Дунё дар соле, ки гузашт

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Соле, ки гузашт (соли шамсии 1396), дар маҷмӯъ барои дунё соли хубе набуд, аз ҷумла дар минтақаи мо.

Зуҳури теруризм ва ифротгароӣ дар минтақаи Ховари Миёна дар чаҳор-панҷ соли ахир ва вуруди абарқудратҳо барои маҳори он, паёмадҳое дошт, ки на танҳо гиребонгири минтақаи Ховари Миёна ва дарбадарӣ ва оворагии мардуми он минтақа гардид, балки метавон гуфт, ин ҳодисаи талх таъсири худро дар кулли дунё аз ҷумла дар минтақа ва ҷомеаи мо низ гузошт.

Аз оғози зуҳури ДОЪИШ дар Ховари Миёна, як маъракаи бисёр густардае дар ҷаҳон ва ба хусус расонаҳои мӯътабари ҷаҳонӣ роҳ андохта шуд бо ин ҳадаф, ки ин гурӯҳи теруристӣ як “гурӯҳи исломӣ” ва ин ки ақоиду афкору рафторҳояш реша дар омӯзаҳои исломӣ дорад муаррифӣ шавад. Ва бо ин ки аксар ба иттифоқи уламои ҷаҳони ислом тасреҳ мекарданд, ки ин гурӯҳ ҳеч рабте ба ислом ва омӯзаҳои исломӣ надорад, вале расонаҳои ҷаҳонӣ ва таҳлилгарону коршиносон исрор доштанд, то ин гурӯҳи теруристиро ба унвони як гурӯҳи исломӣ нишон бидиҳанд.

Ва ҳамин исрори расонаҳо аз як тараф, ва қатлу куштору бебандубориҳои ин гурӯҳ дар манотиқи таҳти нуфузаш ва ҷазби анбӯҳе аз ҷавонони кишварҳои исломӣ ба саффи он аз тарафи дигар, боиси шуданд як навъ тарсу ҳароси камназире аз мусалмонон дар зеҳни мардуми кулли дунё эҷод бишавад; ба ҳадде, ки дар ҷаҳон ин гумон чира гардид, ки танҳо таҳдид дар қарни 21, ин таҳдид аз сӯи мусалмонон ва ба хусус гурӯҳҳои исломгарост. Ва касе ҳам байни гурӯҳҳои исломгарои мӯътадил ва тундрав фарқ намегузошт ва ба ҳамаи онҳо ба як чашм нигоҳ мекарданд.

Нахустин паёмади эҷоди ин тарсу ҳарос дар дунё, аз Омрико бигир то Урупо, пирӯзии ростгароён ва аҳзоби тундрав ва бо гароишҳои носиюнолистӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумон буд, ки дар ин кишварҳо яке пас аз дигар зимоми умури сиёсиро ба даст гирифтанд.

Ва аммо дар кишварҳои Ховари Миёна ва аз ҷумла дар минтақаи мо, бештарин истифодаро аз зуҳури ДОЪИШ ва амсоли он, ҳукуматҳои худкома ва диктотур бурданд. Зуҳури ин гурӯҳи теруристӣ ва бебандубориҳое, ки анҷом медод, фурсатеро барои ин ҳукуматҳо фароҳам овард, ки ба саркӯби мухолифони сиёсии худ бо иттиҳоми онҳо ба доъишӣ будан ва ё лоақал ҳамандеш будан бо ДОЪИШ, бипардозанд. Дар гирудори ҷанг бо ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия ва андармонии ҷаҳониён ба он, дар Тоҷикистон ҳукумати кунунӣ ба иттиҳомоти воҳӣ ва пуч фаъолияти бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар кишварро яъне ҲНИТ-ро мамнӯъ ва онро гурӯҳе “теруристӣ” эълон ва бештари раҳбарон ва фаъолони ин ҳизбро бо роҳ андохтани додгоҳҳои масхара зиндонӣ кард. Ва ҳамин ки номаш “исломӣ” аст, кофӣ буд ҷаҳон, ки машғули ҷанг бо ДОЪИШ аст, ба ин рухдоди бисёр хатарнок барои ҷомеаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ва эътиное накунад.

* * *

Дар соли нави пеши рӯй ҳам, шоҳиди ин гуна суистифодаҳо хоҳем буд. Зеро то модоме, ки ҳукуматҳои худкома аз ноҳияи мухолифони сиёсии худ эҳсоси хатар бикунанд, тамоми саъю талоши худро равонаи ҳазфи онҳо бо иттиҳоми ин ки онҳо доъишӣ ҳастанд, хоҳанд намуд. Ва албатта, аз Худояшон аст, ки ДОЪИШ решакан нашавад. Чаро ки то замоне ки ДОЪИШ ҳаст, бақои онҳо дар курсӣ ҳам тазмин шудааст.

Аз ин рӯ, соли нав барои мухолифон, мисли соли пешин, соли душворе хоҳад буд, ки аз онҳо сабру ҳавсалаи бештар ва барномарезии дақиқтар ва устувории бештар металабад. Албатта, бо таваҷҷӯҳ ба истиқрори опозисиюни тоҷик дар Урупо ва назм ёфтани фаъолияти онҳо, умед меравад фаъолияти онҳо беҳтар ва робитаашон бо ҷомеа бештар гардад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: