Адли илоҳӣ (38)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши ҳаштум: шафоат (4)

Робитаи мағфират ва шафоат

Мағфирати илоҳӣ чӣ иртиботе бо шафоат дорад? Мағфирати илоҳӣ монанди ҳар раҳмати дигар дорои низом ва қонун аст. Мо дар бораи низом доштани ҷаҳон, дар бахши дуввуми ин китоб муфассалан баҳс кардем ва гуфтем, ки ихтилофи мавҷудот лозимаи низоми ҳастӣ аст, ва низ гуфтем, ки тафовути мавҷудот бо якдигар на қарордодӣ аст ва на офаридашуда, балки лозимаи зоти онҳо яъне лозимаи ҳувияти онҳо ва наҳваи вуҷуди онҳост, набудани ин тафовутҳо айни набудани худи онҳост ва бо фарзи вуҷуди онҳо, фарзи адами тафовут ғайримаъқул аст.

Аз он чи дар он ҷо баён кардем, ба хубӣ дониста мешавад, ки имкон надорад ҳеч як аз ҷараёнҳои раҳмати Парвардигор бидуни низом анҷом гирад. Ба ҳамин далел мағфирати Парвардигор ҳам бояд аз тариқи нуфуси (инсонҳои) комил ва руҳи бузурги анбиё ва авлиё ба гуноҳкорон бирасад, ва ин, лозимаи низом доштани ҷаҳон аст. Ба ҳамон далеле, ки раҳмати ваҳй бидуни восита анҷом намегирад ва ҳамаи мардум аз ҷониби Худо ба нубувват барангехта намешаванд ва ҳеч раҳмати дигар ҳам бидуни восита воқеъ намешавад, раҳмати мағфират ҳам бевосита мумкин нест таҳаққуқ пайдо кунад.

Агар фаразан ҳеч далели нақлӣ бар шафоат дар даст набуд, ночор будем аз роҳи ақл ва бурҳонҳои қотеъе аз қабили бурҳони “имкони ашраф” ва низом доштани ҳастӣ, ба он қоил шавем.

Вақте касе вуҷуди мағфирати Худоро бипазирад, мабонии муҳками ақлӣ ӯро ночор месозад, ки бигӯяд ҷараёни мағфират бояд аз маҷрои як ақли куллӣ ё як нафси куллӣ яъне ақл ва нафсе, ки дорои мақоми вилояти куллияи илоҳия аст сурат гирад. Имкон надорад, ки файзи илоҳӣ берун аз қонун ва ҳисоб ба мавҷудот бирасад.

Вале хушбахтона Қуръони Карим моро дар ин ҷо низ раҳбарӣ фармудааст. Бо замима кардани ривоятҳои исломӣ, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар ривоятҳои мӯътабар дар боби вилояти куллияи Расули Худо ва имомони атҳор ва маротиби вилоят дар табақоти поинтари аҳли имон расидааст, чунин истинбот мекунем, ки василаи мағфират танҳо як руҳи куллӣ нест, балки нуфуси куллия ва ҷузъияи башарӣ бо ихтилофи маротибе, ки доранд, ҳар кадом саҳме аз шафоат доранд ва ин яке аз муҳимтарин маорифи ислом ва Қуръон аст, ки ба василаи имомони атҳор ва шогирдони мактаби онҳо хуб тавзеҳ дода шудааст.

* * *

Шароити шафоат

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки шафоат ҳамон мағфирати илоҳӣ аст, ки вақте ба Худованд, ки манбаъ ва соҳиби хайрҳо ва раҳматҳост нисбат дода мешавад, бо номи “мағфират” хонда мешавад, ва ҳангоме, ки ба васоит ва маҷории раҳмат мансуб мегардад, номи “шафоат” ба худ мегирад, возеҳ мегардад, ки ҳар шарте барои шумули мағфират ҳаст, барои шумули шафоат низ ҳаст. Аз назари ақлӣ, шарти мағфират чизе ҷуз қобилият доштани шахс барои он нест. Агар касе аз раҳмати Худо маҳрум гардад, сирфан ба мӯҷиби қобил набудани худ ӯст на он ки – маъозаллоҳ — дар раҳмати Худо маҳдудияте бошад.

Раҳмати Худо ҳамчун эътибори бонкии як бозаргон нест, ки маҳдуд бошад. Эътибори раҳмати илоҳӣ номаҳдуд аст, вале қобилҳо мутафовитанд, мумкин аст касе ба куллӣ фоқиди қобилият бошад ва натавонад аз раҳмати Худо баҳрае бигирад.

Аз назари мутуни динӣ, ин андоза мусаллам аст, ки куфр ба Худо ва ширк, монеъи мағфират аст. Қуръони Карим мефармояд:

إِنَّ اللّهَ لاَ يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَن يَشَاءُ

Худо ширкро намеомурзад, ва он чи поинтар аз ширк аст, барои ҳар касе, ки бихоҳад мебахшад…” (Сураи Нисо, ояти 116)

Агар имон аз даст биравад, робитаи инсон бо мағфират якбора бурида мешавад ва дигар баҳрабардорӣ аз ин лутфи азим имкон нахоҳад дошт. Замоне, ки бар дили одамӣ мӯҳри куфр зада шавад, монанди зарфи дарбастае мегардад, ки агар дар ҳамаи уқёнусҳои ҷаҳон фурӯ бурда шавад, қатрае об ба даруни он нахоҳад рафт. Вуҷуди чунин фарде ҳамчун шӯразоре мегардад, ки оби раҳмати Ҳақ дар он ба ҷои гул бӯтаҳои хор падид меоварад.

Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,

Дар боғ лола рӯяду дар шӯразор хас.

Агар дар шӯразор гул намерӯяд, аз камбуди борон нест; аз қобил набудани замин аст.

Қуръони Карим сиъаи раҳмати Парвардигорро аз забони ҳомилини Арш чунин баён мекунад:

الَّذِينَ يَحْمِلُونَ الْعَرْشَ وَمَنْ حَوْلَهُ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَيُؤْمِنُونَ بِهِ وَيَسْتَغْفِرُونَ لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا وَسِعْتَ كُلَّ شَيْءٍ رَّحْمَةً وَعِلْمًا فَاغْفِرْ لِلَّذِينَ تَابُوا وَاتَّبَعُوا سَبِيلَكَ وَقِهِمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ

Ҳомилини Арш ва онон, ки дар гирди Аршанд, ба ҳамду тасбеҳи Парвардигорашон иштиғол доранд ва ба вай мӯъминанд ва барои касоне, ки имон доранд омурзиш металабанд, ки: Парвардигоро! Раҳмату дониши ту ҳама чизро фаро гирифтааст, пас биёмурз ононро, ки ба сӯи ту бозомадаанд ва роҳи туро пайравӣ намудаанд ва ононро аз азоби дӯзах ҳифз фармо!” (Сураи Ғофир, ояти 7)

Аз ин ояти карима метавон ҳам номаҳдуд будани раҳмати Худоро фаҳмид, ва ҳам шарти асосии лиёқат барои истифода аз мағфиратро.

Аз оятҳои каримаи Қуръон чунин истинбот мегардад, ки имон ба Худо шарти лозим ва зарурии найл ба шафоат ва мағфират аст, вале шарти кофӣ нест, ҳеч кас ҳам наметавонад ҷамиъи шароитро ба сурати қатъӣ баён кунад, Худо худаш медонаду бас. Дар ояте, ки мағфирати гуноҳони дигар ғайри ширкро навид медиҳад, қайди “ли ман яшоу” (барои ҳар касе, ки бихоҳад) вуҷуд дорад ва дар оятҳои шафоат ҳам қайди:

وَلَا يَشْفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ارْتَضَى

(“Шафоат намекунанд магар барои касе, ки Худо биписандад…” (Сураи Анбиё, ояти 28)) ҳаст, ва ин ҳар ду ба як маънист; гӯӣ Қуръон нахостааст, ки ҳамаи шароити шумули шафоатро ба таври сареҳ баён кунад, хостааст қалбҳоро дар миёни хавфу раҷо нигаҳ дорад. Аз ин ҷо метавон фаҳмид, ки ишколе, ки мегӯяд ақида ба шафоат мӯҷиби таҷаррӣ (ҷуръат пайдо кардан ба гуноҳ) аст, новорид аст.

* * *

Шафоат аз они Худост

Фарқи асосии шафоати воқеӣ ва ҳақиқӣ бо шафоати ботил ва нодуруст дар ин аст, ки шафоати воқеӣ аз Худо шурӯъ мешавад ва ба гуноҳкор хатм мегардад, ва дар шафоати ботил акси он фарз шудааст.

Дар шафоати ҳақиқӣ, машфуъун ъиндаҳу, яъне Худованд, барангезонандаи васила яъне шафеъ аст. Ва дар шафоати ботил, машфуъун лаҳу, яъне гуноҳкор, барангезонандаи ӯст. Дар шафоатҳои ботил, ки намунаи он дар дунё вуҷуд дорад, шафеъ сифати васила буданро аз ноҳияи муҷрим касб кардааст, зеро ӯст, ки василаро барангехта ва ба шафоат водор кардааст, ӯст, ки василаро васила қарор додааст. Вале дар шафоатҳои ҳақ, ки нисбат додани он ба анбиё ва авлиё ва муқаррабони даргоҳи илоҳӣ саҳеҳ аст, васила будани шафеъ аз ноҳияи Худост. Худост, ки василаро васила қарор додааст. Ба иборати дигар: дар шафоати ғалат, шафеъ таҳти таъсири машфуъун лаҳу (гуноҳкор) қарор мегирад ва машфуъун ъиндаҳу (соҳиби қудрат яъне Худо) таҳти таъсири шафеъ қарор мегирад, вале дар шафоати саҳеҳ баръакс аст. Машфуъун ъиндаҳу (соҳиби қудрат яъне Худо) иллати муассир дар шафеъ ӯст, ва шафеъ таҳти таъсири ӯ, ва ба хости ӯ, дар гуноҳкор муассир воқеъ мешавад. Силсилаҷунбони раҳмат, дар навъи ғалати шафоат, гуноҳкор аст, ва дар навъи саҳеҳи он, машфуъун ъиндаҳу (Худо) аст.

Садрулмутааллиҳин дар тафсири сураи Ҳадид баёне латиф ва илмӣ дорад дар тафкик миёни шафоати ботил ва шафоати дуруст ва ин ки чӣ гуна аст, ки дар низоми ин ҷаҳон он чиро, ки шафоати ботил меномем вуҷуд дорад ва дар низоми ухравӣ вуҷуд надорад ва маҳол аст вуҷуд дошта бошад.

Эшон бо таъмиме, ки ба баҳс медиҳанд, масъалаи иллатҳои зотӣ ва иллатҳои иттифоқӣ ва масъалаи ғоёти зотӣ ва ғоёти биларазро тарҳ мекунанд ва вориди баҳс мешаванд, ки чӣ гуна мешавад дар ин ҷаҳон (ихтисос ба ҷомеаи башарӣ надорад) гоҳе иллатҳои иттифоқӣ сарнавишти чизеро муайян мекунад ва ё як чиз аз вусул ба ғояти зотӣ маҳрум мемонад ва танҳо ба ғояти билараз мерасад, вале ҷаҳони охират, аз таъсироти иллатҳои иттифоқӣ ва ғоёти аразӣ барканор аст. Назар ба ин ки сатҳи баҳс хеле болост, аз шарҳу басти он худдорӣ мекунем ва аҳли фазлро ба баёноти худи Садрулмутааллиҳин дар мавозеи мухталифи тафсираш ирҷоъ мекунем.

Оятҳое аз Қуръони Карим, ки мегӯяд имкон надорад шафоат бидуни изни Худо сурат бигирад, нозир ба ҳамин нукта аст; махсусан дар ин бора таъбире фавқулъода ҷолиб ва аҷиб дорад, ки мефармояд:

قُل لِّلَّهِ الشَّفَاعَةُ جَمِيعًا

Бигӯ: шафоат яксара махсуси Худост…” (Сураи Зумар, ояти 44)

Ин оят дар камоли сароҳат шафоат ва висотатро таъйид мекунад ва дар камоли сароҳат ҳамаи шафоатҳоро аз Худо ва мутаъаллиқ ба Худо медонад; зеро Худост, ки шафеъро шафеъ қарор медиҳад. Ин оят мумкин аст танҳо нозир ба шафоате бошад, ки дар қиёмат сурат мегирад ва ба истилоҳ, марбут ба “қавси суъудӣ” бошад, мумкин ҳам ҳаст, ки шомили мутлақи воситаҳо ва висотатҳои раҳмат бошад, яъне шомили “қавси нузулӣ” ҳам бошад. Ба иборати дигар, мумкин аст шомили тамоми низоми сабабӣ ва мусаббабии ҷаҳон бошад. Ба ҳар ҳол аз он ҷиҳат, ки ба шафоати ухравӣ марбут аст, ба ин маънист, ки муҷрим бидуни хости Худо қудрати шафеъ барангехтан надорад ва шафеъ бидуни изни ӯ қудрати дам задан надорад.

Бурҳони ин матлаб аз лиҳози ақлӣ ин аст, ки дар фалсафаи илоҳӣ собит шудааст, ки “воҷибулвуҷуди биззот воҷиб мин ҷамиъил-ҷиҳот вал-ҳайсиёт аст”, яъне ҳамон тавре, ки воҷибулвуҷуд дар зоти худ маълули ғайр нест, дар сифот ва афъоли худ низ имкон надорад, ки таҳти таъсири иллате қарор гирад; ӯ муассири маҳз аст ва аз ҳеч чизе инфиъол ва таъассур пайдо намекунад.

Тавҳид ва тавассулот

Аз он чи гуфтем, нуктае олӣ ва муҳим дар тавҳиди ибодатӣ ба даст меояд. Он нукта ин аст, ки: дар тавассул ва истишфо ба авлиёи Худо, аввал бояд таҳқиқ кард, ки ба касе ва аз касе бошад, ки Худованд ӯро васила қарор додааст. Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اتَّقُواْ اللّهَ وَابْتَغُواْ إِلَيهِ الْوَسِيلَةَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Худо парво кунед ва ба ӯ васила биҷӯед…” (Сураи Моида, ояти 35)

Ба таври куллӣ, тавассул ба васоилу асбоб, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Худост, ки сабабро офаридааст ва Худост, ки сабабро сабаб қарор додааст ва Худост, ки аз мо хостааст аз ин васоилу асбоб истифода кунем, ба ҳеч ваҷҳ ширк нест, балки айни тавҳид аст. Дар ин ҷиҳат, ҳеч фарқе миёни асбоби моддӣ ва асбоби руҳӣ, миёни асбоби зоҳирӣ ва асбоби маънавӣ, миёни асбоби дунявӣ ва асбоби ухравӣ нест; мунтаҳои амр, асбоби моддиро аз рӯи таҷриба ва озмоиши илмӣ метавон шинохт ва фаҳмид, ки чӣ чиз сабаб аст? Ва асбоби маънавиро аз тариқи дин, яъне аз тариқи ваҳй, ва аз тариқи китобу суннат бояд кашф кард.

Сониян, ҳангоме, ки инсон мутавассил мешавад ё истишфо мекунад, бояд таваҷҷӯҳаш ба Худо, ва аз Худо ба васила ва шафеъ бошад, зеро чунонки гуфтем, шафоати воқеӣ он аст, ки машфуъун ъиндаҳу (яъне Худо) шафеъро барангехтааст барои шафоат, ва чун Худо хоста ва ризоят додааст, шафеъ шафоат мекунад, бар хилофи шафоати ботил, ки таваҷҷӯҳи аслӣ ба шафеъ аст барои ин ки асар бар рӯи машфуъун ъиндаҳу бигузорад, ба ҳамин хотир муҷрим дар ин вақт ҳамаи таваҷҷӯҳаш ба шафеъ аст, ки биравад бо қудрат ва нуфузе, ки дар машфуъ ъиндаҳу дорад, ӯро розӣ гардонад. Пас, агар таваҷҷӯҳи асил ба шафеъ бошад ва аз ноҳияи таваҷҷӯҳ ба Худо пайдо нашуда бошад, ширк дар ибодат хоҳад буд.

Феъли Худо дорои низом аст. Агар касе бихоҳад эътино ба низоми офариниш надошта бошад, гумроҳ аст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худои Мутаъол гуноҳкоронро иршод фармудааст, ки дар хонаи Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бираванд ва илова бар ин ки худ талаби мағфират мекунанд, аз он бузургвор бихоҳанд, ки барои эшон талаби мағфират кунад. Қуръони Карим мефармояд:

وَلَوْ أَنَّهُمْ إِذ ظَّلَمُواْ أَنفُسَهُمْ جَآؤُوكَ فَاسْتَغْفَرُواْ اللّهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُواْ اللّهَ تَوَّابًا رَّحِيمًا

Ва агар эшон ҳангоме, ки (бо иртикоби гуноҳ) ба худ ситам карданд, назди ту меомаданд ва аз Худо омурзиш мехостанд ва Паёмбар ҳам барои эшон талаб мағфират мекард, Худоро тавбапазири меҳрубон меёфтанд.” (Сураи Нисо, ояти 64)

Оре, ба амали солеҳ ва тақвои фақат наметавон такя кард; ҳамон тавре, ки Расули Акрам (с) дар охирин рӯзҳои зиндагии покашон фармуданд: “Наҷотдиҳандае нест ҷуз амал ва дигар раҳмати Худо”.

* * *

Посухи эродҳо

Бо тафсире, ки аз шафоати мағфират кардем, посухи эродҳои шафоат ба ин тартиб ба даст меояд:

1) Шафоат на бо тавҳиди ибодатӣ мунофот дорад ва на бо тавҳиди зотӣ, зеро раҳмати шафеъ чизе ҷуз партаве аз раҳмати Худо нест ва инбиъоси шафоат ва раҳмат ҳам аз ноҳияи Парвардигор аст. (Ҷавоби ишколи аввал ва дуввум)

2) Ҳамон тавре, ки эътиқод ба мағфирати Худо мӯҷиби таҷаррӣ (ҷуръат пайдо кардан ба гуноҳ) намегардад ва танҳо эҷоди умедворӣ мекунад, эътиқод ба шафоат ҳам мӯҷиби ташвиқ ба гуноҳ нест. Таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки шарти шумули мағфират ва шафоат, машиати Худо ва ризои ӯст равшан мекунад, ки асари ин эътиқод то ин андоза аст, ки дилҳоро аз яъсу навмедӣ наҷот медиҳад ва ҳамвора байни хавфу раҷо нигаҳ медорад. (Ҷавоби ишколи севвум)

3) Шафоат бар ду навъ аст: ботил ва саҳеҳ. Иллати ин ки дар бархе аз оятҳои Қуръон шафоат мардуд шинохта шуда ва дар бархе дигар исбот шудааст, вуҷуди ду навъ тасаввур аз шафоат аст. Қуръон хостааст зеҳнҳоро аз шафоати ботил мутаваҷҷеҳи шафоати саҳеҳ бифармояд. (Ҷавоби ишколи чаҳорум)

4) Шафоат бо асли амал мунофот надорад; зеро амал ба манзилаи иллати қобилӣ, ва раҳмати Парвардигор ба манзилаи иллати фоъилӣ аст. (Ҷавоби ишколи панҷум)

5) Дар шафоати саҳеҳ, тасаввури ин ки Худо таҳти таъсир қарор гирад вуҷуд надорад, зеро шафоати саҳеҳ ҷараёне аст аз боло ба пойин. (Ҷавоби ишколи шашум)

6) Дар шафоат, ва ҳамчунин дар мағфират, истисно ва беадолатӣ вуҷуд надорад. Раҳмати Парвардигор номаҳдуд аст ва ҳар ки маҳрум аст, аз он ҷиҳат аст, ки қобилиятро ба куллӣ аз даст додааст. Яъне маҳрумият аз ноҳияи қусури қобил аст. (Ҷавоби ишкол ҳафтум)

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

2 replies

  1. Чун дар даст дорам кузуре ,надидаст маҳди ҳузуре ,ин кузур шуд як сол рушан ,ин мардум на онон мардуми моҳон ,чи аруси 14 _16 шуданд паҳн,аз ин фахмо шуд ки мехоханд ман,дучори мушкилий гардонанд ба ман,хай ноумед нестам ,шукрони Аллоҳ гуям ки, ман ,гармий кор дар мисол дорад ҳақе маъзааш кунад чанд мунофиққе оқе,охир махди набуввад аз он бе ақло, саптий короро кардаст бо кумаки малойкаҳо .мушкилили ирсол куниро дорад он,Охир маҷлис кунад рушан ин короро,сипос орзу намуд маҳди дасти бар ҳақе, шаванд чандҳо мисоле ҳақе,тухмати золиму мунофик он аст ,наруяд маҳди бо ҳақу ҳуқаш, ҳақе.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: