӣ ҳусни матлаъе барбаста.

Шоири машҳури форсиён Хоқонии Шервонӣ ба воситаи қасидаи машҳураи худ дар бораи харобаҳои Мадоин ва айвони Кисро ҳиссиёти миллию тахтпарастии худро ба чӣ дараҷа сӯзу гудоз буруз дода бошад, Лоҳутӣ ҳам ба воситаи қасидаи «Кремл»-и худ ҳиссиёти байналмилалию ранҷбарпарастии худро ба ҳамон дараҷа сӯзу гудоз шуълавар гардонидааст.”(саҳ.345)
Ва ниҳоят, охири мақолаи худро дар бораи маънии калимаи тоҷик устод Айнӣ чунин хатм кардааст:
“Аммо вақте ки хостанд, ки ин калимаро калимаи «тоҷ»-ро ба як халқи форсизабони баланд-маданият исми хос кунанд, дар охираш «к»-и исмиро ҳамроҳ карда, «тоҷик» гуфтанд.”(саҳ.384)
Инак, ман намунаҳоро аз китоби шахсе овардам, ки барои ин миллату ин забону ин фарҳангу таъсиси ин ҷумҳурӣ бо умру хуну ҷону қалам мубориза бурдааст. Дар ҳамон рӯзгор “Сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик” (дар назм бо ҳамроҳии устод Лоҳутӣ) шинохта шудааст.

Сухан аз асари касест, ки тарҳу бунёни адабиёту забони меъёри имрӯзаи тоҷиконро гузоштааст.
Сухан аз асари касест, ки осори наздик ба сад соли охир аз рӯи тарҳу меъёри пешниҳоднамудаи ӯ эҷод шудаву мешавад.

Сухан аз асари касест, ки каломаш санад, далели раднашаванда дониста мешавад.

Сухан аз асари касест, худ забони мардуми Тоҷикистонро “форсии сода” номида ва забони асари пешиниёнро аз абарустод Рӯдакӣ то худ ва баъди худ форсӣ номидааст.

Ду ё се маротиба (ман мақолаи охири китобро махсус нигоҳ накардаам) аз ибтидо то интиҳо дар ҳамаи бахшҳо аз таъбири “забони тоҷикӣ” истифода карда, дигар дар тамоми маврид забону адабиётро форсӣ номидааст. Ин худ маънои таркиби тозаву сохта будани истилоҳи “забони тоҷикӣ” ва аз рӯи эҳтиёту талаби сиёсати давр овардани он аст!

Инак, ҳоло чи касе тавон дорад, ҷуръат дорад ва далоили кофӣ дорад, ки Устод Айниро барои форсӣ номидани забон гунаҳкор ва аз диди ҳукумати имрӯз “фурӯхташуда”, “хоин” ва амсоли ин номад?!

Баҳси Эрону Хуросон ва забони муштараку адабиёту торихи муштарак ба ҷои худаш. Ман худ Тоҷикам, бо тоҷик буданам фахр мекунам ва аз рӯи дастуру меъёре, ки устод Айнӣ пешниҳод намудааст, таҳсил кардаам ва эҷод мекунам.

Устод Айнӣ забони модарии моро, забони миллати тоҷикро ва махсусан забони кӯҳистониҳоро (аз ҷумла Фалғарро, ки ман зодаи онам), “форсии содаи кӯҳистон” ном бурдааст, чаро ман хилофи онро қабул намоям?

Кист оне, ки худро аз устод Айние, ки то охирин ҷумлаашро бо дабираи форсӣ навиштааст, бузургтар шуморад?

Оне, ки муқобили забони устод Айнӣ, ки забони шеъри Абарустод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Сино, …то Шоҳину Туғрал ҳаст, мубориза мебарад ва истилоҳи сохтаву таҳмилнамудаи душманони ин марзу бумро таъкиду тасдиқу ҳимоят мекунад, худ баҳои худро бидиҳад, ки кист ва чи бояд ном бурда шавад.

Ман тоҷикам ва забони ман форсӣ ном дорад! Ҳамину тамом.

19.03.2018,
Олмон

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: