Наврӯзатон хуҷаста!

Эй дигаргунгари дилҳову дидаҳо!

Эй гардонандаи чархи рӯзону шабон!

Эй беҳбудбахши рӯзгори мардумону замин!

Ҳоли моро ба беҳтарин ҳол дигаргун бифармо!

Фаро расидани Наврӯз ва соли нави шамсии 1397-ро ба яко-яки ҳаммиҳанонам табрик ва таҳниат мегӯям.

Дар ин лаҳазот, лаҳазоти поёнии соли шамсӣ, шоиста аст даст ба сӯйи Худованди Меҳрубон боло бибарем ва дуо кунем:

Худоё! Аз ту масъалат мекунам, соли нави 1397 шамсиро барои Тоҷикистони азизамон соле шукуфоӣ, соле пешрафт, соле барои озодии ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ қарор бидиҳӣ!

Худоё! Аз ту мехоҳам, худат дили мақомҳои кишвари азизамро нарму мулойим гардонӣ, то бар асоси тарозуи адолат бар мардум ҳукумат биронанд ва ба ҳуқуқи так-таки шаҳрвандони ин марзу бум эҳтиром қоил бишаванд!

Худоё! Аз ту масъалат менамоям, барои ҷавонони ин сарзамин огоҳӣ ва бедорӣ ва дониш ва маърифат ато бифармоӣ!

Худоё! Аз ту мехоҳам, барои руҳонияти Тоҷикистон басират ва биниши лозим дар ташхиси дуруст аз нодуруст, саҳеҳ аз ғалат ва савоб аз носавоб ато бикунӣ, то бидонанд, роҳ кадом аст ва чоҳ кадом?! Тавфиқи фаҳми дуруст ва амиқи ойини инсонсози Ислом, дарки масоили рӯз ва ташхиси авлавиятҳо насибашон бифармоӣ, то бидонанд, ки ойини ҳазрати Муҳаммад (с) барои васл кардан омада, на барои фасл кардан!

Худоё! Раҳбарон ва фаъолони аҳзоби сиёсиро бо андешае рӯшангар ва зеҳне барномарез ва маҳорати мудирияти саҳеҳ баҳраманд созӣ!

Бори дигар ҳулули соли нав ва таваллуди дубораи табиат, иди фархунда ва куҳани Наврӯзи бостониро, ки ёдгори ниёкон ва паёмовари дӯстӣ, ишқ ва муҳаббат аст-ро ба так-таки азизон табрик мегӯям.

Соли нав бар шумо муборак!

Бо камоли эҳтиром,

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Пароканда

Метки:

1 reply

  1. Аъузубиллах зиндик

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: