Перейти к содержимому

Ҳувийяти инсонҳо бо фармонҳои сиёсӣ шакл намегирад

Дориюши Раҷабиён

Забони порсӣ дар тӯли торих душманони бисёре доштааст, ки бештари онҳо дар тӯли солиёни ахир “хонагӣ” будаанд. Тоҷиконе, ки қурбонии мағзшӯии пешошӯравӣ, шӯравӣ ва пасошӯравӣ будаанд, андак нестанд.

Аммо шояд ҳеч як аз онҳо ба ин нукта таваҷҷуҳ накарда бошанд, ки забони тамоми бузургони мо порсӣ будааст. То пеш аз истилои Шӯравӣ забони расмии мо дар Иморати Бухоро “форсӣ” ном доштааст. Бузургони мо то замони Садриддини Ъайнӣ забони худро “порсӣ” медонистаанду ба порсӣ менивиштаанд. Садриддини Ъайнӣ тамоми осорашро ба порсӣ ва ба хатти порсӣ нивиштааст… Пас ҳеч шакке нест, ки порсӣ забони миллии тоҷикон аст.

Афроде, ки ахиран порсигӯёни Тоҷикистонро аз “ҳаққи маънавии тоҷик будан” маҳрум мекунанд, ҳалолзодаи ин миллат нестанд; чун худ тоҷик нестанд! Ҳеч инсоне дар Тоҷикистон чунин ҷафоеро бар мардуми бумию порсигӯи ин сарзамин раво намедорад, магар ин ки худаш тоҷику порсигӯ набошад. Чигуна мешавад ба тамоми пешинаи порсии ин миллат пушти по зад ва ба касе рӯ овард, ки 000000000.1 дарсади дониши Фирдавсӣ ё Рӯдакиро надорад? Бо такя бар чи далеле фарзандони Рӯдакию Фирдавсӣ забони худро кремлинвор “тоҷикӣ” бихонанд? Оё ба ҷуз дӯғу пӯписа далеле ҳаст?.. Тамоми талошашонро карданд ва ҳатто Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистонро водоштанд, ки чизҳое бибофанд, аммо ба ҷое нарасиданд ва нахоҳанд расид…

Ҳувийяти инсонҳо бо ҷеғу фарёд ва ҳатто фармонҳои сиёсӣ шакл намегирад. Муҳим нест, ки “подшоҳ”-и имрӯзи Тоҷикистон бо забони модарии ман чи миёнае дорад. Оё тобеъи Кремлин аст ва онро “тоҷикӣ” меномад ё аз они тоҷикон аст ва онро бадурустӣ “порсӣ” медонад? Аслан муҳим нест. Он одам, ки имрӯз чунин ҷилва мекунад, дар ниҳоят рафтанист. Он чи мемонад, тоҷикон ҳастанду забони порсиашон. Тоҷиконе, ки забони худро бо номи “порсӣ” мешиносанду менивисанду гиромӣ медоранд. Дидгоҳҳои сиёсӣ дар ин замина камтар аз коғази мустароҳ арзиш доранд.

Зинда бод порсӣ – забони миллии Тоҷикистон!

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: