Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (264)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (8)

* * *

Сабр фармудани аъробӣ занро ва фазилати сабру фақр баён кардан бо зани худ (2)

* * *

Ҳамд мегӯяд Худоро андалеб,

К-эътимоди ризқ бар туст, эй муҷиб!

Булбул Худои Таъолоро ҳамд мегӯяд ва бо забони ҳолу қол изҳор медорад: эътимоди рӯзиву ризқ бар туст, эй иҷобаткунандаи дуоҳо!

Боз дасти шоҳро карда навид,

Аз ҳама мурдор бубрида умед.

Парандаи далер яъне бози баландпарвоз аз ҳамаи мурдорҳо қатъи умед карда ва аз онҳо рӯй бартофтааст ва танҳо бар дасти шоҳ умед бастааст.

Ҳамчунин аз пашша гирӣ то ба пил,

Шуд “иёлуллоҳу ҳақ неъмал-муъил!”

Ҳамин тавр аз пашша гирифта то фил, яъне аз кучактарин ҳайвонот то бузургтарини ҷонварон, ҳамагӣ резахори хони неъмати ҳазрати Парвардигор ҳастанд, зеро Ҳақ Таъоло рӯзихоронро нек пазироӣ мекунад.

Нукта: Худованд дар сураи Ҳуд, ояти 6 мефармояд:

وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ إِلاَّ عَلَى اللّهِ رِزْقُهَا

Ҳеч ҷунбандае бар рӯи замин нест ҷуз он ки Ҳақ Таъоло ризқи ӯро медиҳад…

Ин ҳама ғамҳо, ки андар синаҳост,

Аз бухору гарди боду буди мост.

Ин ҳама ғаму андӯҳ, ки ба хотири маъошу касби рӯзӣ дар синаҳо анбошта шудааст, натиҷаи ғуборе аст, ки аз тариқи тӯфони “ман”-у “моӣ” бархостааст.

Бухору гард: киноя аз осору лавозими ҳастии дунявӣ. Боду буд: ҳастии моддӣ ва лавозими он.

Нукта: Чаро инсон аз фуқдони чизе ғамгин мешавад? Ба хотири он ки бад-он дилбастагӣ дорад. Ва ҳар гоҳ ин овезиш набошад, фуқдони он чиз ӯро андӯҳин намесозад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.694)

Ин ғамони бехкан чун доси мост,

“Инчунин шуд в-ончунон” васвоси мост.

Ин андӯҳҳои решакан ҳамчун досе аст, ки умри моро медаравад, ва ин ки бигӯем: ин кор чунин шуд ва он кор чунон шуд, ҳамонанди васвосе бар пайкари руҳи мо меафтад ва онро ором-ором мехӯрад ва метарошад. (Аз ин рӯ, фарзонагон ва ҳакимон гуфтаанд, ки: “Андӯҳ доси умр аст”. (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.895)

Дон, ки ҳар ранҷе, зи мурдан пораест,

Ҷузви марг аз худ бирон, гар чораест.

Инро ҳам бидон, ки ҳар ранҷу дарде, ки бар ҷисму руҳи мо ориз шавад, порае ва бахше аз марг аст. Пас, то метавонӣ, бояд пайки маргро аз худ дур созӣ.

Нукта: Барои ҳамин аст, ки авлиёуллоҳро биму андӯҳе нест:

فَلاَ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ

Зеро ҳамаи бимҳо ва андӯҳҳо аз орзуи баланд зода мешавад ва касе, ки бар орзуҳои дунявӣ ғолиб шавад ва аз вазиши бодҳои моддӣ дар амон бошад, монанди шӯълае росту фурӯзон хоҳад истод. Дар яке аз сурудаҳои сӯфиёнаи ҳиндӣ омадааст: “Ва марде, ки дар банди таҳсили муқтазаёти ҳавосс бошад, ӯ гирифтори каманди маҳсусот гардад, ва аз ин рӯ гирифтории орзу пайдо шавад, ва аз орзу ғусса падид ояд, ва аз ғусса ғафлат рӯ намояд, ва аз ғафлат фаромӯшӣ чира гардад, ва аз фаромӯшӣ ақл завол пазирад, ва аз заволи ақл роҳи халосӣ аз даст равад.” (Багват Гито, с.15)

Чун зи ҷузви марг натвонӣ гурехт,

Дон, ки куллаш бар сарат хоҳанд рехт.

Ҳол, ки наметавонӣ аз пора ва ҷузъи марг раҳоӣ ёбӣ, бидон, ки кулли марг туро даррубояд.

Ҷузви марг ар гашт ширин мар туро,

Дон, ки ширин мекунад кулро Худо.

Агар ҷузъ ва пораи марг, ки ҳамон дардҳо ва амроз ҳастанд, барои ту саҳлу мақбул шуд, бидон, ки Худои Таъоло марги ниҳоиро ҳам бароят ширин мекунад.

Нукта: Ва ин аз он ҷост, ки чун зиндагонии дунё маҳдуд дар нисбатҳо ва ҳудуд аст. Бинобар ин, на хушии мутлақ вуҷуд дорад ва на ранҷи мутлақ. Пас, агар аз ибтидо бипазирем, ки дар зиндагонӣ ҷилваҳое аз дарду ранҷ қаҳрӣ аст, дар ин сурат, дардҳо ва ранҷҳо камтар моро ба ранҷ меафканад ва ниҳоятан маргро низ ба унвони як воқеияти табиӣ ширин хоҳем пазируфт. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.695)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: