Перейти к содержимому

Шайх Аҳмад Ёсин

Ба баҳонаи 14-умин солгарди шаҳодати Шайх Аҳмад Ёсин

Имрӯз (22-уми март) мусодиф аст бо 14-умин солрӯзи шаҳодати Шайх Аҳмад Ёсин, муассис ва раҳбари маънавии Ҷунбиши Муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос). Ӯ дар саҳаргоҳи ҳамин рӯз, замоне ки пас аз адои фаризаи намози субҳ қасди хуруҷ аз масҷидро дошт, мавриди ҳадафи мушаки «ҳаво ба замин»-и чархболҳои саҳюнистӣ қарор гирифт ва ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил омад. Шайх Аҳмад Ёсин дар навҷавонӣ дар асари тамрини як ҳаракати варзишӣ, дучори маълулият шуд. Аммо маълулияти ӯ натавонист пеши иродаи оҳанини ӯро бигирад.

Кӯдакии Шайх

Шайх Аҳмад Ёсин дар соли 1936 дар рустои Алҷураи Фаластин ба дунё омад. Падари шайх фарди мӯҳтараме буд, ки намояндагии рустоиёнро дар гурӯҳҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ бар ӯҳда дошт. Замоне ки падар зиндагиро падруд гуфт, Шайх Аҳмад се сол бештар надошт, вале бо ин ҳол барои имрори маъоши хонавода ба бародаронаш кӯмак мекард ва дар фурӯхтани мева ва ширинӣ онҳоро ёрӣ медод. Шайх Аҳмад Ёсин ҳангоме ки ба синни мадраса расид, дар мадрасаи ибтидоии Алҷура сабти ном кард. Ӯ дар мақтаъи ибтидоӣ ҳамеша ҷузъи панҷ нафари аввали килос буд.

Хонаводаи Шайх Аҳмад Ёсин бо шурӯи даргирӣ дар соли 1946, ба иҷбор ба шаҳри Ғазза дар муҷовирати Алҷура муҳоҷират карданд ва бародарони ӯ ҳар кадом дар ҳирфаҳои мухталифе машғул ба кор шуданд. Аҳмад ҳам бо вуҷуди синни кам, дар рестуроне шурӯъ ба кор кард. Ӯ пас аз гузашти 6 моҳ, аз бародаронаш хост, то рестуроне барои ӯ таъсис кунанд. Онҳо ин корро анҷом доданд ва Шайх Аҳмад чанд моҳ дар онҷо машғул ба кор шуд, вале пас аз муддате тасмим гирифт, то дубора ба мадраса бозгардад. Аз ин рӯ, бародараш Абӯнасим ӯро дар мадрасаи роҳнамоӣ сабти ном кард ва ӯ ба таҳсил идома дод.

Оғози ҳаёти сиёсӣ

Шайх Аҳмад Ёсин пас аз гузарондани давраи роҳнамоӣ, вориди дабиристони Фаластин шуд, ки дар фосилаи як километрии манзилаш қарор дошт. Дар он замон тарҳҳои искони оворагон ва ҳалли мушкили ин масъала ҳамаҷо матраҳ буд ва дабиристонҳо низ даргири ин масоил буданд. Дар миёни ҷунбишҳои фаъол ҷунбиши Ихвонул-муслимин аз фаъолтарин ҷунбишҳои навори ­Ғазза ба шумор меомад, ки теъдоди зиёде аз донишомӯзон узви он буданд. Ин ҷунбиш барномаҳои созмонёфтаи тарбиятӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ барои ҷавонон дошт, ки таваҷҷӯҳи Шайх Аҳмад Ёсинро низ ба худ ҷалб кард. Аз ин рӯ, ба ин ҷунбиш пайваст ва солҳои нахустини ҷавонии худро дар фаъолиятҳои шадиди фикрӣ ва сиёсӣ гузаронд. ­Ӯ ҳамвора барои ҳузур дар ҷаласоти иҷтимооти Ихвонул-муслимин ба масҷиди Абӯхазра мерафт.

Иродаи оҳанин

Шайх Аҳмад Ёсин дар навҷавонӣ дар асари тамрини як ҳаракати варзишӣ дучори маълулият шуд. Аммо маълулият натавонист пеши иродаи оҳанини ӯро бигирад. Шайх Аҳмад бо эътимод ба нафс, ба таҳсилоти худ идома дод ва дар соли 1958 дабиристонро ба поён расонд ва пас аз он тасмим гирифт ба муаллимӣ бипардозад. Аз ин рӯ, дархосте ба раиси Омӯзишу парвариш тақдим кард, вале бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти ҷисмияш, хеле баъид буд ӯро бипазиранд. Шайх дар байни дархосткунандагони тадриси забони арабӣ ҷузъи даҳ нафари аввал буд. Аъзои кумита агарчӣ ба тавоноиҳои мумтоз ва дараҷоти илмии ӯ огоҳ буданд, вале ба иллати маълулияташ, номае ба фармондори кулл навиштанд ва масъаларо мутазаккир шуданд, вале фармондор, бар хилофи интизори ҳамагон, бо тадриси Шайх мувофиқат кард. Ба ин тартиб, Шайх Аҳмад Ёсин дар дабистони Арраммол ба унвони муаллим машғул ба кор шуд.

Маҷолиси Қуръон барои тарбияти насли ҷавон

Шайх Аҳмад Ёсин ба далели маълулите, ки дошт, чандон мавриди таваҷҷӯҳи дастгоҳҳои амниятӣ набуд. Бар ин асос, аз ин фазо ба хубӣ баҳрабардорӣ ва фаъолияти худро дар миёни ҷавонон оғоз кард. ­Ӯ ҳалқаҳои тадриси Қуръонро дар урдугоҳи Ашшотӣ дар канори масҷиди Шимолӣ ташкил дод; масҷиде, ки бо кӯмаки худи Шайх ва ҳиммати аҳолии Ашшотӣ ба сурати бисёр содае сохта шуд. Албатта, фаъолиятҳои Шайх дар мадраса ва масҷид хулоса намешуд, балки ӯ дар хона ҳам машғули фаъолият буд.

Ҳамфикрони Шайх мегӯянд: «Хонаи Шайх монанди кандуи занбуре буд, ки пайваста мардум ба онҷо рафту омад доштанд. Шайх Аҳмад Ёсин бо зарофат ва дироят ва ҳамчунин қудрати суханварии бисёр боло, мардумро маҷзуб мекард. Баъдҳо Шайх дар канори масҷиди Шимолӣ, масоҷиди дигаре чун Ғарбӣ, Алваҳда ва Алабязро ба пойгоҳҳои дигаре барои худ табдил кард. Шайх ба варзиш ҳам ба унвони яке аз роҳҳои таблиғи дин аҳамияти вижае медод, аз ин рӯ, бошгоҳи кучаке бино ниҳод. Шайх ҷавононеро барои таблиғи Ислом парвариш дод ва ононро ба масоҷиди манотиқи навори ­Ғазза фиристод то наслҳои дигареро тарбият кунанд

Раҳбарии Ҷунбиш

Масъулияти ҷунбиши Ихвонул-муслимин то соли 1968 бар ӯҳдаи Устод Исмоил Холидӣ буд, вале баъд аз он ки ӯ ба хориҷ рафт, гурӯҳе аз раҳбарони Ҷунбиш, Шайх Аҳмад Ёсинро барои ин симат баргузиданд. Шайх ҳайъати идории ҷадиде ташкил дод ва дар он, аз нерӯҳои тозанафс ва ҷавон истифода кард. ­Ӯ ба густариши рисолати Ислом ва мунҳасир накардани он дар доираи ҷамоати Ихвон мӯътақид буд. Шайх кумитаҳои мутаъаддиде аз ҷумла кумитаи Сулҳ, Закот ва ғайраро ба вуҷуд овард ва масъулияти ҳар кадомро ба пешоҳангони даъват бар асоси тавоноиҳояшон супурд ва аз онон хост, бо бузургони ҷомеа ва гурӯҳҳои таъсиргузор монанди тоҷирон ва донишмандон дар иртибот бошанд.

Нахустин даргирӣ бо режими ғосиб

Ҳангоме ки нерӯҳои ишғолгари Қудс ба иллати бурузи мушкили амниятӣ дар урдугоҳи Ашшотӣ, онро ба муддати як моҳ муҳосира карданд, ваҳшиёнатарин иқдомотро бар зидди сокинони он муртакиб шуданд. Онҳо ба ҷавонон ҳамла мекарданд, мардумро гурусна нигоҳ медоштанд ва ононро таҳқир менамуданд, вале бо вуҷуди ин, мардум ҳеҷ иқдоме дар муқобили онон анҷом намедоданд ва сирфан ибрози таъассуф мекарданд. То ин ки як рӯзи ҷумъа Шайх Аҳмад Ёсин болои минбари масҷиди Алаббос рафт ва хутбае ҳамосӣ барои мардум эрод кард, ки ҷонҳои бедорро таҳрик намуд ва тазоҳуроте дар маҳкумияти иқдомоти саҳюнистҳо баргузор шуд, ки асари мустақиме аз худ барҷо гузошт. Ҳанӯз се рӯз аз тазоҳурот нагузашта буд, ки ишғолгарон барои пешгирӣ аз густариши эътирозҳо ва ҳифзи оромиш, ба муҳосираи урдугоҳ поён доданд. Дар иваз, Шайхро фаро хонданд ва ба ӯ ҳушдор доданд, ки «забони сурх сари сабз медиҳад бар бод», вале Шайх дар посух ба онон гуфт: «Худам инро ба хубӣ медонам!»

Шахсияте мумтоз

Дар шахсияти Шайх Аҳмад Ёсин вижагиҳое ҷамъ шуда буд, ки метавонист иддаи зиёдеро бо худ ҳамроҳ созад ва ононро бо гуфтор ва рафтори худ қонеъ кунад. Ӯ ҳамеша ором ва бовиқор буд ва барои вокуниш нишон додан дар баробари ҳеҷ масъалае саросема намешуд. Агар аз Шайх чизе пурсида мешуд, пас аз муддате андешидан, бисёр ором ба он посух медод. Касе нест, ки Шайхро шинохта бошад, вале бо ӯ ба тафоҳуми фикрӣ нарасида бошад. Ӯ марде буд, ки ҳеҷ кас дар салоҳият ва тақвояш тардиде надошт. Шайх Аҳмад намуна, шикебо, ҳушёр ва оянданигар буд.

Андешаи ҷиҳодӣ

Шайх Аҳмад Ёсин агарчӣ аз аъзои ҷунбиши Ихвонул-муслимин маҳсуб мешуд, аммо ҷиҳодро танҳо роҳи тағйири вазъияти аъроб ва мусалмонон медонист. Вай барои ҳамин манзур Ҷунбиши Исломии Муқовимат, ки ба «Ҳамос» шӯҳрат ёфт, ташкил дод. Вале барои анҷоми тасмимаш, бо ду масъала рӯ ба рӯ буд; яке, чигунагии оғози амалиёти ҷиҳодӣ ва дигар, фароҳам овардани заминаҳои имонии лозим барои он. Шайх ҳамзамон дар ҳар ду масир гом бардошт. Ӯ кумитаи сенафара ташкил дод, то равишҳое, ки ба василаи он метавон ба силоҳ даст ёфт ва аз он истифода кард, мушаххас кунанд.

Ин се нафар талоши зиёде карданд, вале нерӯҳои амниятии «Исроил» мутаваҷҷеҳ шуданд, ки қарор аст амалиёте анҷом шавад ва бо боздошти баъзе аз афрод, иттилооти фаровоне ба даст оварданд. Дар ин замон, Шайх Аҳмад Ёсин ба ҳамроҳи панҷ нафар муттаҳам шинохта шуданд.

Шайх ва Ҳамос

Интифозаи мардумӣ, ки дар декабри соли 1987 падид омад, аз самараҳои фикрии Шайх Аҳмад Ёсин буд. Ӯ дар ҳамаи дидорҳо мегуфт, ки бояд Интифозаро идома диҳем, то он ки яҳуд навори Ғазза ва Каронаи Бохтариро тарк кунад. Тасмим барои оғози Интифоза ҳамзамон бо ташкили Ҳаракати Муқовимати Исломӣ гирифта шуд, ки бо номи ихтисории «Ҳамос» шинохта мешавад.

Нигоҳи Шайх ба Фаластини торихӣ

Шайх Аҳмад Ёсин дар мусоҳибае тасреҳ кард: «Давлати фаластинӣ мехоҳад марзҳои он, марзҳои маъруфи Фаластин бошад. Ба ҳамин далел, то итмоми марҳилаи озодсозии Фаластин, ба вазифаи худ идома медиҳем.» Ӯ дар ҷойи дигаре гуфт: «Вуҷуди ду давлат дар Фаластин маҳол аст. Роҳи ҳал фақат таъсиси як давлати исломии фаластинӣ ба раҳбарии мусалмонон дар ҳамаи хоки Фаластин аст, ки араб ва яҳуд ва масеҳӣ дар он зиндагӣ кунанд.» Ӯ мӯътақид буд, агар ду давлати исломӣ ва яҳудӣ дар Фаластин таъсис шавад, ҳеҷ фоидае надорад; зеро пас аз муддате, даргирӣ дубора ба сурати густардатаре оғоз мешавад. Роҳи ҳал фақат зиндагии мусоламатомез дар зери сояи як давлат аст.

Наҳваи шаҳодат

Шайх Аҳмад Ёсин, раҳбари руҳонии мардуми Фаластин ва бунёнгузори Ҷунбиши Муқовимати Исломӣ «Ҳамос», дар рӯзи душанбе, 22-уми марти соли 2004, ба ҳангоми тарки масҷиди Маҷма ул-исломӣ дар Ғазза, дар ҳамлаи ҳавоии болгардҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ба шаҳодат расид. Дар ин ҳамла, 9 тани дигар, аз ҷумла яке аз фарзандони Шайх ва ду тан аз муҳофизони ӯ шаҳид шуданд. Хабаргузории Фаронса ба нақл аз радиои «Исроил» эълом кард: «Ариэл Шорун, нахуствазири ин режим, шахсан бар амалиёти терури Шайх Аҳмад Ёсин назорат доштааст.» Бештари кишварҳо ва маҷомеи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Урупо, Иттиҳодияи Араб, Созмони Ҷаҳонии Ҳуқуқи Башар, Вотикан ва ҳатто маҷомеи мухталифи яҳудиён, режими саҳюнистиро ба далели ин терури ноҷавонмардона, маҳкум карданд.

Дидори Шайх бо раҳбари Эрон

Шайх Аҳмад Ёсин дар апрели 1998 ба муддати шаш рӯз аз Эрон дидан кард ва бо раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ ва раисиҷумҳури вақт дидор ва гуфтугӯ кард. Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон субҳи рӯзи 2-уми майи соли 1998 дар дидор бо Шайх Аҳмад Ёсин, раҳбари Ҳаракати Муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос) бо вай тайи суханоне, аз муҷоҳидатҳои ҷавонони мусалмони Фаластин дар муборизаи беамон бо режими саҳюнистӣ таҷлил кард ва пирӯзии онон бар ишғолгарони саҳюнистро ваъдаи қатъӣ ва тахаллуфнопазири Худованд донист.

Раҳбари Эрон дар ин дидор аз Шайх Аҳмад Ёсин ва ҳамразмонаш ба унвони намояндагони воқеии миллати мусалмони Фаластин ёд кард ва гуфт: «Миллати Фаластин мусалмон аст ва танҳо касоне ки ба номи Ислом сухан мегӯянд ва иззати Фаластинро мехоҳанд, намояндагони воқеии миллати Фаластин маҳсуб мешаванд, бинобар ин, касоне ки барои залил кардани Фаластин талош кардаанд, ҳақ надоранд ба номи боазамати Фаластин ҳарф бизананд

Оятуллоҳ Хоманаӣ бар муборизаи Эрони Исломӣ бо режими ғосиби саҳюнистӣ ба унвони зоидаи саратонии истеъмор дар сарзамини исломии Фаластин таъкид кард ва гуфт: «Миллати Эрон мусаммам аст мавзеи дақиқ ва дурусти худро дар мавриди Фаластин ҳифз кунад ва мушкилоти ношӣ аз ин мавзеъгириро лутф ва хайре аз сӯйи Парвардигори Мутаъол медонад. Мо дар ҳадди тавони худ ба муборизони мусалмони Фаластин кӯмак хоҳем кард ва ҳеҷ фишори сиёсӣ ва таблиғӣ низ миллати Эронро аз таъйиди муборизони мусалмони фаластинӣ бознахоҳад дошт

Раҳбари Эрон пирӯзии муҷоҳидон дар роҳи ҳақро ҳатмӣ ва мусаллам донист ва афзуд: «Модоме ки ҷиҳод дар роҳи Худо вуҷуд дошта бошад, ҳеҷ тадбир, тарфанд ва сиёсате ва ҳеҷ ҳарбае наметавонад бар муҷоҳидон ва ҷиҳоди онон ғалаба кунад ва то ҳангоме ки чунин руҳияе бар муборизони фаластинӣ ҳоким аст, пирӯзӣ бар душман қатъӣ хоҳад буд

Раҳбари Эрон зинда нигоҳ доштани масъалаи Фаластинро зарурӣ донист ва гуфт: «Сиёсати Омрико, саҳюнистҳо ва истеъморгарон ин аст, ки масъалаи Фаластин ба фаромӯшӣ супурда шавад ва барои муқобила бо ин сиёсати истеъморӣ, мусалмонон бояд масъалаи Фаластинро ҳамвора зинда нигоҳ доранд. Имрӯз давлати ғосиби саҳюнистӣ бо тазоддҳои фаровоне мувоҷеҳ аст ва дар даруни худ мушкилоти фаровоне дорад ва бидуни тардид, бо қатъи ҳимоятҳои Омрико аз ин мавлуди истеъмор, саҳюнистҳо суқут хоҳанд кард

Оятуллоҳ Хоманаӣ ташкили ҳукумати Фаластинро амре мумкин ва воқеӣ баршумурд ва гуфт: «Вуқӯи бархе падидаҳо мумкин аст дар назари инсон дур ва баъид бошад, аммо таъсиси ҳукумати исломӣ дар Эрон бо вуҷуди эҳтимоми фаровони Омрико ба режими Паҳлавӣ, нишон дод, ки аз байн рафтани режими саҳюнистӣ ва ҳоким шудани давлати фаластинӣ, дигар як амри баъид ва дур нахоҳад буд

Раҳбари Эрон ҷиҳоди исломии мардуми Фаластинро мояи иззати Ислом ва мӯҷиби ифтихори миллатҳои мусалмон хонд ва дар поёни суханонаш барои саломатии Шайх Аҳмад Ёсин дуо кард.

Бар пояи ҳамин гузориш, дар ин дидор Раҳбари Ҳаракати Муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос) низ тайи суханоне, бар истодагии худ ва ҳамразмонаш дар канори мардуми мусалмони Фаластин таъкид кард ва гуфт: «Муқовимати Исломии Фаластин ҳатто аз як ваҷаб аз хоки Фаластин гузашт нахоҳад кард

Вай гуфт: «Фаластин ҷойе нест, ки як ҳукумат ва ё гурӯҳи хосс битавонад дар мавриди сарнавишти он тасмим бигирад ва ё бар сари он бо ғосибони Қудс мусолеҳа кунад, Фаластин мутаъаллиқ ба ҳамаи мусалмонон аст ва мо бо муқовимати худ дар ин роҳ ё ба шаҳодат мерасем ва ё саранҷом Қудси Шарифро озод хоҳем кард

Шайх Аҳмад Ёсин ҳамчунин аз кӯмакҳо ва ҳимоятҳои бедареғи миллати мусалмони Эрон аз муборизаи миллати Фаластин алайҳи режими саҳюнистӣ қадрдонӣ кард ва асри ояндаро (асри 21-ро) мутаъаллиқ ба Ислом ва мусалмонон донист.

Паёми Раҳбари Эрон ба муносибати шаҳодати Шайх Аҳмад Ёсин

Дар пайи шаҳодати Шайх Аҳмад Ёсин, раҳбари Ҷунбиши Муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос) Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон паёме содир намуд.

Матни паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ:

«Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Иттилоъ ёфтем, ки дасти гунаҳкори режими ғосиби саҳюнистӣ муртакиби ҷинояте бузург шуда ва олими муҷоҳид марҳум Шайх Аҳмад Ёсин, бунёнгузор ва пешвои ҷунбиши Ҳамосро ба шаҳодат расонидааст. Шаҳодат, бе гумон орзуи ҳамешагии ин Шайхи муҷоҳиди порсо буд ва кушта шудан дар роҳи Худо дар коми бандагони мухлиси Ӯ ширин аст, вале ин наметавонд аз азамати гуноҳи табаҳкорони ғосиби саҳюнист бикоҳад ва визри ин ҷинояти бузургро бар дӯши онон сабук кунад.

Хуни Шайх Аҳмад Ёсин дарахти тановари муқовимати исломиро обёрӣ ва оташи хашми миллати фидокори Фаластинро шӯълавартар хоҳад кард ва мазлумияти ӯ парчами мазлумияти Фаластинро ба эҳтизоз дархоҳад овард.

Он чӣ аз Шайх Аҳмад Ёсин ва миллати Фаластин бо ин ҷиноят ситонданд, ҷисме наҳиф ва ъалил буд. Фикри ӯро ва хаттеро, ки ӯ тарсим кард ва роҳеро, ки ӯ гушуд, нахоҳанд тавонист аз миллати Фаластин бигиранд. Руҳи Шайх зинда аст ва дарси ӯ, ки инак бо хуни мазлумонааш мондагортар ва барҷастатар шуд, замзамаи ҷавонон ва навҷавонон ва насли ояндаи Фаластин хоҳад буд.

Табаҳкорони ғосиби Фаластин бидонанд, ки қудратнамоиҳои аҳмақонаи онон бузургтарин шоҳиди заъф ва шикасти онҳост ва режими ғосиб ва давлати муҷъули саҳюнистӣ маҳкум ба фаност. Фаластин мутаъаллиқ ба миллати Фаластин аст ва ҳар лаҷоҷате дар баробари ин ҳаққи мусаллам, сарнавиште ҷуз нокомӣ ва шикаст надорад.

لیحق‌‌ الحق و یبطل‌‌ الباطل و لـوکـره المجرمون‌

Инҷониб шаҳодати ин Шайхи муҷоҳиди фисабилиллоҳро ба руҳи баланди ӯ табрик ва ба миллати Фаластин ва ба вижа ба ҷавонони фидокор ва сарафрози муборизи фаластинӣ ва низ ба хонадони мукаррами ӯ таслият мегӯям ва сарбаландии уммати исломӣ ва пирӯзии муҷоҳидони фаластинӣ ва лубнониро аз Худованди Мутаъол масъалат мекунам

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: