Перейти к содержимому

Чӣ касе ҳаққи маънавии тоҷик буданро надорад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дирӯз (19 март) низ мисли солҳои пешин, раисиҷумҳур бо зиёиён дидор ва гуфтугӯ дошт. Ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор, чизи тозае дарбар надошт; бештари суханоне, ки шунидем, такрори мукаррарот буданд, ба ҷуз даъвати ӯ аз афроди ҳозир дар ин дидор, ки онҳо “дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми забони тоҷикӣ” бетараф набошанд ва “назару мавқеи худро равшану боҷуръатона” баён намоянд ва “андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтааанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд” қотеъона маҳкум кунанд.

Дар ин навиштор, лозим дидам ду се нуктаро дар бораи ин дидор ва гуфтугӯҳои раисиҷумҳур ёдоварӣ бикунам:

* * *

1) Ҳаким роҳнамои ҳоким аст, на ҳоким роҳнамои ҳаким:

Нуктаи аввал ин ки: таърихи башарият — аз замоне, ки мактуб аст ва мешиносем – фармонравоён ва ҳуккоми зиёдеро дида, чӣ фармонравоёни одил ва додгарро ва чӣ ҳуккоми золим ва ситамгарро. Ваҷҳи муштараки бештари онҳо ин будааст, ки ҳокимон дар корҳои худ ҳамеша бо ҳакимон машварат мекарданд ва ба панду насиҳатҳои онон гӯш медоданд ва саъй мекарданд, дар сиёсатҳои худ аз чорчӯби роҳнамудҳои ҳакимон берун нашаванд. Ва ба сухани дигар, ғолибан ин ҳакимон будаанд, ки роҳнамои ҳокимон буданд, на баръакс.

Албатта, дар таърих истисноҳое низ дида мешавад; ҳокимону фармонравоёне ҳам будаанд ва ҳастанд, ки ба ҷойи ин ки дар сиёсат дар чорчӯби ҳидояти ҳакимон қарор бигиранд, ба “ҳакимон” ҷиҳат медоданд, ки самту сӯи “ҳикмат” чӣ гуна бошад.

Ва намунаи боризаш ҳамин аст, ки мо, тоҷикҳо, дар муддати 15-20 соли ахир, дар ҷомеаи худ шоҳиди он ҳастем.

Дар ин муддат, ҳар сол, дар остонаи Наврӯз, раисиҷумҳур бо зиёиён (шоирон, нависандаҳо, донишмандон, ҳунармандон ва ғайра…) як дидору гуфтугӯ меорояд. Дар ин дидорҳо, ба ҷойи ин ки зиёиён ҳарф бизананд ва давлатмардон аз роҳнамоиҳои онон баҳраманд ва сиёсати худро бар мабнои раҳнамудҳои онҳо самту сӯ бибахшанд, баръакс, ин ҳоким аст, ки муайян мекунад, зиёиён чӣ гуна фикр бикунанд, дар чӣ маҷоле фаъолият бикунанд, чӣ бигӯянд ва чӣ бинависанд, чӣ афродеро “миҳандӯст” бидонанд ва чӣ касонеро “ватанфурӯш”, чӣ шахсиятҳоеро ба унвони “фарзонаҳои миллат” муаррифӣ кунанд ва аз чӣ шахсиятҳое дам назананд, номи забонамон чӣ унвон бишавад ва аз кадом унвон барои забони мо парҳез гардад…

Ва ба ҳамин далел аст, ки дар хилоли 15-20 соли ахир, Тоҷикистон дар ин арса, шоҳиди як вазъи собит ва устуворе нест, балки бар асоси тағйири нигоҳу сиёсати фармонраво, мураттаб дигаргун ва тағйир мекунад. Як сол мебинед, тамоми “зиёиён” ҳарфашон фақат аз таъриху фарҳанги Ориёву ориёист. Соли дигар аммо ин таъриху фарҳанг ба фаромӯшӣ супурда шуда ва ба ҷойи он ҳарфу ҳадиси “зиёиён” Исмоили Сомонӣ ва Сомониён мегардад ва рӯзномаҳо пур аз “таҳқиқот” ва “пажӯҳишҳо” дар бораи таърихи ин сулола мешавад. Ва соли баъд аз он ҳам, Сомониён як сӯ гузошта шуда, ҳиммати “зиёиён” равонаи сухан аз Имоми Аъзам ва мазҳаби ҳанафӣ мешавад. Ва ба ҳамин минвол…

Ва чун дар оғози соли ҷорӣ, яъне дирӯз, таъкиди раисиҷумҳур рӯи забон ва ин ки номаш чӣ хонда бишавад буд, ҳамаи мо дар ин сол шоҳиди “таҳқиқ”-у “пажӯҳиш”-ҳои фаровон аз сӯи “зиёиён” дар бораи забон хоҳем буд ва рӯзномаҳо низ аз ин навъ мақолот пур хоҳанд шуд.

* * *

2) Зиёӣ ё надим?

Мусибат барои як ҷомеа замоне аст, ки дидгоҳу назари рӯшанфикронаш (нависанда, шоир, ҳунарманд ва ғайра…) бо тағйири сиёсати ҳоким ва фармонраво, тағйир пайдо бикунад ва ба таблиғу тарвиҷи ҳамон чизе бипардозанд, ки муқтазои сиёсат аст; сиёсате, ки табиаташ тағйиру дигаргунӣ аст. Дар ҳоле, ки таърих, фарҳанг, забон, сунану одот ва ин қабил умур, собит ва лоятағаяранд.

Бинобар ин, барои як зиёӣ бисёр шармовар аст, ки дар заминаи таърих ё забон ва ё фарҳанг, дидгоҳаш мураттаб тағйир ва дигаргун гардад. Дирӯз чизе бигӯяд, ва имрӯз чизе дуруст хилофи он чи дирӯз изҳор дошта, ва фардо низ, бо тағйири самту сӯи сиёсати фармонраво, дидгоҳи севвумеро иброз бидорад, ки хилофи назари дирӯзу имрӯзаш бошад.

Асосан, якчунин инсоне номаш “зиёӣ” нест, балки надим аст. Убайди Зоконӣ ин воқеияти талхро дар қолаби як танз чӣ қадр зебо баён дошта. Мегӯяд:

Султон Маҳмудро дар ҳолати гуруснагӣ бодимҷон пеш оварданд, хушаш омад, гуфт:

— Бодимҷон таъомест хуш!

Надиме дар мадҳи бодимҷон сухан пардохт. (Султон) чун сер шуд, гуфт:

— Бодимҷон музир (зараровар) аст.

Надим боз дар мазарроти бодимҷон суханпардозӣ кард. Султон гуфт:

— Эй мардак! На он замон мадҳаш мегуфтӣ?

Гуфт:

— Ман надими тувам, на бодимҷон, маро чизе мебояд гуфт, ки туро хуш ояд, на бодимҷонро.

* * *

3) Забони миллии тоҷикон порсӣ аст!

Нуктаи севвум ва муҳимми дигар он аст, ки: забони мо, тоҷикҳо, чӣ ҷаноби раисиҷумҳур бихоҳад ё нахоҳад ва чӣ “зиёиён” ва ё дурусттараш, надимҳо, дар ин замина қаламфарсоӣ бикунанд ё накунанд, порсӣ аст. Дар ин мавзӯъ то ба имрӯз таҳқиқу пажӯҳишҳои кофӣ ва лозими фаровоне аз сӯи азизони ворид ва огоҳ навишта шуда ва умедворам боз ҳам навишта шаванд.

Бинобар ин, дар ин навиштор ба исботи ин ҳақиқати “азҳару минаш-шамс” бо овардани далелу бурҳон намепардозам, азизон метавонанд мақолаҳое, ки то ба имрӯз нигошта шуда руҷӯъ кунанд, ва ба унвони намуна, ин ду мақоларо тавсия мекунам: яке, мақолае таҳти унвони “Забони миллии тоҷикон порсӣ аст!” ба қалами ҷаноби Дориюши Раҷабиён, ва дигар, мақолае, ки ҳамин дирӯз тавассути ҷаноби Исфандиёри Назар бо унвони “Хареро аспи тозӣ гӯ! – нагӯям!” навишта шуд ва мо дар сойт гузоштем.

* * *

4) Чӣ касе ҳаққи маънавии тоҷик буданро надорад?

Нуктаи чаҳорум ва ахир он ки: раисиҷумҳури кишвар дирӯз – чунонки дар садри ҳамин ҷустор ҳам овардем – бо даъват аз зиёиён, ки “дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми забони тоҷикӣ” бетараф набошанд, аз онҳо хост: “Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтааанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунед.”

Нигорандаи ин сатрҳо бовараш он аст, ки ба эҳтимоли зиёд, ин тикка аз суханони раисиҷумҳурро аз сойти риёсати ҷумҳурӣ ва ё соири расонаҳои давлатӣ бармедоранд. Зеро ин сухан, аввалан, комилан ғайримантиқӣ аст, ва сониян, мухолифати сареҳ бо Қонуни асосӣ аст, ва мухолифати раъси ҳукумат бо Қонуни асосӣ, ба назарам, чизи соддае нест.

Ин ки ғайримантиқӣ аст, ба ин далел аст, ки ҳокими ҳеч кишваре — на дар гузашта ва на дар имрӯз – як шаҳрванди худро, ки дар мавриди номи забони миллӣ дидгоҳе мухолифи назари ӯ дошта бошад, “фурӯхташуда” бихонад ва аз ӯ салби “ҳаққи маънавӣ” бикунад.

Баҳс пиромуни забон, як баҳси комилан илмӣ аст, ва дурустӣ ва нодурустии онро далел ва бурҳон муайян мекунад, на хости ҳоким ва сиёсат. Фарз кардем (бар фарзи маҳол), ки номи забони миллии мо “тоҷикӣ” будааст, на “порсӣ” ва тамоми бузургони адаби мо – мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлоно, Камоли Хуҷандӣ ва ғайра… – дар ашъор ва навиштаҳои худ аз он ба унвони “забони тоҷикӣ” ном бурдаанд (ки албатта ин як фарзи маҳол аст, вале ҳоло фарз кардем чунин будааст), ва дар ин миён, як нафар донишманд назаре мухолиф бо ин дидгоҳ доштааст ва бар муддоъи худ далелу бурҳон ҳам иқома кардааст. Хуб, дар ин сурат, оё ӯ “фурӯхташуда” аст ва дигар “ҳаққи маънавии тоҷик будан”-ро надорад? Ин дуруст мисли он аст, ки: ҳоким дар хусуси як мавзӯи илмӣ (чӣ дар заминаи таърих, ё адабиёт, ё ҳатто улуми таҷрибӣ мисли физик ё риёзӣ ва ё шимӣ) назаре мухолиф бо як коршинос дошта ва чун дидгоҳи коршинос бо назари вай муғойир аст, коршиносро “фурӯхташуда” эълом карда ва аз ӯ “ҳаққи маънавии тоҷик будан”-ро салб намояд.

Ва аммо ин ки гуфтем, хилофи Қонуни асосӣ аст, аз он ҷост, ки раисиҷумҳур шаҳрвандони мухолифи назари худ дар як мавзӯи хоссро ба унвони афроде, ки “мазҳабу имони худро фурӯхтаанд” муаррифӣ ва аз дигарон мехоҳад онҳоро маҳкум кунанд!

Оё дар Қонуни асосӣ ба “мазҳабу имони муайяне” ба унвони дини расмӣ тасреҳ шудааст, ки тахаттӣ аз он, ҷурм шумурда шуда ва соҳибаш сазовори “маҳкум шудан” аз сӯи зиёиёни кишвар бошад?!

То ҷое, ки медонем, сохтори сиёсии Тоҷикистон тибқи Қонуни асосӣ, ҳуқуқбунёд аст ва шаҳрвандон дар гароиш ба ин ё он ақида ва фикр, озоданд.

Ва аз ин ҳам бадтар, худи ҳамин даъвати ҷаноби раисиҷумҳур — бар мабнои қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон — навъе ҷурм аст. Яъне, ин як навъ даъват ба “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ…” аст, ки тибқи моддаи 189, соҳибаш бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: