Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (181)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (14)

Баёни дуввум (бурҳони ҳудус, бурҳони вуҷубу имкон)

Матни мақола

Мушоҳидаи ибтидоӣ ба субут мерасонад ва ҳам бо кунҷковии илмӣ ба даст меояд, ки аҷзои ҷаҳон бо ҳамдигар иртиботи вуҷудӣ доранд (1) ва ин иртибот ва ба ҳам бастагӣ на танҳо дар миёни як дастаи вижае аз аҷзои ҷаҳон мебошад, балки то ҳар ҷо борикбинӣ шуда ва пеш рафта ва ба баррасӣ пардозем, риштаи иртиботи номбурдаро тобидатар ва муҳкамтар меёбем. Ҳатто онон, ки барои фирор аз исботи ғоят ва ғараз дар вуҷуд ба домани қонуни табаияти муҳит часпидаанд, аз исботи иртиботи аҷзои ҷаҳон гурезе надидаанд. Албатта, ин иртибот, иртиботи ваҳмӣ ва пиндорӣ нест, балки иртиботест воқеӣ ва мустақил аз зеҳни мо, ва дар асари он, ҷаҳон бо аҷзои худ як воҳиди хориҷӣ аст.

Ва ин воҳиди хориҷӣ дар вуҷуди худ мутағайир ва мутаҳаввил мебошад, яъне пас аз нестӣ ҳастӣ мепазирад, зеро аз ҳар роҳе ба муҳосибаи ҳаводиси ҷаҳон пардозем, саранҷом ба ҳаракати умумӣ (ҳаракати вазъӣ ва маконӣ ва ё ҳаракати ҷавҳарӣ) хоҳем расид. Ва ҳаракат — чунонки гузашт – ҳастӣ аст пас аз нестӣ ва вуҷуде аст оғишта ба адам, чунонки дар мақолаи 10 гузашт.

Ва ба муқтазои қонуни иллату маълул, ҳар мавҷуди ҳодисе (мавҷуде, ки набуда пас аз он шуд) иллати вуҷуд мехоҳад.

Ва агар аҷзои ҷаҳонро ё бахше аз онҳоро мутағайир фарз накунем, боз аз исботи иллати вуҷуд барои онҳо гурезе нест, зеро дар мақолаи 9 исбот кардем, ки ҳар мавҷуди мумкин агарчи мутағайир набуда бошад, ниёзманд ба иллати вуҷуд мебошад.

Натиҷа

Барои ҷаҳони ҳастӣ иллати вуҷудӣ берун аз худаш ҳаст.

* * *

Таълиқот:

(1) Ин бурҳон бо ду тақрире, ки дар матн аз он шуда мунтабиқ аст бо “бурҳони ҳудус”-и мутакаллимон ва “бурҳони имкону вуҷуб”-и фалосифаи исломӣ, ки қаблан аз Ибни Сино нақл кардем, бо як тафовут, ки дар баёни ин мақола як муқаддимаи илова ба кор рафтааст, ва он ин аст, ки ҷаҳон бо ҳамаи аҷзоу аҷрому аносуру мураккаботи худ маҷмӯан як воҳиди табиӣ ва шахсӣ аст, ва ба таъбири ин мақола, як воҳиди хориҷӣ аст.

Бадеҳист, ки бо илова шудани ин муқаддима, кори бурҳон саҳлтар ва соддатар мешавад.

Хулосаи ин бурҳон ин аст: ҷаҳон ба ҳукми қонуни умумии ҳаракат, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ҳаракати ҷавҳарии зотӣ, доиман дар ҳоли ҳудус аст, ва чун маҷмӯан як вуҷуди хориҷӣ аст, пас як воҳиди ҳодис аст (албатта ҳодисе, ки ҳудусаш тадриҷӣ аст ва доиман дар ҳоли ҳудусу завол аст), ва ҳар воҳиди ҳодис ниёзманд ба иллати муҳдис (эҷодкунанда, падидоваранда) аст. Пас, ҷаҳон ба унвони як воҳиди ҳодис ва ба унвони падидаи воҳид, ниёзманд ба муҳдис ва падидоваранда аст.

Агар касе ҳаракати умумии ҷаҳонро мункир шавад, имкони зотии ҷаҳон ва аҷзои ҷаҳонро наметавонад мункир шавад, зеро ҷаҳон дорои моҳият аст ва лозимаи моҳият доштан, имкони зотӣ аст. Ва чун ҳамаи ҷаҳон як воҳиди шахсӣ аст, пас ҳамаи ҷаҳон як воҳиди мумкин аст, ва ҳар мумкине дар вуҷуди худ ниёзманд ба иллате моварои вуҷуди худ аст, пас ҷаҳон ниёзманд ба иллати муҷид (падидоваранда) аст.

Фоидаи ин муқаддимаи илова ин аст, ки агар ҷаҳонро маҷмӯан як воҳиди хориҷӣ надонем, мумкин аст касе иллияти вуҷудии аҷзои ҷаҳонро бо худи аҷзоъ тавҷеҳ кунад ва бигӯяд дар ҷаҳон, ғайримутаноҳӣ ҳодис ва мумкин ва маълул вуҷуд дорад ва ғайримутаноҳӣ муҳдис ва бавуҷудоваранда ва иллат вуҷуд дорад, ҳар ҳодисаи қаблӣ муҳдис ва бавуҷудоваранда ва иллати ҳодисаи баъдӣ аст, пас ниёзе ба иллате моварои аҷзои ҷаҳон нест.

Маъмулан моддимаслакон иллияти ашёро нисбат ба якдигар ба ҳамин тартиб тавҷеҳ мекунанд.

Аммо пас аз он ки донистем ҷаҳон маҷмӯан як воҳиди табиии воқеии шахсиро ташкил медиҳад, ҳукм мекунем, ки ҷаҳон як воҳиди ниёзманде аст ва қаҳран иллате моварои худ эҷоб мекунад.

Пас, ин бурҳон он гоҳ тамом аст, ки он муқаддимаи илова исбот шавад. Акнун бибинем аз чӣ роҳ метавон худи он муқаддимаро исбот кард? Ду матлабро бояд ёдоварӣ кунем:

а) Фаразан, масъалаи ваҳдати шахсии ҷаҳон исбот нашавад, худи аҷзои ҷаҳон барои тавҷеҳи иллияти ашё кофӣ намебошад, зеро аҷзои ҷаҳон, ки иллати якдигар фарз мешаванд, нисбат ба якдигар тақаддуму таъаххури замонӣ доранд, ҳамзамон намебошанд. Дар мабоҳиси “иллату маълул” ва “зарурату имкон” собит шудааст, ки иллати муҷиди (падидоварандаи) ашё илзоман маъийяти вуҷудӣ дорад бо ашё, он чизе, ки аз маълул инфикок мепазирад, иллати “муъидда” (фароҳамсозанда) аст, на иллати муҷид ва мӯҷиб. Ҳаводиси моддӣ, иллати эъдодии якдигаранд ва дар воқеъ маҷрои вуҷуди якдигаранд, на эҷодкунандаи якдигар.

Масалан, “падар” маҷро ва иллати эъдодии “фарзанд” аст, на эҷодкунанда ва иллати эҷодӣ ва эҷобии ӯ. Падар танҳо иллати эҷодӣ ва эҷобии ҳаракоте аст, ки аз ӯ сар мезанад, на иллати эҷобии фарзанд, ки нутфаи ӯ дар вуҷудаш мутакаввин ва сипас аз ӯ ифроз мешавад. Пас, фарзанд дар ҳамаи мароҳили вуҷуд агар воқеан ҳодис ва мумкин ва маълул бошад, маълули як ҳақиқат ва воқеияте аст, ки бар ӯ иҳота дорад ва дар ҳама ҳол бо ӯ ҳаст ва аз вуҷуди ӯ инфикок намепазирад:

هُوَ اللَّهُ الْخَالِقُ الْبَارِئُ الْمُصَوِّرُ

“Ӯст Худои холиқи навсози суратгар…” (Сураи Ҳашр, ояти 24)

Ва аммо он чи дар истилоҳи улуми табиии имрӯз онҳоро “иллат” меноманд, ҷуз як силсила шароит ва муқаддимот намебошанд ва мо низ, ки дар таъбироти худ калимаи “иллият”-ро дар бораи ҳаводиси ҷаҳон нисбат ба якдигар ба кор мебарем, мақсудамон иллияти эъдодӣ аст, на иллияти эҷобӣ, ва беҳтар ин аст, ки дар бораи онҳо ба ҷои калимаи “иллат” калимаи “омил” ё “шарт” ё “муқаддима” ба кор бурда шавад.

Дар мақолаи иллату маълул дар ин бора баҳс шудааст ва баъд дар матн низ ишора хоҳад шуд.

б) Ҳукамои илоҳӣ аз дерзамоне ин андешаро иброз медоштаанд, ки тамоми ҷаҳон шахси воҳид аст, ҳамаи ҷаҳон дар айни ин ки аъзо ва аҷзои мухталифе дорад, як воҳид аст ва як сурат ва феълияти табиӣ дорад ва ҳамаи қувваҳо ва аҷзояш вобаста ва туфайлии он сурати воҳид аст, ҳамчунон ки инсон бо ҳамаи аъзо ва аҷзои мухталиф як воҳиди воқеӣ аст ва як ташаххуси воқеӣ дорад. Милоки ваҳдат ва ташаххуси инсон сурати ӯ яъне нафси ӯст. Ҳамаи қувваҳо ва аҷзои инсон вобаста ва туфайлии сурати инсон аст ва ҳамон сурат аст, ки милоки ташаххуси инсон ба шумор меравад.

Агар фарз кунем селлулҳое, ки дар дохили ҷаҳони бадани инсон фаъолият мекунанд бихоҳанд дар бораи ҷаҳони худашон яъне бадани инсон биандешанд, ҳар ҷиҳозеро аз ҷиҳози дигар ҷудо, балки ҳар узверо мустақил аз узви дигар хоҳанд пиндошт. Ҷаҳоне мебинанд дорои қисматҳои мухталиф, ҳар қисмате ба коре махсуси худ машғул аст. Барои ин селлулҳо, ки дар ҷаҳони бадани инсон маҳбусанд, имкони ин тасаввур нест, ки ҳамаи ин аъзо ва аҷзо ва ҷиҳозот, туфайлии вуҷуди як воҳид аст ба номи “инсон” ва як ҳаёти куллӣ ҳамаи инҳоро тадбиру идора мекунад.

Тибқи фарзияи боло мо дар даруни ҷаҳони табиат, ҳамонанди он селлулҳо ҳастем дар даруни бадани инсон, ҳаёте, ки бар кулли ҷаҳони табиат ҳукмфармост, ҳамонанди ҳаёте аст, ки бар кулли бадани инсон ҳукмфармост, ки ҷаҳонҳои фардӣ ва ҷузъӣ туфайлии он ҳастанд. Ва ба ҳамин ҷиҳат ҷаҳонро “инсони кабир” ва инсонро “ҷаҳони сағир” хондаанд.

Дар китобҳои фалсафа ин назария (ваҳдати шахсии олам) ба Арасту нисбат дода мешавад бидуни он ки бурҳоне аз ӯ нақл шавад, ва фалосифа маъмулан дар мабоҳиси илоҳиёт таҳти унвони “ваҳдате илоҳил-ъолам” баён мекунанд.

Он чи дар он ҷо баён мешавад, ду матлаб аст: яке ин ки оё танҳо як олам вуҷуд дорад ё беш аз як олам вуҷуд дорад? Ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ба ақидаи қудамо ба пайравӣ аз ҳайъати батламюсӣ ҳамаи оламро замин ва на фалак ташкил медиҳад ва фалаки нӯҳум муҳаддидулҷиҳот аст, маънии ин суол равшан аст.

Матлаби дигар ин ки оё олами мавҷуд ваҳдати табиӣ ва шахсӣ дорад ё на? Ҳукамо барои муддаои дуввум далеле меоваранд, ки қисмате аз он бар фалакиёти қадим мубтанӣ аст.

Вале масъалаи ваҳдати табиӣ ва шахсии олам мубтанӣ бар чунон фарзиёте нест, аз роҳҳои дигар низ метавон таъйид ва балки исбот кард.

Яке аз роҳҳо фарзияе аст қадиме, ки аҳёнан дар ҷадид низ таъйид мешавад, ва он ваҳдат ва иттисоли воқеии аҷсом аст. Мо аҷсомро ба ҳасби ҳисс, мунфасил ва ҷудо ва мутакассир мебинем, вале ин эҳтимол ҳаст, ки тамоми аҷсоми ҷаҳон ҷисми воҳид бошанд ва халаъ ва инфисоле дар байн набошад, он чиро мо халаъ ё ҷудоии ду ҷисм мепиндорем, дар воқеъ чунин нест.

Албатта ин фарзияе беш нест ва исботи он холӣ аз ишкол намебошад.

Яке дигар, аз роҳи иртиботи ғоии низоми олам аст:

Қаблан, ки дар бораи “далели назм” баҳс мекардем, собит кардем, ки навъе ҳамоҳангӣ дар ҳадаф, миёни аҷзои ҷаҳон мушоҳида мешавад. Масалан, дар қисмате аз ҷаҳон, ки мо зиндагӣ мекунем, авзоъу аҳвол нишон медиҳад, ки замин, гозҳои муҷовири замин, обҳои замин, гиёҳҳо, ҳайвонҳо, моҳ, ки ба даври замин мегардад ва хуршед, ки замин ба даври ӯ мегардад, бо якдигар навъе ҳамоҳангӣ ва интибоқ доранд ва маҷмӯан ҳадаф ё ҳадафҳои мушаххасро таъмин мекунанд.

Ин иртиботи ҳадафиро ба се наҳв метавон тасвир кард:

Яке ин ки фарз кунем ҷаҳонро сонеъи бузург монанди як мошин сохтааст ва тавре онро муназзам сохтааст, ки ба таври худкор ҳамаи аҷзоъ ҳадафи воҳидеро таъмин мекунанд.

Дигар он ки фарз кунем дар сохтмони ҷаҳон чунин интизоме ба кор нарафтааст, балки доиман дастҳои ғайбӣ дар кори ҷаҳон мудохила ва ҷаҳонро идора мекунанд, назири идора кардани инсонҳо муассисаҳоро. Он иродаҳои ғайбӣ тавре ҳаракоти аҷзои ҷаҳонро мегардонанд, ки ба назар мерасад худи аҷзои ҷаҳон бо якдигар ҳамҳадаф мебошанд.

Севвум ин ки фарз кунем ҷаҳон маҷмӯан як воҳиди воқеии табиӣ аст. Ҳамаи ҷаҳон дорои сурати воҳид, нафси воҳид, ҳаёти воҳид аст назири як фарди инсон, ки дар айни ҷиҳозоти мухталиф ва бо вуҷуди садҳо милюн селлул, як воҳиди воқеӣ аст ва як шахс аст ва ҳаёти воҳид дорад ва ҳамон ҳаёт ва ё нафс мудаббири аҷзо ва абъози сохтмони бадани ӯст, равобити ғоӣ ва ҳадафии ин пайкарро ҳамон нерӯи воҳид интизом мебахшад. Он нерӯи мудаббири ҳаётӣ, ҳам ба инсон ваҳдати воқеӣ бахшидааст ва ҳам равобити аҷзои инсонро танзим мекунад ва ҳамаи нерӯҳои мавҷудро таҳти тасхиру тасаллути худ даровардааст.

Шахсе дар нуқтае аз ҷаҳон некӣ мекунад ва дар нуқтаи дигар аз ҷаҳон подош мегирад, дар Диҷла некӣ мекунад ва дар биёбон подош мегирад, ва баръакс ба шахси муайяне бадӣ мекунад ва ба шахси дигаре мукофот пасмедиҳад. Такрор ва вазъи хосси ин ҷараёнот тавре нест, ки қобили ҳамл бар тасодуф бошад.

Акнун чӣ бигӯем? Бигӯем, ҷаҳон ба сурати мошине муназзам сохта шудааст ва меконизми он тавре аст, ки бидуни ирода аксуламалҳои муносибе нишон медиҳад? Ва ё як силсила мавҷудоти соҳибирода ҳастанд, ки алорағми ҷараёни табиии ҷаҳон маъмурият доранд ин гуна ҳаводисро ба вуҷуд биёваранд? Ва ё иродаи зоти Борӣ мустақиман ин ҳаводисро халқ мекунад бидуни он ки бо меконизми ҷаҳон иртибот дошта бошад?

Дар маҳалли худ мубарҳан аст, ки робитаи аҷзои ҷаҳонро танҳо аз роҳи “меконизм” наметавон тавҷеҳ кард ва маснуъи Худовандро ба маснуъи башар наметавон қиёс гирифт, ҳамчунон ки дахолати иродаҳои мавҷудоти номаръиро ба сурати хориҷ аз низоми олам наметавон пазируфт. Ва ҳамчунин дар маҳалли худ собит аст, ки дахолати мустақим иродаи зоти Борӣ бидуни висотати шайъи дигар низ номаъқул аст.

Бинобар ин, агар интизом ва ҳамоҳангии ҳадафии аҷзои ҷаҳонро — лоақалл ба миқёси замин ва сайёроте, ки мо мешиносем – бипазирем, чорае ҷуз пазируфтани ваҳдати табиии ҷаҳон надорем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: