Абӯҳурайра (р) гӯяд: аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд:
“Агар муқобили манзили касе наҳри обе бошад ва ӯ рӯзе панҷ бор дар он ғуслу шустушӯ намояд, оё ба назари шумо, чирке бар бадани ӯ боқӣ хоҳад монд?
Саҳоба арз карданд:
— На.
Расули Худо (с) фармуд:
— Намозҳои панҷгона чунинанд. Яъне Худованд ба василаи онҳо гуноҳонро аз байн мебарад.”
(Ривояти Бухорӣ)
Реклама
Рубрики:Намоз, Омӯзаҳои набавӣ, Ҳадиси рӯз
Добавить комментарий