Шарҳи Маснавӣ (263)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (7)

* * *

Дар баёни он ки нодир афтад, ки муриде дар муддаии музаввир эътиқод ба сидқ бандад, ки ӯ касе аст ва бад-ин эътиқод ба мақоме бирасад, ки шайхаш дар хоб надида бошад ва обу оташ ӯро газанд накунад ва шайхашро газанд кунад, валекин ба нодир бошад

* * *

Лек нодир толиб ояд, к-аз фурӯғ

Дар ҳақи ӯ нофеъ ояд он дурӯғ.

Кам пеш меояд, ки ҷӯянда ва толибе, ки худ бархӯрдор аз нури ҳидоят аст, муршиди дурӯғин барои сулуки ӯ муфид афтад.

Нукта: Гоҳ мешавад, ки солик бо нияти пок таҳти иршоди пире дурӯғин қарор мегирад, ва ӯ ба аҳдофи олии ҳидоят мерасад, вале пири дурӯғин дар оташи ҳавопарастии худ месӯзад. Албатта ин маврид бисёр кам иттифоқ меафтад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.691-692)

Ӯ ба қасди неки худ ҷойе расад,

Гарчи ҷон пиндошт в-он омад ҷасад.

Он муриди солик бо нияти неки худ ба ҳидоят мерасад. Гарчи ӯ он пири дурӯғинро ҷону равон мепиндошт, вале дар воқеъ он пири муддаӣ ҳамчун ҷасади фоқиди ҷон аст ва дорои ҳаёти маънавӣ нест.

Чун таҳаррӣ дар дили шаб қибларо,

Қибла неву он намози ӯ раво.

Ба унвони мисол, касе, ки барои намоз гузордан дар дили шаб қибларо биҷӯяд ва пайдо накунад, боз ҳам намозаш дурусту мақбул аст.

Таҳаррӣ: талаби савоб (дурустӣ), ҷустуҷӯ.

Муддаиро қаҳти ҷон андар сир аст,

Лек моро қаҳти нон бар зоҳир аст.

Муддаии дурӯғин ботинан ва бар ҳасби дарун, дучори фақру надории ҷону маъност, аз ин рӯ ин фақру бемоягӣ махфӣ аст, вале фақри мо нисбат ба умури моддӣ зоҳиру ошкор аст. (Аз ин рӯст, ки шинохти муршиди содиқ аз кохиб, душвор аст.)

Мо чаро чун муддаӣ пинҳон кунем?

Баҳри номуси музаввар ҷон канем?

Мо барои чӣ фақри зоҳириамонро пинҳон кунем? Дуруст монанди он муддаӣ, ки фақри ботиниашро кетмон мекунад? Ва барои чӣ ба хотири ҳусни шӯҳрати дурӯғин ва риёии худ ҷон биканем ва ба ранҷу таъаб гирифор ойем?

Музаввар: сохтагӣ, дурӯғин.

* * *

Сабр фармудани аъробӣ занро ва фазилати сабру фақр баён кардан бо зани худ (1)

* * *

Шӯй гуфташ: чанд ҷӯйӣ дахлу кишт?

Худ чӣ монд аз умр? Афзунтар гузашт.

Шавҳар ба зан гуфт: эй хотун! Магар чӣ қадр ба кишту даромади моддӣ ниёз дорӣ? Магар аз ин умр чӣ қадр мондааст? Бештар аз он ки сипарӣ шудааст.

Оқил андар бешу нуқсон нангарад,

З-он ки ҳар ду ҳамчу селе бигзарад.

Инсони хирадманд ҳаргиз ба каму зиёди маъош таваҷҷӯҳ намекунад, зеро ҳар ду амр, яъне косту фузуни маъишат монанди сел мегузарад ва суботу қарор надорад.

Хоҳ софу хоҳ сели тирарӯ,

Чун намепояд даме, аз вай магӯ.

Хоҳ оби маъош софу зулол бошад яъне зиндагӣ ба рафоҳ бигзарад ва хоҳ тираву кадир яъне зиндагӣ ба сахтӣ гузарад, лаҳзае намепояд, пас, аз он ҳарфе назан.

Андар ин олам ҳазорон ҷонвар,

Мезияд хушъайш бе зеру забар.

Дар ин ҷаҳон ҳазорон ҷонвар дар ниҳояти осоиш мезиянд ва ба зиндагонии худ идома медиҳанд бе он ки дучори изтиробу парешонӣ бошанд. (Ин байт ва абёти баъдӣ нозир ба мавзӯи таваккул аст.)

Зеру забар: маҷозан изтиробу парешонхотирӣ аст.

Шукр мегӯяд Худоро фохта,

Бар дарахту барги шаб носохта.

Парандаи зебои фохта ором рӯи дарахт менишинад, Худои Таъолоро сипосу шукр мегӯяд, дар ҳоле ки рӯзии шабонааш фароҳам нест.

Фохта: навъе аз кабӯтарон, ки қумрӣ низ гӯянд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: